Зеҳнияти бархе дар Русия ин гуна аст, ки барои аъмоли ношоистаи афрод, тақсирро ба гардани кулли миллат меандозанд, ки ҷинояткорон аз намояндагони он буданд.
Нависанда: Жамбулот Сардолов, коршиноси дину терроризм (Чеченистон, Русия), махсус барои “Сангар”
Чӣ қадар ин вазъ барои ман ошиност... Махсусан барои ман, ки чечен ҳастам. Агар тоҷикҳо акнун мавриди ҳамла қарор гирифтаанд, пас барои мардуми ман ин ба унвони як "тамғаи тиҷорӣ" муҳр шудааст. Дузд, роҳзан ва дар замони мо низ афзуданд - террорист.
Манзури ман ин аст, ки бо ёдоварии соли 1999, замоне, ки дар инфиҷори хонаҳое дар шаҳрҳои Буйнак, Маскав ва Вологодонск дар 4 то 16 сентябр, на танҳо ҷумҳурии Чеченистонро муқассир донистанд, балки ба тарзи моҳиронае тамоми чеченҳоро таҳти шакку шубҳа қарор доданд.
Дар он замон як фоҷиаи ваҳшатнок дари хонаҳои афроди комилан бегуноҳро зад. Ҳамин фоҷиа, дар шакле ба ҳамон андоза золимона, барои хонаводаҳои мардуми одӣ дар рӯзҳои мо омадааст. Ҳеҷ чиз наметавонад чунин аъмолеро тавҷеҳ кунад ва ин бидуни шак на танҳо терроризм, балки шайтонпарастӣ низ ҳаст. Чизеро, ки ба қурбонӣ кардани инсонҳо меорад, чӣ номи дигаре метавон гузошт?
Зеҳнияти бархе дар Русия ин гуна аст, ки барои аъмоли ношоистаи афрод, тақсирро ба гардани кулли миллат меандозанд, ки ҷинояткорон аз намояндагони он буданд. Иттифоқан дар робита бо инфиҷорҳои соли 1999, чеченҳо ҳатто рабте ҳам надоштанд! Аммо ин муҳим набуд, зеро баъдан ҳама хоҳанд фаҳмид. Аммо дар оғоз муҳиммтарин чиз ин буд, ки мабное барои иқдомоти аслии баъдӣ ба вуҷуд ояд.
Бар ин асос, муҳим аст, ки ин далели шурӯъи хусуматҳои густурда дар қаламрави Ҷумҳурии Чечен шуд. Илова бар ин, лашкаркашии муштарак ваҳҳобиҳо ба Доғистону Чечен бо шиори “озодии мусулмонон аз даст куффори рус” низ далели вуруди артиши Русия ба Ичкерияи Аслан Масҳадов, марде билотаклиф шуд, ки иқдомоти ӯ ё беҳтар аст бигӯем, беиқдомии ӯ мунҷар ба як фоҷиаи миллии ҳатто бузургтар шуд. Тамоми мардуми ҷумҳурӣ дар доми иштибоҳоти мӯҳлик ва ниёти золимона меафтанд.
Лозим ба зикр аст, ки озору азияти чеченҳо ва анвоъи фишорҳо дар саросари Русия бар онҳо дар он солҳо дар вокуниши ниҳодҳои интизомии ин кишвар ба як амри одӣ табдил шуд. Замоне буд, ки зоҳир шудан бо оромиш дар хиёбон барои ҷавонони чеченӣ дар Русия як моҷарои пурдардисар буд: ҳатто ҷайбҳои дӯхташуда гоҳе авқот онҳоро наҷот намедод, хуб, барои он, ки Худой нокарда, чизе партоб кунанд... Шароити зиндагии шадид барои як чечен як чизест, ки барои ӯ хуб ошност.
Солҳо гузашт ва як дарки умум ба вуҷуд омад, ки маълум шуд, ҳама чеченҳо бад нестанд ва шурӯъ ба дӯст шудан бо онҳо карданд. Фақат Худо медонад, ки ин дӯстӣ то кай идома хоҳад дошт, аммо душманони зиёде ташнаи хуни тозаи чечениҳо ҳастанд. Ин барои худи чечениҳо равшан аст...
Навбати тоҷикҳо расид. Онҳо дар сохтмон, бозорҳо, таксиҳо ва ғайра дар саросари кишвари паҳновари мо кор мекунанд. Фавран бояд бигӯям, мардуми хеле сахткӯш ҳастанд. Фобияҳо ё бадбиниҳо нисбат ба кулли мардум комилан номуносиб аст. Бар ин асос, иштибоҳ аст, ки аз тариқи тарсу сӯизанн, амалан ба афзоиши нафрати байниқавмиятӣ ва нобудии сулҳу оромиши ҳарчанд шикананда, байни мардум кӯмак кунем.
Маълум мешавад, ки бо тамаркуз бар миллияту мазҳаби ҷинояткорон, огоҳии афроди одиро чӣ қадар тағйир додан осон аст. Гӯӣ ин миллият ё мазҳаб аст, ки дар иртикоби ҷурм нақш дорад. Ба қавли яке аз яҳудиён, на ба паспорт, балки ба сурат мезананд.
Аз ин рӯ, ҷилавгирӣ аз говсуд, иқдомот алайҳи тоҷикҳо ё дигар намояндагони Осиёи Марказӣ, ки ба дасти бархе меафтанд, бисёр муҳим аст. Дар айни ҳол, барои шиносоии афроди муртабит бо гурӯҳҳои радикал ва террористӣ, бо диаспораҳои кишварҳо бояд ҳамкорӣ кард. Он гуна ки мардум мегӯяд, "як магас наметавонад тамоми бушкаи асалро хароб кунад."