Хабари рӯз

Рақобати шадиди Ҳинд бо Чин бунмояи аслии ин иттиҳоди стратегӣ миёни Ҳинду Амрико аст.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Гумоназаниҳои зиёде дар хусуси талоши ҳиндиҳо барои таъмини иртиботи маънидор бо режими Толибон сурат гирифтааст. Баъзеҳо ин талошҳоро рӯйкарде мубтанӣ бар бозгашти Ҳинд пас аз суқути низоми ҷумҳурият дар Афғонистон медонанд. Бархе онро талоше дар ҷиҳати ҳамгироии роҳбурдӣ бо Амрико медонанд, ки дар таҳти доктринаи роҳбурдии Ҷануби Осиё бо мушорикати Ҳинд ва соири муттаҳидони стратегии он дар минтақа, махсусан Афғонистон, ҷанбаи таҳаққуқ пайдо хоҳад кард. Ҳатто фаротар аз он истидлол мешавад, ки ҳиндиҳо дар талоши фарсатталабӣ ҳастанд ва бо роҳандозии як бозии ҳушмандона дар талошанд, то аз халои ба вуҷуд омада миёни Покистон ва Толибон, ки наметавон онро бовар кард, баҳрабардорӣ мекунад. Дар ҳоле ки ҳақиқати мавзӯъро метавон дар ростои инкишофи авзоъ, печидагии бозиҳои амниятӣ ва истихборотӣ, пазируфт ва ба таҳлили мавқеияти пешомада пардохт.

Манёври ҷадиди ҳиндиҳо дар Афғонистон, бахше аз роҳбурди ниматамоми Ҷануби Осиёи Амрико аст, ки ин бор бо як рӯйкарди чандҷонибагароӣ, дар ҳоли таҳаққуқ аст. Ҳиндиҳо дар машварат бо Амрико дар ҳоли шомил шудан дар проекти Афғонистони пасотрамп ҳастанд. Ин роҳбурд барои қивом нуфуз ва гегемонияи Амрико ва муттаҳидонаш ва ё ҳадди ақал ба ҳадафи коҳиш ва ё ҷилавгирӣ аз нуфузи Чин дар минтақаи Ҷануби Осиё тарроҳӣ шуда буд ва меҳвари осиёиро, ки шомили Русия, Эрон ва Чин аст, ба унвони бузургтарин таҳдидоти амниятӣ ва геополитикӣ барои назми навини амрикоӣ, ки дар натиҷаи фурӯрехти бунёдҳои низоми дуқутбӣ ва фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравии собиқ бино ниҳода шуда буд, дар муҳосиба дошт.

Ҳоло Амрико бо мадди назар доштани вазъияти печида ва муғлақи низоми байналмилал, зуҳури бозигарони ҷадиди давлатӣ ва ғайридавлатӣ, талоши меҳвари Осиё барои тағйир дар моҳияти назми байналмилал, бозгашт ба роҳбурди бозмувозина ва талош барои нуфуз дар манотиқи дорои аҳамияти роҳбурдӣ, як таркиб номутаҷонисе аз Ҳинд, Покистон, Шарқи Осиёро, ки дар меҳвари тааҳҳудоти амниятии АУКУС (AUKUS) ва КУОД (QUAD) бо Амрико ҳампаймонии роҳбурдӣ доранд ва ҳама дар як ҷабҳа бар алайҳи Чин, Русия ва Эрон амал мекунанд. Мекӯшад ҳалқае аз муттаҳидонро барои танг сохтани доираи муҳосираи Чин ба вуҷуд биоварад.

Дар ин росто, нақши Ҳинд ва пайванди таърихии он бо ҷуғрофияи Афғонистон хеле арзишманд ва дорои аҳамияти роҳбурдӣ аст. Аз тарафи дигар, рақобати шадиди Ҳинд бо Ҷумҳурии Халқии Чин бунмояи аслии ин иттиҳоди стратегӣ миёни Ҳинду Амрико аст. Ҳарду кишвар бо баландпарвозиҳои Чин дар мантиқаи Шарқи Осиё, Ҳинду Пасифик ва талоши Чин барои таъмин ва истимрори ҳалқаҳои таъминотии мошини гегемоники ин кишвар, мухолифат доранд.

Бар илова, талоши Амрико барои маҳдудсозии шабакаҳои таъминотии Чин, ки пайваста аз оброҳҳои роҳбурдӣ сурат мегирад, дар замимаи ин роҳбурд қарор дорад. Пас аз иттифоқоти Ховари Миёна, мавзӯи Украина дар Шарқи Аврупо, талош барои тадовуми ҳузури Амрико дар Ироқ, мавзӯи ҳастаии Эрон, ҳоло навбат ба Афғонистон расидааст. Афғонистони таҳти контроли Толибон бистари хубе барои муқобила бо гегемониягароии Чин аст, ки дар таҳти роҳбурди Ҷануби Осиёи Амрико, ба он пардохта мешавад. Чизе, ки дар масири ҳамхонии манофеи Ҳинд низ қарор дорад.

Аммо Ҳинд дар талош аст, то бо истифода аз мавқеияти пешомада, бо истифода аз ҳамроҳии Амрикои таҳти раҳбарии Трамп, ки ба шиддат ба Чин метозад ва вокуниши тунде бар номулоиматиҳои минтақа пас аз хурӯҷи Амрико дорад, баҳрабардории чандманзураӣ кунад. Ҷалби эътимоди Толибон, эҳёи нуфуз дар Афғонистон, истифода аз мавқеияти Афғонистон дар ҷиҳати транзити минтақаӣ, ки аз тариқи бандари Чобаҳор мумкин аст ва талоше дар ҷиҳати маҳдудсозии нуфузи Чину Покистон дар Афғонистон, бахше аз далоили аслии ин ҳамроҳии роҳбурдӣ бо Амрико аст, ки Ҳинд дар он пешқадам шудааст. Мутмаинан, Ҳинд бо дарки вазъияти пешомада ва бо маддиназардошти аҳдофи калидӣ ва манофеи ҳаётиаш, ҳозир шудааст, то равобиташро бо Толибон, таҳким бахшида ва дар ояндаи Афғонистон саҳм дошта бошанд.

Ҳинд ин бор бо ин ҳамроҳии роҳбурдӣ бо Амрико, бахше аз як роҳбурди минтақаии Амрико дар Марказ, Ҷануб ва Шарқи Осиё шудааст. Ҳинд бо нигоҳи роҳбурдӣ дар талош аст, то аз як тараф барномаҳои иқтисодии худро шомили таъмини нафти мавриди ниёзаш аз минтақа таъмин кунад ва аз сӯи дигар, мекӯшад, то дар барномаи ҷадиди Амрико шарики калидӣ ва дорои нуфузе бошад, ки битавонад аз манофеи ҳаётӣ ва роҳбурдии худ дифоъ кунад.

Бояд гуфта шавад, ки он чи дар мавриди нақши Ҳинд дар минтақа сухан зада мешавад, ҳама муттассир аз дидгоҳҳои натсионолизми ҳиндӣ, манофеи ҳаётии иқтисодӣ ва амниятӣ ва талоше дар ҷиҳати тақвияти бунёдҳои амниятии сиёсати хориҷии ин кишвар аст, ки баромада аз кунишу вокунишҳои руқабои аслии он, яъне Чину Покистон аст. Ҳинд агарчи дар як тазодди доимии амниятӣ бо Покистон қарор дорад, аммо ин бор масъалаи гегемониягароии Чин бамаротиб бештар аз таҳдиди як Покистони суқуткарда дар як буҳрони фарогири сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ аст, ки иҷолатан таҳдиди он, барои Ҳинд камтар эҳсос мешавад.

Бо маддиназардошти қоидаи ҷадиди бозӣ, ҳиндиҳо бо равишҳои суннатии сиёсати сабру шикебоӣ ва таҳлил аз вазъияти ҷадид дар талошанд, то ҳимояти Амрикоро дар минтақа дошта бошанд. Ба ҳамин манзур, пас аз суқути ҷумҳурият, ки шоҳиди ҳузури рӯзафзуни Чин, Русия ва Эрон дар Афғонистони таҳти тасаллути Толибон будем, ҳиндиҳо бо иттихози як сиёсати мӯҳтотона мутарассиди фурсат буданд, то бахше аз сиёсатҳои чандҷонибагароёнаи руқабои меҳвари осиёӣ шаванд, ки дар таҳти роҳбурди Ҷануби Осиёи Амрико, қобили табйин аст. Ҳиндиҳо бо таъмиқи равобиташон бо Толибон, мехоҳанд нишон диҳанд, ки танҳо меҳвари осиёӣ соҳиби яккатози майдони Афғонистон нест ва манофеи Ҳинд бояд дар ин ростои ҷиҳат муроот шавад.

Ҳоло дида шавад, ки вокуниши минтақа нисбат ба ин иқдоми роҳбурдии Ҳинд дар ҷиҳати ҳузурёбии дубора дар масъалаи Афғонистон ва дар масири ҳамроҳии роҳбурдӣ бо Амрико дар бистари рақобатҳои Амрико бо меҳвари Осиё чӣ гуна таъбир мешавад? Оё мавзеи меҳвари Осиё ҳамчунон бар бунёди таомул бо режими Толибон пеш меравад ва ё ин ки минтақа низ аз абзору имконоти худ дар ҷиҳати муқобила бо ин роҳбурд, ки Ҳинд муҳимтарин шарики он дар минтақа ҳисоб мешавад, истифода бурда ва бо иттихози як сиёсати муқобилаҷӯёна дар садади саботаж хоҳад буд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!