Дар Авруосиё эҷоди иттиҳодҳои қавмӣ, нажодӣ ва мазҳабӣ номумкин аст.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсат ва геополитика, махсус барои “Сангар”
Дар миёнаи кашмакашҳои геополитикӣ дар Ховари Миёна ва шарқи Аврупо, масъалаи Туркия ва гумоназаниҳо перомуни проекти пантуркизм беш аз пеш барҷаста шудааст. Бо ин ҳол, бар хилофи баъзе таҳлилҳои роиҷ, саҳнаи кунунӣ беш аз он ки майдони таҳаққуқи як проекти минтақаӣ монанди пантуркизм бошад, арсаи рақобат ва рӯёрӯии қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ аст.
Дар ин чаҳорчӯб, бозигарони аслӣ на Туркия, балки Иёлоти Муттаҳида, Британия ва дар сӯи дигар, блоки Шарқ бо меҳварияти Чину Русия ҳастанд. Эрон низ дар яке аз ҳассостарин мавқеиятҳои геополитикии ҷаҳон қарор дорад ва ҳамвора ба унвони нуқтаи талоқии манофеъ ва таниш миёни қудратҳо амал карда аст. Нишонаҳое аз уфули нисбии гегемонии Амрико дар минтақа дида мешавад, аммо ин ба маънои халоъи қудратӣ нест, ки бозигаре монанди Туркия битавонад ба роҳатӣ онро пур кунад.
Дар сатҳи калон, таҳаввулоти ҷорӣ бештар реша дар рақобатҳои геостратегӣ, назири контроли масирҳои энергия, тақобули ҳавзаҳои Ҳартленд ва Римленд ва талош барои эҷоди коридорҳои ҷадид, мавсум ба Кроссланд дорад. Бар хилофи баъзе бардоштҳо, ин ҷангро наметавон ба содагӣ тақобули тамаддунии Эрону Ғарб донист, балки дар сатҳи амиқтар, рақобат миёни тамаддуни ғарбӣ бо меҳварияти Амрико ва дар баробари он, блоки Чин ва ҷаҳони ортодокс қобили мушоҳида аст. Дар ин миён, Туркия бештар нақши тасҳилгарро ифо мекунад то як меъмори таъйинкунанда дар назми оянда.
Русия дар имтидоди як раванди таърихӣ аз муҳосираи геополитикӣ, бавежа пас аз ҷанги Украина, талош карда аз фурсатҳои ношӣ аз буҳронҳо баҳрабардорӣ кунад. Буҳрони Эрон низ ба навъе ба афзоиши даромадҳои нафтии Русия ва тақвияти аҳроми фишори он бар Аврупо анҷомидааст. Дар натиҷа, кишварҳои аврупоӣ барои таъмини энергия ба гузинаҳое чун Чин ва кишварҳои шимоли Африқо рӯй овардаанд ва ин тағйири масирҳо нишондиҳандаи печидагии бештари муодилоти энергия дар ҷаҳони имрӯз аст.
Дар ин бистар, таҳлили буҳрони Эрон низ ниёзмандии фосила гирифтан аз рӯйкардҳои эҳсосӣ аст. Бар хилофи баъзе тасаввурот, вазъияти мавҷуд беш аз он ки ношӣ аз як тақобули тамаддунӣ бошад, ҳосили дарҳамтанидании манофеи амниятӣ, иттилоотӣ ва иқтисодии бозигарони бузург, бавежа Русия аст, ки аз тадовуми буҳрон суд мебарад.
Туркия дар ин миён бо чолишҳои чандлояи дохилӣ ва хориҷӣ мувоҷеҳ аст. Аз як сӯ, фишорҳои иқтисодӣ, таварруми боло ва норизоиятии иҷтимоӣ, зарфияти манёври дохилии ин кишварро маҳдуд кардааст. Аз сӯи дигар, масъалаи курдҳо ҳамчунон яке аз муҳимтарин дағдағаҳои амниятии Анкара боқӣ мондааст.
Дар сатҳи минтақаӣ низ, ҳассосияти бозигароне чун Исроил, кишварҳои арабӣ ва Русия нисбат ба густариши нуфузи Туркия, монеъи ҷиддӣ дар баробари таҳаққуқи ормонҳои пантуркистӣ ба шумор меравад. Ҳамзамон, равобити миёни Туркия ва Исроил низ дар масире печида ва мустаъиди таниш ҳаракат мекунад; агарчи ду тараф дар мақотеъе ҳамкориҳои роҳбурдӣ доштаанд, аммо рақобат бар сари нуфуз дар шарқи Медитарона, масъалаи Фаластин, коридорҳои энергия ва талош барои касби бартарии геополитикӣ дар ҷаҳони Ислом, заминаҳои истикокро тақвият кардааст.
Туркия бо иттихози мавозеъи интиқодӣ нисбат ба сиёсатҳои Исроил ва талош барои бозёбии ҷойгоҳи худ дар миёни кишварҳои мусалмон, дар масири тақобули гуфтумонӣ ва сиёсӣ бо ин бозигар қарор гирифта ва дар муқобил, Исроил низ бо таъмиқи равобити худ бо кишварҳои арабӣ ва бархе шарикони минтақаӣ, дар пайи маҳори нуфузи Туркия аст. Бо ин вуҷуд, ин рақобат дар чаҳорчӯби мулоҳизоти калони низоми байналмилал боқӣ монда ва баид аст ба тақобули мустақим ва густарда мунҷар шавад.
Проекти пантуркизм, алорағми сармоягузориҳои фарҳангӣ ва сиёсии Туркия дар манотиқи мухталиф аз Осиёи Марказӣ то Қафқоз, бо маҳдудиятҳои амиқи сохторӣ мувоҷеҳ аст. Ин идея беш аз он ки як барномаи амалиётии мунсаҷим бошад, як чаҳорчӯби ормонӣ-сиёсӣ аст, ки бо мавонеъи ҳувиятӣ, забонӣ ва геополитикии мутааддиде рӯ ба рӯст. Кишварҳои туркзабон на танҳо аз назари забонӣ ва фарҳангӣ комилан ҳамгун нестанд, балки дорои сиёсатҳои миллии мустақил ва гоҳ мутазодданд. Барои намуна, кишварҳое монанди Қазоқистон ва Ӯзбекистон рӯйкарди эҳтиёткорона ва чандҷонибагаро доранд, Туркманистон сиёсати бетарафиро дунбол мекунад ва ҳатто Озарбойҷон низ дар мавориде мустақил аз Туркия амал мекунад. Дар натиҷа, ниҳодҳое монанди Созмони кишварҳои турк бештар ба унвони бистари ҳамкориҳои маҳдуди иқтисодӣ ва фарҳангӣ амал мекунанд то як иттиҳоди геополитикии мунсаҷим.
Афзун бар ин, нақши қудратҳои бузург дар ин муодила таъйинкунанда аст. Русия ҳамчунон нуфузи амниятии амиқе дар Осиёи Марказӣ дорад, Чин аз тариқи ибтикори “Камарбанду роҳ” ҳузури иқтисодии густардае ёфта ва Иёлоти Муттаҳида низ вобаста ба шароит, ҳузури худро танзим мекунад. Ин воқеиятҳо нишон медиҳад, ки фазои манёври кишварҳои турк бисёр маҳдудтар аз он чизест, ки дар баъзе ривоятҳои умумӣ тасвир мешавад.
Дар ниҳоят, танаввуъи қавмӣ ва печидагиҳои иҷтимоии минтақа, аз ҷумла ҳузури гурӯҳҳое монанди курдҳо, арабҳо, форсҳо, ӯзбекҳо ва дигар ақвом, монеъи дигаре дар баробари таҳаққуқи проекте якпорча монанди пантуркизм аст. Дар чунин шароит, ин идея на танҳо зарфияти табдил шудан ба як блоки қудрати мустақилро надорад, балки метавонад ба омиле барои афзоиши танишҳо ва ҳатто тазъифи мавқеияти Туркия бадал шавад.
Туркия то замоне метавонад дар чаҳорчӯби назми мавҷуд ифои нақш кунад, ки дар ростои манофеи қудратҳои бузург ҳаракат намояд; дар ғайри ин сурат, бо чолишҳои ҷиддии дохилӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.