Хабари рӯз

Назми ҷаҳонӣ чӣ гуна тазъиф мешавад?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари сиёсату геополитика, махсус барои “Сангар”

Мо ҳамвора аз даврони гузар ва шаклгирии назме пасоқутбӣ сухан гуфтаем. Бар асоси ҳамин чаҳорчӯби назарӣ метавон ҷанги кунуниро дар Ховари Миёна таҳлил ва арзёбӣ кард. Дарвоқеъ, Ховари Миёна ҳанӯз ба марҳалаи тасбити назми пасоқутбӣ нарасида ва ин минтақа ҳамчунон дар миёнаи як даврони гузари амиқ ва пуртаниш қарор дорад. Ин вазъият натиҷаи як фарсоиши системӣ дар сохтори назми байналмилалӣ аст; фарсоише, ки ҷаҳонро ба марҳалае аз нигаронӣ, тарс ва бунбасти музмин расондааст. Чунин вазъияте дар бистаре аз вобастагиҳои иқтисодӣ, амниятӣ ва геополитикӣ шакл гирифта ва сояи худро бар равобити ҷаҳонӣ густаронда аст.

Дар зоҳир, Иёлоти Муттаҳида, Исроил ва Эрон бозигарони мустақими ин ҷанганд; аммо дарвоқеъ Русия, Чин, кишварҳои арабӣ, Туркия ва урупоиҳо низ ба шеваҳои мухталиф дар ин буҳрон даргир шудаанд, ба гунае ки гурез аз паёмадҳои он барои ҳеч кадом осон нест. Ин вазъият нишондиҳандаи як буҳрони фарогир ва то ҳадди зиёде ғайриқобили пешбинӣ барои муттаҳидон ва рақибо дар тамоми ҷабҳаҳост.

Ҷанги муосир дар Ховари Миёна дар қолиби навине аз як ҷанги номутаносиб миёни як қудрати минтақаӣ монанди Эрон ва як гегемони ҷаҳонӣ ҳамчунон Амрико рух медиҳад; ҷанге, ки дар бистари геополитикии печида ва чандқабата ҷараён дорад. Дар ҳамин ҳол, қудратҳои шарқӣ бо дастуркорҳо ва зарфиятҳои хоси худ мекӯшанд тавозуни қудрат дар ин бозии бузурги ҷаҳониро ба суди худ тағйир диҳанд.

Эрон бо зарфияти мушакии қобили таваҷҷуҳи худ тавониста навъе бунбасти роҳбурдӣ дар майдон эҷод кунад. Чин ва Русия аз ин вазъияти ҷадид то ҳадде хурсанданд, аммо набояд фаромӯш кард, ки ҳар як аз онҳо аҳдоф ва дастуркорҳои хоси худро дунбол мекунанд. Чин бо баҳрагирӣ аз шароити мавҷуд дар пайи он аст, ки охирин пояҳои гегемонияи Амрико дар минтақаро тазъиф кунад ва нуфузи иқтисодӣ ва роҳбурдии худро густариш диҳад. Русия низ алоқаманд аст, ки буҳрон дар сатҳе контролшуда идома ёбад, зеро чунин вазъияте метавонад ҷойгоҳи ин кишварро дар бозорҳои ҷаҳонии энержӣ тақвият карда ва нақши онро дар муодилоти геополитикӣ ҳифз кунад.

Дар муқобил, Иёлоти Муттаҳида талош мекунад аз тариқи тағйироти бунёдӣ дар сохтори амниятии минтақа — бавижа дар сенарияе, ки фуқдони режими Ҷумҳурии Исломӣ дар Эронро дар пай дошта бошад — контрол бар шараёнҳои ҳаётии энержӣ ва манобеи хомро ҳифз кунад. Чунин ҳадафе аз манзари роҳбурдӣ метавонад дастрасии Чини ташна ба энержиро маҳдуд карда ва аз табдил шудани он ба гегемони иқтисодии ҷаҳонӣ ҷилавгирӣ кунад. Исроил низ бо баҳрагирӣ аз ин фурсат дар талош аст бо иттико ба тавони низомӣ ва фанноварии Амрико, таҳдиди Эронро барои ҳамеша аз миён бардорад ва дар идома, бо маҳори дигар қудратҳои минтақаӣ аз ҷумла кишварҳои арабӣ, Туркия ва ҳатто Покистон, худро ба қудрати биломунозеъаи минтақа табдил кунад.

Дар ҳамин ҳол, Туркия, Миср ва соири қудратҳои низомии минтақа аз эҳтимоли фурӯпошии системи амниятии Ховари Миёна ва паёмадҳои ношӣ аз он нигаронанд. Онон бим доранд, ки дар сурати фурӯпошии сохтори кунунии қудрат дар Эрон, минтақа вориди марҳалае аз бесуботии густарда ва рақобатҳои шадид бар сари тақсими ҳавзаҳои нуфуз шавад. Бо ин ҳол, нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар сатҳи минтақаӣ ва фароминтақаӣ тақрибан ҳеч бозигаре вуҷуд надорад, ки хоҳони пирӯзии комили Эрон дар ин ҷанги фарсоишӣ бошад. Ҳатто Русия, Чин, кишварҳои арабӣ ва Туркия низ беш аз он ки ба дунболи пирӯзии як тараф бошанд, мекӯшанд аз шароити мавҷуд барои беҳбуди мавқеияти роҳбурдии худ истифода кунанд ва аз осебҳои эҳтимолии ин буҳрон дар амон бимонанд.

Аз сӯи дигар, бисёре интизор доштанд, ки интиқоли қудрат аз Ғарб ба Шарқ танҳо дар қолиби як ҷанги ҷаҳонӣ рух диҳад. Он чӣ имрӯз дар ҳоли вуқӯъ аст, то ҳадде бозтобе модерн аз ҳамон сенария аст; бо ин тафовут, ки ба далели боздорандагии ҳастаӣ ва тавони низомии қудратҳои бузург, чунин рӯёрӯие дигар ба шакли ҷанги ҷаҳонии классик буруз намекунад. Дар иваз, рақобатҳо дар қолиби ҷангҳои минтақаӣ, даргириҳои ниёбатӣ, ҷангҳои иқтисодӣ ва фишорҳои геополитикӣ идома меёбад. Аз ин манзар, интиқоли қудрат дар низоми байналмилал на фароянде сода ва сареъ аст ва на амре дур аз интизор, балки равандест тадриҷӣ, печида ва фарсоишӣ.

Он чӣ имрӯз дар Ховари Миёна рух медиҳадро наметавон сирфан ба унвони шикасти низомӣ ё сиёсии яке аз тарафҳо таъбир кард. Ин вазъият беш аз ҳар чиз як шикасти фарсоишӣ дар сатҳи системӣ аст; шикасте, ки дар чаҳорчӯби нокоромадии сохтори мавҷуди назми ҷаҳонӣ рух медиҳад. Дарвоқеъ, заъфи системӣ дар мудирияти рақобатҳои ҷаҳонӣ ва вобастагии беш аз ҳад ба эътилофҳои шикананда, заминасози чунин буҳронҳое шудааст. Ин буҳрони амниятӣ дар сояи бозиҳои номутаносиб, муҳосиботи иштибоҳ ва замонбандиҳои нодуруст ба абъоде ҷаҳонӣ расидааст.

Пурсиши муҳим ин аст, ки чаро бунбасти кунунӣ дар майдони рақобат миёни Амрико ва Исроил аз як сӯ ва Эрон бо ҳимояти зимнии Русия ва Чин аз сӯи дигар, ба унвони як шикасти ошкори низомӣ ё амниятӣ талаққӣ намешавад. Посух ин аст, ки тавони фанноварӣ ва омодагии низомии қудратҳои бузург омили аслии ин буҳрон нест. Решаи аслии буҳрон дар муҳосибае иштибоҳ дар сатҳи як парадигмаи бузурги ҷаҳонӣ нуҳуфтааст; парадигмае, ки дигар бо воқеиятҳои имрӯзии ҷаҳон созгор нест.

Назми либерал пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум, “сулҳи амрикоӣ” пас аз Ҷанги Сард ва назарияи сулҳи демократӣ, ҳамагӣ бар пояи навъе мушорикати номутавозин миёни Амрико ва Урупо шакл гирифта буданд. Аммо ин чаҳорчӯб акнун бо бунбасте сохторӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ҷаҳони имрӯз на ба ҳамон назми гузашта ниёз дорад ва на гузораҳои он қодиранд буҳронҳои печидаи кунуниро ҳал кунанд. Фурсатҳо ва чолишҳое, ки бояд дар қолиби тавонмандиҳои системӣ мудирият мешуданд, акнун дар сояи нотавонии системи мавҷуд ба сурати таҳдидҳое ҷиддӣ зоҳир шудаанд. Зуҳури бозигарони ҷадид, пешрафти фанновариҳои низомӣ ва иқтисодӣ ва тағйири улгуҳои рақобати ҷаҳонӣ, ҳамагӣ нишон медиҳанд, ки воқеиятҳои имрӯзии ҷаҳон бо чаҳорчӯбҳои фикрии гузашта фосилае амиқ доранд.

Дар чунин шароит, талоши Амрико барои бозсозии тавозуни қудрат бо истифода аз зарфиятҳои системаи мавҷуд чандон воқеъбинона ба назар намерасад. Ин адами ҳамхонӣ миёни аҳдофи роҳбурдӣ ва зарфиятҳои системӣ, худ ба омиле барои ташдиди буҳрон табдил шудааст. Амрико талош мекунад бидуни пазируфтани бунбасти мавҷуд, бо рӯйкарде мубтанӣ бар фишор, якҷонибагароӣ ва эъмоли қудрати сахт, бар ин буҳрон ғалаба кунад. Аммо густариши ҷуғрофиёи тааҳҳудоти амниятӣ, шикофҳои амиқи дохилӣ дар ҷомеаи Амрико ва коҳиши эътимоди ҷаҳонӣ нисбат ба ният ва садоқати ин кишвар, амалан бисёре аз абзорҳои суннатии қудрати онро тазъиф кардааст.

Дар натиҷа, шабакаи эътилофҳое, ки аз замони Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва дар даврони Ҷанги Сард барои маҳори Иттиҳоди Шӯравӣ шакл гирифта буд, имрӯз бо фарсоиши ҷиддӣ мувоҷеҳ аст. Фишор бар аъзои НАТО, ихтилофот бо Урупо, таниш бо ҳамсоягони наздик монанди Канада ва Мексика ва ҳамчунин беэътимодии фазоянда дар миёни кишварҳои Ховари Миёна, ҳамагӣ нишонаҳое аз фурӯпошии тадриҷии деворҳои муҳофизатии гегемонияи Амрико ҳастанд. Ҳатто агар Иёлоти Муттаҳида бихоҳад, бозсозии комили ин сатҳ аз эътимоди байналмилалӣ, ки дар шароити хоси таърихӣ пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум шакл гирифта буд, дигар чандон осон нахоҳад буд.

Дар ин раванд, он чӣ беш аз ҳар омили дигаре ба тазъифи гегемонияи Амрико кӯмак кардааст, заъфи системӣ дар мудирияти назми ҷаҳонӣ будааст. Дар ҳамин ҳол, рақибони Амрико тавонистаанд аз ин шароит баҳра бибаранд. Чин тайи ду даҳаи гузашта бо тамаркуз бар тавсеаи занҷираҳои таъмини ҷаҳонӣ ва густариши нуфузи иқтисодӣ дар Амрикои Лотин, Африқо, ҷануби Осиё ва Ховари Миёна, батадриҷ ҷойгоҳи худро дар иқтисоди ҷаҳонӣ тақвият кардааст. Русия низ бо баҳрагирӣ аз нокомии мудохилоти низомии Амрико дар нуқоти мухталифи ҷаҳон, тавониста равобити роҳбурдии ҷадиде дар Осиёи Марказӣ, Ховари Миёна, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ эҷод кунад.

Яке аз намунаҳои боризи ин раванд, таъмиқи равобити энержӣ миёни Русия ва Ҳинд аст. Ҳинд дар ҳоле ки талош мекунад равобити худро бо Амрико ҳифз кунад то дар рақобат бо Чин аз ҳимояти Вашингтон баҳраманд шавад, ҳамзамон дар чаҳорчӯби гурӯҳи БРИКС равобити наздике бо Русия барқарор карда ва ба яке аз шарикони муҳими он дар бозори энержӣ табдил шудааст. Ин рӯйкарди чандҷонибагароёна нишондиҳандаи печидагии фазояндаи сиёсатҳои байналмилал дар даврони гузари кунунӣ аст.

Дар шарқи Осиё низ кишварҳое монанди Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва Тайван алорағми нигаронӣ аз қудрати рӯ ба рушди Чин, Русия ва Кореяи Шимолӣ, бо навъе тардид ва ноумедӣ ба иттиҳодҳои амниятӣ бо Амрико такя кардаанд. Паймонҳое монанди АУКУС ва КУАД беш аз он ки нишондиҳандаи итминони комили ин кишварҳо ба Амрико бошанд, баёнгари талоши онон барои мудирияти таҳдидоти минтақаӣ дар шароите аз адами қатъияти роҳбурдӣ аст.

Бо ин ҳол, таҳаввулоти ахир нишон медиҳад, ки Амрико дар бисёре аз маворид қодир нест посухи қонеъкунандае ба нигарониҳои амниятии шарикони худ ироа диҳад. Барои намуна, интиқоли сомонаи дифоъи мушакии ТААД аз Кореяи Ҷанубӣ ба Ховари Миёна — сомонае, ки истиқрори он дар Корея ҳудуди нуҳ сол пеш ба баҳои коҳиши равобити иқтисодии ин кишвар бо Чин тамом шуда буд — нишон медиҳад, ки авлавиятҳои роҳбурдии Вашингтон ба суръат дар ҳоли тағйир аст. Чунин иқдомоте ин паёмро мунтақил мекунад, ки баъзе манотиқ дигар дар чаҳорчӯби роҳбурди калони Амрико ҷойгоҳи гузаштаи худро надоранд.

Дар ниҳоят, маҷмӯаи ин таҳаввулот нишон медиҳад, ки ҷаҳон дар марҳалае аз гузари таърихӣ қарор дорад; марҳалае, ки дар он назми қадим ҳанӯз фурӯ нарехта ва назми ҷадид низ ҳанӯз ба таври комил шакл нагирифтааст. Ховари Миёна дар қалби ин гузар қарор дорад ва ба яке аз муҳимтарин майдонҳои рақобати геополитикӣ миёни қудратҳои бузург табдил шудааст. Дар чунин шароит, буҳронҳои минтақаӣ дигар сирфан буҳронҳои маҳаллӣ нестанд, балки бозтоби рақобатҳои густардатар дар сатҳи низоми байналмилал ба шумор меоянд.

Дар маҷмӯъ, буҳрони кунунии Ховари Миёнаро бояд бахше аз як таҳаввули амиқ дар сохтори назми ҷаҳонӣ донист; таҳаввуле, ки дар он низоми байналмилал аз гегемонии якқутбӣ ба сӯи вазъияте печидатар ва пасоқутбӣ дар ҳоли гузар аст. Ҷанг ва танишҳои ҷорӣ дар минтақа на сирфан натиҷаи рақобатҳои маҳаллӣ, балки бозтоби фарсоиши сохтории назми либерал пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ва рақобати фузояндаи қудратҳои бузург бар сари бозтаърифи тавозуни қудрати ҷаҳонӣ аст. Дар чунин фазо, бозигарони минтақаӣ ва фароминтақаӣ беш аз он ки ба дунболи пирӯзии қотеъ бошанд, дар талошанд то дар миёни ин бесуботии сохторӣ мавқеияти роҳбурдии худро ҳифз ё тақвият кунанд.

Бинобар ин, он чӣ имрӯз дар Ховари Миёна ҷараён дорад, беш аз он ки як рӯёрӯии низомии сода бошад, намоде аз буҳрони амиқ дар низоми байналмилал ва нишонае аз шаклгирии тадриҷии назми ҷадиди ҷаҳонӣ аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!