Хабари рӯз

Амрико ба Бозии Бузург бармегардад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Дар пайи интишори гузориши СиЭнЭн дар бораи фишори чандмоҳаи Доналд Трамп бар тими амнияти миллии Амрико барои ёфтани роҳе ҷиҳати бозпасгирии пойгоҳи ҳавоии Багром аз Толибон, бори дигар Афғонистон ва ин пойгоҳ ба конуни баҳсҳои геостратегӣ бозгаштаанд.

Багром аз даврони ҳузури Шӯравӣ то имрӯз яке аз муҳиммтарин дороиҳои низомӣ дар қалби Афғонистон буда ва контроли он на танҳо имкони пуштибонии ҳавоӣ ва луҷстикиро фароҳам мекунад, балки ба далели қарор доштан дар наздикии марзҳои Чин, Покистон, Эрон ва Осиёи Марказӣ, сакуи беназире барои ҷамъоварии иттилоот ва эъмоли нуфуз аст. Далоиле чун наздикӣ ба Чин, дастрасӣ ба аносири маъдани камёб, эҷоди як гиреҳи зиддитерроризм барои ҳадаф қарор додани ДОИШ ва ҳатто бозгушоии як маркази дипломатӣ, ин пойгоҳро аз як фурудгоҳи содда ба як дороии геополитикии мунҳасир ба фард табдил кардааст.

 Толибон дар ин миён на сирфан як душман, ки гоҳе як абзор ё шарики биллқувва барои мудирияти буҳрон талаққӣ мешавад. Ин воқеият сабаб мешавад ҳар гуна барномаи Амрико барои бозгашт ба Багром на ба маънои рӯёрӯии ошкор бо Толибон балки эҳтимолан ба сурати муомила ё тавофуқи пинҳон бо бархе ҷиноҳҳои ин гурӯҳ таъриф шавад. Таҷрибаи ду даҳаи гузашта ба Вашингтон нишон додааст, ки ишғоли баландмуддати Афғонистон ҳазинаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва инсонии сангине дорад ва афкори умумии Амрико дигар таҳаммули онро надорад. Аз ин рӯ, агар фишори Трамп ё ҳар давлати дигар ба бозгашт мунҷар шавад, ин ҳузур эҳтимолан дар қолаби маҳдуд, тактикӣ ва инъитофпазир хоҳад буд; Ҳузури тимҳои кӯчаки зиддитерроризм, пойгоҳҳои иттилоотӣ, паҳподҳо ва ҳатто ширкатҳои амниятии хусусие, ки бидуни эҷоди ҳазинаи сиёсӣ, аҳдофи стратегии Амрикоро пеш бибранд.

Чунин улгуе ҳамзамон метавонад бо Чину Русия муомилапазир бошад. Пекин ба манобеъи маъдании Афғонистон ва маҳори ифротгароӣ дар Шинҷон чашм дӯхта ва Маскав ба суботи Осиёи Марказӣ ва ҷилавгирӣ аз нуфузи ДОИШ ҳассос аст. Ҳузури ҳарчанд маҳдуди Амрико метавонад ҳам таҳдид талаққӣ шавад ва ҳам фурсате барои музокира; Вашингтон метавонад бигӯяд ҳузураш сирфан барои муқобила бо ДОИШ ё тазмини хурӯҷи амни сармояҳост, дар ҳоле ки дар амал аҳруми фишоре дар маркази Авросиё дар ихтиёр дорад ва Багромро ба “чипи чоназанӣ” дар тавофуқоти бузургтар бо Чину Русия бадал кунад. Дар ин нигоҳ, ДОИШ ба унвони як таҳдиди контролшуда баҳонае барои тадовуми ҳузури Амрико ва ҳатто ҳамкории иттилоотии маҳдуд бо Толибон хоҳад буд; Ҳар бор, ки таҳдиди ДОИШ афзоиш ёбад, метавон ҳузури неруҳои вежа ё ҳамалоти паҳподиро тавҷеҳ кард ва фазои афкори умумиро омода нигаҳ дошт.

Дар ин миён, мардуми Афғонистон беш аз ҳар каси дигаре қурбонӣ мешаванд. Истимрори фақр, қочоқи маводи мухаддир, ҳарҷу марҷи иҷтимоӣ, тақвияти гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷангталаб ва ҳатто проектҳои нармтаре монанди тафриқаи қавмӣ ё динзудоӣ, ҳама метавонанд абзорҳое барои муҳандисии як “бесуботии контролшуда” бошанд; Бесуботие, ки монеъи шаклгирии як давлати миллии қавӣ шавад ва майдони бозиро барои рақобати қудратҳои бузург боз нигаҳ дорад. Бесубот нигаҳ доштани Афғонистон ва манотиқи перомуни он, метавонад роҳро барои шаклгирии воҳидҳои худгардон ё манотиқи нуфузи мутафовит боз кунад; Вазъияте, ки мудирият ва контроли он барои қудратҳои хориҷӣ осонтар аз як давлати мутамаркиз ва миллӣ аст.

Дар маҷмӯъ, фишори Трамп барои бозпасгирии Багромро бояд дар чорчӯби бузургтар дид: Бозороии ҳузури Амрико дар Авросиё ва истифода аз Афғонистон ба унвони сакуи фишор ва музокира бо руқабои ҷаҳонӣ. Ин ҳузур ба эҳтимоли зиёд дигар шабеҳи гузашта нахоҳад буд; На ҳазорон сарбоз бо парчамҳои расмӣ, балки тимҳои маҳдуд, пойгоҳҳои ҳавоӣ ва шабакаҳои иттилоотӣ дар пӯшишҳои гуногун.

Чунин ҳузуре барои Чину Русия як муодилаи печида меофаринад: аз як сӯ таҳдид талаққӣ мешавад, аз сӯи дигар шояд фурсате барои маҳори таҳдидҳои ифротӣ бошад. Барои мардуми Афғонистон аммо маънояш тадовуми ноамнӣ, фақр ва қурбонӣ шудан дар мунозиъоти қудратҳои бузург аст. Он чӣ дар ҳолае аз ибҳом қарор дорад “нақша аслӣ” аст: оё Вашингтон мехоҳад бозиро аз наздик ҳидоят кунад ё сирфан як пойгоҳ барои чоназанӣ дошта бошад ва оё ДОИШ дубора ба унвони абзори бозии мушу гурба фаъол мешавад? Посух ба ин пурсишҳо ояндаи Афғонистон ва сабот минтақаро рақам хоҳад зад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!