Хабари рӯз

Таҳлили пайомадҳои мудохилаи низомӣ, тазъифи ҳокимияти давлатҳо ва ояндаи Созмони Милали Муттаҳид

Нависанда: доктор Холиддин Зиёӣ, раиси Андешакадаи гуфтугӯи таълимии миллати Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Таҳаввулоти ахир дар низоми байналмилал, бавижа мудохилоти низомии якҷонибаву нодида гирифтани асли ҳокимияти давлатҳои мустақил, нишонаҳое ҷиддӣ аз тазъифи назми ҳуқуқии пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувумро ошкор сохтааст. Ин мақола бо тамаркуз бар иддаоҳои марбут ба мудохилаи низомии Иёлоти Муттаҳида дар Венесуэла ва пайомадҳои геополитикии он барои Чин, Русия, Эрону Тайван ва Украина, ба баррасии тағйири моҳияти низоми байналмилал ва уфули нақши Созмони Милали Муттаҳид ва эҳтимоли бозгашт “қонуни ҷангал” дар равобити байналмилал мепардозад.

Мақола истидлол мекунад, ки тадовуми ин раванд метавонад ҷаҳонро ба сӯи бесуботии сохторӣ ва ҳатто ҷангии фарогир савқ диҳад.

Муқаддама

Низоми байналмилалӣ пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум бар пояи усуле чун ҳокимияти давлатҳои мустақил, адами мудохила дар умури дохилии кишварҳо, ҳалли мусолиматомези ихтилофоту нақши меҳварии Созмони Милали Муттаҳид шакл гирифт. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба унвони яке аз меъморони аслии ин назм ва аз бунёнгузорони Созмони Милал, ҳамвора худро мудофеъи ин қавоиду усули байналмилалӣ муаррифӣ кардааст.

Бо ин ҳол, таҳаввулоти ахир нишон медиҳад, ки ин усул беш аз ҳар замони дигаре дар маърази нақзи сохторӣ қарор гирифтаанд; нақзе, ки на танҳо аз сӯи қудратҳои навзуҳур, балки аз ҷониби қудратҳои тасбитшуда низ сурат мегирад ва ғайри қобили эҳтиром мебошад.

Мудохилаи низомӣ ва буҳрони машрӯъияти ҳуқуқи байналмилал

Бар асоси ҳуқуқи байналмилалии классик ва Маншури Созмони Милали Муттаҳид, тағйири ҳукумати як кишвари мустақил аз тариқи мудохилаи низомии хориҷӣ нақзи сареҳи асли ҳокимияти миллӣ ва асли манъи тавассул ба зӯр аст. Дар сурате, ки артиши як кишвар – бавижа кишваре, ки худ дар тадвини ин қавоид нақши калидӣ дошта – дар таъйин ё таҳмили раҳбарии сиёсии як давлати мустақил дахолат кунад, ин иқдом на танҳо машрӯъияти ҳуқуқӣ надорад, балки бунёнҳои назми байналмилалиро низ мутазалзил месозад.

Чунин иқдомоте ин паёмро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мунтақил мекунад, ки қонун ҷои худро ба қудрат додаасту қавоид танҳо то ҷое муътабаранд, ки бо манофеи қудратҳои бузург таъоруз надошта бошанд.

Пайомадҳои геополитикӣ: ҷасур шудани қудратҳо ва ташдиди рақобатҳо

Таҳлилгарон муътақиданд, ки мудохилоти низомии якҷониба метавонад пайомадҳои занҷираӣ дар соири манотиқи ҳассоси ҷаҳон дошта бошад. Дар ин чорчӯб иқдоми низомии Амрико алайҳи Венесуэла мумкин аст аз диди Пекин ба унвони нишонае аз стандартҳои дугонаи Ғарб талаққӣ шавад; амре, ки метавонад Чинро дар тақвияти мавозеъи худ дар қиболи Тайван ва дарёи Ҷанубии Чин ҷасуртар созад.

Бо ин ҳол, муҳосиботи роҳбурдии Чин – бавижа дар мавзӯи Тайван – беш аз он ки мутаассир аз таҳаввулоти Амрикои Лотин бошад, ба вазъияти дохилӣ, суботи иқтисодӣ, инсиҷоми иҷтимоӣ ва мувозинаи қувваҳо бо Иёлоти Муттаҳида вобаста аст. Ин воқеият нишон медиҳад, ки низоми байналмилал вориди марҳалае аз муҳосиботи печида ва чандсатҳии қудрат шудааст.

Уфули нақши Созмони Милали Муттаҳид

Яке аз муҳимтарин пайомадҳои ин таҳаввулот, коҳиши шадиди коромадӣ ва эътибори Созмони Милали Муттаҳид аст. Ниҳоде, ки қарор буд монеъи ҷанг шаваду ихтилофотро аз масири ҳуқуқӣ ва дипломатӣ ҳаллу фасл кунад, имрӯз дар бисёре аз буҳронҳои калидӣ ё нотавон аст ё ба ҳошия ронда шудааст.

Ветоҳои сиёсӣ, бетаваҷҷӯҳӣ ба қатъномаҳо ва иқдомҳои якҷонибаи қудратҳо боис шудааст, ки нақши Созмони Милал батадриҷ аз як бозигари фаъол ба як нозири мунфаил тақлил ёбад; вазъияте, ки ме тавон онро “поён бурдани нақши Созмони Милал ба сифри амалиётӣ” тавсиф кард.

Бозгашти “қонуни ҷангал” дар равобити байналмилал

Пурсиши бунёдин ин ҷост:

Оё равобити байналмилал дар ҳоли бозгашт ба вазъиятест, ки дар он қудрат танҳо меъёри ҳаққоният маҳсуб мешавад ва кишварҳои заъиф ногузир ба қурбонӣ шудан дар баробари манофеи қудратҳои бузурганд?

Нишонаҳо ҳокӣ аз он аст, ки навъе урфи ғайрирасмии ҷадид дар ҳоли шаклгирӣ аст; урфе, ки дар он:

  • қавоиди байналмилалӣ гузинишӣ иҷро мешаванд;
  • ҳокимияти кишварҳо машрут ба ризояти қудратҳои бузург аст;
  • амнияти ҷаҳонӣ ба ҷои ҳуқуқ, бар боздорандагии сахт муттакӣ мешавад.

Ояндаи назми ҷаҳонӣ ва хатари ҷанги фарогир

Тадовуми ин раванд, чашмандози нигаронкунандаеро тарсим мекунад. Беэътиноӣ ба қавоиди байналдувалӣ, тазъифи ниҳодҳои чандҷониба ва ташдиди рақобатҳои геополитикӣ метавонад ҷаҳонро ба сӯи як ҷанги ҷаҳонии сеюм бо пайомадҳои вайронгар савқ диҳад; ҷанге, ки бар хилофи гузашта мумкин аст на бо як ҷарақаи воҳид, балки бо маҷмӯъае аз буҳронҳои минтақаии ба ҳам пайваста оғоз шавад.

Натиҷагирӣ

Низоми байналмилал дар остонаи як гузори торихӣ қарор дорад: ё бозтаъриф ва эҳёи қавоиди муштарак бо пазириши воқеии чандқутбигароӣ, ё лағзиш ба сӯи назме беқоида, ки дар он “қудрат” ҷойи “қонун”-ро мегирад.

Ояндаи равобити байни кишварҳо ва нақши Созмони Милали Муттаҳид, ба мизони пайбандии бозигарони аслӣ ба усули ҳокимият, истиқлолу ҳалли мусолиматомез ихтилофот вобаста аст. Дар ғайри ин сурат, бесуботӣ, ҷангу ноамнӣ, на истисно, балки қоидаи назми ҷаҳонии оянда хоҳад буд.

Умед аст аз шуҷоату қотеъияти мақомоти Амрико, мақомоти Русия ва Чин дарс гирифта бошанд, ба унвони амали билмисл ба суръату қотеъият дар Украинаву Тайван, барои дастгирии Зеленский ва хонуми вай ва ҳамчунон дастгирии нахуствазири Тайвану хонуми вай иқдоми ҳамаҷониба намоянд, дар ғайри он сурат эътимод ба меҳвари Шарқ ба раҳбарии Чину Русия, ба унвони кишварҳои қудратманд барои ҳамеша зери суол хоҳад рафт ва тавозуни қудрати байналмилалӣ ба нафъи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сурати мутлақ рақам хоҳад хӯрд.

Таҳлилгарони муътақид бар инанд, ки ҳамлаи низомии Амрико ба Эрону Венесуэла, Чину Русияро барои тақвияти иддаоҳои арзии худ бар Тайвану Украина ҷасуртар мекунад.

Ба бовари таҳлилгарон, Чину Русия аз ҳамлаи Амрико ба Венесуэла ва Эрон ба унвони фурсате барои ташдиди интиқодҳо аз Вашингтону тақвияти ҷойгоҳи худ дар саҳнаи байналмилалӣ истифода хоҳанд кард.

Бо ин ҳол, таҳлилгарон ҳамлаи эҳтимолии Чин ба Тайван ва ишғоли Украина тавассути Русияро баъид намедонанд, зеро ба бовари онон, ин рафтори қулдурона ва ғайримасъули мақомоти Амрико ба раҳбарии Трамп заминаи ишғоли ҳамсояро ба онҳо машрӯъияти урфӣ аз манзари қудрат медиҳад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!