Бадбахтии Афғонистон дар ин аст, ки ҳамчун “минтақаи ҳоил” - қаламраве, ки бояд бидуни дахолати хориҷӣ вуҷуд медошт ва нақши девор дар миёнаи ду рақибро иҷро мекард, аз миён рафт
Муаллиф: Фарид Юнус
Дар асари ҷиҳоди мардуми Афғонистон бар алайҳи Иттиҳоди Ҷамоҳири Сотсиалистии Шӯравӣ миллионҳо афғон аз хонаву кошонаашон беҷо шуданд. Ду кишвар, ки мустақим ва ғайримустақим Афғонистон бо эшон хусумат доштааст, яъне Эрон ва Покистон зиёдтарин муҳоҷирро пазируфтанд.
Кишварҳои арабӣ ҳам ба сатҳ камтар муҳоҷир пазируфтанд. Ҳазорон муҳоҷир зиёдтар ба кишварҳои Аврупо, Амрико, Канада ва Австралия паноҳанда шуданд. Аммо ин бад-ин маънӣ набуд, ки афғонҳо дар дигар кишварҳо паноҳанда нашудаанд. Имрӯз, метавонем бигӯем, ки афғонҳо дар аксар кишварҳое, ки аз нигоҳи моддӣ ва кор дар вазъияти беҳтар қарор доранд, паноҳанда шудаанд.
Дар матлабе гуфта будем, ки Покистон созишномаҳои низомӣ бо Ғарб баста кард, ки мавқифи он кишварро дар сатҳи байналамилалӣ шадид мустаҳкам бахшид.
Ҷиҳоди Афғонистон боис шуд то Бозии Бузург дар як марҳалаи ҷадид дохил шавад. Мавқеияти Афғонистон минҳайси минтақаи ҳоил ё buffer zone аз байн рафт, зеро Афғонистон ишғол шуд. Инҳо буд, ки Покистон барои манофеъи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақши фавқулода муҳим бозӣ кард.
Барои пиёда кардани аҳдофи Амрико бар алайҳи Русияи Шӯравӣ он замон на танҳо як даллол ба кор буд, дар айни замон тамвилкунандаи пулӣ дар канори тамвили низомӣ ба кор буд. Дар ин бахш муттаҳиди дигари Амрико , яъне Арабистони Саудӣ ба хотири сад кардани роҳ коммунизм дар минтақа дасти ҳамкорӣ медиҳад ва мусаллас (сегона)-и Амрико, Покистон ва Саудӣ ташкил меёбад.
Пули ҷиҳодро Арабистон тамвил мекард, абзори низомиро Амрико таҳия мекард ва Покистон миёнарави байни қудратҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ дар ҷиҳод бар алайҳи Русияи Шӯравӣ сарнахи ҷиҳодро ба даст гирифт.
Ин мусаллас, ки ин муҳаққиқи таърихи Афғонистон “мусалласи гуноҳ” номгузорӣ мекунам, фаровардҳои мусбат ва манфӣ дошт. Мусбати он шикасти Русияи Шӯравӣ буд ва русҳо Афғонистонро баъд аз даҳ соли ҷанг зери унвони ҷиҳод тарк карданд. Аммо ин шикасти Русия, ки меҳвари он қурбонӣ додани афғонҳо буд, бидуни силоҳи амрикоӣ ва пули саудӣ номумкин буд.
Се зилъи мусаллас барои наҷоти Афғонистон даст ба кор нашуда буданд, балки барои манофеъи худро пайгирӣ карданд, ки ин боис шуд то Афғонистон шадид аз ҳар нигоҳ қурбонӣ диҳад. Ҷанги Амрико барои саркӯбии рақиби ҷанги сарди ӯ, яъне Русияи Шӯравӣ буд. Ҳадафи Саудӣ пахши ваҳҳобигарӣ дар Афғонистон буд, ки мазҳаби ҳанафиро камранг созад ва ҳамчунон на танҳо монеъи пешрафти коммунизм дар минтақа буд, дар айни замон монеъи пешрафти таъсироти фикрии инқилоби Эрон дар минтақа буд.
Ва Покистон барои манофеъи иқтисодиаш аз ин муомила миллиардҳо доллар баҳрабардорӣ кард ва ҳамчунон зери таъсири овардани ҷараёни муборизот ҷиҳодӣ ва бозӣ кардан байни сарони ҷиҳодӣ, ки ин баъд аз хатми ҷанг таъсироти ногувор бар Афғонистон ба ҷо гузошт, ки то имрӯз давом дорад.
Бо ин ки минтақаи ҳоил барои бист сол ба дасти Амрико афтод. Таъсироти нақши Покистон бо шикасти стратегии Амрико имрӯз возеҳтар дида мешавад