Рақобатҳои ҷиддӣ миёни Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қатар ба хотири рушди нуфуз дар байни Толибон шиддат меёбад.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Тардиде вуҷуд надорад, ки Қатар аз солиёни дарозе дар ҳимоят аз толибони Ҷануб, яъне толибони қандаҳорӣ ва ё ҳилмандиён қарор доштаву дорад. Аммо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар майдони ин бозиҳо чандон дахил набуд, ба тозагӣ Имороти Муттаҳидаи Арабӣ болои гурӯҳи Сироҷуддин Ҳаққонӣ сармоягузории бузурге намудааст, яъне баъд аз ин тарафдорони Ҳаққонӣ ҳамкорони хуби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хоҳад буд ва қандаҳориҳову ҳилмандиҳо аз Қатар!
Аммо ногуфта набояд гузошт, ки ҳар ду кишвар, яъне Қатар ва Иморот, ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хеле наздик ҳастанд ва гоҳу бегоҳе аз Амрико ҳидоят мегиранд.
Ба ҳар сурат, ман талош мекунам дар бахши аввали ин навишта, собиқаи мухолифатҳои Қатару Имороти Муттаҳидаи Арабиро тавзеҳ диҳам ва баъдан нақши Толибон дар миёни ин рақобатҳо ва натоиҷи баъдии онро мавриди баррасӣ қарор диҳам.
Мухолифатҳои сиёсӣ байни раҳбарии Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ношӣ аз чандин омили печида аст, ки метавон онҳоро ба чанд дастаи аслӣ тақсим кард:
1 - Ихтилофоти идеологиву сиёсӣ: Қатар аз ҷунбишҳои исломӣ, назири "Ихвонулмуслимин" ҳимоят мекунад, дар ҳоле ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ башиддат мухолифи ин гуна гурӯҳҳо аст ва онҳоро таҳдиде барои суботи минтақа медонад.
2 - Сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалӣ: Қатар сиёсати хориҷии мустақилеро думбол мекунад ва ишороти Амрикоро низ дар сиёсати хориҷии худ мадди назар мегирад, ҳамчунон равобити наздике бо Эрону Туркия низ дорад, ки ин равобит ба унвони таҳдиде барои манофеъи Имороту муттаҳидони он дар минтақа, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, дида мешавад.
3 - Нуфузи расонаӣ: Шабакаи хабарии “Алҷазира”, ки тавассути давлати Қатар таъмини молӣ мешавад, ба пахши барномаҳо ва ахбори интиқодӣ алайҳи бархе кишварҳои арабӣ, бавежа Иморот ва Арабистони Саудӣ маъруф аст. Ин мавзӯъ ба танишҳо миёни ин кишварҳо доман задааст.
4 - Рақобатҳои иқтисодӣ: ҳарду кишвар ба думболи нақшҳои муҳимме дар иқтисоди минтақаӣ ва ҷаҳонӣ ҳастанд. Ин рақобатҳо дар бахшҳое, монанди санъати ҳавоӣ, сармоягузориҳои байналмилалӣ ва тавсеаи зерсохтҳо ба навъе мунҷар ба танишҳои бештар шудааст.
5 - Буҳрони Халиҷи Форс - 2017: Дар июни 2017, Иморот ба ҳамроҳи Арабистони Саудӣ, Баҳрайн ва Миср равобити дипломатӣ ва иқтисодии худро бо Қатар қатъ карданд ва ин кишварро ба ҳимоят аз терроризму дахолат дар умури дохилии кишварҳои дигар муттаҳам карданд. Ин буҳрон башиддат равобити байни ин кишварҳоро тира кард ва алорағми талошҳои дипломатӣ барои ҳаллу фасли ин буҳрон, то муддате идома дошт.
Ин авомил дар канори дигар масоили минтақаӣ ва ҷаҳонӣ боиси эҷоди танишҳои сиёсӣ миёни Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ шудаанд ва ин ихтилофот то ба имрӯз низ ба гунае идома дорад.
Аммо дар мавриди рақобат ва наздикӣ бо Толибон миёни Иморот ва Қатар:
Рақобат байни Қатар ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар мавриди Толибон аз замони ба қудрат расидани ин гурӯҳ дар Афғонистон дар августи 2021 бештар барҷаста шудааст. Ҳарду кишвар ба далоили мухталиф ба думболи густариши нуфузи худ дар Афғонистон ҳастанд ва Толибонро ба унвони як бозигари калидӣ дар ин росто мебинанд.
Қатар аз дербоз бо Толибон равобити наздике доштааст. Дафтари сиёсии Толибон дар Доҳа, пойтахти Қатар аз соли 2013 ба унвони як канали иртиботӣ байни ин гурӯҳ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ амал кардааст. Қатар ҳамчунин нақши муҳимме дар музокироти мунҷар ба хурӯҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон ифо кард. Ин кишвар ба думболи ҳифзу густариши нуфузи худ дар Афғонистон аз тариқи таомулоти дипломатӣ ва кӯмакҳои башардӯстона аст.
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ талош кардааст, то аз тариқи гурӯҳи Ҳаққонӣ бо Толибон равобити наздике барқарор кунад. Ин кишвар бо пешниҳоди кумакҳои моливу тавсеавӣ ва ҳамчунин аз тариқи эҷоди равобити иқтисодиву тиҷорӣ, ба думболи тақвияти ҳузури худ аз тариқи гурӯҳи Ҳаққонӣ дар Афғонистон аст. Иморот дар гузашта низ бо давлатҳои қаблии Афғонистон равобити наздике дошта ва талош мекунад ин равобитро бо Толибон низ идома диҳад.
Дар кулл, рақобат байни Қатару Иморот бар сари Толибон бахше аз як рақобати густурдатар барои нуфуз дар минтақа аст, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баъд аз ин дар ҳимояти гурӯҳи Ҳаққонӣ хоҳад буд ва Қатар дар ҳимояти гурӯҳи қандаҳориҳо, яъне ҳар ду кишвар ба думболи касби ҷойгоҳ бартар дар Афғонистон ва истифода аз ин кишвар ба унвони пойгоҳе барои афзоиши нуфузи худ дар минтақа ҳастанд.