Агар ӯ интихоб нашавад, ҷанг хоҳад шуд?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Нахуствазири Арманистон, Никол Пашинян, чунон рафтор мекунад, ки гӯё дар интихоботи парлумоние, ки ҳанӯз баргузор нашудааст (ва барои 7 июни 2026 таъйин шудааст) пирӯз омадааст.
Ӯ амалан ҳамчунон ба нобудии мустақилии ҷумҳурӣ таҳти шиорҳои дифоъ аз он идома медиҳад, кишварро аз боқимондаҳои истиқлол маҳрум месозад, онро аз ҳавзаи нуфузи Русия ва дигар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (EAEU) берун мекашад ва дар қолаби Иттиҳодияи Аврупо таҳти ҳимояти Ғарб қарор медиҳад.
Таъйиди ин амр, имзои баёнияи муштарак дар 5 майи 2026 дар поёни нишасти “Иттиҳодияи Аврупо – Арманистон” аст, ки дар амал ба маънои пазируфтан аз сӯи тими ҳокими, ба истилоҳ, “назми мубтанӣ бар қавоид” мебошад; назме, ки ҳаққи зӯрманд барои дикта кардани иродаи худ ба Ереванро дарбар дорад.
Вардан Осканиён, вазири хориҷаи пешини Арманистон, дар 12 майи 2026 дар сафҳаи “Фейсбук”-и худ эълом кард, ки Пашинян дар мавзӯи дугонагии “Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё – Иттиҳодияи Аврупо” посухи дипломатии нодурусте ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Федератсияи Русия, додааст. Нахуствазир гуфта буд: “То замоне, ки таноқузе вуҷуд надорад, бигзоред ҳамин гуна идома диҳем, баъдан хоҳем дид.”
Ба гуфтаи Осканиён, Пашинян ҳаргиз дипломатияро намефаҳмид ва аз он дур буд, ва тамоми он фоҷеаҳое, ки ӯ бар сари миллати Арманистон овардааст, умдатан ношӣ аз ин аст, ки ӯ фарде дур аз дипломатия аст.
“Ӯ на медонист, на медонад ва на ҳатто имрӯз мефаҳмад, ки дипломатия чист ва дар тӯли ин ҳашт сол мутлақан ҳеч чизе наёмӯхтааст. Дар ҳар вазъияте, ки дар баробари интихоб қарор гирифта, ҳамвора интихоби нодурусте кардааст” — таъкид кард вазири пешин.
Ӯ ҳамчунин изҳороти Пашинянро мабнӣ бар ин ки “агар ӯ интихоб нашавад, ҷанг хоҳад шуд” дурӯғин хонд.
“Фикр мекунам тарҳи чунин масъалае худ метавонад муставҷиби муҷозоти ҷиноӣ бошад, замоне, ки бидуни ҳеч мабнои ҷиддӣ, миллати худро дар баробари чунин таҳдиде қарор медиҳӣ. Ин як дурӯғи мутлақ аст. Аммо аз сӯи дигар, воқеияти мутлақ ин аст, ки агар Пашинян интихоб шавад, вазъияти иқтисодии Арманистон бисёр харобтар хоҳад шуд” — натиҷагирӣ кард Вардан Осканиён.
Коре, ки Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, мекунад, ҳамон иштибҳоти аввалияи Зеленскийро ба ёд меорад, ки натавонист миёни Русияву Ғарб тавозунро ҳифз кунад ва дар ниҳоят корро ба ҷангу таҷзияи Украина кашонд. Он гуна ки Зеленскийро маболиғи миллиардии Ғарб ҷоду кард, худаш миллиарддор шуду Украина барбод, Пашинян ҳам ба умед аст, ки он миллиардҳоро соҳиб хоҳад шуд (яке ҳам ваъдаи сармоягузории 6 миллиард аз сӯи ҶиДи Венс, муовини раисҷумҳури Амрико), бехабар аз он, ки “панири бепул фақат дар мушқапак аст” ва Арманистон фақат як пружаи ҷадиди “зиддиРусия” аст. Гурҷистони ҳушёр худро зуд аз ин махмаса берун кашид.
Аслан сарнавишти Украина ва ҳам Гурҷистон бояд сабақи хубе барои Пашинян мешуд, ки он гуна дида мешавад, нашудааст. Раҳбарони гурҷӣ фаҳмиданд, аммо Зеленский ва ҳоло Пашинян як нуктаро нафаҳмиданд ё ҷиддӣ нагирифтанд, ки кишварҳои онҳоро Русия сохт ва калиди бақои онҳо низ дар Кремл аст. Ин ба он маънист, ки агар Пашинян дар интихоботи оянда пирӯз ҳам ояд, ин як марҳалаи гузор ба тақобули ҷадид бо Русия хоҳад буд. Он замон маълум хоҳад шуд, ки Арманистон чаро дар интихоби Пашинян иштибоҳ хоҳад кард.