Русия ва Чин то кай бо режими «Толибон» бозӣ мекунанд? Гузинаи баъдии онҳо кӣ хоҳад буд ва ба корзори бузург бо кӣ дохил мешаванд?
Муаллиф: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ
Хуруҷи Амрико аз Афғонистон на ба далел шикасти низомӣ, балки фалсафаи сиёсии он буд шикасти назарияи неолиберал дар ҷомеаи суннатӣ ва пешомодерн.
Аммо амрикоииҳо, бавежа баъд аз 2014, яъне ишғоли Қрим тавассути Русия ва дар пайи он наздикии Русия ва Чин, нахустинагиҳои геополитикӣ ва геостратегиашонро тағйир доданд.
Нахуст Чин ҳамчу рақиби иқтисодӣ ва пас аз ҳузури Русия дар Сурия ба ҳайси душмани низомии оянда эълон шуд.
Баъд таҳрими густурдаи иқтисодии ҳамоҳанг бо Ғарб алайҳи Русия вазъ шуд, ки боиси тағйири пайкони сиёсати хориҷии Русия аз Ғарб ба сӯи Шарқ гардид ва дар мизҳои мухталиф, монанди Созмони ҳамкории Шонгҳой ва ё кишварҳои БРИКС бо Чин наздик шуд.
Чин, ки то он замон аз тавоноии лозими низомӣ бархурдор набуд, ба ҳимояти Русия ниёз дошт ва дар муқобили таҳримҳои иқтисодии Ғарб, дасти ҳамкориҳои бузурги иқтисодӣ ба Русия дароз кард.
Бидуни баҳс, бештар ба таърихи шаш соли гузашта дар равобити байнулмилалӣ, пас аз хурӯҷи Амрико ва муттаҳидони он аз Афғонистон, «Бозии бузурги ҷадид» бар меҳвари Афғонистон дар ҳоли шаклгирӣ аст.
Амрико ва НАТО мекӯшанд барномаи маҳори дугонаи Чину Русияро эҷод кунанд.
Дар атрофи марзҳои Русия дар даруни ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ таҳаррукҳои зиёди низомӣ дар ҷараён аст.
Ҳамчунон ба иқдоми қотеъ дар баробари «ДОИШ»* ва соири гурӯҳҳои радиколи исломии минтақае, ки Чину Русия аз он нигаронанд, бемайлӣ нишон медиҳанд.
Дар се ҳафтаи ахир тамоми расонаҳои амрикоӣ ва ғарбӣ имкони ҳамлаи низомии Русия ба Украинаро таблиғ менамоянд ва бар асоси он манёврҳои низомиро дар атрофи марзҳои он кишвар оғоз намудаанд.
Вузарои дифоъи Чину Русия муоҳидаи стратегии низомӣ имзо карданд ва барои бори нахуст ҳавопаймоҳои стратегии онҳо ба шакли символик дар канори ҳам парвоз намуданд.
Ғарб он иттиҳодро «маргофарин» номид.
Дар ин муддат тасаввур мешуд, ки «Толибон» ба сурати кул як нерӯи мутеъи Покистон ва «абзори муфид»-и рондани Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Афғонистон будаанд.
Чин, Русия ва Эрон се кишвари мухолифи ҳузури Амрико дар Афғонистон аз таҳаввули ҷадиди ҳокимияти «Толибон» ҳимоят карданд.
«Толибон» чунон ҳоле мекарданд ва то ҳоло мекунанд, ки гӯё Амрикоро шикаст дода ва ба кӯмаки муттаҳидони қудратманд, мисл Чину Русия метавонанд ҳокимияташонро таҳким бахшанд.
Аммо иштибоҳ «Толибон» аз замоне оғоз шуд, ки бахши ифротии он, яъне «Шабакаи Ҳаққонӣ» - дасти дарози СӣАйЭй (CIA) ва ЭмАй6 (MI6) - сарпечӣ аз тавофуқҳое намуданд, ки гурӯҳи Қатар бо “Тройка”, (Чин, Русия ва Эрон) бавежа дар хусуси эҷоди давлати ҳамашумул намуда буданд. Ҳамчунон ба иқдоми қотеъ дар баробари «ДОИШ»* ва соири гурӯҳҳои радикали исломии минтақаӣ, ки Чину Русия аз он нигаронанд, бемайлӣ нишон медиҳанд.
Русия ва Чин ба ҷуз аз додани эъломияҳо, аз ҳар гуна иқдоми амалӣ барои ҳимоят аз «Толибон» шона холӣ мекунанд. Онҳо дарк намуданд, ки амрикоиҳо натанҳо дар байни ҳокимони ҷадиди толиб дасти баланд доранд, балки овардани «Толибон»-ро навъе дом мепиндоранд, ки барои Русия ва Чин дар Афғонистон паҳн шудааст.
Гузоштани силоҳҳои зиёд ба «Толибон», намоиши тасаллути «Толибон» аз тактикҳои стандартшудаи НАТО ва корбурди тамоми силоҳҳое, ки дар собиқ шинохте аз онҳо надоштанд, ҳама нишонаҳое аз навъи ҳамкории «номаръӣ»-и амрикоиҳо бо «Толибон» дар гузашта будааст.
Бо чанд далели кӯтоҳ мешавад гуфт, ки Амрико дар Афғонистон ҳузурашро ба таври дигар ба кӯмаки «Толибон» идома медиҳад.
Арчанд ман дар гузашта борҳо навишта будам, ки андешаи «Толибон» ба гуна мунҳанӣ аз миёни тамоми ақвом гузаштааст, аммо аксари дӯстони форсизабон, бавежа тоҷикҳо ва ҳазораҳо аз тарзи талаққии ман ибрози норизоиятӣ ва ҳатто интиқод менамуданд, вале, ба бовари ман, воқеият чунин будааст!
Он тавре, ки тасаввур мешуд, «Толибон» ҳимояти ҷиддии Русия ва Чинро надоранд. Аммо ҳарду кишвар дорои агентҳои фаровон ба мисли амрикоиҳо дар миёни «Толибон»-анд.
Ҳадди ақал масири таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Чину Русия мехоҳанд муттаҳидинашон на аз миёни «Толибон», балки ғайритолибон ва аз назар қавмӣ, бавежа, тоҷикҳо дар дарозмуддат бошанд.
Владимир Путин ин мавзӯъро ба гунаи возеҳ дар конфронси Валдай баён кард ва сареҳ гуфт, ки: 43 то 46 дарсади нуфуси Афғонистонро тоҷикҳо ташкил медиҳанд.
Паёми Путин барои тоҷикҳо дар ҷуғрофияе ба номи Афғонистон равшан буд, аммо сиёсиёни тоҷик бо антенҳои поини зеҳн, он ҷумлаҳоро, ки ба посухи як коршиноси покистонӣ буд, дуруст ахз ва дарк накарда ва пас аз он натавонистанд дар масири манофеъашон лобигарӣ кунанд.
Баракс, бахши бузург аз сиёсиёни тоҷик бемайл нестанд то дар «Бозии бузурги ҷадид»-и оянда абзори сиёсатҳои Амрико дар минтақа бошанд.
Бояд бо сароҳат гуфт, дар ин лаҳзаи ҳассос, ки масоили геополитикӣ ва геостротижикии минтақа ба суръат дар ҳоли тағйир аст, манофеъи тоҷикҳои Афғонистон ҳукм мекунад то тағйире дар парадигмаи сиёсии дипломатикашон биоваранд.
Наздикӣ бо Амрико ва Ғарб нишонаи поёни тоҷикҳо дар ҷуғрофияи Афғонистон аст, зеро барномаи «пантуркизм» хатари дигарест, ки бар онҳо таҳмил мешавад ва аз ҳимоят Ғарб дар Осиёи Миёнаи Бузург ва шимоли Эрон бархӯрдор аст.
Тоҷик ва дар кул форсизабонони Афғонистон бояд бақояшонро на дар наздикӣ бо Амрико ва муттаҳидони ғарбӣ ва минтақаии он, балки ҳамсуӣ ва наздикӣ бо Тоҷикистон ва Эрон ба ҳайси ду кишвари ҳамзабон, ҳамтаърих, ҳамфарҳанг бозтаъриф кунанд.
Ҷуғрофияи тоҷикҳои Афғонистон бо Амрико ва Аврупо пайванд надорад, балки Тоҷикистон дар ваҳлаи нахуст аст, ки метавонад онро ҳифз ва ҳимоят кунад.
Чунин ба назар мерасад, ки аксарияти чеҳраҳои сиёсии тоҷикҳо «Бозии ҷадиди бузург»-ро дуруст дарк намекунанд ё беҳтар бигӯям, мисли ҳамеша сиёсатро, на сиёсати бузург ва на кӯчакро дуруст медонанд.
Ба иваз шиорҳои масрафшудаи демократия ва ҳуқуқи башарро сар медиҳанд, ки дар ин марҳала ҷаззобият надорад.
Бояд ба фикри наҷоти сарзамин, қавм, забон ва фарҳанги худ шуд ва муттаҳидини дохилии хешро ташхис дод ва бо хориҷи наздик дохили муомила гардид.
Русия ва Чин аз режими «Толибон» истифодаи абзорӣ то замоне мекунанд, ки масрафи он эҷоб мекунад, вақте мутмаин шуданд, ки бо толиб бештар намешавад манофеъашонро таъмин кард, он гоҳ «гузина»-ҳои баъдиро дохил корзор мекунанд.
Миллатҳо дӯст доранд ба ҷуз манофеъ!