Дар бораи хатари шикоф миёни тоҷикҳову ҳазораҳо ва зарурати ваҳдати порсизабонон дар баробари султаи қавмии афғонӣ
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Асли матлаб: اسباب بازی های پشتونیزم، یا پشت دشمنی تاجیک و هزاره
Дар фазои сиёсии имрӯзи мо шикофи рӯзафзун миёни ду ҷомеаи бузурги порсизабон – тоҷику ҳазора – ба масъалае нигаронкунанда бадал шудааст. Дар шароите, ки паштунизми толибонӣ ба масобаи абзори бартариталабии қавмӣ дар пайи саркӯби забон, фарҳанг ва ҳуқуқи порсизабонон аст, мо шоҳиди мавҷе аз хусуматварзиҳои мутақобил ва беҳуда миёни ҳазораҳо ва тоҷикҳо ҳастем. Хусумате, ки аз бунёдҳои таърихӣ ва ҳувиятӣ тиҳист ва мутаассифона, аз сӯи бархе чеҳраҳои таҳсилкарда ва нухбаи ҳар ду сӯ тағзия мешавад, бе он ки ба паёмадҳои хатарноки он андешида шавад. Ин шикоф дар амал ба суди комили проекти султаи қавмии афғонӣ тамом мешавад.
Ман аз ҷойгоҳи як фарди порсизабони дағдағаманд, ки ҳувияти хешро на фақат дар номи табор, балки дар забон, фарҳанг ва ҳофизаи таърихиам меҷӯям, бо тамоми тавон нисбат ба ин вазъияти сохтагӣ ҳушдор медиҳам: набояд дар баробари ин шикофи кушанда ва "барномашуда" хомӯш монд!
Таърих борҳо нишон додааст, ки душманиҳои дарунгурӯҳӣ миёни ақвоми порсизабон, ҳамвора абзори коромаде дар дасти ҳокимони султагар ва идеологияи сохторманди афғонизм/паштунизми онҳо будааст. Акнун, ки Толибон – бозуи хашин ва холисшудаи ин идеология – бар ҷуғрофияи ҷаълии Афғонистон ҳукм меронанд, ҳар гуна шикоф миёни тоҷику ҳазора, ба маънои тақвияти мавқеияти ҳамон дастгоҳи саркӯбгар аст.
Решаи муштарак - дарди муштарак
Шикоф миёни тоҷику ҳазора дар солҳои ахир, беш аз ҳамеша, тавассути нерӯҳои вобаста ба берун ва проектҳои инҳирофии дарунсохторӣ ташдид шудааст. Ин шикоф на аз дили ҳувият, балки аз ривоятсозиҳои ҷаълии сиёсӣ ва таърихӣ сар баровардааст. Ривоятҳое, ки дорад ба монеъи ҷиддӣ дар масири шаклгирии як ҷабҳаи воҳиди порсизабон табдил мешавад, ҷабҳае, ки метавонист ва бояд нақши таърихиашро дар баробари фашизми қавмӣ ифо кунад.
Тоҷику ҳазора, агарчи дар бархе ҳавзаҳои таърихӣ, мазҳабӣ ё суннатӣ бо якдигар тафовут доштаанд, аммо бар бистари муштарак аз забон, фарҳанг ва ҳофизаи таърихӣ истодаанд. Ҳар ду аз табори Эронзаминанд, забонашон порсист, фарҳангашон хуросонист ва ранҷашон аз як сарчашма меҷӯшад: султаи сохтори қабилагарои паштунӣ, ки бо абзорҳои дин, хушунат, таҳриф ва ҳазф, кӯшида ҳувияти моро нобуд кунад.
Афзоиши гуфтумонҳои фирқагароёнаву порсиситезона ва нодида гирифтани дардҳои таърихии ҳамсон ва ҳатто муштарак, на танҳо моро аз ҳам дуртар мекунад, балки фурсати шаклгирии ҳар гуна эътилофи сиёсӣ ва фарҳангӣ барои раҳоӣ ва додхоҳиро низ аз миён мебарад. Наҷот аз ин вазъият танҳо аз масири ваҳдати огоҳона, мунтақид ва одилона миёни порсизабонон мумкин аст. Ваҳдате, ки ба ҷойи нодида гирифтани тафовутҳо, бар пазириши онҳо ва тамаркуз бар пайвандҳои жарфтар бино шавад.
Забони порсӣ, омили пайванд ва тавонмандии мо
Проекти Толибон бисёр фаротар аз як проекти мазҳабӣ дар бунёди хеш проекте барои таҳкими гегемонияи паштунизм аст. Онон на фақат бо шариати толибонӣ, балки бо мантиқи забонӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии хоси худ дар пайи ҳазфи ҳар нишонае аз порсӣ будани ин сарзаминанд. Дар чунин вазъияте даргирӣ миён ҳазораву тоҷик, дақиқан ба суди ҳамон душмане тамом мешавад, ки забони моро таҳқир мекунад, духтарони моро хонанишин месозад ва ҳофизаи таърихии моро пок менамояд.
Подзаҳри “проекти ахири афғонӣ” чизе ҷуз ҳамбастагӣ ва ҳамзистии огоҳонаи мо нест. Забони порсӣ бистари ҳувияти муштараки мост. Агар бар ин бистар тамаркуз кунем, метавонем ривояти муштараке аз дарду оянда бисозем. Порсизабон будан ба танҳоӣ як хостгоҳи сиёсӣ ва фарҳангии нерӯманд аст. Хостгоҳе, ки бояд онро ба унвони шолудаи ваҳдат амиқан ҷиддӣ гирифт.
Роҳҳои хурӯҷ аз бунбасти тафриқа чист?
Барои убур аз ин вазъияти хатарнок, ба бовари ман, бояд бар чанд асли асосӣ такя кард:
1 - Бозшиносии забон ва фарҳанги муштарак ба унвони меҳвари ваҳдат;
Забони порсӣ ва фарҳанги Эроншаҳрӣ ва Хуросонӣ шолудаи ваҳдати таърихӣ миёни тоҷикҳову ҳазораҳо буда ва ҳаст. Бояд бо садоқат ба ин иштирокҳо такя кард, на ба тафовутҳое, ки қобили убуранд.
2 - Шикастани сукут дар баробари провакаторҳо аз ҳар ду сӯ;
Касоне, ки дар фазои маҷозӣ ё расонаҳо бо нафратпароканӣ алайҳи қавми дигар, дар пайи имтиёзгирӣ аз душмани севуманд, бояд бепарда ифшо шаванд. Ин афрод, хоҳ огоҳона, хоҳ ноогоҳона, дар хидмати проекти афғонсозӣ ва қабилагароӣ қарор доранд.
Ҳеҷ ҳаракати додхоҳонае бо нафрат ва таҳқири дигарӣ сохта намешавад!
3 - Бозсозии гуфтумони сиёсӣ бар пояи порсизабон будан, на қавмият - на тоҷик будан ва на ҳазора будан ба танҳоӣ роҳи раҳоии мо нест. Танҳо ҳувияте, ки метавонад моро ба иттиҳоди роҳбурдӣ бирасонад, «порсизабон будан” аст; Ҳувияте, ки дар он дин, қавм ва мазҳаб бахше аз тафовутҳои машрӯъанд, на абзори тафриқа ва ҳазф.
Мо бояд аз чорчӯби бастаи қавмӣ убур кунем ва ҳувиятамонро бар пояи забон, фарҳанг ва ояндаи муштарак бозтаъриф кунем. Иттиҳоди порсизабонон – чӣ дар шимол, чӣ ғарб, чӣ марказ – сангбинои қарордоди иҷтимоии одилона ва чандқавмии фардои мо хоҳад буд.
4 - Тамаркуз бар душмани муштарак: афғонизм/паштунизм дар анвои он;
Агар нерӯҳои сиёсӣ ва иҷтимоии порсизабон, ба ҷойи нақди мутақобил ва тазъифи ҳамдигар, энержии худро сарфи шинохт ва маҳори проекти афғонизм кунанд, ояндаи равшанӣ дар пеш хоҳанд дошт.
Ҳар фарди бедору дардманд бояд ба тафриқаафканон на бигӯяд. Набояд фаромӯш кард он чи моро ба ҳам пайванд медиҳад, амиқтар, решадортар ва шарифтар аз он чизе аст, ки моро ҷудо мекунад.
Тоҷику ҳазора агар бар сари тафовутҳо диранг кунанд ва ба душманӣ идома диҳанд, ҳар ду хоҳанд бохт, аммо агар бар бистари забон, фарҳанг ва ранҷи муштарак биистанд, метавонанд таърихро дигаргун созанд.
Ба ҷойи инкори якдигар, ҳамсадоӣ; Ба ҷойи тафриқа, тадбир!
Сарнавишти мо дарҳамтанида аст: Агар имрӯз тоҷикҳо омоҷи ҳамлаанд, фардо навбати ҳазораҳост ва агар имрӯз ҳазораҳо ба ҳошия ронда шудаанд, фардо тоҷикҳо қурбонии ҷадид хоҳанд буд. Ин ҳамон қоидаи бозии паштунизм аст: тафриқа биандоз ва нобуд кун!
Акнун замони он фиро расида, то худро аз ин дом бираҳонем ва ояндаҳое бисозем, ки дар он, порсизабон будан мояи ифтихор ва пайванди мо бошад.
Агар акнун наистем ва пулҳои гуфтугӯ, дарки мутақобил ва ҳамбстагиро бозсозӣ накунем, фардо ҳеҷ кадомамон боқӣ нахоҳем монд. Ҳар ду бузургқавм, яке пас аз дигаре, қурбонии мошини саркӯби афғонмеҳвар хоҳанд шуд. Чунонки таърихи сад соли гузашта, борҳо ва борҳо ба мо омӯхтааст.
Биёед, пеш аз он ки дер шавад, ба забон, фарҳанг ва дарди муштаракамон вафодор бимонем!
Порсизабони бимонем, душмани муштаракамон – паштунизмро бишносем ва бо ҳам барои раҳоӣ, адолат ва каромати инсонӣ истодагӣ кунем.
Тафриқа бунбаст аст; Ваҳдат танҳо роҳи пирӯзии мост!