Чаро муқовимати Амруллоҳ Солеҳ аз даруни давлат тадовум пайдо накард?
Нависанда: Разманда, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Амруллоҳ Солеҳ чеҳраи сиёсӣ ва амниятии Афғонистон дар ду даҳаи гузашта, шахсияте, ки аз батни муқовимати зидди Толибон бархост, аз ҷавонӣ дар суфуфи муҷоҳидин ҳузур дошт ва сипас ба раъси Раёсати амнияти миллии Афғонистон расид. Ин пешина ӯро ба намоди муқовимат, мубориза бо фасод ва истодагӣ дар баробари ифротгароӣ бадал кард. Аммо воқеияти сиёсати Афғонистон бо шабакаҳои қудрат, фасоди сохторӣ ва бозигарони мутааддиди дохилӣ ва хориҷӣ ӯро ногузир сохт ба амалгароӣ ва вуруд ба сохтори ҳукумат тан диҳад. Ин дугонагӣ миёни ормонгароӣ ва воқеъгароӣ, ҳам ҷаззобият ва машрӯъияти сиёсии ӯро сохт ва ҳам маҳдудиятҳои фаровоне бар фаъолияташ таҳмил кард.
Солеҳ дар мавозеъи умумӣ, беш аз ҳар чиз аз арзишҳо, ормонҳо ва усули муқовимат сухан мегуфт. Дар суханрониҳояш вожаҳое чун истиқлол, иззати миллӣ, муқовимат ва покдастӣ пурранг буд ва камтар ба муомилаҳои пушти пардаи сиёсат ишора мекард. Ҳамин забон ормони ӯро дар нигоҳи бисёре аз шаҳрвандон, бавежа дар миёни насли ҷавон, ба намоди мубориза бо фасод ва истодагӣ дар баробари Толибон бадал кард. Ин ваҷҳи ормонӣ, сармояи намодини Солеҳ буд; Ӯро дар миёни мардум ба “чеҳраи муқовимат” шиносонд ва навъе эътимоди умумӣ ба ӯ эҷод кард, ки камтар сиёсатмадоре дар Афғонистон аз он бархурдор буд. Дар зеҳни бисёрӣ ӯ ҳамон чеҳраи ормонгарои зидди фасод ва амниятмеҳвар аст, ки аз дили муқовимат бархоста ва ҳамчунон ба усулаш вафодор мондааст.
Аммо сиёсати Афғонистон арсаи воқеиятҳои талх аст. Сохторҳои қудратии нокоромад, шабакаҳои қавмӣ ва сиёсӣ ва нуфузи бозигарони хориҷӣ, арсаро бар сиёсатмадорони ормонгаро танг мекунад. Солеҳ барои асаргузории воқеӣ ва пешбурди дидгоҳҳояш ногузир буд ба сохтори расмии қудрат ворид шавад; Ҳатто агар ин сохтор пур аз таноқузу фасод бошад. Ҳузури ӯ дар давлати Ашраф Ғанӣ ва пазириши симмати муовинати раёсатиҷумҳурӣ ҷилвае равшан аз ин тазод буд: касе, ки солҳо ба ҳукуматҳои нокоромад интиқод карда буд, ҳоло бояд дар ҳамон сохтор амал кунад ва тасмимҳои сахт бигирад.
Барои бахше аз ҳомиёнаш ин ҳузур “амалгароии зарурӣ” буд то битавонад аз дохили давлат бо Толибон муқобила кунад; Барои бахше дигар, “созиш бо сохтори нокоромад” ва удул аз усул талаққӣ шуд. Ин дугонагӣ дар тасвири Солеҳ инъикос ёфт: дар миёни мардум ӯ ҳанӯз ба унвони як чеҳраи ормонгаро ва зидди фасод шинохта мешуд, аммо дар маҳофили сиёсӣ беш аз он ки ба ормонгароиаш таваҷҷуҳ шавад, ба амалгароӣ ва нигоҳи амниятмеҳвари ӯ таваҷҷуҳ мекарданд. Ин амр ду паёмад дошт: нахуст, маҳбубият ва машрӯъияти иҷтимоӣ, чун мардум дар ӯ намоди ормони муқовимат медиданд; Дувум, маҳдудият ва танҳоии сиёсӣ, зеро сохтори қудрат дар Афғонистон ба сахтӣ иҷоза медиҳад фарде ҳамзамон ормонгаро ва сиёсатмадор боқӣ бимонад.
Солеҳ кӯшид ин фосиларо пур кунад. Ӯ мехост ормони муқовимати зидди Толибонро бо воқеияти ҳукуматдорӣ пайванд бизанад: аз даруни давлат дар баробари Толибон муқовимат кунад, ислоҳоти амниятӣ ва зидди фасодро пеш бибарад ва ҳамзамон арзишҳои муқовиматро ҳифз намояд. Ин рӯйкард дар суханрониҳояш ошкор буд; Ҷое, ки бар “тадовуми муқовимат аз даруни давлат” таъкид мекард. Аммо шароити печидаи Афғонистон, заъфи иродаи сиёсии давлат ва фишорҳои дохиливу хориҷӣ, ин пайвандро шикананда кард.
Суқути Кобул дар августи 2021 озмуни бузурге барои ин стратегия буд. Давлати Ашраф Ғанӣ фурӯ пошид, артиш ва ниҳодҳои амниятӣ муталошӣ шуданд ва Толибон бори дигар қудратро ба даст гирифтанд. Солеҳ, ки худро сарпарасти раёсатиҷумҳурӣ хонда буд, ночор шуд ба Панҷшер биравад ва дубора парчами муқовиматро баланд кунад. Ин рӯйдод нишон дод, ки пайванди ормону воқеият то чӣ андоза суст будааст: на давлат тавониста буд ормони муқовиматро ниҳодина кунад, на муқовимат тавонист аз даруни давлат ба сиёсати расмӣ табдил шавад. Таҷрибаи Солеҳ тасвири равшане аз шиканандагии сиёсати ормонгароён дар сохторҳои нокоромади Афғонистон ироа медиҳад.
Шахсияти Амруллоҳ Солеҳ фаротар аз зиндагии шахсии ӯ, намоди кашмакаши ҳамешагӣ миёни ормон ва воқеият дар сиёсати Афғонистон аст. Ӯ нишон дод, ки ҳатто чеҳраҳои бархоста аз муқовимат, барои асаргузорӣ ногузиранд вориди бозии қудрат шаванд, бо маҳдудиятҳои сохторӣ канор биёянд ва дар бархе маворид аз усули худ удул кунанд. Дар айни ҳол, таҷрибаи ӯ ёдовар мешавад, ки бидуни ниҳодинасозии ормонҳо дар сохтори давлат ва ҷомеа, ҳеҷ сиёсатмадоре наметавонад сирфан бо такя бар намоди муқовимат ба муваффақияти пойдор бирасад.
Аз дили таҷрибаи Солеҳ метавон се буъди аслии ин кашмакашро баршумурд: буъди намодин, ки сармояи муқовимат метавонад машрӯъияти иҷтимоӣ эҷод кунад аммо дар ғиёби коркарди ниҳодӣ зуд фарсуда мешавад; Буъди сохторӣ, ки зарфияти таҳаққуқи ормонҳоро маҳдуд мекунад ва сиёсатмадоронро ба созиш ё амалгароӣ вомедорад; Ва буъди шахсӣ, ки дар он сиёсатмадор бояд пайваста миёни вафодорӣ ба усул ва зарурати бақо дар арсаи қудрат тавозун барқарор кунад; Тавозуни душвор, ки ҳам маҳбубият меоварад ва ҳам осебпазирӣ.
Ин вазъият ҳам фурсат эҷод мекунад ва ҳам маҳдудият. Фурсат аз он ҷиҳат, ки сиёсатмадори ормонгаро метавонад эътимоди умумиро ҷалб кунад ва ба ислоҳот даст бизанад. Маҳдудият аз он ҷиҳат, ки ҳар гоми амалӣ метавонад ба манзалаи удул аз усул талаққӣ шавад ва сармояи иҷтимоиро коҳиш диҳад.
Солеҳ ин масирро паймуд ва дар ҳар ду сӯи он, ҳам таҳсин дид ва ҳам нақди шадид. Шахсияти ӯ оинае аз воқеияти сиёсати Афғонистон аст: кишваре бо ормонҳои бузург ва сохторҳои шикананда, бо мардуми ташнаи адолат ва давлати гирифтори фасод ва рақобатҳои қавмӣ. Ӯ дар миёни мардум ба унвони чеҳрае ормонгаро ва зидди фасод шинохта мешавад ва дар маҳофили сиёсӣ ба унвони фарде амалгаро ва амниятмеҳвар. Ин дугонагӣ ҳам нуқтаи қувват ӯ буд ва ҳам нуқтаи заъфаш. Саргузашти ӯ нишон медиҳад, ки Афғонистон барои гузар аз ин чарха ниёзманди ниҳодина кардани арзишҳои муқовимат ва ахлоқи сиёсӣ дар сохторҳои расмӣ аст то сиёсатмадорон маҷбур набошанд миёни ормон ва воқеият якеро фидои дигаре кунанд.
Аз ин манзар, таҷрибаи Солеҳ на фақат саргузашти фардии як сиёсатмадор, балки намунаи омӯзишӣ барои насли ҷадиди раҳбарони Афғонистон аст: насли оянда агар мехоҳад ҳам ормонгароиро ҳифз кунад ва ҳам дар арсаи амал муваффақ бошад, бояд аз ҳамакнун ба сохтани ниҳодҳои шаффоф, посухгӯ ва муқовим биандешад; Ниҳодҳое, ки битавонанд ормонҳои мардумро дар қолаби сиёсати амалӣ ва пойдор пиёда кунанд. Танҳо дар ин сурат аст, ки тавозун миёни ормон ва воқеият аз як кашмакаши дарднок ба як таомули созанда табдил хоҳад шуд.





