Хабари рӯз

Афғонистон бидуни Русия ва Русия бидуни Афғонистон як муодилаи ноқис аст.

Нависанда: Разманда, таҳлилгари масоили минтақаву Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Баргардон аз форсӣ: Фирдавси Низом

 Русия ҳадди ақалл дар як даҳаи гузашта дар масири иштибоҳ қадам мондааст. Афғонистон бидуни Русия ва Русия бидуни Афғонистон як муодилаи ноқис аст. Ин ки мегӯям Русия иштибоҳ мекунад, ин амр наметавонад як муҳосибаи сатҳӣ бошад. Умқ дорад. Мантиқи роҳбурдӣ дорад ва гузаштаву ҳоли мо низ чунин бардоштеро нишон медиҳад.

Асосан иштибоҳи роҳбурдии Русия дар Афғонистон фоҷиабор хоҳад буд, чун ин кишвар бояд пухтатар ва бо мадди назар доштани гузашта амал кунад. Шарикони худашро дақиқ интихоб кунад. Дар кишваре монанди Афғонистон, ки сиёсат башиддат қавмӣ аст ва этнополитика ваҷҳи боризи он шумурда мешавад, интихоби Русия бояд ба асоси як роҳбурди дақиқе интихоб аз миёни таборҳои Афғонистон бошад.

Ҳадаф ин аст, ки Русия набояд дар интихоби муттаҳидонаш аз равиши таркибии ақвом кор гирад. Ин сиёсат натанҳо ин ки короӣ надорад ва наметавонад манофеъи бузурги Русия ва Шимоли Афғонистонро таъмин кунад, бал боиси иштибоҳи роҳбурдӣ низ хоҳад шуд. Ин масъаларо дар як навиштаи дигар муфассал шарҳ хоҳам дод, чун мантиқе дар паси он нуҳуфтааст.

Аммо баргардем ба масире, ки Русия интихоб кардааст. Дар ҳоли ҳозир, Русия пайиҳам масири иштибоҳро меравад. Чӣ тавр? Чун Русия думболи шариконе мегардад, ки қаблан тааҳҳуд ба руқабои Русия додаанд. Ин нишон медиҳад, ки Русия дар ташхиси буҳрони Афғонистон дучори сардаргумии мафҳумӣ аст. Ё ин ки моҳияти буҳрони мавҷудро дуруст мадди назар намегирад.

Вақте мо аз минтақа сӯҳбат кунем, ду кишвари калидӣ бо тавони баланди низомӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ дар назари мо муҷассам мешаванд: Русия бо гузаштаи таърихӣ, таҷрибаи абарқудрат будан ва дахолати васеъ дар қазоёи низомии байналмилал ва Чини рӯ ба рушд бо тавони қобили иттикои иқтисодӣ, устухонбандии минтақаро месозанд. Аммо Русияи имрӯзӣ наметавонад бидуни интихоби як муттаҳиди қобили эътимод аз ноҳияи ҷануб итминони хотир дошта бошад. Ин кишвар бояд бидонад, ки ҷуз тоҷикҳо муттаҳиде дар Афғонистон надорад.

Чаро чунин изъон мекунем? Чун паштунҳо ба суннати деринаи таърихӣ бо Инглис ва ба машвараи он бо Амрико, ӯзбекҳову туркманҳо таҳти шуои назариёти пантуркизми Туркия, ҳазораҳо вобаста ба геополитикаи шиаи Эрон, дар майдони рақобат ҷо интихоб кардаанд. Танҳо тоҷикҳоанд, ки метавонанд шарики пурқудрате ҳаммонанди Русия интихоб кунанд.

Тоҷикҳо ягона муттаҳиди қобили эътимод ҳастанд, ки метавонанд дар майдони пур аз кашмакаши Афғонистон интихоби муносибе барои русҳо бошанд. Муодила, шароит ва қоидаи бозӣ дар Афғонистон хеле тағйир карда ва таҳаввули амиқеро таҷриба мекунад. Бахусус, дар шароите, ки Афғонистон бо ҳимояти Ғарб дар чанголи терроризми Шарқ гир афтодааст, ҳисоб кардан болои соири неруҳои ғайритоҷик манофеъи бузурги русҳоро бо таҳдидҳои ҷиддии амниятӣ, мувоҷеҳ месозад.

 Ин ки чаро дар муҳосиба Русия мунтазир аст, то бо Толибон ба унвони мухилли амнияти минтақаӣ таомул кунад, ҷойи баҳс дорад. Аммо чизе, ки феълан метавон гуфт, ин аст, ки фақат то панҷ соли дигар неруҳои зиддирусӣ аз Афғонистон сар баланд мекунанд. Ҳаҷми мадрасаҳои интиҳорӣ ва корхонаҳои одамхӯри террористӣ  дар Афғонистон шокдиҳанда ва тарснок аст. Оё воқеан русҳо мехоҳанд бо равиши таомул бо чунин хатароти билқувва ва билфеъли амниятӣ муқобила кунанд ва дар садади маҳори он бошанд?

Асосан бояд дарк кунем, ки минтақа ва махсусан вазъияти Афғонистон, барои даври ҷадиди бозии бузург фазосозӣ мешавад. Аз як тараф иттиҳоди роҳбурдӣ миёни Русия, Чин ва Эрон шакл нагирифта ва аз сӯи дигар чӯби сӯхти майдони бозӣ бо абзори терроризм таъбияшуда дар Афғонистон, заминаи як ҷанги фарсоишӣ ва тоқатфарсоро барои Русия фароҳам месозад. Стратегияи талаи амниятӣ бо абзорҳои истихборотӣ ва ниёбатӣ доктринаи низомӣ ва ҷангии Русияро бо бунбаст мувоҷеҳ месозад. Доктринае, ки дар он русҳо дар назар доранд, то Афғонистон бетараф бимонад ва ҷузъи ҳеҷ як аз равандҳои амниятӣ нашавад.

Русҳо набояд сатҳӣ бо қазияи Афғонистон бархурд кунанд. Ин стартегияи русҳо бояд мубтанӣ бар лояҳои пинҳон ва умқи буҳрони Афғонистон бошад. Агар чунин накунад ин кишвар бо бунбасти пешомада, билохира бо Толибон бархӯрд хоҳад кард, зеро асосан Толибон як тавлиди ғарбианд, на шарқӣ. Толибон аз лиҳози моҳият дар зиддият бо андеша ва гегемонизми русӣ қарор дорад ва омада, то Русияро даргири як ҷанги хатарнок дар ҳаёти хилваташ кунад. Русҳо билохира бо Толибон маҷбуранд даргир шаванд ва ҷуз аз ин, роҳи дувумӣ вуҷуд надорад.

Аммо масъалаи дигар аъзои муттафиқини осиёӣ, монанди Чин чӣ тавр мешавад? Гумони ман бар ин аст, ки ҳеҷ кишваре ба андозаи Русия мавриди ҳадаф нест. Дар ниҳоят агар таҳдиде мутаваҷҷеҳи Чин бошад, ин кишвар аз абзори Покистон кор гирифта ва нисбатан кам будани сарҳадот ва саъбулубур будани марзҳояш, камтар дар маърази таҳдид қарор мегирад. Эрон ё бо Ғарб тавофуқ мекунад ва ё ҳам дар натиҷаи як таҳаввули дохилӣ фурӯ мепошад. Пас ягона рақиб барои Амрико Русия аст, ки дар минтақа бояд дар ботлоқи хуну шамшер ғарқ шавад. Ҳар ду хуну шамшерро ифротгароӣ нишон гирифта, аз мадорис дар Афғонистон таъмин хоҳанд кард.

Русҳо фурсатҳоро яке думболи дигар аз даст медиҳанд. Ҳисоб кардан рӯи нерӯҳо ва бақоёи ҷумҳурияти НАТО-ӣ ва амрикоӣ иштибоҳ аст. Ин неруҳо ба зудӣ ба Русия пушт мекунанд. Русия бояд рӯи неруҳои ҷавони тоҷик тамаркуз кунад ва худро омодаи як ҷанги хатарнок дар минтақа созад. Бар хилофи тасаввури омм, НАТО ва Аврупо бо Русия даргир намешаванд. Алорағми ин ки қазияи Украина як муъзала аст, аммо асли майдон дар ҷабҳаи ҷануби Русия аст. Русҳо набояд гӯл бихӯранд ва масруфи ҷабҳаҳое шаванд, ки дар он хоҳ-махоҳ баранда ҳастанд. Инро гузашти замон собит хоҳад кард.

Аммо дар ҳоли ҳозир, тамаркуз бояд рӯйи такомули дарунии муттаҳидони боэътимод, интихоби ҷиҳати стартегӣ ва гузиниши идеология аст, ки битавонад муттаҳидони тозавориди Русияро сари по нигаҳ дорад. Русия низ бояд амалкарди қотеъ дар баробари кунишҳои мухилли амният дар Афғонистон, нишон диҳад.

Нақши Чин ва Эрон дар бозии хатарнок чи гуна хоҳад буд? Ҳамон тавре, ки гуфтем, Чин дар охирин таҳлил роҳе барои гурез интихоб мекунад. Ё бо Покистон ба василаи абзори иқтисодӣ вориди як муомилаи бузург мешавад ва ё ин ки бо фурӯ бурдани сари аждаҳо дар ғораш, худро ҳифз хоҳад кард. Эрон низ роҳе барои берунрафт аз муъзали кунунӣ пайдо хоҳад кард.

 Муҳосибаи Ҳиндукушҳо чӣ гуна мешавад? Дар муҳосиботи Ҳиндукушҳо нигоҳи бадбинона дар миёни муттафиқини осиёӣ боис шуда, то аслан иттиҳоде шакл нагирад. Ҳар кадом бо сӯизанн нисбат ба инкишофи қазия пеш мераванд. Ин таври бозӣ баромаде надорад.

Сатҳи таҳдидҳо ва мизони ошӯб дар минтақа ва махсусан дар ғарби Афғонистони ҳаммарз бо Эрон ба андозае баланд аст, ки эҳтимол ҳар ҳодисае аз қабили ботлоқи ҷанг бо терроризми шарқиро мусоид месозад. Чину Русия дидгоҳҳои худашонро доранд ва агар ба фарзи мисол минтақа аз Амрико пок шавад, марҳалаи баъдии бозӣ миёни Русияву Чин аст.

Ихтилофоти таърихӣ дубора ҷавона мезанад. Аз ҳамин хотир аст, ки Чин худашро ҳифз мекунад, чун тавони баланд дорад ва ҷузъи як қутби ҷаҳонӣ ҳисоб мешавад. Эрониҳо бо дарки ин мавзӯъ талош доранд ибтидо бо дунёи араб ва сипас бо Амрико ҷӯромадӣ кунанд. Аммо русҳо болои кӣ ҳисоб боз кардаанд? Болои муттаҳидони собиқи ғарбӣ ва ё Толибон, ин лашкари пиёданизоми Амрико дар минтақа?

Хулоса, ҳамагӣ бо муҳосиба дар майдон ҳаракат мекунад. Рус тавони ҳар гуна интихобро дорад. Ё дар майдони Афғонистон биҷангад ва шарике барои ин кор дошта бошад ва ё ин ки дастхуши як шигифти аҷиби роҳбурдӣ шавад. Рус ҳамонанди гузашта бояд фаъолона дар қазияи Афғонистон нақш бозӣ кунад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!