Барои амрикоиҳо шикасти мутлақи русҳо дар Украина 100% судманд нест, вале барои чиноиҳо бештар аз 1000% судманд аст.
Нависанда: Муҳаммад Идрис Раҳмонӣ, таҳлилгар (Амрико)
Яке аз далоили аслӣ, ки чиниҳо русҳоро дар ҷанги Украина кӯмаки низомӣ намекунанд, ба хотири бозии бузург контроли роҳҳои тиҷории Қутби Шимол тавассути русҳо аст, ки эҳтимолан такосуфи қудрат ва сармояро барои даҳаҳои мутамодӣ байни ин қудратҳо таъйин хоҳад кард. Барои феълан русҳо дар ин бозӣ на танҳо бо Чин дар рақобат ҳастанд, балки бо қудратҳои дигар чун амрикоиҳо ва аврупоиҳо ҳам рӯбарӯ ҳастанд.
Биноан, заиф шудани қудрати рус дар ҷанги фарсоишии Украина ба манфиати тамоми бақияи қудратҳои бузурги дунё аст. Яке аз муҳимтарин фактҳои шикасти низомӣ дар ду соли ахири ҷанг ин будааст, ки дигар русҳо дар Қутби Шимол намоиши қудрат намедиҳанд. Дар ҳоле ки қабл аз оғози ҷанг тақрибан тамоми Қутбро яктана дар контрол гирифта буданд ва ҳар рӯз иддао мекарданд, ки Қутби Шимол ҷузъи хоки Русия аст. Ҳозир намешуданд роҳҳои ҷадиди тиҷорӣ аз роҳи Қутби Шимолро минҳайси роҳҳои байналмилалии тиҷорӣ байни тамоми қудратҳои бузурги иқтисодӣ ба ҳисоб биоваранд.
Агар фарзан русҳо бо шикасти комил рӯбарӯ нашаванд ва дар ниҳоят масъалаи Украина ба мизи музокираи сиёсӣ кашонида шавад, яке аз чизҳое, ки ғарбиҳо эҳтимолан аз русҳо хоҳанд хост, ин аст, ки пойи як тафоҳумномаи байналмилалӣ барои ба расмият шинохтани Қутби Шимол минҳайси роҳҳои тиҷории байналмилалӣ - баъд аз завб шудани яхҳо - имзо намоянд.
Чаро ин масъала муҳим аст?
Вақте ин роҳи баҳрӣ боз шавад, аксари қудратҳои иқтисодии осиёӣ бидуни ин ки аз канали Суэтс бигузаранд ва ба хотири ҷанҷолҳои Ховари Миёна ҳазинаҳои баланди низомӣ ва молиро ба ҷон бихаранд, бисёр ба соддагӣ ва дар якчандум ҳиссаи замон ва ҳазинаи транспортӣ аз тариқи Қутб ба Амрикову Аврупо дастёбӣ пайдо мекунанд.
Яъне баъд аз он барои аввалин бор дар таърихи башарият Ховари Миёна аҳамияти стратегии худро аз даст хоҳад дод.
Ин аҳамият ба чӣ андоза аст?
Тақрибан ба айни андоза, ки ихтирои киштиҳои бузургу технологияи дарёнавардӣ боис шуд Роҳи Абрешим бо тамоми аҳамияту ҳайбаташ дафни таърих шавад ва аз байн биравад. Яъне як бори дигар Амрико зарурат нахоҳад дошт аз Исроил ба хотири манофеи тиҷориаш дифоъ кунад ва қудратҳои Ховари Миёна аз созмонҳое чун Ихвонулмуслимин, Алқоида, Ҳизбуллоҳ ва Ҳамос дар муқобили Ғарб дифоъ кунанд, чун ин кишварҳо фикр мекунанд ғарбиҳо манофеи ин роҳи тиҷориро намегузоранд ба ҷайби қудратҳои Ховари Миёна биафтад.
Тамоми ин марзу бум дубора бархоҳад гашт ба давраҳои моқабли эҷоди Роҳи Абрешим. Эҳтимолан ба ҳамин далел аст, ки кишварҳои бузурги арабӣ мисли Арабистон, Иморот ва Қатар башиддат масруфи эъмори проектҳои марғубкунанда, монанди сохтмонҳои аҷибу ғариб ва майдонҳои ҳавоии бузург ҳастанд. Баъд аз оғози ин асри ҷадиди тиҷорӣ инҳо ночор хоҳанд буд бо доштани бузургтарин марокизи транспортии ҳавоӣ ва туристӣ мардуми дунёро бо пулҳояшон ба кишварҳои худ бикашонанд, то равнақи нисбии иқтисоди минтақа ҳифз гардад. Тарқрибан айни фикре, ки Паёмбар ва хулафои исломӣ дар оғози садаи шашуми қамарӣ доштанд.
Албатта, тасаввур бар ин аст, ки манобеи энергияи нафтӣ ба зудӣ халос хоҳад шуд.
Аз қазо дар ин мусобиқа танҳо русҳо ҳастанд, ки бо қудратҳои Ховари Миёна манофеи муштарак пайдо мекунанд ва биноан, башиддат равобити ҷадид инкишоф пайдо мекунад, ки ба асоси он эрониҳо маҷбур мешванд ба душмани деринаи таърихиашон силоҳ бифурӯшанд. Дар муқобили чиниҳо - амрикоиҳо ва аврупоиҳо бо ин мавқиф Русия ихтилофи амиқи стратегӣ доранд. Ба асоси фикри ин қудратҳо агар монеъи ин манёври бузурги қудрати Русия нашаванд, русҳо барои даҳҳо соли дигар контроли бузургтарин шоҳроҳи тиҷоратии дунёро дар даст хоҳанд дошт ва аз ҳар киштии тиҷорӣ, ки феълан Миср ба хотири убур аз ҷуғрофияаш ҳудуди 50 доллар боҷ мегирад, эҳтимолан русҳо беш аз 500 доллар хоҳанд гирифт ва баръакси Миср - бо таҳдиди бузурги атомиаш аз ин манофеъ ҳаросат хоҳад кард.
Биноан, ин танҳо амрикоиҳо нестанд, ки мунтазири шикасти мутлақи русҳо ва ё ҳам мудорои стратегӣ бо шикасти фарсоишии русҳо ҳастанд. Эҳтимолан барои амрикоиҳо шикасти мутлақи русҳо 100 фисад манфиатбор нест, аммо барои чиниҳо беш аз 1000 фисад манфиатбор аст.
Чаро???
Шикасти мутлақи русҳо дар ин мақтаи замон боис хоҳад шуд бузургтарин бахши хоки Чин (Манҷурия), ки русҳо дар ҷангҳои гузашта аз чиниҳо ба зӯр гирифта буданд, пас дубора мустарад гардад.
Ин ғасби Манҷурия тавассути русҳо буд, ки сароғози душмании раҳбари коммунисти Чин Мао бо раҳбарони комунисти Иттиҳоди Шӯравӣ шуд, вагарна ҳеҷ далеле вуҷуд надошт, ки чиниҳо дар ҷараёни ҷанги сард дар муқобили русҳо қарор бигиранд ва бо бақияи кишварҳои мухолифашон ҳамкории низомӣ ва иқтисодӣ кунанд - ба шумули тамвили пул ва аслиҳа барои муҷоҳидини даҳаи 70 ва 80-и Афғонистон. Ин масъалаи Манҷурия буд, ки Ҳизби коммунисти Чинро маҷбур ба ҳамкории стратегӣ бо Амрико кард, дар ҳоле ки чанд рӯз пеш аз он ҳарду кишвар дар ҷангҳои Ветнам ва Куриё дар муқобили ҳам қарор доштанд.
Фаромӯш накунед, ки ин танҳо бо мутолиаи таърих аст, ки мешавад мутаваҷҷеҳи бозиҳои бузург ва дарозмуддат шавем, вагарна ин ҳаводис дар арсаи замон чунон паҳн шудаанд, ки барои яке ду насл ба ҳеҷ ваҷҳ имкон надорад сар аз он дар биоваранд.
Агар сиёсатро дӯст доред ва ё ҳам ҷузъи кору зиндагиатон аст, пас ҳатман таърих мутолиа кунед. Мутолиа кунед ва хеле зиёд ҳам мутолиа кунед.