Абарқудратҳо чӣ гуна бо ҳам меҷанганд?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Нуктаи бунёдӣ дар тарҳи ин пурсиш бармегардад ба моҳияти низоми байналмилал ва нигоҳи қудратҳои бузург ба мафҳуми қудрат, ки калидитарин фалсафаи ҷанг ва муборизаро миёни онҳо месозад. Масалан, барои тағйири моҳияти низоми байналмилал, тавзеъи қудрат ва ё таҳаввул ба назме, ки ҳифзи вазъи мавҷуд бошад ва ё ин ки боиси тағйир дар моҳияти он шавад, ҳамвора қудратҳои бузург ва ё абарқудратҳо ба мутанаввеътарин шакл талош мекунанд, то ба аҳдофи худ бирасанд. Дар ин миён, мафҳуми амнияти байналмилал матраҳ мешавад, ки як бахши қобили таваҷҷуҳ аз мабоҳиси калидӣ дар низоъ ва рақобат миёни қудратҳои бузург аст, ки ба гунаи ҳинҷорӣ ба он пардохта мешавад.
Маъмулан барои ҷилавгирӣ аз мухтал шудани амнияти байналмилал тавассули абарқудратҳо барои расидан ба аҳдофи геополитикӣ, ҳаётӣ ва амниятӣ, эҷоди ҳинҷорҳое аст, ки дар қолаби он зоҳиран ба гунаи маъқул ва муваҷҷаҳ, битавонанд касби манфиат кунанд. Масалан, дар хатар афтодани манофеи ҳаётӣ, эҷоди умқи стратегӣ ва ташкили неруҳои ниёбатӣ, аз ҷумла роҳкорҳои маъруф дар дунёи пур аз рақобати имрӯз, ҳастанд.
Дар ин миён, бояд гуфта шавад, ки абарқудратҳо ағлаб ба шакли мустақим бо ҳам даргир намешаванд ва маъмулан аз равишҳои мухталифу мутанаввеъ барои баранда шудан ва эҷоди боздорандагии амниятӣ дар баробари руқабояшон баҳра мебаранд. Масалан, ҷангҳои ниёбатӣ, ҳаммонанди давраи ҷанги сард, қудрати нарм, ҳаммонанди нуфузи фарҳангӣ, дипломатия ва абзорҳои иқтисодӣ барои шакл додан ба нигаришҳо ва рафторҳои дигар кишварҳо, таҳримҳои иқтисодӣ, мисли эъмоли таҳримҳои молӣ ва тиҷорӣ алайҳи кишварҳои рақиб барои фишор овардан ба давлатҳо ва тағйири сиёсатҳояшон, ҷанги сайберӣ машмули ҳамалоти сайберӣ ба зерсохтҳои ҳассос, монанди системҳои бонкӣ, шабакаҳои барқ, ё ҳатто маъракаҳои иттилооте ва эҷоди ҳарҷумарҷ дар фазои маҷозӣ, мусобиқаи таслиҳотӣ ва низомӣ, ки дарбаргирандаи сохту тавсеаи таслиҳоти пешрафта, аз ҷумла силоҳҳои ҳастаӣ, мушакҳои мофавқи савт, ва системҳои дифоъии пешрафта ба унвони абзоре барои боздорандагӣ ва эҷоди бартарии низомӣ, контроли манобеъ ва тиҷорати ҷаҳонӣ, монанди талош барои дастрасӣ ба манобеъи табиии муҳим (монанди нафт, газ ва маводи маъдани камёб) ва масирҳои тиҷории калидӣ (монанди тангаҳо ва каналҳои обӣ), дипломатия ва иттиҳодҳои стратегӣ, ки ҳаммонанди ташкили эътилофҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, монанди НАТО, Паймони Шонгҳой ё гурӯҳи БРИКС, ҷанги иттилоотӣ, ки шомили пахши иттилооти нодуруст, таблиғоти сиёсӣ ва эҷоди шикоф дар ҷомеаи душман, аз ҷумлаи роҳкорҳои мутаорифи набард миёни абарқудратҳо аст.
Ҷангҳои ниёбатӣ, эъмоли мантиқи стратегӣ ва талош барои ҷалби ҳамкорони қобили эътимод дар қолаби паймонҳои низомӣ ва сиёсӣ шеваҳои бисёр шинохташудае барои шиносоии симои аслии набард миёни абарқудратҳо аст.
Дар замони ҷанги сард, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ ақмореро барои муҳити амни нуфузи афкори либерал ва коммунистӣ, эҷод карда буданд ва барои тақвияти ҷойгоҳи сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии онҳо бо ирсоли пул, таслиҳот ва машваратҳои низомӣ ва сиёсӣ амалан ҷаҳонро ба ду қутб - Ғарб ва Шарқ - тақсим карда буданд. Дар ҷараёни ҷанги Ветнам, ки Амрико як тарафи аслии он маҳсуб мешуд, Иттиҳоди Шӯравӣ ба коммунистҳои Ветнами Шимолӣ, ки ба номи ветконгҳо ёд мешуданд, кӯмакҳои фаровони молӣ ва таслиҳотӣ мекард. Ба ҳамин сон, дар ҷараёни ҷанги ду Куриё, Куриёи Шимолӣ аз ҳимояти Чин ва Иттиҳоди Шӯравӣ бархурдор буд, дар ҳоле ки Куриёи Ҷанубиро блоки Ғарб пуштибонӣ мекард. Дар ҷараёни чанд соли ҳузури Шӯравӣ дар Афғонистон, муҷоҳидини Афғонистон, ки бар зидди Артиши Сурх меҷангиданд, аз ҳимояти таслиҳотии Амрико, Ғарб, аъробу Чин бархурдор буданд. Дар ҳоле ки тарафи муқобил, яъне давлати коммунистӣ аз ҳимояти Маскав баҳра мебурд. Баъдан дар замони ҳузури Амрико дар Афғонистон, Эрон, Чин ва Русия ба Толибон кӯмак карданд, то Амрикоро водор ба тарки Афғонистон кунанд. Дар ҳоле ки низоми демократӣ дар Афғонистон таҳти ҳимояти мустақими молӣ, сиёсӣ ва низомии Вашингтон буд.
Ин ҷанг дар қолаби дигар низ мутабалвир аст. Гурӯҳҳои ниёбатӣ, ки дар қолаби доктринаи умқи стратегӣ қобили баҳс аст. Эрон дар Ховари Миёна ба эҷоди ин гурӯҳҳо пардохта ва худ омиле дар ҷиҳати ташкили меҳвари осиёӣ ба раҳбарии Чину Русия, мубаддал шудааст. Ин нерӯҳо дар таҳти мудирияти мустақими Эрон, дар ҳамоҳангии наздик бо Русия ва Чин бар зидди иқдомоти амниятишудаи Амрико ва Ғарб девори боздорандаеро эҷод кардаанд. Баъд аз таҳаввулоти Ховари Миёна дар соли 2024, суқути Сурия, талоши Амрико барои давоми ҳузураш дар Ироқ ва ҳимоят аз Тайван, ҳимояти Чину Эрон аз Русия дар ҷанги Украина ва талоши ин ду кишвар барои ҳузур дар Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ, аз ҷумлаи иқдомоти шинохташуда ва мутаорифи ҷанг миёни абарқудратҳои имрӯз, монанди Чин, Русия ва Амрико, матраҳ аст.
Дар натиҷа, абарқудратҳо барои ноил шудан ба аҳдофашон аз абзорҳо ва механизмҳои боло баҳра мебаранд. Маъмулан қудратҳои бузург кишварҳои заиф ва дучори буҳрони сиёсиро барои рақобат бо ҳарифҳояшон интихоб мекунанд. Ин интихоб бо дарки нуқоти қуввати худӣ ва нуқоти заъфи душман тавассути ин қудратҳо сурат мегирад.
Дар зимн, мизони осебпазирӣ, таъмини тадоруки мавриди ниёз дар ин рақобат, муҷовирати ҷуғрофиёӣ ва ё иттисол ба муттаҳидон дар наздикии ҷуғрофияи мавриди назар, аз ҷумлаи дигар баровардҳои ин қудратҳо маҳсуб мешаванд. Дар ҳоле ки қурбонии аслӣ ва маводи хом ин ҷанг тавассути мардумони ин кишвар ва манобеъи зерзаминии он таъмин мешавад. Дар сатҳи болотар қудратҳои бузург як саре аз манофеи ҳаётӣ доранд, ки ғайри қобили муомила аст ва танҳо дар ҳавзаи тақсими манофеъ қобили баҳс аст.
Биноан, ин сатҳе аз манофеъ ба воситаи дипломатия ва тавофуқоти бузург миёни ин қудратҳо арзёбӣ мешавад. Дар ин замина ниёзе барои даргирӣ ва тақобул нест, чун сатҳе аз таҳдидот бояд тавре бошад, ки мунҷар ба даргир шудани тамомайёри абарқудратҳо дар сатҳи ҷаҳон нашавад, то аз идораи соири манотиқи дорои аҳамияти стратегӣ, оҷиз бимонанд. Аммо интихоби ҷуғрофияи дорои аҳамияти роҳбурдӣ, майдонҳои муносиб барои сарбозгирӣ ҷиҳати тақвияти тиҷорати аслиҳа, маводи мухаддир ва эҷоди ноамнӣ ва бесуботӣ, барои касби даромад ва таъмини манофеи иқтисодӣ ва сиёсӣ, ба тавофуқи ин қудратҳо сурат мегирад.