Хабари рӯз

Бозии Бузурги ҷадид рақобатест барои дастрасӣ ба манобеъи зерзаминии Ҳартленд, аз ҷумла Осиёи Марказӣ, аз тариқи ихроҷи бозигарони калидӣ дар минтақа аз тариқи бесуботӣ.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Аз Бозии Бузурги классик ва шакли ҷадиди он чӣ медонем? Чӣ таъсире ин бозӣ, бар вазъияти Афғонистони дучори буҳрон дар беш аз чиҳил соли гузашта, доштааст? Кадом авомил дар ташдиди ин бозӣ, нақши асосӣ доштаанд? Ва асосан чӣ тафовуте миёни Бозии Бузург ва шакли ҷадиди он, вуҷуд дорад? Ва билохира, ояндаи минтақа, ки Афғонистон башиддат таҳти динамикаи амниятӣ ва сиёсии он қарор дорад, чӣ гуна хоҳад буд?

Бозии Бузурги классик дарвоқеъ ба рақобати сиёсӣ ва низомӣ миёни Русияи тазорӣ ва Бритониёи истеъморӣ дар Осиёи Марказӣ итлоқ мешавад, ки на танҳо ин ки асароти мухаррибе бар субот, амният ва тавсеаи иқтисодии минтақа гузошт, бал боис шуд то решаҳои ин рақобат барои солиёни мутамодӣ, дар тафаккури рақобати минтақа ва фароминтақа, асароти бесуботкунандае дошта бошад.

Истилоҳи “Бозии Бузург” барои аввалин бор тавассути Артур Конолли бе кор бурда шуд ва фалсафаи он ин буд, ки Бритониё аз тавсеаи Русияи тазорӣ ба самти Ҳинд аз тариқи Осиёи Марказӣ метарсид. Дар ҳоле ки Русия аз густариши манофеъи Бритониё дар Осиёи Марказӣ воҳима дошт. Дар ин таниши эҷодшуда фазои амиқе аз беэътимодӣ ва сӯҳбат аз ҷанг байни ду императории истеъмории аврупоӣ вуҷуд дошт. Ин бозӣ дар соли 1830 оғоз ва бо имзои протоколи Комиссиюни марзии Помир, дар соли 1895 ё бино бар баъзе ривоёт 1907 хатм шуд.

Аммо марҳалаи баъдии он дар авохири даҳаи 1990 замоне оғоз шуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ, фурӯ пошида буд ва кишварҳои мутааддиди минтақа ва фароминтақа барои дастрасӣ ба нуқтаи стратегии Ҳартланд ва дастрасӣ ба манобеъи фаровони зерзаминии ин минтақаи стратегӣ, ба рақобат бо ҳам пардохтанд ва то ҳол ин рақобат ба шакли амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодиаш дар ашколи мухталифи ҷанги ҳибридӣ вориди марҳалаҳои амалиётӣ шудааст.

Кишварҳои Амрико, Русия, Чин, Покистон, Эрон, Туркия ва Ҳинд шомили Бозии Бузурги ҷадид ҳастанд. Истилоҳи Бозии Бузурги ҷадид тавассути Аҳмад Рашид, нависанда ва рӯзноманигори машҳури покистонӣ, эҷод шуд.

Ҳол дар шароите, ки минтақа, бахусус Афғонистон, дар гирудори як рақобати шадиди амниятӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ, ба унвони тахтаи хез барои марҳалаи баъдии Бозии Бузурги ҷадид, қарор дорад, тафовутҳое ҳам дар наҳваи қоидаи бозӣ, бозигарон ва аҳдофу абзорҳои Бозии Бузурги ҷадид бо навъи классики он, ба чашм мехӯрад, ки ба он мепардозем:

- Манотиқи маврид мунозиъа ё майдони бозӣ: дар Бозии Бузурги ҷадид, манотиқи васее аз ҷуғрофияи меҳвар ё Ҳартленд дар қоидаи бозӣ барои пешбурди бозӣ, мадди назар гирифта шудаанд. Дар ҳоле ки дар Бозии Бузурги классик, танҳо тамаркуз рӯи як ё ду минтақа буд;

- Тағйиру тааддуди бозигарон: дар Бозии Бузурги ҷадид бозигарони фароминтақавӣ вориди бозӣ шудаанд. Аз Амрико, Туркия, Ҳинд ва Покистон гирифта то Ҷопон, Русия ва Чин. Дар ҳоле ки дар шакли классики он, ду қудрати бузурги аврупоӣ, тарафҳои аслии мунозиъа ва кашмакаш, ҳисоб мешуданд;

- Таъсири вазъияти Афғонистон бар вазъияти минтақа: дар Бозии Бузурги ҷадид, Афғонистон минҳайси як тахтаи хез барои бесуботсозии сиёсӣ ва амниятии тамоми минтақа, истифода мешавад. Дар ҳоле ки дар шакли классики ин бозӣ, Афғонистон, нуқтаи ҳоил миёни қудратҳои мутахосим, пазируфта шуда буд;

- Талош барои мутавозинсозии нуфузи гегемонӣ: дар шакли ҷадид Бозии Бузурги ҷадид, талош барои мутавозинсозии қудрат, сохтори гегемонӣ ва талош барои таҳти контрол доштани ҷуғрофияи муассир дар ин бозӣ ва рақобатҳои низомӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ, ба шакли модерни он ҷараён дорад. Дар ҳоле ки дар Бозии Бузурги классик, талош барои ҷилавгирӣ аз нуфузи руқабо дар дастури кор қарор дошт;

- Қутбӣ шудани вазъияти бозигарон: дар Бозии Бузурги ҷадид, тамоми бозигарон ва тарафҳои даргири рақобат дар меҳвари Ҳартленд, бо таъсирпазирӣ аз рӯҳияи қутбишуда, дар талошанд то манофеъи худро ба шакли инфиродӣ таъмин кунанд. Дар ҳоле ки дар шакли классики он, ду қудрати бузурги аврупоӣ, ба шакли муназзам, барои дастрасӣ ба манофеъи бузургашон, талош мекарданд;

- Абзорҳои модерн дар Бозии Бузурги ҷадид: дар Бозии Бузурги ҷадид, абзорҳои модерн дар фароянди рақобат, мавриди истифода қарор мегиранд ва шакли ҷанги роҳафтодашуда, ба василаи ҷанги ҳибридӣ аст ва тамоми ашколи васоилу абзорҳои модерну фановарии муосирро шомил мешавад. Дар ҳоле ки дар шакли классики он, танҳо аз абзорҳои ҷосусӣ ва хабарчинӣ, истифодаи бештар мешуд;

- Аҳамияти геоиқтисодӣ нисбат ба геосиёсат ва талоши ҳамзамон ба тавозуни бахши сиёсӣ ва иқтисодӣ дар муносиботу қоидаи ҳоким бар бозӣ: дар шакли ҷадиди ин бозӣ, талоши бештар барои дастёбӣ ба манофеъи иқтисодӣ ва манобеъи зерзаминӣ аст, ки метавонад ниёзҳои фаврии тарафҳои даргири ин рақобатро марфӯъ кунад. Дар ҳоле ки тавозуни бахши сиёсӣ ва иқтисодӣ дар муносиботу қоидаи бозӣ ба шакли урёни он, ҳоким аст, аммо асли манофеъи иқтисодӣ, пешгомтар аз манофеъи сиёсӣ аст;

- Истифода аз аҳруми иқтисодӣ нисбат ба сиёсӣ барои бесуботсозии минтақаӣ: дар шакли ҷадиди Бозии Бузург, аз аҳрумҳои иқтисодие, монанди ироаи мушаввиқҳо, фишорҳои иқтисодӣ дар қолаби таҳримҳо ва мамониатҳои транзитӣ барои татмиъи кишварҳои дахил дар доираи шомили Бозии Бузурги ҷадид, ба шакли васее мавриди истифода ва корбурд дорад. Дар ҳоле ки рақобат дар шакли классики ин бозӣ, танҳо маътуф ба рақобатҳои сиёсӣ буд ва ҷосусӣ дар он бештар мавриди назар буд;

- Истифода аз нерӯҳои ниёбатӣ: дар шакли ҷадиди Бозии Бузурги ҷадид, нерӯҳои ниёбатӣ барои барҳамзании тавозун дар қутббандиҳои ҳоким бар қоидаи бозӣ, бештар мавриди истифода дорад. Гурӯҳҳои террористӣ, ҷудоиталабон, шабакаҳои қочоқи маводи мухаддир, дар асл қисмҳои асосии васоилу абзори ин бозиро дар канори фаъолиятҳои ҷосусӣ месозанд. Дар ҳоле ки дар шакли классики Бозии Бузург, танҳо бозигарони давлатӣ, шомили доираи рақобат буданд;

- Тақобули фарҳангҳо: дар Бозии Бузурги ҷадид, асли тақобули фарҳангӣ ва тамаддунӣ як асли пазируфташуда ва як қоидаи ҳоким бар доираи рақобат дар ин маҳдуда аст. Тамаддуни чинӣ, ортодоксӣ, ҳиндӣ, туркӣ, ҷопонӣ, англосаксонӣ ва ғайра дар ин арса қобили зикранд. Дар ҳоле ки дар Бозии Бузурги классик, тақобули фарҳангҳо на, бал тарс аз рақобати гегемонӣ ва тасхири ҷуғрофияи бештар тавассути қудратҳои бузург, матраҳ буд;

- Таназзули сатҳи тавонмандӣ ва ҷойгоҳи бозигарон аз ҷаҳонӣ ба минтақаӣ: дар Бозии Бузурги классик, ду қудрати бузурги ҷаҳонӣ, монанди тазорҳо ва англисҳо барои пешӣ гирифтан дар арсаи рақобатҳо, дар баробари ҳам қарор доштанд. Аслан қудрати минтақаие вуҷуд надошт, ки битавонад шомили доираи рақобат миёни онҳо гардад. Аммо дар ҳоли ҳозир ҳатто Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, шомили як қудрати гегемонии минтақа аст ва ин аслу муҳосиба бар дигар бозигарон низ, содиқ аст;

- Фуқдони як идеологияи давлатӣ ва тасаллути гегемонияталабии сиёсӣ: дар Бозии Бузурги классик, талоши умда барои тасаллути гегемонияталабии сиёсӣ ва идеологияи давлатӣ, бештар маҳсус буд. Дар ҳоле ки дар шакли ҷадиди Бозии Бузург, ҳамон туре ки қаблан тазаккур ёфт, ин рақобат бидуни мавҷудияти кадом идеологияи давлативу сиёсӣ, ба думболи манофеъи иқтисодӣ аст ва хатароту таҳдидҳои амниятӣ, асоси онро месозад.

Биноан, дар асоси Бозии Бузурги ҷадид бо классики он, асли манофеъи ҳифз аст ва рақобати ҷосусиву амниятӣ як ваҷҳи муштарак миёни онҳо маҳсуб мешавад. Аммо тааддуди бозигарон, тақаддуми манофеъи иқтисодӣ бар сиёсӣ, истифода аз абзорҳои ниёбатӣ ва гурӯҳҳои ғайридавлатӣ, истифода аз Афғонистон минҳайси тахтаи хез ва иқдом ба бесуботсозии амниятӣ ва сиёсӣ дар сатҳи минтақа, дар қоидаи бозӣ мушоҳида мегардад.

Бозии Бузурги ҷадид, асли дастрасӣ ба манобеъи зерзаминии манотиқи Ҳартлендро ҳадафи умда қарор дода ва талош мекунад то ба василаи бесуботсозии минтақаӣ, бозигарони калидии минтақаро, ки ба шакли суннатӣ дар ин ҳавза нуфуз дорандро аз майдон хориҷ кунанд. Терроризм, маводи мухаддир ва ҷудоиталабӣ, ҳошияҳои қавии ин бозӣ ҳисоб мешаванд, ки фароминтақа, дар талош аст то ба воситаи онҳо, аз оби гилолуд, моҳӣ бигирад.

Ишора: дар таҳрири ин навишта аз манобеъи интернетӣ баҳра бурда шудааст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!