Агар блоки Ғарб пирӯз шавад ва ё Ғарб, нақшаи Осиё чӣ гуна тағйир хоҳад хӯрд?
Нависанда: доктор Холиддин Зиёӣ, таҳлилгари умури байнулмилал ва Афғонистон, махсус барои “Сангар”
Ҷаҳон дар соли 2024 мелодӣ ба суръат ба самти ҷанги ҷаҳониии севум дар ҳоли ҳаракат аст. Паёмади ин ҷанг, нақшаи ҷаҳонро дар оянда чӣ гуна тарсим ва манофеи миллатҳоро чӣ гуна рақам хоҳад зад?
Ҷанги Украина, Ғазза, Эрон ва оянда Тайван оғози марҳалаи Ҷанги Ҷаҳонии Севум дар соли 2024 мелодӣ мебошад. Ин даргириҳо дар сутуҳи геополитика, геостратегия ва геоэкономикаи ҷаҳон воқеъ хоҳад шуд, дар солҳои оянда мо шоҳиди тағйироти чашмгире дар нақшаҳои кишварҳо ва манофеи миллатҳо, бахусус, миллатҳои Ховари Миёнаи Бузург хоҳем буд.
Кишварҳои БРИКС ба раҳбарии Чину Русия дар як ҷониб ва кишварҳои англосаксонӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Инглис аз ҷониби дигар дар Ҷанги Ҷаҳонии Севум ширкат хоҳанд кард. Дар Ховари Миёна байни Эрону Исроил даргирии шадид то сатҳи истифода аз силоҳи ҳастаии тактикӣ сурат хоҳад гирифт. Натиҷаи Ҷанги Севуми Ҷаҳонӣ суқути низомҳои Мисру Эрон ва халъи силоҳи ҳастаии Покистонро дар пай хоҳад дошт. Дар натиҷаи ин ҷанг манофеъи Исроил дар Ховари Миёна ба унвони як қудрати ҳастаӣ ва пирӯз тавассути Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ ҳифз хоҳад гардид.
Аз ҷониби дигар, манофеи Чин дар Тайван таҳаққуқ хоҳад ёфт ва давлатҳои ғарбӣ тавофуқ хоҳанд кард, ки Чин Тайванро замимаи худ бисозад ва Русия нисфе аз хоки Украинаро замимаи худ хоҳад сохт. Мутабоқии онро кишварҳои ғарбӣ замимаи хок худ хоҳанд кард, монанди он ки Олмон дар натиҷаи Ҷанги Ҷаҳонии Дувум байни блоки Шарқу Ғарб тавассути девори Берлин ҷудо шуда буд, Украина низ баъд аз Ҷанги Ҷаҳонии Севум байни блоки Шарқу Ғарб тавассути як девор тақсим хоҳад гардид.
Дар Ховари Миёна Исроил барандаи ҷанги таҳмилӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ эълон хоҳад шуд ва ҳукумати мутамоил ба Ғарб, ҳаммонанди даврони Ризошоҳ Паҳлавӣ дар Эрон эҷод хоҳад гардид ва як низоми федералии заиф дар Покистон эҷод ва қазияи Кашмир ба нафъи Ҳинд хотима хоҳад ёфт.
Кишварҳои турктабор муттаҳидтар хоҳанд шуд. Иттиҳодияи кишварҳои турктабор ё ҳамон императории Усмонии ҷадид ба раҳбарии Туркия эҷод хоҳад гардид ва аз тарафи дигар Паштунстони бузург ба раҳбарии Ҳизби инсоф (Имрон Хон) ва ҳамкории Иморати Толибон ва ҳаракати балучҳои ҷудоиталаб дар минтақа эҷод хоҳад шуд.
Манотиқи Хуросони бузург, ки ағлаби сокинин онҳоро ақвом форсӣ, панҷобӣ, тоҷик ва ҳазораҳо ташкил медиҳанд, байни империяи Усмонии ҷадид ва давлати Паштунстони бузург тақсим хоҳанд гардид.
Кишварҳои Покистон ва Эрон кӯчактар хоҳанд гардид, ё аз нақшаи ҷаҳон ҳазф хоҳанд шуд.
Таҳлили фавқулзикр вақте ба ҳақиқат хоҳад пайваст, ки кишварҳои ғарбӣ натиҷаи Ҷанг Ҷаҳонии Севумро ба нафъи худ тағйир диҳанд.
Дар сурате, ки Эрон, Покистон, Миср, Русия, Чин, Куриёи Шимолӣ, кишварҳои узви БРИКС ва ҳаракатҳои муқовиматгар дар Ховари Миёна битавонанд натиҷаи ҷангро ба нафъи худ тағйир диҳанд, Эрон дар Ховари Миёна ба унвони як императории дубуъдӣ (мазҳабиву фарҳангӣ) шакл хоҳад гирифт.
Покистону Тоҷикистон мустақил боқӣ хоҳанд монд, қазияи ҷанги Ховари Миёна ба нафъи фаластиниҳо хотима хоҳад пайдо кард ва шоҳиди кишвари мустақили Фаластин бо пойтахти машҳури он Қудси Шариф хоҳем буд, нақши Эрон, Миср ва Туркия дар минтақаи Ховари Миёна тақвият хоҳад гардид.
Русия Украинаро ба сурати комил замимаи хоки худ хоҳад кард ва Чин Тайванро замимаи худ хоҳад сохт, Куриёи Шимолӣ ва Куриёи Ҷанубӣ дубора ба унвони як кишвари мустақил арзи вуҷуд хоҳанд кард.
Пойгоҳҳои низомии кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико аз Ховари Миёнаи бузург барчида хоҳад шуд, Амрико ва кишварҳои ғарбӣ низ ба пойгоҳҳо ва вуҷуди низомии худ дар баҳри Чин хотима хоҳанд дод. Ҳамчунон кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пойгоҳи низомии худро дар кишварҳои ҳаммарз бо Русия раҳо карда ва дигар ҳузури низомӣ дар кишварҳои ҳамҷвори Русия нахоҳанд дошт.
Девор ё хатти фосил байни блоки Шарқ ва Ғарб, кишвари Туркия ва баҳри Мудитарона, бахусус, тангаи (Мазиқ) Ҷабалутториқ хоҳад буд, минтақаи мо як саду панҷоҳ (150) сол ба ақиб баргашт хоҳад намуд, ба шаклу шамоили ду империяи бузург, ки дар минтақаи мо дар гузашта вуҷуд дошт, мисли императории Усмонӣ ва императории Сафавӣ ба раҳбарии Эрону Туркия шакл хоҳад гирифт. Амрикоиҳо баъзе аз пойгоҳҳои зарурии худро аз Ховари Миёна ба Ҳинд интиқол хоҳанд дод, ҳамчунин пойгоҳҳои худро аз баҳри Ҳинд ва кишварҳои ҳамҷвори он ба кишвари Ҷопон интиқол хоҳанд дод ва низ кишварҳои ғарбӣ ба раҳбарии Амрико пойгоҳҳои низомии худро аз кишварҳои ҳамҷвори Русия ба Олмон мунтақил хоҳанд кард.
Ҷаҳон дар тӯли соли 2024 мелодӣ ба самти дуқутбӣ шудан ба суръат дар ҳоли ҳаракат хоҳад буд, ҷаҳон шоҳиди таҳаққуқи паёмадҳои Ҷанги Ҷаҳонии Севум, аз ахири соли 2025 мелодӣ ило 2030 мелодӣ хоҳад буд.
Соли 2024 мелодӣ як соли сарнавиштсоз ба ҳамаи миллатҳои ҷаҳон, бахусус, миллатҳои воқеъ дар Ховари Миёнаи бузург хоҳад буд, аз соли 2025 мелодӣ ило соли 2030 мелодӣ тағйироти қобили мулоҳизаеро дар нақшаи Ховари Миёнаи бузург шоҳид хоҳем буд.
Дар сурати пирӯзии блоки Ғарб дар Ҷанги Севуми Ҷаҳонӣ шоҳиди такқутбӣ шудани ҷаҳон ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Инглис ва маҳор шудани Чину Русия дар сад соли оянда хоҳем буд. Дар сурати пирӯзии блок Шарқ дар Ҷанги Ҷаҳонии Севум дар оянда шоҳиди дуқутбӣ шудани ҷаҳон ба раҳбарии Чину Русия аз як сӯ ва Амрикову Инглис аз сӯи дигар хоҳем буд. Ҷаҳон ҳаммонанди даврони ҷанги сард байни блокҳои Шарқ ва Ғарб тақсим хоҳад гардид. Дар Ховари Миёна се императории бузург ба раҳбарии Туркия, Эрон ва Миср эҷод хоҳад гардид.
Дар Афғонистон дар солҳои 2024 ило ахири 2025 тағйири қобили чашмгире ба вуҷуд нахоҳад омад. Ду омил вуҷуд дорад, яке дохилӣ ва дигари он хориҷӣ. Омили хориҷии он вуҷуд ва эҷоди равобити геополитикӣ ва геоиқтисодии иморати Толибон бо ҳар ду блоки Шарқ ва Ғарб мебошад. Дар равобити стратегии худ иморати толиб бо ҳар ду блок як сиёсати нарму инъитофпазирро дар чаҳорчӯби тавозуни сиёсӣ, таомули тактикӣ ва такомули иқтисодӣ эҷод кардааст.
Дар сурати пирӯзии ҳар блок (Шарқ ё Ғарб) иморати Толибон мавқеият ва ҷойгоҳи худро дар Афғонистону минтақа ҳифз хоҳад кард.
Авомили дохилии он ин аст, ки як ҳаракати сиёсии қавӣ ва як ҷабҳаи низомии муқтадир ва як миллати огоҳу шуҷоъ, ки толибҳоро ба сурати ҷиддӣ ба чолиш бикашад, то ҳанӯз ташкил наёфтааст. Ҷабҳаҳои мавҷуди низомӣ ва ҳаракатҳои сиёсии парогандаи мутараддид байни сулҳ ё ҷанг наметавонанд худро ба унвони бадили ҳақиқии иморати толиб дар минтақаву ҷаҳон матраҳ кунанд. Вуҷуди ҳақиқӣ ва таъсири қобили таваҷҷуҳ бар амалигардӣ иморати Толибон дар дохил кишвари мо надоранд.
Бар иловаи ин ду авомили зикршуда, қудрат ва тавоноии иморати Толибонро вуҷуди таквини идеологияи интиҳорӣ, таассуби қавмӣ ва таслими имконоти низомиву молӣ ва муассисоти ҷумҳурияти собиқ ба онҳо башиддат тақвият кардааст. Вуҷуди ин се зилъи қудрат, ки зеҳну сохтори иморати Толибони террористро ташкил медиҳад, мунҷар ба тӯлонӣ шудани умри ин ҳаракати террористӣ ва интиҳорӣ дар Афғонистон гардидааст.
Тавсияи қобили мулоҳиза ба раҳбарони сиёсиву низомии кишвари Афғонистон дар сурате, ки ба шакли содиқона ҳаракатҳои сиёсӣ ва ҷабҳаҳои низомии мухолифи иморати толиб дар хориҷу дохил аз кишвар муттаҳид шаванд ва низ миллати Афғонистон дар дохил омодагии зеҳнӣ ва шуҷоати лозимро ба оғози як инқилоби сартосарӣ барои суқути иморати толиб дошта бошанд, ҳатман бидуни ҳеҷ шакку тардиде натиҷа ба нафъи миллати Афғонистон ва ҷавонони мо, бахусус, занони мазлуми кишвари азизи мо хотима пайдо хоҳад кард.
Тавсияи қобили мулоҳиза ба ҷавонони Афғонистон дар сурате, ки дар раъси ташкилоти созмонҳои сиёсӣ ва низомии мухолифини иморат дар дохилу хориҷ аз кишвар, ҷавонони худопараст, мутахассис, шуҷоъ, ватандӯст ва дилсӯз қарор гиранд, ваҳдати фикру амал дар майдони ҷангу сиёсат эҷод мешавад ва низ умри иморати толиб бо ташкилоти созмонии ҳадафманд ва ҷавонмеҳвар кӯтоҳ хоҳад гардид.
Ҳангоме, ки миллати Афғонистон, бахусус ҷавонони он билфеъл ба чашми худ бубинанд, ба гӯши худ бишнаванд, ба қалби худ эҳсос кунанд ва ба ақли худ дарк кунанд, ки ҷавонони силаҳшӯр, ботақво ва дилсӯз дар раъси қудрату тасмимгирӣ қарор доранд, ҳамаи миллати кишвари мо ҳамроҳ бо ҷавонони огоҳ ва бонувони содиқу шуҷоъ, дар суқути иморати толиб ширкат ва саҳми бориз хоҳанд гирифт. Дар натиҷаи ин тағйироти ёдшуда ҷавонон ангезаи ҷиддӣ пайдо карда, миллати Афғонистон умеди бепоён ёфта ва бонувони мазлум бо ҳамосаву шуҷоъат лонаҳои худ барои расидан ба ҳадафҳои волояшон идома хоҳанд дод.
Бо дарназардошти мавориди фавқуззикр сад дар сад яқин ва бовари комил дорам, ки шоҳиди суқути қарибулвуқуъи иморати гурӯҳи Толибон ва ташкили як давлати мардумии мустақил ба раҳбарии ҷавонон дар ояндаи наздик хоҳем буд.