Хабари рӯз

Контроли замон, мудирияти буҳрон ва тасаллут бар ҷараёни энержӣ, ҷойгузини мафҳуми суннатии пирӯзӣ дар майдони ҷанг шудааст.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсату геополитика, махсус барои “Сангар”

Қазияи ҷанг дар Ховари Миёна, тақобул бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва талош барои коҳиш ё мудирияти танишҳо, дар бистарҳои мутафовите мавриди таҳлил қарор гирифтааст; аммо барояндии ин таҳлилҳо, ба як ҷамъбандии муштарак ишора дорад: Иёлоти Муттаҳида, бар хилофи бардоштҳои сатҳӣ, бидуни муҳосиба ва тарроҳии қаблӣ вориди ин майдон нашудааст.

Бо ин ҳол, хатои роиҷ дар бисёре аз таҳлилҳо он аст, ки ҳамчунон дар пайи посух ба ин пурсиш ҳастанд, ки “чӣ касе баранда шуд ва чӣ касе бозанда?” Дар ҳоле ки асосан дар ин сатҳ аз мунозиа, чунин дугонаӣ мавзӯият надорад. Он чӣ аҳамият дорад, замонбандии дақиқ, баҳрагирӣ аз абзорҳои чандқабата ва иҷрои сенарияҳоест, ки дар чаҳорчӯби муҳосиботи қудратҳои бузург, бавижа Амрико ва Чин, маъно пайдо мекунад.

Дар ин миён, рӯйкарди Доналд Трамп беш аз ҳар чиз бар “замон” устувор буд, на бар пирӯзӣ ё шикаст ба маънои классики он. Ӯ қимори худро бар мудирияти замон, шиддат ва доманаи буҳрон бино кард, на бар натиҷаҳои мустақими низомӣ ё ҳатто ҳазинаҳои ҷанг. Ба ҳамин далел, шаш ҳафта даргирӣ, истифодаи густурда аз анвои таслиҳот ва эҷоди як фазои мутаҳаййиҷ, дарвоқеъ на барои нобудии тарафи муқобил, балки барои танзими мувозана дар муодилоти калони ҷаҳонӣ тарроҳӣ шуда буд.

Дар ин чаҳорчӯб, Эрон амалан ба як бозигари тасҳилкунанда дар таҳаққуқи ин сенария табдил шуд; бозигаре, ки ҳам дар эҷоди таниш ва ҳам дар поёни он, нақши қобили таваҷҷӯҳе дошт. Аз ҳамин рӯ, поёни ҷанг низ аз пеш дар муҳосибат дида шуда буд ва тулонӣ шудани он асосан бо мантиқи ин тарроҳӣ ҳамхонӣ надошт.

Дар маркази ин муодила, тангаи Ҳурмуз қарор дошт; гузаргоҳе, ки дар зоҳир ҳудуди даҳ дарсад аз интиқоли ҷаҳонии нафтро тасҳил мекунад, аммо дар амал ба як абзори геополитикӣ бо абъоди бисёр фаротар аз вазни воқеияш табдил шуд. Барҷастасозии нақши ин танга, амдан ба гунае анҷом гирифт, ки пои тамомии бозигарони муҳимми ҷаҳониро ба майдон боз кунад.

Фишор бар Эрон барои вокуниш, бавижа эҳтимоли бастани тангаи Ҳурмуз, на як пайомади тасодуфӣ, балки бахше аз тарроҳии калон буд. Зеро чунин сенария мустақиман манофеи Аврупо, Чин ва ҳатто Русияро даргир мекард ва онҳоро дар баробари як интихоби печида қарор медод: амнияти энержӣ ё истиқлоли сиёсӣ.

Дар ҳамин росто, Аврупо дар як тӯлаи амниятӣ қарор гирифт; тӯлае, ки дар бистари “таниши мудириятшуда” ва ҳадафгирии иқтисоди энержӣ шакл гирифта буд. Ҳамзамон, мавзӯъоте назири Гринланд, ки пештар дар садри гуфтомони сиёсӣ ва расонаии Амрико қарор дошт, ба таври муваққат аз дастури кор хориҷ шуд. Ин ақибнишинии зоҳирӣ, на нишонаи фаромӯшӣ, балки бахше аз як авлавиятбандии замонӣ буд.

Дарвоқеъ, масъалаи Гринланд сирфан ба таъхир афтод то пас аз мудирияти буҳрони Ховари Миёна, дубора ба унвони аҳроми фишор алайҳи Аврупо фаъол шавад. Дар он мақтаъ, Иёлоти Муттаҳида метавонад бо истинод ба адами ҳамроҳии Аврупо дар буҳронҳои қаблӣ, машруияти бештаре барои эъмоли фишор ва бозтаърифи равобит дар чаҳорчӯби НАТО ба даст оварад. Натиҷаи чунин раванде, Аврупое хоҳад буд, ки ногузир аз инъитоф, имтиёздеҳӣ ва пазируфти нақши тобеъ дар баробари хостаҳои Амрико аст.

Аз сӯи дигар, ҷанги Украин ва манофеи Русия низ дар ин муодила беиртибот нест. Нишонаҳои як ҳамгароии зимнӣ миёни Амрико ва Русия дар маҳори таҳдиди баландмуддати Чин, қобили мушоҳида аст. Дар ин чаҳорчӯб, як Аврупои заиф, вобаста ва гирифтор дар тазод миёни Амрико ва Русия, ба нафъи ҳар ду қудрат хоҳад буд. Чунин Аврупое, на танҳо тавони рақобати мустақилро аз даст медиҳад, балки ба як бозигари дараҷаи дуввум дар низоми байналмилал табдил мешавад. Ин вазъият дар канори Чине, ки бо чолишҳои энержӣ ва фишорҳои иқтисодӣ мувоҷеҳ аст, тавозуни матлубтаре барои Маскав ва Вашингтон эҷод мекунад.

Дар буъди дохилии Амрико, интихоботи миёндавраӣ ва фазои сиёсии муталотими ин кишвар низ нақши муҳимме дар ин тарроҳӣ ифо мекунад. Дар шароите, ки норизоятии умумӣ аз мудохилоти хориҷӣ ва сиёсатҳои ҷангталабона рӯ ба афзоиш аст, эҷоди як шоки иқтисодии ҷаҳонӣ ва сипас мудирияти он аз тариқи оташбас, метавонад ба коҳиши ин норизоятӣ кумак кунад. Афзоиши шадиди қимати нафт, то беш аз 150 доллар дар ҳар бушка ва сипас контрол кардани он, намунае аз ин муҳандисии буҳрон аст.

Дар ин миён, Чин бо истифода аз захоири худ муваққатан аз буҳрон убур кард, Русия аз афзоиши қиматҳо суд бурд ва Амрико бо мудирияти бозор ва озодсозии захоир, ҳам бар қиматҳо асар гузошт ва ҳам даромади қобили таваҷҷӯҳе касб кард. Ин чарха нишон медиҳад, ки чӣ гуна як буҳрон метавонад ба абзоре барои бозтақсимоти сарват ва қудрат дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил шавад.

Дар айни ҳол, паёмадҳои ин раванд барои Чин қобили таваҷҷӯҳ аст. Иқтисоде, ки ба энержии арзон вобаста аст, дар сурати ихтилол дар масирҳои таъминот, бо афзоиши ҳазинаи тавлид ва коҳиши суръати рушд мувоҷеҳ хоҳад шуд. Аз ҳамин ҷо, мафҳуми “бастани гулӯгоҳҳои иқтисодӣ” матраҳ мешавад; роҳбурде, ки ҳадафи он, маҳори рушди Чин бидуни вуруд ба тақобули низомии мустақим аст.

Дар ин чаҳорчӯб, кишварҳое, ки таъминоткунандаи энержии арзон барои Чин ҳастанд, батадриҷ дар маърази беэътиборӣ, фишор ё ҳатто тағйири режим қарор мегиранд. Намунаҳое монанди Венесуэла ва Эрон, дар ин улгу қобили таҳлиланд. Қатъ ё маҳдудсозии ҷараёни нафт аз ин кишварҳо, мустақиман бар тавони иқтисодии Чин асар мегузорад ва фосилаи он бо Амрикоро афзоиш медиҳад.

Бар ин асос, Трамп ва тими ӯ, бо дар назар гирифтани ақибмондагии нисбии Амрико дар бархе шохисҳои иқтисодӣ, бавижа дар баробари рушди сареъи Чин, ба самти истифода аз абзорҳои ғайримустақим, аз ҷумла беэътибории контролшуда, ҷангҳои маҳдуд ва фишор бар занҷираи таъминот, ҳаракат карданд. Ин рӯйкард, на танҳо аз ҳазинаҳои як ҷанги мустақим мекоҳад, балки имкони мудирияти ҳамзамони чандин мутағаййирро фароҳам месозад.

Дар ниҳоят, он чӣ дар ин таҳаввулот мушоҳида мешавад, вуруди огоҳона ва ҳадафманди Амрико ба як бозии чандқабата аст; бозие, ки дар он, фанноварии низомӣ, зарфияти иттилоотӣ, иқтисоди ҷаҳонӣ ва идроки умумӣ, ҳамагӣ ба сурати ҳамзамон мавриди озмун ва баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Шокҳои иқтисодӣ, танишҳои минтақавӣ ва оташбасҳои ҳисобшуда, ҳамагӣ аҷзои як меъмории бузургтар ҳастанд: муҳандисии назми ояндаи ҷаҳон. Назме, ки дар он, контроли замон, мудирияти буҳрон ва тасаллут бар ҷараёни энержӣ, ҷойгузини мафҳуми суннатии пирӯзӣ дар майдони ҷанг шудааст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!