Хабари рӯз

Нависанда: Амрулло Солеҳ, собиқ муовини аввали раисҷумҳури Афғонистон

Дар сентябри 1996, Муҳаммад Наҷибуллоҳ, раисҷумҳур, дар Кобул ба сурати ваҳшёна эъдом шуд. Ин ҷиноят ба созмони истихбороти Покистон (ISI) нисбат дода мешавад ва Толибон ба унвони муҷриёни ин амал шинохта мешаванд.

 Аз 1992 то 1996, давлати исломии Афғонистон ба раҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ, Покистонро муттаҳам кард, ки аз Гулбиддин Ҳикматёр ва сипас Толибон ҳимоят карда, то бо хушунат давлатро сарнагун кунанд. ISI ба унвони тарроҳи ин ҷанги бераҳмона шинохта шуд, ки дар ростои ҳадафи Покистон барои "умқи стратегӣ" буд. Гузоришҳо нишон медиҳанд, ки ISI дар ин давра 10,000 ракета барои ҳамла ба Кобул икмолот кардааст.

Дар соли 1997, "сиёсати замини сӯхта" замин ва боғҳои Шимолиро вайрон кард. Ин тахриб ба эътилофи сегона - Алқоида, ISI ва Толибон нисбат дода шуд. Мусоҳибаҳои мутааддид бо қаҳрамони миллӣ, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, ки ба сурати онлайн дар дастрас аст, ин иддаоҳоро таъйид мекунад.

Аз 1998 то 2001, гурӯҳи хадамоти вежаи Покистон (ЭсЭсҶи) воҳидҳоеро ба Кундуз эъзом кард, то аз толибони муҳосирашуда ҳимоят кунад. Пас аз ҳамалоти 11 сентябр 2001, ин воҳидҳо дар амалиёти мавсум ба "Парвозҳои шайтонӣ" ё Airlift Of Evil бо тавофуқи махфиёна байни Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури Покистон ва Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури Амрико, аз тариқи парвозҳои ҳавоӣ хориҷ шуданд.

Дар 9 сентябри 2001 Аҳмадшоҳ Масъуд тавассути ду омили Алқоида террор шуд, ки паспортҳояшон дувоздаҳ сафар ба Покистонро нишон медод. Генерал Мушарраф ба Тони Блер, нахуствазири Биритониё ва Скотланд Ярд (идораи пулиси Биритониё) ҳушдор дод, ки идомаи таҳқиқот нақши Покистон дар эътилофи зиддитерроризмро ба хатар меандозад. Таҳқиқот мутаваққиф шуд ва ривояти расмӣ, ISI, Алқоида ва Толибонро масъули марги раҳбари мо, шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд, медонад.

 Аз соли 2004 ба баъд артиши Покистон бо ҳимояти молӣ, низомӣ ва луҷистикӣ ба Толибон кӯмак кард, то дубора созмондеҳӣ шаванд ва маъракаи террори хунин алайҳи Ҷумҳурии исломии Афғонистонро ба роҳ андозанд. ISI борҳо тавассути раҳбарони Афғонистон, аз ҷумла Ҳомид Карзай, Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ ва ҳамчунин шахсиятҳои байналмилалӣ маҳкум шуд. Иёлоти Муттаҳида Шабакаи Ҳаққониро "бозуи воқеӣ"-и ISI номид.

Дар соли 2008 сафорати Ҳинд дар Кобул бомбгузорӣ шуд. Дар соли 2023 хонаводаҳои бомбгузорон аланан иртиботи худ бо Толибонро фош карданд ва ҳувияти террористҳоро онлайн мунташир намуданд. Дар ҳоле ки ба думболи ба расмият шинохта шудан ва ҳимояти молӣ аз низоми Толибон буданд.

Дар 20 сентябри 2011 профессор Бурҳонуддин Раббонӣ, раиси Шӯрои олии сулҳ, тавассути омили Толибон бо бомби печидае, ки дар имома махфӣ шуда буд, террор шуд. Ин омил аз Покистон омада буд ва ISI муттаҳам ба таъмини ин бомб шуд.

Дар 31 майи 2017 сафорати Олмон дар Кобул, воқеъ дар ҷодаи пуриздиҳом, тавассути Шабакаи Ҳаққонӣ бомбгузорӣ шуд, ки беш аз 700 афғонро кушта ё захмӣ кард. Шабакаи Ҳаққонӣ, муттаҳиди наздики ISI, дар Пешовар ва Мирамшоҳ мустақар буд.

Покистон бо ҳимояти дипломатӣ аз Толибон, ба машрӯъиятбахшӣ ба аҳдофи онҳо кумак кард. Вақте Кобул дар августи 2021 суқут кард, Файз Ҳамид, раиси ISI барои кумак ба Толибон дар ташкили кобина ба Кобул сафар кард ва дар акси маъруф бо истакони чой дар даст таҳқири афғонистониҳоро ҷашн гирифт. Раҳбарони Покистон, бахусус террористони мазҳабӣ, суқути ҷумҳурии Афғонистонро пирӯзии динӣ хонданд ва захми миллионҳо афғонистониро амиқтар карданд.

Бо ҷасорати ношӣ аз муваффақияташон дар Афғонистон, ISI  ва неруҳои ниёбатиаш ҳамлаи Поҳолгомро дар Кашмири Ҳинд, дар 22 апрели 2025 оғоз карданд, ки мунҷар ба кушта шудани 26 ғайринизомии ҳиндӣ шуд. Дар ҳамлаи ваҳшиёна, ки тавассути Ҷабҳаи муқовимат (ТРФ), шохае аз Лашкари Тайиба - душмани муштараки мо - иддао шуд. Дар посух Ҳинд, панҷумин иқтисоди бузурги ҷаҳон, «амалиёти Синдур»-ро барои нобудии шабакаҳои террористии ISI оғоз кард.

Чаро аз ибрози қадрдонӣ ва сипосгузорӣ аз Ҳинд барои муқобила бо душмани муштаракмон худдорӣ кунем? Чаро бо тарс рафтор кунем? Бархе афрод истидлол мекунанд, ки чунин изҳороте бо манофеи иттиҳод, ҷомеа ё гурӯҳи қавмии мо дар тазод аст. Бо ин ҳол, бояд мавзеи расмии Покистонро ба хотир оварем: магар ин ки Толибон дар қудрат боқӣ бимонанд ва танаввӯи қавмӣ, ба вежа тоҷикҳо, ба таври комил аз раҳбарии Кобул ҳазф шавад, Ровалпинди ба ҳимоят аз Толибон идома хоҳад дод. Ин мавзеъи ҳам ахир аст ва ҳам ба таври комил мустанад.

Мо, афғонистониҳои хуб, натавонистем шабакаҳои террористии ISI -ро худамон нобуд кунем, ҳарчанд эй кош метавонистем. Ҳинд акнун иқдоми ҷасуронае кардааст. Камтарин кори мо ин аст, ки аз талошҳои густурдаи зиддитеррористии Ҳинд алайҳи омилони террори раҳбаронамон ҳимояти ахлоқӣ ва сиёсӣ кунем.

Мо дар ҷаҳони чандқутби зиндагӣ мекунем. Натиҷаи ин даргирӣ ояндаи стратегии Ҷануби Осиёро шакл хоҳад дод. Шуҷоат дошта бошем, ки ҳақиқатро сареҳ бигӯем. Ва ба ёд дошта бошед: шатранҷ дар Ҳинд ихтироъ шуд. Онҳо ин бозиро хуб медонанд.


Дидгоҳ

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!