Чаро таҷовузи Амрико ба Эрон ва Венесуэла бояд ба таври яксон маҳкум шавад?
Нависанда: Умари Ҷӯё, таҳлилгар (Афғонистон)
Тақбиҳи мо аз таҷовузи Амрико бар Эрон бар асоси (1) адл ва инсоф, (2) мубориза бо зулм ва зургуйӣ, ва (3) истодагӣ дар муқобили дасисаҳои шибҳиистеъморӣ устувор аст, на бар исломгароии маҳз.
Баъзеҳо пиндоштаанд, ки чун мо истодагии Эронро дар муқобили зургуйиҳои истеъмормаобонаи Амрико ситоиш кардем, гӯё ин мавқеъгирии мо бар асоси исломгароии маҳз будааст, ки ин иштибоҳ аст. Чун ҳар касе бар асоси исломгароии маҳз бар масоил бингарад, бояд дар ҳар гуна ҷанги ғайримусалмонон ва гурӯҳҳои, ба истилоҳ, исломӣ чун ДОИШ, Боко Ҳаром ва Ал-Қоида дар ҳар сурат аз ин гурӯҳҳои, ба истилоҳ, исломӣ ҳимоят кунад, ки чунин мавқеъгирӣ худ ҳамоқат, ҷиноят ва хиёнат ба ислом аст.
ДОИШе, ки занони ироқиро ба канизӣ гирифт, ба куштор ва қатли мусалмонон (аз гурӯҳҳои мухолифи худ) пардохт ва он ҳам бо фоҷиабортарин шеваҳо чун забҳ кардан ва зинда сӯхтандан. Ё Ал-Қоидае, ки — шояд дар ҳамкорӣ бо Исроил ва истихбороти Амрико — ба куштори ғайринизомиён ва афроди мулкӣ дар Амрико пардохт ва баҳона ва заминаи таҷовузи Амикоро дар ҷаҳони ислом фароҳам сохт, ки то имрӯз ҳар чиро мушоҳида мекунем, паёмадҳои ҳамон ҳамлаи ғайримашрӯъ ҳастанд. Ё Боко Ҳароме, ки занонро аз рустоҳо ихтитоф мекунанд, ба канизӣ барои худ мегиранд ва ба қатлу куштор мепардозанд.
Аммо ҳеҷ мусалмони оқил ва бовиҷдоне, ки андактарин илм ва огоҳӣ аз шаръу ислом дошта бошад, наметавонад аз амалкардҳои зиддиисломӣ ва зиддиинсонии ДОИШ ва Боко Ҳаром ва ғайра ҳимоят кунад. Пас мавқеъгириҳо бояд бар асоси огоҳӣ ва бедории сиёсӣ ва бар асоси усуле чун адл, инсоф, ҳақхоҳӣ ва мубориза бо зулму истикбору зургуйӣ — ки аз мақосиди шаръ ва рӯҳи дини ислом бармехезанд — бино бошанд.
Давлати Эрон як давлати машрӯъ аст, ки бо инқилоби мардумӣ дар муқобили шоҳе ба вуҷуд омад, ки ба воситаи кишварҳое дубора ба қудрат баргашта буд, ки созмонҳои истихборотии он кишварҳо ҳукумати Доктор Мусаддиқро — ба хотири ҳифзи манофеъи иқтисодӣ ва сиёсии Ғарб — чанд сол қабл сарнагун карда буданд ва ин шоҳро дубора ба қудрат баргардонда буданд. Пас таҷовузи Амрико бар чунин давлати машрӯи Эрон ҷуз зургӯиву зулм ва таҷовуз чизи дигаре нест. Сониян, бо таҳаввулоти сиёсӣ дар Амрико ва нуфузи рӯзафзуни Исроил ва саҳюнистҳо дар ҳалқаҳои сиёсӣ дар Амрико, дасисаҳои шибҳиистеъморӣ рӯи даст гирифта шудаанд.
Бар асоси ҳамин усул ва меъёрҳои адлу инсоф ва ҳуқуқ аст, ки мо метавонем таҷовузи Амикоро бар Венесуэла тақбиҳ кунем, дар ҳоле ки ҳеҷ нисбати динӣ бо Венесуэла надорем. Баръакс, ҳам Доналд Трамп ва ҳам Венесуэла аз як дин бармехезанд ва дар дини масеҳият бо ҳам шариканд. Ҳеҷ гуна ихтилофи динӣ миёни масеҳиёни амрикоӣ ва масеҳиёни венесуэлаӣ вуҷуд надорад, балки масеҳиёни ҳар ду кишвар аксаран католиканд. Вале мо бар асоси ҳамон меъёрҳое, ки таҷовузи Амикоро бар Эрон ба ҳайси зургуйӣ ва истеъморманишӣ талаққӣ карда тақбиҳ мекунем, таҷовузи Амрикоро бар Венесуэла низ зургуйӣ ва истеъморманишӣ талаққӣ карда, тақбиҳ мекунем, бо дарки ин ки нақши Эрон ба ҳайси як кишвари тавонманди исломӣ ва кишвари қудратманд дар Ховари Миёна истеъморманишони амрикоӣ ва исроилиро бештар ҳарис ва бештар мунофиқ сохтааст.
Тафовути дигар миёни таҷовузи Амрико бар Эрон ва таҷовузи Амрико бар Венесуэла дар ин аст, ки дар қиболи Эрон аҳдофи шуми рақобатҳои тамаддунӣ (чун дубора сар баланд кардани тамаддуни Форс дар муқобили тамаддуни Ғарб ва сар баланд кардани тамаддуни исломӣ, ки сари роҳи пружаи истеъмории Исроил қарор гирифтааст) низ ба шиддат матраҳанд. Ва тафовути сеюм дар ин аст, ки бо нуфузи рӯзафзуни саҳюнистҳое, ки бар асоси як даъвои маҳзи динӣ — ки гӯё Худованд дар Таврот қавми Яҳудро меросдорони ҳақдори ин сарзамин хонда бошад — дар ҷанг бо ҷаҳони ислом бархостаанд.
Аммо ҳамаи ин маворид, ки тазаккур додам, бар асоси меъёрҳои огоҳии сиёсӣ ва бедории сиёсӣ ва бар асоси усули адлу инсоф ва ҳуқуқ устувор ҳастанд, на бар исломгароии маҳз. Аз ин рӯ, мо метавонем ҳам таҷовузи Амикоро бар Венесуэла тақбиҳ кунем ва ҳам амалкарди гурӯҳҳои, ба истилоҳ, исломӣ чун ДОИШро — ки дар воқеият барои тазъиф кардани ҷаҳони ислом зуҳур кардаанд — низ тақбиҳ кунем.
Дар ҳоле ки агар касе аз дидгоҳи маҳзи исломгароӣ бар масоил бингарад, бояд дар қиболи таҷовузи Амрико бар Венесуэла хомӯшӣ гузинад ва ҳатто бояд хушҳолӣ кунад (чун зоҳиран як гурӯҳи масеҳӣ бар гурӯҳи дигари масеҳӣ ҳамлавар шудааст) ва аз амалкарди шуми ДОИШ ҳимоят кунад, ки ин ҷуз хиёнат ба ислом ва хиёнат ба инсоният чизи дигаре нест.