Хабари рӯз

Таърих ҳамаро хат зад ва ӯро интихоб кард

Нависанда: Сангар

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон аст. Вай 10 июли соли 1988 (19 тир ё саратони 1367) дар рустои Пиюи шаҳристони Варсаҷи вилояти Тахори Ҷумҳурии демократики Афғонистон ба дунё омадааст.

ТАВЗЕҲ: Дар тамоми манобеъи интернетӣ соли таваллуди Аҳмад Масъуд 1989 зикр шудааст. Аммо Сиддиқа Масъуд, модари ӯ, дар китоби “Масъуд ба ривояти ҳамсараш” соли таваллуди писарашро 1988 гуфтааст, ки мантиқӣ ба назар меояд. Зеро дар ин китоб омадааст, ки вақте шӯравиҳо аз ҳузури хонаводаи Аҳмадшоҳ Масъуд дар Пию хабар меёбанд, даст ба ҳамлаи ҳавоӣ мезананд. Сиддиқа Масъуд менависад: “Моҳҳо буд, ки аз бамборонҳо хабаре набуд. Понздаҳ рӯз баъд аз омадани шавҳарам (ки тақрибан як моҳ пас аз таввалуди писараш ба дидани ӯ омада буд – Сангар) ҳамалоти ончунон ваҳшиёна ва ногаҳонӣ шурӯъ шуд, ки маҷбур шудем бидуни ин ки ҳатто фурсат кунем, то бо худ чизе бардорем, бо шитоб ба суф паноҳ бубарем ва пинҳон шавем. Мутталеъ шудем, ки шӯравиҳо аз вуҷуди мо бохабар шудаанд ва ҳоло ки аз ҳузури шавҳар ва фарзандам огаҳӣ доштанд, дигар моро раҳо намекарданд”. Нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ 15 феврали соли 1989 Афғонистонро ба пуррагӣ тарк карда буданд.

Аҳмад Масъуд бузургтарин фарзанд ва танҳо писари Аҳмадшоҳ Масъуд аст. Дар сентябри соли 2001, замоне, ки дувоздаҳсола буд, падараш тавассути Алқоида террор шуд. Ӯ пас аз ин иттифоқ ба ҳамроҳи панҷ хоҳараш ба Эрон рафтанд. Масъуд дар Эрон таҳсилоти ибтидоӣ ва дабиристонро хатм карда, барои идомаи таҳсил ба Бритониё рафт ва як сол дар Академияи низомии салтанатии Сандҳерст (Royal Military Academy Sandhurst) хонд. Дар соли 2015 мадраки коршиносии худро дар мутолиоти ҷанг аз Донишгоҳи Кингз ((King's College) - и Лондон ва дар соли 2016 коршиноси аршад дар сиёсати байналмилалиро аз Донишгоҳ Лондон Сити (City University of London) дарёфт кард.

ТАВЗЕҲ: Аз таҳсили Аҳмад Масъуд дар Бритониё имрӯзҳо рақибонаш ба нафъи таблиғоти худ суъистифода намуда, ки аз ӯ гоҳо ба унвони “ҷосуси Инглис” ёд мекунанд. Аммо роҳеро, ки ӯ интихоб кард ва имрӯз онро мепаймояд, хеле ба дур аз сиёсатҳои пешггирифтаи Бритониё дар Афғонистон аст. Зоҳиран, Инглис минҳайси меъмор ва ҳомии тарҳе ба номи “Толибон” чӣ ваҷҳи муштараке бо писари Аҳмадшоҳи Масъуд дошта метавонад?

 

АҚИДАИ СИЁСӢ

Аҳмад Масъуд моҳи ноябри соли 2016 ба унвони мудири Бунёди Масъуд мансуб шуд, ки дар чандин кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон низ намояндагӣ дорад. 5 декабри 2019 дар оромгоҳи падараш дар маҳалле ба номи Сарича дар Бозораки дараи Панҷшер ба унвони ҷонишини падараш муаррифӣ шуд.

Ӯ идеяи падарашро аз як “модели Швейтсария” барои равобити дохилии қудрат дар Афғонистон таъйид мекунад ва баён кард, ки тамаркуззудоии давлат ва ғилзатзудоии қудрат аз Кобул ба вилоятҳои кишвар роҳиҳале барои тахсиси манобеъ ва тамаркузи қудрат ироа мекунад ва натиҷаи он рифоҳу субот барои тамоми кишвар аст.

ТАВЗЕҲ: Имрӯзҳо Аҳмад Масъудро иддае аз фейсбукиён, ҳатто аз миёни тоҷикон, як “исломгаро” ва “ихвонӣ” муаррифӣ ва ба пойбандӣ ба “афғонияту исломият”-е, ки Толибон доранд, муттаҳам мекунанд. Аммо аз сӯҳбатҳои ӯ бо расонаҳо метавон ба ин хулоса расид, ки “афғонияту исломият”-и ифротии Толибонро қабул надорад ва ин гуруҳро як нерӯи муздури хориҷӣ медонад. Вай орзуи як Афғонистони озодеро дорад, ки дар он исломи муътадил ҳоким ва ҳуқуқи тамоми ақвому мазоҳиб ва марду зан мусовӣ бошад. Он чӣ, ки падараш бовар дошт ва барои он мубориза кард.

 

МУҚОВИМАТИ ДУВВУМ

Масъуди Дуввум расман моҳи марти 2019 вориди сиёсат шуд, замоне, ки аз музокираи сулҳ миёни Толибону Амрико эътироз кард. Интиқодаш ба он хотир буд, ки дар раванди сулҳ манофеъи мардуми Афғонистон нодида гирифта мешавад ва эътиқод бар ин дошт, ки Толибон чун дар гузашта як гурӯҳи такқавмиву ифротгаро ва олаи дасти истихбороти хориҷӣ будаву мондааст.

Сентябри ҳамон сол ӯ эълом кард, ки як эътилофи ҷадиди раҳбарони муҷоҳидини собиқ Эътилофи Шимол, танҳо нерӯеро, ки бо Толибон дар даҳаи 1990 бо раҳбарии падараш меҷангид ва мӯҷиби рӯи кор омадани як низоми ҷумҳурӣ дар Афғонистон шуд, эҷод мекунад. Ин эътилоф бо номи Ҷабҳаи муқовимат ё Муқовамати дувум, як нерӯи сиёсӣ – низомиест, ки қабл аз хуруҷи амрикоиҳо дар Афғонистон рӯи кор омад.

ТАВЗЕҲ: Ҳеҷ як аз раҳбарони собиқ Эътилофи Шимол, аз қабили Абдураб Расули Сайёф, Муҳаммади Муҳаққиқ, Карим Халилӣ, Устод Атомуҳаммади Нур, Амир Исмоилхон, Абдурашид Дӯстум ва дигарон, ки дар замони Муқовимати Аввал (1996-2001) аз Аҳмадшоҳи Масъуд фармон мебурданд, ба Ҷабҳаи муқовимати Аҳмади Масъуд напайвастанд. Ҳамаи онҳо бо суқути Афғонистон ба дасти Толибон кишварро тарк карданд ва Аҳмади Масъуд дар майдон танҳо монд.

 

СУҚУТИ ПАНҶШЕР

15 августи 2021 бо суқути Кобул – пойтахти Афғонистон Толибон бар 33 вилояти Афғонистон тасаллут пайдо карданд. Танҳо вилояте, ки озод монд, Панҷшер, маҳалли ҳузури нерӯҳои зиддитолиб буд, ки 17 август бори аввал аз он ҷо муқовимати дуввуми алайҳи Толибонро эълон кард. Ин рӯз дар таърихи Афғонистон ҳамчун рӯзи таъсиси Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд низ сабти таърих гашт.

Вай ба хотири ҷилавгирӣ аз ҷангу хунрезӣ бо Толибон вориди музокирот шуд, аммо онҳо аз ӯ хостанд, ки таслим шавад. Вай гуфт: “Агар дар ин шароит ҷанг ҳатмӣ аст, пас хоҳем ҷангид. Мо Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравиро шикаст додем, метавонем Толибонро низ шикаст диҳем".

31 август аввалин даргириҳо миёни Толибон ва Ҷабҳаи муқовимат дар атрофи Панҷшер шуруъ шуданд. 6 сентябр Толибон дараи асосиро забт карданд. Аҳмад Масъуд аввалин шикасти низомиашро таҷриба кард.

ТАВЗЕҲ: Суқути Панҷшер як барномаи 20 - солае буд, ки аз сӯи истихбороти Покистон, Амрико ва ҳукуматҳои Карзай-Ғанӣ ба ҳамдастии чеҳраҳои маъруфи панҷшерӣ, ки зикри номҳояшонро зарур намедонем, иҷро шуд. Агар дар Муқовимати Аввал вилоятҳои ҳамҷавори Панҷшер – Бадахшон, Бағлон ва Тахор таҳти идораи Аҳмадшоҳи Масъуд буданд, ин дафъа ба дасти Толибон суқут карданд. Истихбороти хориҷӣ тайи 20 сол дар ин вилоятҳо, ки хостгоҳи муқовимати зиддитолибонӣ маҳсуб мешуданд, бо кӯмаки муздурони маҳаллӣ ва кобулнишин як тарҳи толибсозиро ба роҳ андохт. Панҷшер комилан муҳосира шуд. Ва ҳақиқати талхтарин ин аст, ки аз соли 2019 ба ин сӯ қабл аз ҳама панҷшериҳои ҳозир дар қудрат – шуруъ аз муовини аввали раисҷумҳур то вазири дифоъ – на фақат кӯмакеро ба Аҳмад Масъуд накарданду ӯро ҷиддӣ нагирифтанд, балки ҳама корро карданд, ки ӯро тахриб кунанд. Аммо ӯ аз ин ҳама берун омад. Таърих тамоми онҳоро ба хоки сиёсат яксон кард ва ӯро мавриди интихоби худ қарор дод.

Пас аз суқути Панҷшер Аҳмад Масъуд Афғонистонро тарк кард. Истихбороти Амрико хабар дод, ки ӯ ба Тоҷикистон паноҳ бурдааст. Расонаҳо гоҳо аз ҳузури ӯ дар Эрон низ хабар медиҳанд.

 

БА ҶОИ ОХИРСУХАН

Аммо ҳар куҷое, ки ӯ ҳаст, рамзе аз пойдории муқовимати мардуми Афғонистон аст. Умеди ягонаи мардум ва равшание дар поёни нақби торик. Танҳо шахсияте, ки даст ба фасоду ғорати мардум наолудааст ва ҳамкори ифротиёну террористон нест.

Бо гузашти 11 моҳ аз суқути Панҷшер муқовимати зиддитолибонӣ таҳти раҳбарии Аҳмад Масъуд дубора ба по хест ва ҳоло шуруъ аз Панҷшер то Андаробу Тахору Бадахшон бо Толибон дасту панҷа нарм мекунад.

Дар ин миён Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба масобаи танҳо нерӯи зиддитолибонӣ аз сӯи кишварҳои ҷаҳон эътироф шуд. Толибоне, ки мегуфтанд, муқовимат вуҷуд надорад, борҳо аланиву пинҳон бо намояндагони он сари мизи музокирот нишастанд. Дастоварди бузурги Ҷабҳаи муқовимат ин буд, ки 11 моҳ ба ин сӯ ҳеҷ як аз кишварҳои ҷаҳон Толибонро ба расмият нашинохт.

Замоне Аҳмад Масъуд аз кишварҳои ғарбӣ, бахусус, Амрикову Бритониё ва Фаронса даъват кард, ки аз муқовимати мардуми Афғонистон пуштибонӣ кунанд. Аммо ин кишварҳо ба сароҳат эълон доштанд, ки бо Толибон ҳамкорӣ мекунанд ва аз мухолифини низомии онҳо ҳимоят нахоҳанд кард. Он гуна ки интизор мерафт.

Аммо бо омадани Толибон ба қудрат дар Афғонистон ин кишвар ба як пойгоҳи бузурги созмонҳои террористии байнулмилалӣ, қабл аз ҳама, Алқоидаву ДОЪИШ табдил ёфт. Ин созмонҳо гоҳо ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон низ мушак шиллик мекунанд. Толибон аз созмонҳои террористӣ пуштибонӣ мекунад ва ин воқеъият ба ҳадде равшан шудааст, ки нигарониҳоро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ба вуҷуд овардааст.

Мулоқоти Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Аҳмад Масъуд, ки гуфта мешавад, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон анҷом шудааст, далели барҷастаи он аст, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон танҳо нерӯ дар муқобили терроризм ва ифротият эътироф шудааст. Масъулияте, ки пеши ҷаҳон Аҳмадшоҳи Масъуд дошт, рӯи шонаҳои Аҳмади Масъуд афтод.

Ба ҳамин минвол, Масъуди Дуввум дар тақобули бузурги қудратҳо дар Осиёи Марказӣ, ки аз сӯи бархе, “Бозии Бузурги Ҷадид” унвон шудааст, ба бозигари муҳим табдил меёбад. Ва шояд ҳикмати мероси ягонаи Аҳмадшоҳ Масъуди устураӣ низ ҳамин буда.

 

Шӯрои машваратии “Сангар” муҳтарам Аҳмади Масъудро бо рӯзи зодрӯзаш табрик гуфта, ба ӯ аз даргоҳи Худованд сиҳату саломатии бардавом ва дар масъулияти таърихиаш муваффақиятҳо металабад.

Зодрӯз муборак Амири Ҷавон!


Дин

Тероризм

30-июн-2025 By admin

Чеҳраи хатарноки бозии…

Русия аз як ривояти машкуки амниятӣ чӣ гуна сенариясозӣ мекунад?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!