Хабари рӯз

Раисҷумҳури ИМА бо чӣ ҳадафе Шӯрои сулҳ-ро эҷод мекунад?

Манбаъ: Экспресс, @ru_south (Русия)

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, даъватномаеро барои пайвастан ба “Шӯрои сулҳ”- и Ғазза дарёфт кардааст. Ба гуфтаи Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Федератсияи Русия, Кремл дар ҳоли баррасии ин пешниҳод аст. Пештар Доналд Трамп ибтикори густардаеро барои таъсиси “Шӯрои сулҳ” ба манзури идораи навори Ғазза муаррифӣ карда буд.

Тарҳи ИМА шомили мавориди зерин аст:

- идораи муваққатии байналмилалии навори Ғазза;

- ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои бозсозӣ таҳти назорати “Шӯрои сулҳ”, ки масъули назорати роҳбурдӣ ва басиҷи манобеъ хоҳад буд.

Кӣ идора мекунад ва кӣ даъват шудааст?

- Проекти шахсии Трамп: бар асоси иттилои манобеъ, худи Трамп раиси умрбоди ин шӯро хоҳад буд;

- Таркиби аслии раҳбарӣ (ба нақл аз РИА Новости ИМА): вазири умури хориҷа Марко Рубио, фиристодаи вижа Стив Виткофф, домоди раисиҷумҳур Ҷаред Кушнер, нахуствазири пешини Бритониё Тони Блэр ва раиси Бонки Ҷаҳонӣ Аҷай Банга;

Даъватшудагон:

Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев (ки ба гуфтаи сухангӯяш Руслан Желдибай, онро пазируфтааст), раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва раисиҷумҳури Бразилия Лула да Силва. Ҳамчунин нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан ва нахуствазири Италия Ҷорҷа Мелони иштироки худро таъйид кардаанд.

Формати ҷадид чӣ тафовуте бо Созмони Милал дорад?

- На умумӣ, балки интихобӣ.

- Бар хилофи Созмони Милал, ки ҳамаи кишварҳо дар он намояндагӣ доранд, дар “Шӯрои сулҳ” танҳо раҳбарони “баргузида” бо тасмими Трамп ҳузур хоҳанд дошт.

Модели молӣ:

Барои узвияти доимӣ мумкин аст маблағе баробари як миллиард доллар аз ҳар узв дарёфт шавад, ки усули ташкили созмонҳои байналмилалиро дар муқоиса бо низоми ҳаққи узвият дар Созмони Милал ба таври асосӣ тағйир медиҳад.

Мавқеи манфии шадиди гурӯҳҳои фаластинӣ.

Ба гузориши хабаргузории IRNA, ҷунбиши “Ҷиҳоди исломӣ” эълом кардааст, ки таъсиси ин ниҳод “нишондиҳандаи адами тамоюли Исроил ба пойбандӣ ба тавофуқҳо” ва “талоше барои тахриби раванди сулҳ” аст, зеро таркиб ва вазифаҳои он сирфан дар ростои манофеи Исроил шакл гирифтаанд.

Проекти “Шӯрои сулҳ” талоши Доналд Трамп барои эҷоди сохторе ҷадид ва таҳти контроли Вашингтон аст, ки моҳиятан ҷойгузини ниҳодҳои чандҷонибаи мавҷуд, монанди Созмони Милал, маҳсуб мешавад.

@kremlebezBashennik:

Дар асл, Доналд Трамп дар ҳоли эҷоди як Созмони Милали ҷадид аст: дар оғоз ин механизм барои ҳаллу фасли даргириҳо корбурд хоҳад дошт ва сипас дар оянда метавон бо истифода аз он дигар масоилро низ ҳал кард. Ҳамзамон, амалан ниҳоде ба шакли “подшоҳии ҷаҳонӣ” ё ба таъбири қадимӣ “жандарм” дар симои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шахси раҳбари ин кишвар шакл мегирад. Ба таври куллӣ, ҳамеша чунин будааст, аммо акнун гӯё барои он пояи қонунӣ низ фароҳам мешавад. Тафовут танҳо дар он аст, ки агар пештар ин тасмимҳо дастикам бо муттаҳидон ва ҳамандешон ҳамоҳанг мешуд, акнун чунин нест. Ҳар гуна ки подшоҳ бихоҳад, ҳамон гуна хоҳад шуд. Принсипи "ҳар ки қавитар аст, подшоҳ аст" ҳоким мешавад; ӯ бар "сахраи Шӯрои сулҳ" ҳукмронӣ мекунад ва ба ҷои дигарон тасмим мегирад — таҳлили Дмитрий Дризе дар бораи дурнамои эҷоди Созмони Милали нав.

@akhmetovkz:

Худи "шӯро" феълан танҳо як идея дар зеҳни Трамп аст. Ҳеҷ машрӯъият ва ҳеҷ гуна шинохти байналмилалӣ надорад. Фақат "Трамп гуфт". Ва ӯ, тааҷҷубе ҳам надорад, худро раиси умрбоди он мебинад. Сабки комилан классикӣ. Илова бар ин, ӯ аз ҳар узви муассис як миллиард доллар талаб мекунад; албатта барои хароҷоти идорӣ. Бисёр ҳам "хоксорона".

@politjoystic:

Аз як сӯ Трамп маблағи ҳаққи узвиятро боло таъйин кардааст ва аз сӯи дигар онро ҳамчун билети вуруд ва ҳаққи нишастани мунтазам бар сари мизи наҳор бо худ ва ҳамчунин дарёфти имтиёзот дар бозсозии Ғазза мебинад. Агар бо Созмони Милал муқоиса кунем, дар он ҷо се буҷа вуҷуд дорад: буҷаи оддӣ (барномаҳо), буҷаи амалиёти ҳифзи сулҳи Созмони Милал ва буҷаи механизми байналмилалии боқимонда барои додгоҳҳои ҷиноятӣ. Кишварҳо муваззафанд мутаносиб бо саҳми худ пардохт кунанд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!