Ҳеҷ раисе қодир ба наҷоти АйЭсАй ба осонӣ нахоҳад буд.
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Аз замони ба қудрат расонидани Толибон дар Афғонистон ва таҳвилдиҳии қудрат аз ҷумҳурият ба ин гурӯҳ, ки Покистон онро пирӯзии стратегӣ барои худ қаламдод мекард, бори севум аст, ки раҳбарии созмони иттилооти низомии Покистон, таъвиз мешавад.
Генерал Файз Ҳамид, раиси қаблии АйЭсАй (ISI – Созмони истихбороти байниидоравии Покистон), нахустин мақоми хориҷӣ буд, ки баъд аз фурӯпошии ҷумҳурият таҳти ҳимояти Амрикову Ғарб ба Кобул омад, чой нӯшид, ҷашни пирӯзиро таҷлил кард ва ба раҳбари номниҳоду номаръии Толибон дар тақсими курсиҳои қудрат миёни аъзои ин гурӯҳ машвара дод. Нақши Файз Ҳамид дар раҳбарӣ, машвара ва анҷоми амалиёти густурдаи низомии гурӯҳи Толибон болои охирин сангарҳои муқовимат дар Шимоли Афғонистон, нишон дод, ки Покистон ҳозир аст, то охирин мехро бар тобути авомиле, ки мумкин мунҷар ба нокомии умқи стратегии ин кишвар шаванд, бизанад.
Аммо сели ҳаводис нишон дод, ки торсидани комили артиши ин кишвар ба ин пирӯзии стратегӣ, фосилаи зиёде аст ва вуҷуди бозигарони қудратманде монанди Русия, Эрон, Чин, Туркия, кишварҳои арабӣ, Амрико, Аврупо ва Ҳинд, маҷоли чунин баландпарвозиҳоеро барои ин созмон ба осонӣ намедиҳад. Шояд замон тағйир карда ва шароит таври дигарест.
Ҳоло артиши Покистон эълон кардааст, ки генерал Осим Малик аз таърихи 30 сентябр ҷонишини генерал Надим Анҷум хоҳад буд. Ба асоси иттилооти мавҷуд, генерал Малик нахустин раиси Ай Эс Ай аст, ки то сатҳи докторӣ таҳсил карда ва дар Амрикову Инглис таҳсилоти низомӣ доштааст. Вай масъулияти фармондеҳии воҳидҳои артиши Покистон дар ду минтақаи буҳронӣ: Вазиристон ва Балучистонро ба ӯҳда доштааст. Вай аз ҷумла генералзодаҳоест, ки падараш низ генерали артиш будааст.
Пас аз он ки Толибон ба ҳимоят аз гурӯҳи Толибони Покистон ва бистарсозӣ барои афзоиши ҳамалот ба Покистон муттаҳам шуданд, ҳаҷми ҳамалоти Артиши озодибахши Балучистон баланд рафт ва сатҳи ноамнӣ ба таври бепешинае афзоиш ёфт, зоҳиран равобит миёни Толибони Афғонистон ва Покистон тира шуд. Ин афзоиши сатҳи ҳамалот болои Покистон, ки умдатан аз ҷониби гурӯҳҳои тундрави исломӣ, монанди Таҳрикии Толибони Покистон ва балучҳо анҷом мешавад, боис шудааст, ки ангушти иттиҳомзанӣ мабнӣ бар нақши Ҳинд дар ин ҳаводис аз ҷониби Покистон, баланд шавад.
Ҳоло генерал Малик чолишҳое дорад, ки бояд ба гунаи фаврӣ ва оҷил ба он ба масобаи таҳдид бар алайҳи амнияти миллии Покистон муқобила кунад. Бо мадди назар доштани маҳдудиятҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва теъдоди касире аз гурӯҳҳое, ки амнияти Покистонро бо хатар мувоҷеҳ сохтаанд, душвор ба назар мерасад, ки таъвиз дар раҳбарии АйЭсАй, битавонад ба тағйири мавқеияти феълии Покистон ба самти матлуб ҳаракат кунад.
Таъвизи генерал Анҷум бо Малик танҳо як токтик дар беҳбуди амалкарди раҳбарӣ аст. Аммо сатҳи баланди таҳдидоти билқувваи амниятӣ теъдоди зиёд неруҳои ҷангии Таҳрики Толибони Покистон, Артиши озодибахши Балучистон ва ДОИШ-и Хуросон дар минтақа ба чолишҳои раҳбарии артиш ва бозуи иттилоотии он меафзояд. Қарори иттилооти мавҷуд, беш аз 70 ҳазор неруи мусаллаҳи ҷангҷӯ бар зидди артиши Покистон дар ҳамалот даст доранд.
Бояд мадди назар дошт, ки артиши Покистон ба иллати фасоди густурда дар миёни мақомоти он, саркӯби мунтақидони давлат, нокомӣ дар маҳори таҳдидҳои билфеъли амниятӣ, муқобила бо Ҳинд-рақиби деринаи ин кишвар, нотавонӣ дар татмеъи Толибон дар Афғонистон ва нокомӣ дар инҳисор мабнӣ бар контроли Толибони Афғонистон, ки бояд мутобиқи дастуруламалҳои Исломобод ҳаракат мекард, ташдиди ҳамалоти гурӯҳҳои тундрави исломӣ, Артиши озодибахши Балучистон ва қувватгири ДОИШ-и Хуросон, фасли нокоми роҳбурдиро сипарӣ мекунад.
Ин созмони қудратманд, ки вазифаи умдаи он ҷамъоварии иттилоот аз кишварҳои хориҷӣ, бавежа Ҳинд, Афғонистон ва соири кишварҳои ҳамсояву ҷаҳон аст, дар махмаса ва чолаи амниятии ҷадиде гир афтодааст. Ай Эс Ай, бозуи иттилооти хориҷии артиши Покистон вазифа дорад, то иттилооти стратегиро дар мавриди фаъолиятҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии душманони билқувва ҷамъоварӣ кунад. Аммо ба назар мерасад, ки нотавонии АйЭсАй дар анҷоми ин вазоиф боис шуда, то ин созмони қудратманди низомӣ дар ҷараён се сол се бор шоҳиди тағйире дар раҳбарӣ бошад.
Ҳоло, артиши ин кишвар бо мадди назар доштани вазъияти ошуфтаи низомӣ ва сиёсӣ дар ин кишвар, таъмиқи равобити Ҳинд бо Толибон, ҳузури фаъоли Чин, Русия ва Эрон дар Афғонистон, нақши мусташории Амрико барои гурӯҳи Толибон, нокомии мутлақи умқи стратегии ин кишвар дар Афғонистон, ҳамкории стратегии Ҳинд бо Амрико, ки мунҷар ба таъвизи Покистон бо Ҳинд шуда ва дар ҷиҳати интихоби як ҳамкори роҳбурдӣ аз тарафи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҳсуб мешавад, буҳронҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, ки табаоти сиёсӣ ва амниятӣ ҳам дар қибол дошта, талош мекунад, то нақш ин созмонро дар таҳаввулоти минтақа, бахусус Афғонистон, барҷаста созад.
Шояд генерал Малик битавонад андак тағйироте дар сутӯҳи раҳбарии ин созмон биоварад, ислоҳоти мумкинро анҷом диҳад, то хатари нокомии мутлақи ин созмонро коҳиш диҳад, бо Амрико ворид марҳала ҷадиде аз музокирот ва чоназаниҳо шавад, талош кунад, то дар ҳалқаи эътилофи минтақаӣ, ки шомили Русия, Чин ва Эрон аст, шавад. Аммо душвор аст, то битавонад нақши раҳбарикунандаи АйЭсАйро, ки дар замони ҳузури Амрико дошт, дубора таъмин кунад. Зеро вазъияти ҷаҳон, минтақа ва динамикаи амниятии ҷадид дар минтақа, ки Покистонро ҷузъе аз барномаҳои амрикоӣ мебинанд, имкони ин муҳимро душвор месозад.
Ба далел ин, ки на АйЭсАй ҳомии қудратманде, монанди Амрико дар минтақа дорад, ки битавонад айни манофеъи Покистонро дар чашмаш бигузорад, то мутобиқи он, таомулоти баъдии сиёсӣ ва амниятӣ ба нафъи Покистон рақам бихӯрад ва Покистон мустаҳиқи кӯмакҳои миллиарддолларии Амрико гардад ва на ҳам шароити ҷадиде, ки дар минтақа ҳукмфармост ва бозигарони қудратманде дар он, монанди Русия, Чин ва Эрон нақш бозӣ мекунанд, ин имконро мусоид месозад.
Шароити ҷанги сард, ки Покистон дар он тавонист аз гови ширӣ, монанди ҷиҳод дар Афғонистон, истифодаи аъзаме кунад, дигар ба Бозии Бузурги Ҷадид, тағйири моҳият ва чеҳра додааст. Дар ин Бозии Бузурги Ҷадид, бозигарони қудратманд ва бонуфузи минтақаӣ ва фароминтақавӣ ҳузур доранд, ки на зарурате ба Покистон дида мешавад, то аз он кӯмак хоста шавад ва на ҳам майдон ва ҷуғрофияи бозӣ, саҳми Покистон дар ин бозиро ҳатмӣ месозад.
Ба ҳар тақдир генерал Малик бо чолишҳои мутааддиде мувоҷеҳ аст, ки шомили таҳдидҳои билқувва ва билфеъли амниятиву сиёсӣ ва хатароти ҷиддӣ ба амнияти миллии Покистон мешаванд ва ҳам созмонеро қабули масъулият мекунад, ки дигар престижи гузаштаро надорад ва дар ҳитаи суизанну шак барои эҷод ва бистарсозии шароит ҷиҳати татбиқи роҳбурдии бесуботсози минтақа қарор гирифтааст. Шояд аз лиҳози таърихӣ АйЭсАй давраи нақоҳат ва фурӯкости худро дар таомулот ва динамикаи амниятӣ таҷриба мекунад, ки ҳеҷ раисе қодир ба наҷоти он ба осонӣ нахоҳад буд.