Ибтикори Исломобод як шоҳкори сиёсати мувозана дар қарни бисту якум аст.
Нависанда: Муҳибуллоҳ Нурӣ, раиси пешини сиёсати Шӯрои амнияти миллии Афғонистон, узви Шӯрои мушовирони “Сангар”
Дар ҳоле ки Ховари Миёна дар оташи танишҳои бесобиқа месӯзад, Покистон бо иҷрои як дипломатияи печида, худро ба унвони “утоқи миёнӣ” ва гурезгоҳи ногузири дипломатияи ҷаҳонӣ тасбит кардааст. Аммо суоли асосӣ ин аст: Покистон чӣ гуна тавониста миёни меҳварҳои мутахосим ҳаракат кунад, дар ҳоле ки бо Арабистон паймони дифоӣ дорад ва ҳамзамон шоҳиди даргирии мустақим миёни Эрон ва Иёлоти Муттаҳида аст?
Дар 15 ва 16 апрел 2026, ин мувозанаи хиракунанда ба авҷ расид. Дар ҳоле ки Шаҳбоз Шариф дар Ҷидда барои дарёфти 3 миллиард доллар кӯмаки молӣ ва тасбити паймони дифоӣ ҳузур дошт, Филдмаршал Осим Мунир дар Теҳрон машғули гуфтугӯҳои ҳассоси амниятӣ буд.
Рози ин мувозана дар се лояи стратегик ниҳфта аст:
Паймони дифоӣ бо Арабистон; боздорандагӣ, на вуруд ба ҷанг:
Покистон бо имзои паймони дифоӣ бо Риёз, тааҳҳуди худро ба “бақои қаламрав”-и Саудӣ нишон додааст, аммо бо ҳушмандӣ, марзи борике миёни “дифоъ аз хоки Арабистон” ва “ҳамла ба Эрон” тарсим кардааст. Исломобод ба Риёз тафҳим карда, ки ҳимояташ аз навъи боздорандагӣ аст ва на таҳоҷумӣ; лизо алорағми ҳамалоти Эрон ба пойгоҳҳои Амрико дар хоки Саудӣ, Покистон бо истинод ба ин ки ин даргирӣ миёни Эрон ва Амрико аст (ва на ҳамла ба каёни Арабистон), аз вуруд ба ҷанг худдорӣ карда ва дар иваз, нақши “оташнишон”-ро бар уҳда гирифтааст.
Эрон; ҳамсояе, ки набояд ба душман табдил шавад:
Покистон медонад, ки ҳазинаи як марзи ғарбии ноором, барои иқтисоди ларзонаш камаршикан хоҳад буд. Ҳамкориҳои ахир дар омӯзиши нерӯҳои дарёӣ ва мудирияти марзҳо бо Эрон, паёме равшан ба Теҳрон аст: Исломобод иҷоза нахоҳад дод паймони дифоияш бо Риёз, ба таҳдиде вуҷудӣ барои Эрон табдил шавад. Ин эътимоди амалӣ, ба Филдмаршал Осим Мунир иҷоза дод то дар авҷи даргирии Эрон ва Амрико, ба Теҳрон биравад ва ҳомили паёмҳое бошад, ки ҳеҷ дипломати мулкӣ қодир ба интиқоли он набуд.
Иёлоти Муттаҳида; шарокат дар сояи буҳрон:
Дар ҳоле ки Эрон ва Амрико дар миёнаи як рӯёрӯии низомӣ ҳастанд, Покистон ҳамчунон шарики амниятии Вашингтон боқӣ мондааст. Исломобод бо табдил шудан ба “танҳотарин канали иртиботӣ”, ба Амрико собит кардааст, ки як Покистони миёнҷӣ, бисёр муфидтар аз як Покистони даргир дар ҷанг аст.
Чаро миёнҷигарӣ танҳо роҳи бақост?
Қарор гирифтан дар мадори мутазоди Арабистон, Эрон ва Амрико, Покистонро ба ин дарк расондааст, ки ҷонибдорӣ мутлақ, яъне худкушии миллӣ. Агар Покистон аз ҷабҳаи Арабистон алайҳи Эрон дифоъ кунад, марзҳояш ноором мешавад; ва агар муқобили Амрико биистад, иқтисодаш фурӯ мепошад. Лизо, нақши миёнҷигарии Филдмаршал Осим Мунир, як интихоби лукс нест, балки як “сипари дифоӣ” барои ҷилавгирӣ аз табдил шудани хоки Покистон ба майдони ҷангҳои ниёбатӣ аст.
Ончи имрӯз шоҳидем, сирфан таодулсозӣ нест; балки табдили “иҷбори геополитикӣ” ба «сармояи дипломатӣ” аст. Покистон бо ҳаракат бар рӯи ин ресмони борик, собит кардааст, ки дар дунёи чандқутбӣ, қудрат дар “наздик будан ба ҳама ва таслим нашудан ба ҳеҷ кадом” нуҳуфта аст. Ин улгу акнун аз як роҳкори муваққат, дар ҳоли табдил шудан ба масири доимии сиёсати хориҷии Покистон дар қарни бисту якум аст.