Дифоъ аз Венесуэла дифоъ аз як давлати хос нест, балки дифоъ аз асли бунёдии низоми ҷаҳонии мубтанӣ бар қонун аст
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Солҳост, ки Ҷефри Сакс, иқтисоддони бузурги амрикоӣ ва устоди Донишгоҳи Колумбия, бароям як шахсияти бузург ва намоди инсоният аст. Ӯро метавон “қабркан”-и системи Шӯравӣ номид, ки ба ҳайси мушовири иқтисодии Горбачёв корашро дар Кремл оғоз кард ва баъд бо Елсин идома дод. Теорияи “шоки терапи”-и ӯ бунёди иқтисодии Русия ва баъд кишварҳои Аврупои Шарқиро фурӯ рехт; дар баъзе кишварҳо тарҳи иқтисодии либералии ӯ сабаби рушд шуд, аммо дар Русия вайронӣ ба бор овард.
Ӯ дар солҳои охир мушовири сармуншии Созмони Милали Муттаҳид дар масоили кишварҳои ҷануб ва муборизи бузурги фикрӣ дар баробари сармоядории ҷаҳонӣ аст.
Дар ҷаласаи Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба гунаи хос аз ӯ даъват шуд, то суханронӣ дар мавриди таҳоҷуми Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Венесуэла намояд.
Ба гунаи кӯтоҳ чунин гуфт: буҳрони Венесуэларо на як масъалаи дохилӣ, балки озмуне барои эътибори ҳуқуқи байнулмилал ва Маншури Созмони Милал бояд донист. Ба бовари ӯ, пурсиши асосӣ ин нест, ки давлати Венесуэла чӣ гуна ҳукуматест, балки ин аст, ки оё як ё чанд қудрати хориҷӣ ҳақ доранд бо зӯр, таҳдиди низомӣ ё хафасозии иқтисодӣ сарнавишти сиёсии як кишвари мустақилро таъйин кунанд ё хайр.
Сакс таъкид кард, ки таҳдид ба истифодаи зӯр, муҳосираи дарёӣ, таҳримҳои фалаҷкунанда ва талош барои таҳмили “тағйири режим”, нақзи сареҳи моддаи 2 банди 4-и Маншури Созмони Милал аст; моддае, ки ҳар гуна таҳдид ё тавассул ба зӯр алайҳи тамомияти арзӣ ва истиқлоли сиёсии кишварҳоро мамнӯъ месозад. Аз назари ӯ, ин иқдомот бидуни иҷозаи Шӯрои Амният анҷом мешаванд ва дар тазоди ошкор бо низоми ҳуқуқии байналмилалии пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум қарор доранд.
Ӯ сиёсати Иёлоти Муттаҳида дар қиболи Венесуэларо дар чорчӯби як улгуи таърихии мудохилагароӣ таҳлил кард; улгуе, ки аз 1945 то 1989, бино бар пажӯҳишҳои донишгоҳӣ ва асноди расмӣ, Иёлоти Муттаҳида дар беш аз 70 кишвари ҷаҳон ба таври мустақим ё ғайримустақим мудохила кардааст: кудато, таҳрим, ҷанги ниёбатӣ, амалиётҳои пинҳон ва “тағйири режим”.
Масъалаи Венесуэла дар ин чорчӯб маъно пайдо мекунад. Ҳамон мантиқе, ки пештар дар Гватемала, Эрони 1953, Конго, Чили, Никарагуа ва даҳҳо кишвари дигар ба кор рафт, имрӯз бо забони “ҳуқуқи башар” ва “демократия” бозтавлид мешавад. Забон иваз шудааст, аммо мантиқи қудрат собит мондааст.
Сакс ҳушдор дод, ки оддисозии чунин рафторҳо, амалан Маншури Созмони Милалро ба матне беасар ва ташрифотӣ табдил мекунад.
Сакс ҳамчунин тасреҳ кард, ки таҳримҳои иқтисодии густарда, на танҳо абзори машрӯъи сиёсати хориҷӣ нестанд, балки муҷозоти ҷамъии мардуми оддӣ маҳсуб мешаванд ва пайомадҳои инсонии сангине доранд; аз фурӯпошии хадамоти умумӣ гирифта то ташдиди фақру буҳрони саломат. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдомот бо усули бунёдии ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи башардӯстона низ носозгоранд.
Дар поён, Ҷефри Сакс аз Шӯрои Амният хост:
- ба гунаи сареҳ таҳдид ё истифодаи зӯр алайҳи Венесуэларо маҳкум кунад;
- хостори таваққуфи фаврии иқдомоти низомӣ ва фишорҳои иқтисодии якҷониба шавад;
- бар ҳаллу фасли ихтилофот аз тариқи гуфтугӯ, дипломатия ва эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ таъкид кунад;
- ва иҷоза надиҳад мантиқи “қудрат барҳақ» ҷойгузини “ҳаққи мубтанӣ бар қонун” дар низоми байналмилал шавад.
Аз диди Сакс, дифоъ аз Венесуэла дар ин ҷо ба маънои дифоъ аз як давлати хос нест, балки дифоъ аз асли бунёдии низоми ҷаҳонии мубтанӣ бар қонун аст; низоме, ки бидуни он, амнияти ҷамъӣ ва сулҳи пойдор маънои худро аз даст медиҳад.