Таҳаввулоти Ҳироту Бадахшон сирфан як масъалаи дохилии Афғонистон нест.
Нависанда: Абдуносир Нурзод Тоҷик, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”
Бозии қудратҳо дар Афғонистон ҳамвора дар ҳолае аз ибҳом шакл гирифта ва пеш рафтааст. Манотиқи ҷуғрофиёии ҳассос ва дорои аҳаммияти роҳбурдии баланд, ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ будаанд. Дар ин миён, устонҳои Ҳирот ва Бадахшон ба далели аҳаммияти роҳбурдӣ ва геостратегии худ, аз ҷумлаи муҳимтарин нуқоти мавриди таваҷҷуҳи қудратҳои дахил дар Афғонистон ба шумор мераванд.
Дар моҳҳо ва солҳои ахир, Ҳирот ва Бадахшон бештар аз гузашта дар конуни таваҷҷуҳи созмонҳои истихборотии кишварҳои минтақа ва фароминтақа қарор гирифтаанд. Авомили мутааддиде дар афзоиши ин таваҷҷуҳ нақш доштаанд. Бавижа аз замони ба қудрат расидани Толибон дар августи 2021 то кунун, ҳамзамон бо шаклгирии ҷараёнҳои мухталифи сиёсӣ, низомӣ ва маданӣ дар беруни Афғонистон, аҳаммияти ин манотиқ низ зиёд шудааст.
Оппозитсиони мусаллаҳ ва сиёсӣ, ки дар бардошти умумӣ, фоқиди хислати амалиётӣ ва амалкарди муассир буда ва бештар барои ҳифзи мувозина дар майдони рақобати қудратҳо мавриди истифода қарор гирифтааст, худ бахше аз ин муодила ба шумор меравад. Нақши захиравии ин ҷараёнҳо барои ҳифзи таодул ва имтиёзгирӣ дар буҳронгоҳҳои сиёсӣ, яке дигар аз вижагиҳои ин бозии печида аст.
Шӯришҳои Бадахшон, Ғӯр ва Ҳирот, дар канори ҳаракатҳои эътирозии занон дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон, сарнахҳое муҳим барои таҳлили ояндаи ин кишвар ба даст медиҳанд. Дар бисёре маворид, ин шӯришҳо, таҳаррукот ва муқовиматҳои кӯтоҳмуддат, аз лиҳози замонӣ бо якдигар ҳамбастагӣ ва иртиботи маънодор доштаанд. Албатта, ин иртибот илзоман ношӣ аз ҳамоҳангӣ ва созмондеҳии муштарак нест, балки аҳаммияти роҳбурдӣ, мавқеияти геополитикӣ ва иттисоли ҷуғрофиёии ин манотиқ аст, ки боис мешавад бо кӯчактарин такона, ибтидо ва интиҳои ин хутути гусал дучори тағйири вазъият шаванд.
Ҳамвора аз хутути тадофуии Ҳиндукуш, нуқтаи тақотуъи Шимолу Ҷануб ва ҳамчунин Шарқу Ғарби Афғонистон сухан гуфта шудааст; аммо дар як тақсимбандии тоза, ҷуғрофиёи шимолу шарқ ва ҷанубу ғарби кишвар ба маркази аслии танишҳо дар имтидоди Ҳиндукуш табдил шудааст.
Барои дарки беҳтари масъала бояд таъкид кард, ки Ҳиндукуш сирфан як риштакӯҳи ҷуғрофиёӣ нест, балки хатти тақотуъи манофеи қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Аҳаммияти ин риштакӯҳҳо то он андоза аст, ки тайи дастикам як қарни гузашта, чандин бор масири таҳоҷум, тахосум ва тасодуми қудратҳо будаанд.
Имрӯз низ, ки Афғонистон ба конуне аз чолишҳои амниятӣ табдил шуда ва халаъи ҳузури як қудрати мусаллат дар он ба вузӯҳ эҳсос мешавад, ба гунае ки ин сарзамин ба деги бесарпӯш барои рафтуомади созмонҳои истихборотии минтақа ва фароминтақа мубаддал шудааст, Ҳиндукуш ҳамчунон ҷойгоҳи асосии худро ҳифз кардааст.
Ин хутути гусали стратегӣ, таконаҳои амниятии муҳиммеро ба вуҷуд овардаанд. Аз шӯриш дар Бадахшон, ки бо манофеи амниятии Чин, Покистон ва Тоҷикистон пайванд дорад, то нооромиҳои Ғӯр ва Ҳирот, ки ба манофеи Эрон ва ҳатто Русия муртабит мешавад, ҳамагӣ дар як чорчӯби таҳлилӣ қобили баррасӣ ҳастанд. Бар мабнои назарияи хутути гусали стратегӣ, ояндаи амниятии Афғонистон, ҳувияти геополитикии он ва масирҳои тасодум ё тафоҳуми қудратҳо дар ҳамин бистар шакл мегирад. Аз ҳамин рӯ, қудратҳо дар Ҳирот ва Бадахшон ба озмоиши нуқоти фишори стратегик ва мувозинасозӣ рӯй овардаанд, то мизони шиканандагии вазъияти мавҷудро, ки ҳосили навъе тафоҳум миёни бозигарони мухталиф аст, арзёбӣ кунанд.
Нуктаи қобили таваҷҷуҳи дигар он аст, ки дар Ҳирот, Бадахшон ва саросари имтидоди Ҳиндукуш, зарфиятҳои қобили таваҷҷуҳи табиӣ, инсонӣ ва худододӣ нуҳуфтааст, ки метавонад дар баландмуддат, шӯришҳо, истикокҳо ва мухолифатҳои сиёсӣ ва низомиро ҳатто бидуни иттико ба манобеи берунӣ ва сирфан бар пояи зарфиятҳои дохилӣ фаъол нигоҳ дорад. Аз мавқеияти ҷуғрофиёӣ гирифта то манобеи зеризаминӣ, аз зеҳнияти зиддисулта ва зиддиистеъмор то имкони сарбозгирӣ тавассути гурӯҳҳои тундрав, ҳамагӣ аз ҷумлаи муаллифаҳое ҳастанд, ки дар ин манотиқ қобили мушоҳидаанд.
Барои намуна, Бадахшон аз манзари геополитикӣ оғози девори амниятии Ҳиндукуш ба шумор меравад; камарбанде, ки на танҳо марзи табиӣ миёни блокҳои қудрат маҳсуб мешавад, балки ба майдони рақобати бозигарони минтақаӣ низ табдил шудааст. Чин, Ҳинд, Покистон, Эрон ва Русия ҳар як ин минтақаро бахше аз муҳосиботи амниятӣ ва роҳбурдии худ медонанд. Аз ҳамин рӯ, Бадахшон бори дигар ба конуни кашмакаши қудрат дар минтақа табдил шудааст.
Ҳамчунин дар имтидоди Ҳиндукуш, устонҳое қарор доранд, ки тайи даҳаҳои мутамодӣ зарфияти тавлиди муқовимат, шӯриш ва бағовати маҳаллиро дар худ парвариш додаанд. Ҳамин амр сабаб шудааст, то ин манотиқ аз манзари амниятӣ ва геополитикӣ, ба унвони хутути гусали стратегӣ, ҳамвора дар бозиҳои имтиёзгирӣ ва таъмини манофеи қудратҳои дахил фаъол нигоҳ дошта шаванд ва зарфиятҳои нуҳуфта дар онҳо ҳифз гардад.
Дар канори ҷуғрофиё, манобеи зеризаминӣ, масирҳои транзитӣ, шабакаҳои қочоқи маводи мухаддир ва вижагиҳои кӯҳистонӣ ва саъбулубури ин манотиқ, Ҳиндукушро ба шоҳроҳи билқувваи судури ноамнӣ табдил кардааст. Дар шароити кунунӣ низ хусусияти иттисолии ин камарбанди ҷуғрофиёӣ, устонҳои мухталифро ба якдигар пайванд дода ва заминаи шаклгирии занҷирае аз вокунишҳои муназзам ва муртабитро фароҳам сохтааст.
Аз ҳамин рӯ, масъалаи Ҳирот ва Бадахшонро наметавон сирфан вокунише дохилӣ нисбат ба тақсими қудрат пас аз ҳокимияти Толибон донист. Ин рӯйдодҳо танҳо дар як чорчӯби таҳлилии бузургтар қобили фаҳм ва тафсир ҳастанд. Бинобар ин, касоне ки талош мекунанд таҳаввулоти Бадахшон ва Ҳиротро сирфан ношӣ аз норизоиятиҳои дарунии Толибон ё саҳмхоҳии бозигарони маҳаллӣ муаррифӣ кунанд, ё аз аҳаммият ва абъоди воқеии масъала огоҳии кофӣ надоранд ва ё огоҳона дар пайи мунҳариф сохтани таҳлилҳо ба самти матлуби худ ҳастанд.
Дар ҳамин росто, нақш ва мизони таъсиргузории давлатҳои форсизабон дар ин ду устон, дар канори аҳаммияти роҳбурдӣ ва геополитикии онҳо, шоёни таваҷҷуҳ аст. Дар Бадахшон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Ҳирот, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ду сӯи як дарвозаи амниятӣ ба номи Ҳиндукушро ташкил медиҳанд. Ин ду кишвар илова бар манофеи амниятӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва геополитикӣ, таҳаввулоти ин манотиқро аз манзари пайвандҳои тамаддунӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ низ дунбол мекунанд.
Ҳар ду давлати форсизабон бахше аз тартибот ва тафоҳумоти навзуҳури Шарқ маҳсуб мешаванд ва ҳар ду дар масири коҳиши нуфузи Амрико дар минтақа, ки онро бо густариши ифротгароӣ дар Афғонистон муртабит медонанд, ҳаракат мекунанд. Афзун бар Эрон ва Тоҷикистон, Чин, Русия, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Покистон, Туркия, кишварҳои арабӣ, Аврупо, Бритониё ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ бар асоси манофеи амниятӣ ва роҳбурдии худ ба ин ду устон менигаранд.
Кишварҳои минтақа, ба истиснои Покистон, ба хубӣ огоҳанд, ки дар сурати нодида гирифтани воқеиятҳои мавҷуд, мавҷи ифротгароӣ ва ноамние, ки метавонад аз ибтидо ва интиҳои Ҳиндукуш, яъне Бадахшон ва Ҳирот, густариш ёбад, дар ниҳоят кулли минтақаро таҳти таъсир қарор хоҳад дод. Ба ҳамин далел, таҳаввулоти ин ду устон дигар сирфан як масъалаи маҳаллӣ ё дохилии Афғонистон нест, балки бахше аз муодилаи бузурги амнияти минтақаӣ ва рақобати қудратҳо дар қалби Осиё ба шумор меравад.