Хабари рӯз

Чаро таваҷҷуҳи ҷомиаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон коҳиш ёфтааст?

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"

Теъдоди зиёде аз мардуми Афғонистон чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ аз кишвар мегӯянд, ки дар иҷлоси Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз Афғонистон ёде накарданд, яъне дигар Афғонистон ба боди фаромӯшӣ супурда шудааст ва дунё таваҷҷӯҳе надорад.

Ба ақидаи ман, далоиле, ки мумкин аст пушти сукут ва бетаваҷҷӯҳӣ нисбат ба Афғонистон бошад:

Дар қадами аввал - рақобати буҳронҳо ва таваҷҷуҳи маҳдуди ҷаҳонӣ.

Имрӯз ҷаҳон бо буҳронҳои бузурге мисли ҷанги Украина, буҳрони Ғазза, буҳрони энержӣ ва тағйироти иқлимӣ мувоҷиҳ аст. Ин маворид авлавиятҳои расонаӣ ва дипломатиро ба худ ҷалб кардаанд ва Афғонистон аз диди бисёрӣ дар соя қарор гирифтааст.

Дар қадами дувум - адами шинохт ё шиносоии Толибон ба унвони ҳукумати машрӯъ.

Яке аз мушкилоти умда вазъияти намояндагии Афғонистон дар маҷомеъи байналмилалӣ аст. Толибон ҳанӯз ба таври комил ба унвони давлати расмӣ шинохта нашудаанд ва Афғонистон дар вазъияти билотаклифии дипломатӣ қарор дорад.

Дар қадами севум - масоили ҳуқуқибашарӣ, бахусус ҳуқуқи занон.

Ба сабаби маҳдудиятҳое, ки барои занон эъмол шуда, нақзи ҳуқуқибашарии густурда, бисёре аз кишварҳо тамоюли камтаре доранд то аланӣ дахолат кунанд ё ҳимояти расмӣ нишон диҳанд, бавежа дар Маҷмаъи умумии Созмони Милал.

Дар қадами чаҳорум - коҳиши кӯмакҳо ва манобеъи молии байналмилалӣ барои Афғонистон

Бо маҳдуд шудани будҷаҳои байналмилалӣ ва авлавият гирифтани буҳронҳои дигар, кӯмак ба Афғонистон коҳиш ёфта ва таваҷҷуҳ ба он камтар шудааст.

Оё Афғонистон фаромӯш шуда?

Ба бовари ман, то ҳадде бале, на ин ки комилан фаромӯш шуда бошад, балки дар авлавияти нигоҳи ҷаҳонӣ нест:

- Расонаҳо ва давлатҳо камтар аз гузашта ба Афғонистон ишора мекунанд.

- Буҳрони инсонӣ ва вазъияти ногувори мардум ҳамчунон вуҷуд дорад, аммо камтар дар конуни таваҷҷуҳ қарор мегирад.

- Аммо созмонҳои мардумниҳод ва виҷдони байналмилалӣ ҳанӯз кӯмак мекунанд ва огоҳиро зинда нигаҳ медоранд.

Натиҷагирӣ ва бовари ман

Мо набояд таслими фаромӯшӣ шавем, садои Афғонистон ҳанӯз шуниданӣ аст.

Мо бояд бо расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳои маданӣ ва байналмилалӣ кор кунем то ҳамеша ёдоварӣ шавад, ки Афғонистон ҳанӯз ниёз дорад. Ҳатто агар қудрати ҷаҳонӣ камтар ба мо таваҷҷуҳ кунад, қудрати мардум, андеша ва садои худи мост, ки метавонад таъсиргузор бошад.


Дин

Тероризм

12-нояб-2025 By admin

Парвандаи террори Козимӣ

Ҳамаи онҳое, ки дар террори сиёсатмадор даст доштанд, зиндаву саломат

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!