Хабари рӯз

Бӯҳрони забон, ҳувият ва миллатсозии фарҳангӣ аз куҷо меояд?

Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”

Матлаби аслӣ: تاجیک‌ها و هزاره‌ها: شکست پروژه‌ی فارسی‌زبانان

Дар садсолаҳои ахир миллатсозӣ ҳамчун як раванд ё ҷараёни муосир, бар пояи забон, хотираи таърихӣ ва ривоятҳои муштарак шакл гирифтааст. Бар хилофи дидгоҳҳои суннатӣ ва пешомуосир, ки ҳувиятро аз хун, нажод ё қабила ҳосил мекарданд, тафаккури муосир ба забон ҳамчун хонаи ҳастӣ ва заминаи ташаккули субъекти таърихӣ ва сиёсӣ менигарад. Бо ин ҳол, дар фазои забони форсӣ, ба хусус миёни ақвоми форсизабон чун тоҷикон ва ҳазораҳо, ҳанӯз фақри андешаи муосир ба чашм мехӯрад. Нагузаштан аз парадигмаҳои қавмӣ ва қабилавӣ, монеаи бузург дар роҳи миллатсозии фарҳангӣ ва ҳаққи таъйини сарнавишт маҳсуб мешавад.

Дар ин навишта мекӯшам нишон диҳам, ки чӣ гуна забони форсӣ на танҳо абзори иртибот, балки заминаи ҳастии иҷтимоӣ ва маншаи ҳувияти муосир аст. Бо ишораҳои мухтасар ба дидгоҳҳои фалсафии Ҳайдеггер ва Ролз дар соҳаи назарияҳои ҳуқуқӣ ва шартномаи иҷтимоӣ ва мисолҳое таърихӣ аз Фаронса ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, мехоҳам фаҳмонам, ки чаро форсизабонон натавонистанд аз таборгароии қавмӣ гузаранд ва забонро ҳамчун хотира ва гуфтор дарк кунанд ва ба миллати муосир табдил ёбанд.

Дар дидгоҳи суннатӣ ҳувияти қавмӣ бар пояи насаб, нажод, қабила ва мансубияти ҷуғрофиёӣ таъриф мешавад. Дар ин сохтор, забон танҳо як василаи муошират ё ифода аст, на решаи ҳастӣ ё сохтордиҳандаи шуури ҷамъӣ, аммо тафаккури муосир, махсусан аз садаи 19 ба ин сӯ, забонро дар маркази равандҳои миллатсозӣ, шуури таърихӣ ва субъективияти сиёсӣ қарор додааст.

Мартин Ҳайдеггер дар китобаш "Шеър, Забон, Андеша", забонро “хонаи ҳастӣ” меномад: ҷое ки инсон ба худшиносӣ мерасад, ҷаҳонро дарк мекунад ва таърихро қобили ривоят месозад. Бе забон на таърих маъно дорад, на хотира ва на оянда.

Барои форсизабононе чун тоҷикон ва ҳазораҳо, забони форсӣ набояд танҳо василаи ифода бошад, балки бояд заминаи маънодиҳандаи ҷаҳон, ҳамлкунандаи хотираи тамаддун ва фазои тавлидии ҳувияти муосир гардад. Агар форсизабон буданро ба ҷои тоҷик ё ҳазора будан биншонем, ба сӯи миллатсозии фарҳангӣ – ва ба гуфтаи Ҳегел, ба сӯйи ташкили касрат дар айни ваҳдат – қадам мегузорем. Аммо то замоне ки қавмгароии табормеҳвар бар забонгароии фарҳангӣ бартарӣ дошта бошад, на миллат сохта мешавад ва на субъекти муосир шакл мегирад.

Дар давраи ҷумҳурияти амрикоӣ дар ҷуғрофиёе ба номи «Афғонистон», намунаи миллатсозӣ бар пояи ҳуқуқи шаҳрвандию Қонуни Асосӣ пайгирӣ шуд. Дар ин лоиҳа, кӯшиш шуд, ки бо таблиғи мафҳумҳои муосир чун шаҳрвандӣ, ҳуқуқи баробар ва интихобот, як миллати муосири “афғон” сохта шавад. Аммо ин модел, бинобар сарфи назар аз бунёдҳои фарҳангӣ, забоншиносӣ ва хотираи таърихии ақвом, бахусус форсизабонон, комилан шикаст хӯрд. Ҳар кӯшиши минбаъда низ маҳкум ба шикаст аст; кишварҳои чандқавмӣ миллати воҳид намешаванд, магар ин ки ҳамаи мардумро ба як забон ва зери номи як миллат ҷамъ оваранд.

Дар лоиҳаи амрикоӣ забони форсӣ на танҳо тақвият нашуд, балки бо саркӯб ва каноргузории фарҳангӣ рӯбарӯ гардид. Таълим, расонаҳо ва муассисаҳои расмӣ ба сӯи пуштусозӣ ва таҳмили забони пашту равона шуданд; дар ҳоле ки форсизабонон на абзори дифоъ аз ҳувият доштанд ва на назарияе барои миллатсозии фарҳангии худ парвариш дода буданд.

Натиҷаи он лоиҳа фурӯпошии мафҳуми шаҳрвандӣ, афзоиши шикофҳои қавмӣ ва ҳатто афзалияти ҳокимияти пуштунӣ бар иттиҳоди фарҳангии тоҷику ҳазора буд. Чаро? Зеро ҳеҷ забони муштарак барои гуфтугӯ, ривояти муштарак ва хаёли сиёсӣ ташаккул наёфта буд.

Барои дарки аҳамияти забон дар миллатсозӣ бояд ба таҷрибаи фаронсавии садаи 18 таваҷҷуҳ кард, ки бисёр омӯзанда аст. Пас аз инқилоби соли 1789, давлати инқилобии Фаронса на танҳо бар ҳуқуқи шаҳрвандӣ таъкид кард, балки як лоиҳаи сахтгирона барои таълими иҷбории забони фаронсавӣ, ҳазфи лаҳҷаҳо ва яксонсозии забонӣ оғоз намуд. Ин сиёсат, бо вуҷуди муқовимати маҳаллӣ, дар ниҳоят бунёди ҳувияти миллии Фаронсаро гузошт.

Дар Иёлоти Муттаҳида низ, бо вуҷуди гуногунии нажодӣ, забони англисӣ ҳамчун забони миллӣ пазируфта шуд ва заминаи хаёли сиёсӣ, таълими умумӣ ва фарҳанги ҳуқуқиро фароҳам сохт. Амрикоӣ будан, беш аз ҳама, вобаста ба забони муштарак аст, на ранги пӯст ё дин.

Бар хилофи ин ду таҷриба, дар Афғонистон забони муштарак ҳамчун пешшарти миллатсозӣ пазируфта нашуд. Забони форсӣ – ки метавонист забони миёнҷии тамаддун бошад – на тақвият шуд ва на он гуна ки мебоист ба расмият шинохта шуд. Натиҷааш миллатсозии ҷаълӣ ва шаҳрвандии бебунёд буд.

Ҷон Ролз дар назарияи адолати худ менависад, ки адолат замоне имконпазир аст, ки тарафҳо тавонанд дар фазои гуфтугӯи баробар шартҳои шартномаи иҷтимоиро бипазиранд. Аммо ин гуфтугӯ бе забони муштарак мумкин нест. Забон пешшарти гуфтугӯи ахлоқӣ, дарки мутақобил ва ҳамдардии инсонӣ аст.

Бе забони муштарак “шартномаи иҷтимоӣ” ба мафҳуми холӣ табдил меёбад; чунон ки ҷумҳурият дар Афғонистон, бар асоси набуди шартномаи иҷтимоӣ фурӯ пошид. Ҳуқуқ, замоне қобили дарк ва талаб кардан аст, ки дарунмояи забонӣ ва хотираи муштарак дошта бошад. Забон на танҳо василаи ифодаи ҳуқуқ, балки заминаи пайдоиши мафҳумҳои адолат, шаҳрвандӣ ва каромати инсонӣ аст.

Бо ишора ба дидгоҳҳои мухтасари ду андешавари боло, бояд гуфт, ки фақри андешаи фалсафаи ҳуқуқӣ миёни форсизабонон бисёр нигаронкунанда аст. Набуди дарки нақши забон дар татбиқи адолат ва нотавонӣ дар тавзеҳи ҳуқуқи таърихӣ омили аслии набуди гуфтор ё дискурси фарҳангии форсӣ ба шумор меравад.

Бо таваҷҷуҳ ба анъанаи «Эроншаҳрӣ», миллат на бо хун, балки бо фарҳанг ва забон таъриф мешуд. Империяҳои “Эрони таърихӣ” на бар пояи нажод, балки бар асоси муштаракоти забонӣ, динӣ ва хотираи тамаддунӣ шакл гирифтанд. Дар он анъана форсӣ заминаи муошират, сиёсатварзӣ ва тавлиди гуфтор буд.

Он таҷрибаи таърихӣ метавонад нуқтаи ибтидои миллатсозии фарҳангӣ барои форсизабонон дар ҷуғрофиёи ҷаълӣ бо номи Афғонистон бошад.

Такя ба форсӣ ҳамчун забони фалсафа, адолат ва хотира, на иҷбор, балки раҳоист. Ин забон, чунон ки барои Фирдавсӣ, Розӣ, Бедил ва Иқбол фазои офариниш буд, барои имрӯз низ метавонад забони шартномаи иҷтимоӣ, субъекти муқовимат ва абзори бозсозии оянда бошад.

Агар имрӯз тоҷикону ҳазораҳо ба ҷои пайванди фарҳангӣ, ба беэътимодии мутақобил доман зананд – ва мутаассифона, бисёре аз равшанфикрони онҳо “миллати афғон”-ро бар ҳувият ва забони худ тарҷеҳ диҳанд – дар он сурат, суқут ба чоҳи аз даст додани ҳувияти фарҳангиашон қатъист.

Ман сабаби аслии фақри андешаи муосирро дар часпидан ба ҳувияти пешомуосири қавмӣ медонам, ки аз набуди огоҳии фалсафӣ аз нақши забон, ғиботи назарияи мустақили ҳуқуқӣ ва вобастагии фикрӣ ба моделҳои шикастхӯрдаи ҷумҳурият бармеояд.

Ин фақри андеша, монеаи тавлиди ривоятҳои раҳобахш, ташаккули созмонҳои маданӣ ва муқовимати фарҳангӣ мешавад. Бе бозсозии бунёдҳои назарӣ ҳеҷ ваҳдати сиёсӣ ё фарҳангӣ мумкин нест.

Чӣ бояд кард?

Форсизабонон, агар хоҳанд аз канорнишинии таърихӣ бигзаранд, бояд лоиҳаи миллатсозии фарҳангии худро бар асоси забони форсӣ, ҳамчун ягона роҳи раҳоӣ бипазиранд. Ин масир аз забон оғоз мешавад, аз фалсафа ва ҳуқуқ мегузарад ва ба шартномаи иҷтимоӣ ва ҳаққи таъйини сарнавишт мерасад.

Ҳайдеггер, Ролз ва таҷрибаи миллатҳо ба мо омӯхтаанд, ки бе забон, ҳеҷ субъект, ҳеҷ адолат ва ҳеҷ ояндае вуҷуд надорад. Агар имрӯз натавонем забони форсиро чун хонаи ҳастии худ бозсозӣ кунем, фардо танҳо шоҳиди фурӯпошиҳои бештар хоҳем буд – ва ин бор на аз берун, балки аз дарун.


Дин

Тероризм

25-марти-2026 By admin

Покистон: бозии дугона…

Таҳаррукоти ахир дар Нуристон чӣ маъно дорад?

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!