Чӣ гуна Амрико бо таҳрики Эрон, Чин ва Русияро ҳадаф гирифт?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Матлаби аслӣ: جنگ مهندسیشده
Амрико ба ҳар қимате, ки буд, мехост проектҳои роҳбурдии Чину Русияро дар Эрон мухтал созад. Ҳамлаи Исроил ба Эрон, дуруст пас аз шикасти музокироти бенатиҷа ва аз пеш шикастхӯрда миёни Вашингтон ва Теҳрон рух дод. Амрикоиҳо ва исроилиҳо аз пеш медонистанд, ки ин гуфтугӯҳо ба ҷое нахоҳад расид; Аз ҳамин рӯ, ин шикастро ба бистари муносибе барои чароғи сабз додан ба Исроил ҷиҳати иҷрои ҳамлаи аз пеш тарроҳишуда алайҳи Эрон бадал сохтанд.
Исроил бо ҳадаф қарор додани зерсохтҳои калидии низомӣ ва иқтисодии Эрон, вориди амал шуд. Дар ин миён, ҳарчанд лобии нерӯманди яҳудиён дар Амрико талоши зиёде барои ворид сохтани мустақими Вашингтон ба ҷанг анҷом дод, аммо давлати Амрико тамоюле ба мудохилаи мустақим нишон надод; Чаро, ки вуруди расмӣ ба ин ҷанг, аз диди Амрико, чизе ҷуз фарсоиши манобеъаш дар баробари меҳвари Шарқ (Чину Русия) набуд.
Аммо дар айни ҳол, Амрико барои ҳифзи манофеъи худ, ниёз ба як тарҳи ҷойгузин дошт. Тарҳе, ки дар он бо камтарин ҳазина, бештарин суди стратегӣ ҳосил шавад. Ин барнома аз қабл тарроҳӣ шуда буд: бо эҷоди як таҳрики муҳосибашуда, Амрико Эронро ба вокуниш савқ дод то ин вокуниш, кишварҳои араби минтақаро алайҳи Эрон муттаҳид созад ва бори сангини ҷангро бар дӯши онон бигузорад.
Эрон борҳо ҳушдор дода буд, ки дар сурати ҳамлаи низомӣ аз сӯи Амрико, тамоми пойгоҳҳои ин кишвар дар минтақа, ба вежа дар сарзаминҳои арабӣ, ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор хоҳанд гирифт. Вашингтон бо огоҳӣ аз ин ҳушдорҳо, се нерӯгоҳи ҳастаии Эронро ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор дод то Теҳрон водор ба вокуниш шавад. Ва чунин ҳам шуд.
Бо оғози вокуниши низомии Эрон бистари лозим барои басиҷи арабҳо алайҳи Теҳрон фароҳам шуд. Ин бор кишварҳои арабӣ на ба далели душмании идеологӣ, балки аз сари тарсу эҳсоси таҳдид алайҳи Эрон муттаҳид шуданд.
Ин ҷанг ба суръат бӯъди минтақаӣ ба худ гирифт. Буҳроне, ки аз як ҳамла оғоз шуда буд, ҳоло ба таҳдиде барои ҷараёни энержии ҷаҳонӣ бадал шудааст. Эрон, ки яке аз таъминкунандагони аслии нафти Чин аст, таҳти фишори шадид қарор гирифта ва масирҳои энержӣ дар Ховари Миёна низ башиддат мухтал шудаанд. Баҳои ҷаҳони нафт сайри суудии бесобиқае ёфта ва Амрико дар сояи ин буҳрон чанд манфиатро ҳамзамон касб кардааст:
1 - Суди иқтисодии калон аз фурӯши таслиҳот ба кишварҳои арабӣ;
2 - Афзоиши баҳои нафт ва тақвияти содироти энержии Амрико;
3 - Таҳмили ҳазинаҳои ҷанг бар дӯши аъроб, бидуни ҳазинаи инсонӣ барои артиши Амрико;
Дарвоқеъ, ин як тиру чанд фохта буд:
Эрон тазъиф мешавад, Исроил розӣ аст, Чин бо буҳрони энержӣ рӯбарӯ мегардад ва Амрико ҳам бозори фурӯши таслиҳоти худро густариш медиҳад. Беш аз он ки ин як ҷанги низомӣ бошад, як проекти муҳандисишудаи геополитикӣ аст. Проекте, ки Амрико бо дар назар доштани воқеиятҳои геополитикии минтақа тарроҳи карда, то Ҷумҳурии Исломии Эронро даргири як ҷанги фарсоишии баландмдт бо подшоҳиҳои араб кунад. Ҷанге, ки ҳам ҳазинаашро дигарон пардохт мекунанд ва ҳам дастовардҳои роҳбурдиаш ба коми Вашингтон аст.
Дар ин миён Чин низ наметавонад мустақиман вориди амал шавад. Зеро ин ҷанг бо миллиардҳо доллар аз сармояи арабӣ ва фановарии амрикоӣ таъмини молӣ мешавад. Дигар наметавон онро ба унвони набарди ислому яҳуд тасвир кард. Инак, буҳрон ба сурати як низоъи дохилӣ миёни аъроб ва Эрони форс даромадааст ва Теҳрон наметавонад бори масъулияти онро ба гардани дигарон биандозад.
Дарвоқеъ, ин як сенарияи печида ва чандлоя аст; Сенарияе, ки дар зоҳир ҷанги Эрону Исроил ба назар мерасад, аммо дар ботин бахше аз тарҳи бузурги Амрико барои маҳори Чину Русия аст. Бо фурӯпошии Эрон на танҳо амнияти энержии Чин ба хатар меафтад, балки Пекин ночор хоҳад шуд дар ҷанги таърифаҳо ва рақобатҳои иқтисодӣ бо Амрико аз мавзеъи заъф ворид шавад ва ҳатто шикастро бипазирад. Ҳамзамон проектҳои иқтисодӣ ва амниятии Русия дар минтақа низ дучори ихтилоли ҷиддӣ хоҳанд шуд.
Ин ҷост, ки бояд гуфт, Амрико бо диққат ва муҳосибаи фавқулода тири худро ба қалби ду рақиб аслиаш партоб карда; Тире, ки хокистари он, Эронро низ дар бар хоҳад гирифт.
Дунё акнун вориди асри ҷангҳое чандлоя ва чандманзура шудааст. Дигар ҳеҷ гулӯлае беҳадаф шиллик намешавад ва ҳеҷ ҳамлае фақат як душман надорад. Аммо он чи равшан аст, ин аст, ки Амрико бо иттико ба нуфуз, иқтисод, лобигарӣ ва ҳуши стратегии худ коре карда, ки дигарон барояш биҷанганд, худ суд бибарад ва ҳатто як сарбозаш низ кушта нашавад.
Сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба вежа пас аз ба қудрат расидани Доналд Трамп, беш аз ҳар замони дигаре муттакӣ ба эҷоди мавонеъи пешгирона дар баробари қудратҳои навзуҳур аст. Вашингтон бо камтарин ҳазинаи мумкин, саъй дорад монеъи авҷгирии Чин ва эҳёи Русия шавад. Буҳрони Эрон, агар дуруст дарк шавад, на як тақобули дуҷонба миёни Эрону Исроил, балки бахше аз набарди геополитикӣ миёни қудратҳои бузург бар сари бозороии назми ҷаҳонӣ аст.