Хабари рӯз

Агар Тайван мавриди ҳамлаи мустақими Чин қарор гирад, озмуни бисёр бузургтар аз Афғонистон барои сиёсати хориҷии Амрико хоҳад буд. Оё Иёлоти Муттаҳида ҳозир аст писарон ва духтарони худро барои истиқлоли он ҷазира қурбонӣ кунад? Ё дарвоқеъ, агар Русия ба Украина ҳамла кунад, хатари даргирии низомӣ бо Русия вуҷуд дорад? Инҳо саволоти ҷиддӣ ва бидуни посухи осон аст.

Манбаъ: ФОРС НЮС

Фрэнсис Фукуяма, назарияпардоз ва мутахассиси равобити байналмилали амрикоӣ тайи ёддоште навишт: «Ба назар мерасад, ки тасовири ваҳшатноки афғонҳои ноумед барои хурӯҷ аз Кобул пас аз фурӯпошии давлати мавриди ҳимояти Ғарб дар моҳи август, нишондиҳандаи як мақтаъи бузург дар таърихи ҷаҳон аст, зеро Амрико аз ҷаҳон рӯйгардон шудааст. Бо ин ҳол дар ҳақиқат, поёни даврони Амрико хеле зудтар аз пеш расида буд. Сарчашмаҳои қадимии заъфу уфули Амрико бештар дохилӣ аст, то байналмилалӣ... ин ки [Амрико] чӣ қадар [дар ҷаҳон] таъсиргузор хоҳад буд, ба тавоноии он дар ҳалли мушкилоти дохилӣ бастагӣ дорад, то сиёсати хориҷиаш».

 Фукуяма дар таҳлили худ дар вебгоҳи «Ҷаҳони пеширӯ» (The World Ahead) тавзеҳ дод: «Давраи авҷи гегемонияи Амрико камтар аз бист сол тӯл кашид, аз фурӯпошии девори Берлин дар соли 1989 то буҳрони молии 2007-2009. Ин кишвар дар бисёре аз ҳавзаҳои қудрат - низомӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ - мусаллат буд. Авҷи ғурури Амрико ҳамла ба Ироқ дар соли 2003 буд, замоне, ки умедвор буд на танҳо Ироқ ва Афғонистон (, ки ду сол қаблаш ба он ҳамла кард), балки кулли Ховари Миёнаро тағйири шакл диҳад. Амрико короии қудрати низомиро барои эҷоди тағйироти амиқи сиёсӣ беш аз ҳад тасаввур мекард, ҳатто агар таъсири модели иқтисодии бозори озоди худро бар умури молии ҷаҳонӣ дасти кам мегирифт. Ин даҳа бо гирифтор шудани сарбозонаш дар ду ҷанги зидди шӯриш ва буҳрони молие, ки бар нобаробариҳое, ки ҷаҳонисозӣ ба раҳбарии Амрико эҷод карда буд, ба поён расид».

Вай мушкилоти дохилии Амрикоро монанди мӯриёнаҳое, ки тахтаи зерини гегемонияи ҷаҳонии ин кишварро аз дарун нобуд карданд, тавсиф кард ва гуфт: «Мизони такқутбӣ дар ин давра аз таърих нодир будааст ва ҷаҳон аз он замон бо қудрат гирифтани Чин, Русия, Ҳинд, Аврупо ва соири марокиз нисбат ба Амрико ба ҳолати одитар аз чандқутбӣ бозгаштааст. Таъсири ниҳоии Афғонистон бар геополитика эҳтимолан андак хоҳад буд. Амрико бо хурӯҷ аз Ветнам дар соли 1975 аз як шикасти таҳқиромези қаблӣ ҷони солим ба дар бурд, аммо дар камтар аз як даҳа султаи худро дубора ба даст овард. Чолиши бисёр бузургтар барои ҷойгоҳи ҷаҳонии Амрико чолиши дохилӣ аст».

Ин таҳлилгари оянданигари амрикоӣ идома дод: «Ҷомеаи Амрико амиқан дуқутбӣ шудааст ва дастёбӣ ба иҷмоъ дар мавриди ҳар чизеро мушкил кардааст. Ин дуқутбӣ шудан бар сари масоили марбут ба сиёсатҳои марсум монанд молиёт ва сиқти ҷанин оғоз шуд, аммо аз он замон ба як муборизаи талх бар сари ҳувияти фарҳангӣ табдил шудааст. Ба таври маъмул як таҳдиди хориҷии бузург монанди як бемории ҳамагири ҷаҳонӣ бояд фурсате барои шаҳрвандон бошад, то ҳавли як вокуниши муштарак ҷамъ шаванд. Аммо буҳрон Кувид-19 бо фосилагузории иҷтимоӣ, пӯшидани ниқоб ва ваксинатсия на ба унвони иқдомоти беҳдошти умумӣ, балки ба унвони нишонаҳои сиёсӣ, бештар ба таъмиқи шикофҳои Амрико кӯмак кард. Ин даргириҳо ба ҳама ҷанбаҳои зиндагӣ, аз варзиш гирифта то брендҳо густариш ёфтааст. Аз маҳсулоти масрафие, ки амрикоиҳои қирмиз ва обӣ (ишора ба ҷумҳурихоҳон ва демократҳо) харидорӣ мекунанд».

Фукуяма бо вобаста донистани нуфузи Амрико дар хориҷ ба тавоноии он дар рафъи мушкилоти дохилӣ, таҳлил кард: «Қутбӣ шудан, мустақиман бар сиёсати хориҷӣ таъсир гузоштааст. Дар даврони раёсатиҷумҳурии Барак Обама, ҷумҳурихоҳон мавзеъи ҷангталабона иттихоз карданд ва демократҳоро ба далели оғози муҷаддади [равобит бо] Русия ва иддаои соддалавҳӣ дар мавриди Владимир Путин сарзаниш карданд. Доналд Трамп бо дар оғӯш гирифтани оқои Путин ҷадвалро баргардонд ва имрӯз тақрибан ниме аз ҷумҳурихоҳон мӯътақиданд, ки демократҳо таҳдиде бузургтар аз Русия барои сабки зиндагии амрикоӣ ҳастанд».

Вай бо пардохтан ба мавзӯъи Чин идома дод: «Дар мавриди Чин иҷмоъи ошкортаре вуҷуд дорад: ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо мувофиқ ҳастанд, ки ин [кишвар] таҳдиде барои арзишҳои демократик аст. Аммо ин амр фақат Амрикоро то ин ҷо пеш мебарад. Агар Тайван мавриди ҳамлаи мустақими Чин қарор гирад, озмуни бисёр бузургтар аз Афғонистон барои сиёсати хориҷии Амрико хоҳад буд. Оё Иёлоти Муттаҳида ҳозир аст писарон ва духтарони худро барои истиқлоли он ҷазира қурбонӣ кунад? Ё дарвоқеъ, агар Русия ба Украина ҳамла кунад, хатари даргирии низомӣ бо Русия вуҷуд дорад? Инҳо саволоти ҷиддӣ ва бидуни посухи осон аст. Аммо як баҳси мустадал дар мавриди манофеъи миллии Амрико эҳтимолан умдатан аз тариқи дарича чигунагии таъсир он бар муборизоти ҳизбӣ анҷом мешавад».

Ин устоди донишгоҳи Амрикоӣ бузургтарин шикасти сиёсати давлати Ҷо Байден дар соли аввали раёсатҷмҳуриашро нотавонии он дар барномарезии муносиб барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии сареъи Афғонистон донист ва тавзеҳ дод: «Байден гуфт, ки хуруҷ [аз Афғонистон] барои тамаркуз бар рӯёрӯӣ бо чолишҳои бузургтар, яъне Русия ва Чин зарурӣ аст. Умедворам ӯ дар ин маврид ҷиддӣ бошад. Обама ҳеҷ вақт дар эҷоди як меҳвар барои Осиё муваффақ набуд, зеро Амрико ҳамчунон бар [сиёсати] зидди шӯриш дар Ховари Миёна мутамаркиз буд. Дар соли 2022, давлат бояд ҳам манобеъ ва ҳам таваҷҷуҳи сиёсатгузоронро барои боздорандагии руқабои геоплтикӣ ва таомул бо муттаҳидони худ эҳё кунад».

Фукуяма дар поён навишт: «Амрико эҳтимолан мавқеияти гегемонии қаблии худро боз намеёбад ва ҳамчунин набояд орзуи онро дошта бошад. Он чӣ метавонад ба он умедвор бошад, ҳифзи назми ҷаҳонии ҳомии арзишҳои демократӣ бо кишварҳои ҳамфикр аст. Ин ки битавонад ин корро анҷом диҳад, ба бозёбии ҳисси ҳувият ва ҳадафи миллӣ дар хона бастагӣ дорад».

Пеш аз ин низ Си Ҷин Пинг, раисҷумҳури Чин бо интиқод аз кишварҳои ғарбӣ барои эҷоди мавонеъ дар масири пешрафти кишварҳои дигар, гуфта буд, ҷаҳониён хостори адолат ҳастанд, на гегемония ва султаи қудрат.

Вай дар изҳороти киноявор хитоб ба Амрико, тасреҳ кард: «Ҷаҳон хостори адолат аст, на гегемония. Як кишвари бузург бояд аз тариқи нишон додани масъулиятпазирии бештар аз худ, кишваре бузург ба назар биёяд [на бо султа бар дигарон]».

Вонг Яй, вазири хориҷаи Чин низ гуфтааст: «Чин намепазирад, ки кишваре дар ҷаҳон вуҷуд дошта бошад, ки худро бартар аз соирин қарор диҳад ва дар мавриди умури ҷаҳонӣ ҳарфи охирро бизанад. Агар Иёлоти Муттаҳида ба рӯёрӯӣ идома диҳад, Чин бидуни ҳеҷ тарсу ваҳшате масир худро пеш хоҳад гирифт» .

30 ақраб 1400 форс ниоз

 


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!