Пушти пардаи ҷанги феълӣ миёни Исроил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон чӣ ҷараён дорад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: آخرین نبرد یا جنگ بین شرق و غرب
Дар бурҳаҳои ҳарҷу марҷ ва афзоиши қудрати иқтисодӣ, сиёсӣ ва амниятии бозигарони аслии низоми байналмилал, маъмулан бистари муносибе барои тавсеаталабиҳои геополитикӣ фароҳам мешавад.
Дар гуфтумони таҳлилӣ перомуни ин ки чӣ авомиле Исроилро ба даргирӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон кашонд ва чаро ин буҳрон зарфияти густариши ҷуғрофиёӣ ва табдил шудан ба як буҳрони байналмилалиро дорад, маҷмӯае аз авомили геополитикӣ, идеологӣ, низомӣ ва иқтисодӣ дахиланд. Тавсеаталабӣ, ормонҳои фаромиллӣ, гароишҳои ифротӣ, озмандии иқтисодӣ ва эътилофҳои идеологӣ-низомӣ нақши муҳимме дар шаклгирии ин тақобул доранд.
Тазодҳои амиқи фикрӣ ва фарҳангӣ миёни Эрону Исроил, тақобули Теҳрон бо аксари қудратҳои арабии минтақа, талоши ҷумҳурии исломӣ барои густариши нуфузи сиёсии худ таҳти унвони "меҳвари муқовимат" ва афзоиши қудрати ниёбатии Эрон аз тариқи шабакаҳои проксӣ, ҳама заминасози тақобули феълӣ шудаанд.
Аз сӯи дигар, иқдомоти Ғарбу Исроил барои ҷилавгирӣ аз ҳамгироии геополитикӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва фарҳангии Эрон бо қудратҳои шарқӣ, бавежа Чину Русия, ҳамвора танишзо будааст. Роҳи оҳани Чин–Эрон, иттисоли Русия ба обҳои ҷанубӣ аз тариқи Эрон ва масдудсозии масирҳои ҷанубии таробарӣ ба сӯи Русия, минтақаро вориди буҳрони амиқ кардаанд. Агарчи ин буҳрон ҳанӯз дар сатҳи кунишҳои низомӣ миёни Эрон ва Исроил боқӣ монда, аммо таҳдиди мудохилаи қудратҳои бузурги ғарбӣ ва шарқӣ дар ҳоли ташдид аст.
Дар асл, нооромсозии Эрон метавонад мунҷар ба як доминои амниятӣ дар минтақа шавад. Пас аз Эрон, эҳтимол дорад кишварҳои дигар, монанди Ироқ, Туркия ва кишварҳои арабӣ низ вориди ин буҳрон шаванд. Аз ин рӯ, Чину Русия бо огоҳӣ аз аҳамияти геополитикии Эрон, пешопеш тавофуқномаҳои роҳбурдии баландмуддат бо Теҳрон имзо кардаанд то дар мавоқеъи буҳронӣ, заминаи мудохила ва ҳимоят фароҳам бошад.
Фалсафаи аслии ҳамлаи Исроил, на сирфан бар мабнои таҳдидоти низомии Эрон, балки бар меҳвари таҳаввулоти геополитикии густурдатар шакл гирифтааст. Проектҳои теранзитии бузург монанди роҳи оҳани Чин–Эрон, иттисоли Русия ба ҷануб ва тарҳи "Як камарбанд–як ҷода", ҷойгоҳи Эронро дар нақшаи геополитикаи минтақа ва ҷаҳон иртиқо додаанд. Ин таҳаввулот боиси нигаронии шадиди Исроил ва муттаҳидони ғарбиаш шудаанд.
Роҳи оҳан сирфан намоди як иттисоли физикӣ нест, балки бахше аз назми навзҳури шарқмеҳвар аст, ки талош дорад вобастагӣ ба Ғарбро коҳиш диҳад. Бино бар ин, ҳамалоти Исроил ба зерсохтҳои низомӣ ва логистикии Эрон, иқдоме дар ҷиҳати боздорандагӣ ва эъмоли фишор алайҳи ин назми ҷадид аст.
Яке аз меҳварҳои муҳимми ин тақобул, коридори Шимол–Ҷануб аст, ки аз тариқи Эрон, Русияро ба Ҳинд муттасил мекунад. Ин коридор бо таваҷҷуҳ ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия, ба масири наҷоти иқтисодии Маскав табдил шудааст. Дар ин чорчӯб, Исроил ба масобаи абзоре барои ихлол дар ин меъмории ҷадид амал мекунад ва ҷанги феълиро бояд дар бистари муқобила бо зуҳури қудратҳои авруосиёӣ таҳлил кард.
Ҷанги Эрону Исроил, на як ҷанги мазҳабӣ ва ақидатӣ аст, на як набард бар сари нуқоти стратегӣ ва на талоше барои нобудии мутақобил; Балки бахше аз ҷидоли бузургтар миёни Шарқу Ғарб аст. Ҳадаф маҳори назми сайёли осиёӣ ба раҳбарии Чину Русия аст. Ғарб бо истифода аз Исроил саъй дорад гулӯгоҳҳои иқтисодӣ ва масирҳои таъмини манобеъ дар минтақаро масдуд созад.
Агар ин ҷанг танҳо дар ихтиёри Эрон ва Исроил буд, эҳтимолан ё оғоз намешуд ё ба суръат поён меёфт. Аммо дахолати қудратҳои бузург боис шуда тавозуни қувваҳо, санҷиши мизони боздорандагӣ ва ҷилавгирӣ аз хурӯҷи ҷанг аз контрол дар дастури кор қарор гирад.
Аз ин рӯ, ҷанги кунунӣ моҳияти маҳдуд, вокунишӣ, мӯҳтотона ва фурсатталабона дорад. Бо ин ки афкори умумӣ интизори таҳаққуқи сареъи "пирӯзии ҳақ бар ботил"-ро доранд, аммо ниятҳои истеъморӣ ва империалистии қудратҳои бузург, монеъи таҳаққуқи чунин поёне мешавад.
Дар оғоз, ба Исроил иҷоза дода шуд то бо ибтикори низомӣ, марокизи фармондеҳӣ, иттилоотӣ, зерсохтҳои логистикӣ, пойгоҳҳои низомӣ ва фурудгоҳҳои Эронро ҳадаф қарор диҳад. Дар муқобил, Эрон бо иттико ба тавони мушакиаш, ба таслиҳоти пешрафтаи Исроил (, ки умдатан бо ҳимояти Амрико таъмин шуда) посух дод.
Дарвоқеъ, тавозуни ҷанг ба шакли мушак дар баробари ҷанганда, паҳпод дар баробари мушак ва ҳамлаи маҳдуд дар баробари вокуниши маҳдуд таъриф шудааст.
Дар ин миён, тақсимбандиҳои суннатии амниятӣ дар минтақа ҷойи худро ба эътилофҳои ҷадиди ақидатӣ ва геополитикӣ додаанд. Иттиҳодҳои мубтанӣ бар пантуркизм, геополитикаи шиа, исломи сунии миёнарав ва ҳатто нигаронии муштарак аз ояндаи номаълум, сохтори сиёсии минтақаро бозтаъриф кардаанд.
Покистон, Туркия, Кореяи Шимолӣ, Чин ва Русия барои ҳимоят аз Эрон ва маҳори зиёдахоҳиҳои Исроил, ба навъе тааҳҳуди амниятӣ додаанд. Дар муқобил, Амрико, Аврупо, Бритониё ва бархе кишварҳои арабӣ, ки бо тарҳҳои Амрико дар минтақа ҳамсӯ ҳастанд, дар сафи муқобил истодаанд ва аз Исроил дар ин ҷанг ҳимоят мекунанд.
Ин сафбандиҳо заминасози тақобули васеътаре ҳастанд, ки аз марзҳои тамаддунӣ ва забонии гузашта ва абъоди геополитикӣ ва ақидатӣ ёфтааст. Ба иборате он чи имрӯз дар қолаби ҷанги Эрон ва Исроил дида мешавад, бахше аз шаклгирии эҳтимолии як ҷанги ҷаҳонии севум аст, ки тавозуни ояндаи қудрат дар сатҳи байналмилалро таъйин хоҳад кард. Таъйини тавозун ва масири мушаххас барои гузор ба низоми пасоқутбие, ки дар он, дигар Амрико ҳарфи аввалро намезанад. Аммо ба ин содагӣ Амрико иҷоза медиҳад то чунин талоши бузурге дар баробари девори гегемоние, ки худаш бино карда, натиҷа диҳад? Гузари замон ва тавзеъи тавонмандиҳои бозигарони байналмилалӣ ва қудратманд, ин масъаларо ба вузӯҳ равшан хоҳад сохт.