
Трамп домодашро барои шикаст дар ҷанг мефиристад.
Нависанда: IFLA (Астралия)
Тарҷума аз англисӣ: Муҳаммад Саҳимӣ
Ҷей ди Венс ба Покистон ба музокира бо тамаддуне рафт, ки аз замоне ки ҳанӯз сафедпӯстон шалворро ихтироъ накарда буданд, дар ҳоли анҷом додани геополитика будааст.
Венс ҳамсарашро овард.
На як муовини вазир. На як генерал. На ҳатто як корманди мудом-ул-умри вазорати умури хориҷаи бо кифояти мутавасситро, ки ҳадди ақал бидонад тангаи Ҳурмуз рӯйи нақша куҷост. Ӯ Уша, ҳамсарашро, ба як музокираи ҷангӣ овард. Дар муҳимтарин лаҳзаи дипломатӣ аз замони поёни ҷанги сард муовини раисҷумҳур Трамп фикр кард, "бале, ман як охири ҳафтаи тӯлониро бо он мегузаронам, хонумро меорам, Покистонро мебинам."
Покистон дар ҳоле аз эрониҳо истиқбол кард, ки вазири умури хориҷа, фармондеҳи артиш, раиси Маҷлиси Миллӣ ва вазири кишвари Покистон ҳамагӣ бо либосҳои комилан ташрифотӣ рӯи банди фурудгоҳ истода буданд. Амрико мардеро фиристод, ки китобе навишта буд дар бораи ин ки аҳли Оҳайо будан чӣ қадар ғамангез аст.
Ҷаред Кушнер ҳам он ҷо буд. Ҷаред, Кушнери лаънатӣ. Марде, ки тамоми салоҳияташ барои ҳар як аз корҳое, ки анҷом дода, ин аст, ки бо хонаводаи муносибе издивоҷ кардааст, ки иттифоқан, модели касбу кораш, таҷрибаи сиёсати хориҷиаш ва зоҳиран ҳоло стратегияи низомияш ҳам ҳамин аст. Ҷаред энержии касеро дорад, ки дар зиндагияш ҳаргиз ба ӯ "на" нагуфтаанд, чун ба ҳама атрофиёнаш ё пул додаанд, ки "на" нагӯянд ё хеле метарсанд, ки "на" бигӯянд. Дафъаи қабл, ки вориди раванди сулҳи Ховари Миёна шуд ва мутлақан ҳеҷ дастоварде надошт, ҷуз ин ки чанд сад миллион доллар сарватмандтар шуд. Бинобарин табиатан Доналд дубора бо ӯ тамос гирифт.
Ҳузури Ҷаред Кушнер дар музокироти сулҳ мисли ин аст, ки лӯлакаш (сантехник)-и худро барои ҷарроҳии мағз биёваред, чун дар кор бо лӯлаҳо маҳорате дорад ва шумо ба ӯ эътимод доред.
Ин ду мард [Венс ва Кушнер] рӯбарӯи як ҳайати 71-нафарии эронии шомили руасои маҷлис, муовини дабири Шӯрои олии амнияти миллӣ, фармондеҳони низомӣ, тимҳои иқтисодӣ, тимҳои ҳуқуқӣ ва кумитаҳои фаннӣ нишастанд. Эрон кумитаҳои фаннӣ оварда буд. Амрико мардеро оварда буд, ки охирин муомилаи бузургаш фурӯши табақоти як осмонхарош ба як сандуқи сармоягузории Арабистони Саудӣ буд.
Эрониҳо ҳайати худро ба ёди 168 кӯдаке, ки дар ҳамлаи Амрико ба мактаб кушта шуданд, “Миноб 168” номиданд. Онҳо сумкаҳои мактабии бачаҳои кушташударо дар ҳавопаймо гузоштанд. Онҳо дар ҳоле ки вазни 168 кӯдаки кушташударо ба дӯш мекашиданд, вориди он утоқ шуданд ва аз он сӯи миз, ба Ҷаред Кушнери бо кату шалвори часбон нигоҳ карданд ва бо худ фикр карданд, "бале, мо [контрол] инро дорем."
(Сумкаҳои мактабии бархе аз кӯдакони Миноб дар нишастгоҳҳои парвози эронӣ ба самти Исломобод ҷой дода шуданд. Telegram / Аббос Ароқчӣ)
Музокиракунандаи аршади Эрон [Муҳаммад Боқир Қолибоф] пас аз фуруд дар фурудгоҳи Исломобод гуфт: “Мо ҳусни ният дорем, аммо эътимод надорем.”
Далели аслии ҳузури Ҷей ди Венс дар он ҷо ин аст, ки ӯ як бор худашро бо китоби Hillbilly Elegy муқоиса кард, китобе, ки худаш дар бораи худаш навиштааст, ки муодили дипломатии номидани худ ба унвони "марде бузург" дар резюмеи худ мебошад.
Покистон таътилоти умумӣ эълом кард. Кулли Минтақаи Қирмизро пломб кард. 10,000 персонали амниятиро мустақар кард. Новдонҳоро ранг кард. Парчамҳоро насб кард. Тамоми меҳмонони меҳмонхонаи Серена [маҳалли иқомати музокиракунандагон]-ро барои кулли охири ҳафта аз он ҷо берун бурд.
Аз Эрон ба монанди як артиши пирӯз истиқбол шуд.
Ҷей ди ва Уша [фақат] аз паллаҳо боло рафтанд.
Ва ҷое дар солони ғизохӯрии Мар-а-Лаго [мулки Трамп дар Флорида], марде [Трамп] бо зарби ҳушии як хишти хонаи осебдида, дар ҳоли пост гузоштан дар бораи нафткашҳо дар тангаи Ҳурмуз дар сайти Truth Social аст, ва мутмаин аст, ки баранда аст, зеро ҳеҷ кас дар ҳалқаи атрофиёнаш иҷоза надорад хилофи инро ба ӯ бигӯяд ва ду нафаре, ки ӯ барои наҷоти мероси таърихии худ ба Покистон фиристода буд, наметавонистанд тангаи Ҳурмузро бо ҳар ду даст ва як GPS-и геополитикӣ пайдо кунанд.
Эрон дар ин ҷанг фақат аз назари низомӣ аз Амрико пешӣ нагирифт.
Класси эрониҳо дар мизи музокира, ҳатто қабл аз ин ки ҳатто як калима гуфта шавад, аз амрикоиҳо хеле болотар буд.
Ва Ҷаред Кушнер саъй хоҳад кард ба наҳве аз ин моҷаро ҳақ-уз-заҳмаи ёбандаро бигирад. Тамошо кунед.