Хабари рӯз

Барои мо мағлубияти Эрон чӣ паёмадҳо хоҳад дошт?

Нависанда: Андрей Фурсов, мудири Маркази мутолаоти русии Институти таҳқиқоти асосӣ ва корбурдии Донишгоҳи улуми башари Русия

Матлаби аслӣ:  Клинок, направленный в сердце Евразии

Вақте ки фокуси қудрат аз сиёсат ба дин мегузарад, Ховари Миёна ба минтақаи бесубот табдил меёбад. Ин бесуботӣ ба нафъи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хоҳад буд. Аввалан, барои Иттиҳоди Аврупо, Русия, Чин ва Ҳинд мушкилот халқ хоҳад кард. Сониян, дар ин вазъият Иёлоти Муттаҳида ба як ҷазираи субот табдил меёбад, зеро фишор ба Аврупо ва Чин нооромиро дар он ҷоҳо ҳам эҷод мекунад. Ҳадди ақал, дар қисмати ғарбии Чин. Дар бораи Аврупо чӣ гӯем — Аврупо ғарқи паноҳандагони араб мешавад ба ҳадде ки роҳи наҷот надорад. Ҳадди ақал, то он вақте, ки Иттиҳоди Аврупо вуҷуд дошта бошад.

Аммо мушкилот Русияро низ интизор аст. Мо метавонем ба тарафи дигаре аз таърих партоб шавем. Пас аз Эрон, навбати мо аст. Яъне метавон гуфт: Эронро мезананд, вале Русияро нишона мегиранд. Эрон ба сарҳадҳои мо ва ба “шикам”-и мо — Қафқоз ва Осиёи Марказӣ наздик аст. Агар режими феълии Теҳрон суқут кунад, пас як минтақаи васеи бесуботии ғайри қобили идор, ки таҳти назорати атлантистҳо қарор дорад, ба таври худкор то Қирғизистон ва Кашмир паҳн хоҳад шуд. Камони бесуботӣ ба корд табдил ёфта, ба дили Авруосиёи Марказӣ зада мешавад, ки аз он ҷо атлантистҳо метавонанд мустақиман ба Русия ва Чин таҳдид кунанд. Тасодуф нест, ки Киссинҷер ошкоро гуфта буд: “Эрон – охирин мехест, ки Амрико ба тобути Чин ва Русия мезанад».

Яке аз бӯҳронҳои системавии ҷаҳонӣ дар пеш аст, ки аҳамияти назорат бар манобеъро якбора бориз мекунад. Ин аҳамият махсусан дар шароити фалокатҳои эҳтимолии геоиқлимӣ ва геофизикӣ меафзояд. Ман хомӯш шудани Гольфстрим, тағйирёбии занҷираҳои озуқавии уқёнуси ҷаҳонӣ ва давраи наву силсилаӣ (ҳар 11,5–12,5 ҳазор сол)-и бозсозии сайёраро дар назар дорам, ки аз ибтидои асри XX оғоз ёфта, агар фалокати ҷаҳонӣ иттифоқ наафтад, дар сӣ соли аввали асри XXII ба анҷом мерасад. Дар шароити бӯҳрон ва пасобӯҳрон, танҳо минтақаи субот ва манобеи кофӣ барои асрҳои оянда — Евразияи Шимолӣ, асосан, қаламрави Русия хоҳад буд. Дар ин бора қариб ҳамаи таҳлилгарон мувофиқанд. Ин қаламрави моро ба “ҷоизаи асосии геотаърихии асри XXI ва асрҳои оянда” табдил медиҳад.

Барои ба даст овардани назорат бар Евразияи Шимолӣ, як пойгоҳи асосӣ лозим аст, ки он ҳам Осиёи Марказист. Осиёи Марказиро аз Ховари Миёна, ки таҳти назорати онҳо қарор дорад, Эрон ҷудо мекунад. Бидуни нобуд кардани он, атлантистҳо наметавонанд муборизаро барои Евразияи Шимолӣ оғоз кунанд. Русия аз нигоҳи атлантистҳо ҳамчун манбаъи ашёи хом баррасӣ мешавад, Чин — ҳамчун манбаи нерӯи корӣ, яъне чизи дуюмдараҷа. Ва ҳамин "дуюмдараҷаҳо" ҷуръат мекунанд, ки ба нақшаҳои глобалистҳо монеъ шаванд, ки ин вазъ онҳоро девона мекунад.

Ғарб мехоҳад кори Русия ва Чинро ба дасти ислом тамом кунад. Аммо, тибқи суннатҳои худ дар ангехтани ихтилофот миёни давлатҳои бузург ва халқҳо бо мақсади заиф ва нобуд кардани онҳо (мисоли таърихӣ — ду маротиба дар асри XX афрӯхтани ҷанг миёни Олмону Русия), англосаксонҳо талош хоҳанд кард, ки кори исломро ҳам аз байн баранд. Онҳо ҷаҳони исломро ба воситаи ифротисозии ҳадди аксар тариқи ваҳҳобизм, маҳрум кардан аз нерӯи дохилии иқтисодӣ ва демографии мусулмонон дар ҷараёни ҷангҳои авруосиёӣ ва сипас табдил додани он ба геттои анъанавии бесармоя ва фановариҳоро ба нақша гирифтаанд.

Онҳое, ки дар кӯдакӣ бозии "Dungeons and Dragons"-ро мекарданд, " Ҷаҳони офтоби сиёҳ" –ро дар ёд доранд (Dark Sun (Ҷаҳони офтоби тира)). Ҳодисаҳо дар дунёи биёбонӣ бо номи Атас сурат мегиранд. Ин дунё пештар як сайёраи кабуд ва моломоли зиндагӣ буд, вале акнун ба сабаби истифодаи беназорати ҷоду аз ҳосилнокии худ маҳрум шудааст. Ин як замини сӯхтаи орӣ аз худоён, об ва умед аст. Хусусияти дигари Атас ин аст, ки маъданҳои фоиданок вуҷуд надоранд ва одамон маҷбуранд, ки аз ҳезум, обсидиан ва устухон силоҳу асбоб созанд. Дар ин биёбони беохир танҳо баъзе оазисҳо ва шаҳрҳои мустақил қобили зиндагиянд. Ҳокимони ин шаҳрҳо “Подшоҳ-Ҷодугарон” ном доранд ва бисёре аз онҳо пинҳонӣ дар марҳилаи табдил шудан ба аждаҳо қарор доранд. Ҳокимият дар шаҳрҳоро Темпларҳо муҳофизат мекунанд. Темпларҳо ба Подшоҳ-Ҷодугарон хидмат ва саҷда мекунанд ва қудрати ҷодуиашонро аз онҳо мегиранд.

Тарроҳони глобалист нақша доранд, ки ҷаҳони исломро ба пораҳои хурд тақсим карда, то идораи онҳо тавассути ширкатҳои хусусии низомӣ ё зархаридони ширкатҳои фаромиллӣ осон шавад ва аз ин роҳ бақияи захираҳоро аз онҳо биҷаффанд ва пас онҳоро ба партовгоҳи таърих андозанд. Ғарб танҳо нуқтаҳои таҷаммуъи захираҳо ва роҳҳои иртиботро назорат мекунад (масалан, тақрибан 1800 км соҳили Баҳри Миёназамини Либия); боқимонда ба қабилаҳо, кланҳо, синдикатҳои ҷиноятӣ вогузор мешаванд, ки ҳар кадом пораи худро идора мекунанд. Чунин "пораҳо" метавонанд қисмҳое аз Арабистони Саудӣ, Покистон (бо ҷудо шудани Балучистон), Эрон ва ғайра иборат бошанд, як навъ ба истилоҳ, мозаикаи исломӣ.

Ҳамзамон ба Ғарб дар ин минтақа як нозир лозим мешавад ва чунин нақшро метавонад Курдистони Бузург иҷро кунад. Танҳо давлате, ки иҷоза медиҳанд бузург бошад. Дар қаламрави Курдистони Бузург, агар таъсис ёбад, сарчашмаи ҳамаи дарёҳои бузурги минтақа ҷой мегирад. Ин ба он маъност, ки дар даврони ояндаи камбуди захираҳои об ва ҷангҳои "обӣ", курдҳо, ин халқи қадим, он гуна ки дар замони Ошуриҳо буд, абзори муҳими назорат бар минтақаро дар даст хоҳанд дошт. Курдистон метавонад назоратчии асосии минтақа гардад.

Раванди бостонсозӣ (архаиза)-и ҷаҳон ҷараён дорад. Зоҳиран бештар мошинишавии ҷаҳон дида мешавад: компютерҳо, роботҳо, вале аз дохил соддашавии ҷиддӣ равон аст. Давлатҳо дар Африқо фурӯ мерезанд ва ба ҷояшон сохторҳои қабилавӣ пайдо мешаванд. Ҷаҳон ба сохтори асрҳои XIV–XV бармегардад. Инро ҳатто дар масоили низомӣ дидан мумкин аст. Мо ба як давраи нав ворид мешавем, ва дар чунин ҳолат бисёр муҳим аст манотиқеро ҳифз кунем, ки поку рӯшананд ва мероси давраи модернро нигоҳ медоранд. Ҷоҳое, ки дар онҳо метавонем мунтазир бимонем ва сари тарҳи худ фикр кунем.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!