Толибони паштун садҳо ширкати худро ба шимол бурда, маодини мардуми тоҷик, ҳазора ва ӯзбекро тороҷ мекунанд.
Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои "Сангар"
Ҳамон гуна, ки аз суханони баҷову дурусти Абдуллоҳ Хинҷонӣ, раиси дафтари сиёсии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар бораи пойгоҳи Багром ва тааллуқи он ба тоҷикҳо ҳимоят кардем ва онро дурусту муттакӣ ба фаҳми роҳбурдӣ аз сиёсат донистем, аз баёнияи Устод Атомуҳаммади Нур, раиси Ҷамъияти исломӣ низ ҳимоят мекунем, ки истихроҷи ғайриқонунӣ ва беравияи маодин дар манотиқи шимолу шимолшарқро чаповули қавмгароёна хондааст. Ингуна мавзеъгириҳоро як гоми нек дар ростои ҳаракати ҷараёнҳои сиёсӣ-низомии Шимол дар масири дуруст ва боиста медонем.
То замоне, ки як давлати намоянда дар кишвар ба вуҷуд наомада, ки намояндагони интихобии ҳама ақвом ва манотиқ дар як парлумони миллӣ ҳузур надошта бошанд ва дар тасмимгирӣ перомуни истихроҷи маодини ҳар минтақа манфиати мардум дар назар гирифта нашавад, ҳар хел истихроҷи маодин ғайриқонунӣ, чаповулгарона ва зӯргуёна аст.
Манобеъи табиии ҳар минтақа дар қадами аввал мутааллиқ ба мардумони ҳамон минтақа аст ва дар қадами дувум бар асоси як равиши демократии ҳукуматдорӣ, дигар бошандагони кишвар низ метавонанд аз манобеъ истифода кунанд.
Тибқи гузоришҳо, Толибони паштун, садҳо ширкати мутааллиқ ба худашонро ба шимол бурда ва дар ҳоли тороҷи маодини мардуми тоҷик, ҳазора ва ӯзбек дар шимол ва шимолшарқ ҳастанд. Ин дуздӣ ва чаповул аст. Мардум бояд ба дороиҳои худ ҳассос бошанд. Ҳеҷ маълум нест, ки Толибон пули ҳосил аз маодинро чӣ мекунанд.
Гузориш шуда, ки ҳатто созмони террористии Алқоида ҳам аз маодин саҳмия доранд. Ин бад-он маъност, ки аз пули ҷайби мо ба террористони байналмилалӣ маош ҳавола мешавад. Созмонҳои истихборотии ғарбие, ки гурӯҳҳои террористии пурмасраф, аммо музир ва бекораро барои аҳдофи шуми худ тарбият карданд, имрӯза ҳамон шабакаҳо, пулҳои худро қатъ карда ва террористонро ба маодин ҳидоят кардаанд, ки аз тани наҳиф ва лоғари мардуми мо тағзия ва зери пойи ононро холӣ кунанд.
Аммо як хоҳиш аз Устод Ато ва соири чеҳраҳои сиёсии шимол ва шимолшарқ дорем, ки дар ҳамчу мавоқеъ ба сирфан судури як эъломия иктифо накунанд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милал ва фулону баҳмон низ дархости кӯмак накунанд. Барои тасоҳуби дороиҳои мардуми мо фақат бояд камарро баст ва истод ва иҷоза надод, ки ҳаққатро касе талаф кунад.
Бо дархост аз хориҷиҳое, ки худашон ҳамдаст ва ҳамкосаи террористон ва ҳомиву лобии ононанд, раҳ ба ҷое наметавон бурд. Миллионҳо ҷавони тоҷики боангеза ва андеша мунтазири як ҷараёни сиёсии нерӯманд аст, ки бо ҳисси моликият ба сарзамини Шимол ва бо тааҳҳуди ҷиддӣ ба манофеъи мардуми мо вориди майдон шуда ва сарзаминҳои худро соҳиб шавем. Мо ҳеҷ чӣ аз ҳеҷ кӣ кам надорем.