Хабари рӯз

Шабакаи Ҳаққонӣ* ба суръат ба боло мехазад!

Муаллиф: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ

Сироҷуддин Ҳаққонӣ стратеги аслии Толибон* 2.0 аст. Дипломатҳое, ки бо вай мулоқот кардаанд, мегӯянд: вай танҳо бо сафирони кишварҳои муқим дар Кобул мулоқот мекунад ва поинтар аз сатҳи сафирро намепазирад.

Дар масоили сиёсӣ ва низомӣ огоҳ аст. Ба оромӣ ва санҷида сӯҳбат мекунад ва ба вазоҳат нишон медиҳад, ки бар Толибон контроли комил дорад. Ҳамеша болои дастораш як патуи тира меандозад ва иҷоза намедиҳад касе аз вай аксбардорӣ кунад.

Дар тамоми сатҳҳо ва дар мақомҳои асосӣ афродшро насб (таъин) намудааст.

Мулло Ҳайбатуллоҳ, ба истилоҳ, “амиралмӯъмнин” ва Мулло Ҳасан Охунд - «раисалвузаро» аз вай итоат мекунанд. Мулло Яъқуб ва афроди наздик ба Русия, яъне Мулло Амирхон Муттақӣ ва Забеҳуллоҳ Муҷоҳид низ ба вай пайвастаанд.

Толибони дуронӣ Сироҷуддин Ҳаққониро «Халифа соҳиб» меноманд. Ӯро фармондеҳи аслии шикасти амрикоиён ва муттаҳидини он мепиндоранд. Ҳама ҳарифҳоро ба кӯмаки Созмони истихбороти Покистон (ISI) зери султа дар оварда.

Дар бораи ДОИШ* мегӯяд: онҳо таҳти контроланд. Ба мухотибони хориҷиаш итминон медиҳад, ҳама чиз дар ҳоли беҳтар шудан аст.

Коршиносон мегӯянд: мавзӯъи тасфияи ҳисоби дарунӣ ва рондани мулло Абдулғанӣ Бародар - муҳраи тарафи муомилаи Амрико аз ҳокимият марбут ба замон аст. Ҳамин акнун дурониҳо ба суръат ба ҳошия ронда мешаванд. Густариши қитаоти «Бадрӣ» ва тасриъи ташкили урдуи муназзами толибонӣ бахше аз стратегияи на танҳо алайҳи муқовиматҳои ғайрипаштунҳо, балки ҳамчунон барои саркӯби хезишҳои дурониҳо дар назар гирифта шудааст.

Бахше аз низомёни ғилзоии бақоёи Ҳизби демократики халқ ва ҷумҳурии 20-солаи амрикоӣ муҳраҳои калидӣ барои сару сомон бахшидан ба урдуи Ҳаққонӣ мебошанд.

 

***

Рӯи «Шабакаи Ҳаққонӣ» бозии геополитикаи шатранҷи минтақа оғоз шудааст. Арчанд Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷоизаи болои сари ӯро ба 10 миллион доллар афзоиш дод, аммо ҳамзамон тамоми муомилотро аз масири он шабака анҷом медиҳад.

Чину Русия ба васотати Покистон низ бо ин умед, ки Ҳаққонӣ зиддиамрикоӣ аст, ё фиреби Покистонро хӯрда амал мекунанд ва ё дар набуди бадил аз сари ночорӣ ба вай наздик шудаанд.

Дар муҳосибаҳои тактикии Чину Русия, тамаркуз ба ДОИШ, ки дар ҳақиқат махлуте аз Шабакаи Ҳаққонӣ ва амнияти миллии собиқ аст, хеле муҳим мебошад. Ин «издивоҷи маслиҳатӣ» бахше аз барномаҳои стратегии онҳо ба назар намерасад.

Ҳиндустон низ дар бозии Афғонистон ба гунаи нарм дар масири Русия ва Чин дар ҳаракат аст. Ҳинд ба васотати Русия ба сӯи беҳбуди равобиташ бо Чину Покистон гом бармедорад.

Рӯйдодҳои ҷадид дар сатҳи байналамилалӣ метавонад Сироҷуддин Ҳаққониро ба ҳайси фарди муҳим дар миҳроқи таваҷҷуҳ қарор медиҳад.

Ҷои шак нест Сироҷуддин Ҳаққонӣ барномаҳои бузург дар сар дорад, ки мумкин ба зудӣ онҳоро амалӣ созад. Ӯ як бунёдгарои прагматики ҷонибдори исломи сиёсӣ ва судури бунёдгароии исломӣ ба бурун аз марзҳо аз Кашмир то Осиёи Миёна аст. Барои таҳаққуқи ормонҳояш ҳама бунёдгароҳоро ҳам дар умури сиёсӣ ва ҳам низомӣ гирди ҳам овардааст.

 Ӯ мехоҳад иддае аз тоҷикҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳои муздурро зери номи коршиносон ба мақомҳои вазоратҳо насб карда ва ба умри ҳукумати сарпараст поён диҳад.

Мумкин худаш дар оғоз аз доштани мақоми калидӣ парҳез намояд. Аммо дар ҳар ҳол қисме, ки дида мешавад, муомилагариҳои вай чандпайкона ҳам бо Ғарби демократик аст ва ҳам бо Шарқи иқтидоргаро.

 

РУСИЯ ВА ҲАҚҚОНӢ

Пас аз суханронии Сергей Рибков, муовини вазири хориҷаи Русия дар мавриди замонатҳои амниятии Амрико ба Русия ва эҷоди буҳрони шабеҳи Кариби даҳаи 1960 ва ақибнишиниҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар баробари хостҳои Русия, давраи дувуми сиёсати хориҷии Русия бо ризоят ва ё адами ризояти Ғарб бидуни баргашт оғоз шудааст, ки ҳадафи он ишғоли геополитикии Иттиҳоди Шӯравии собиқ, ҳатто дар манотиқе бо зӯр хоҳад буд. Агар ин стратегия шомили Аврупои Шарқӣ дар шакли собиқи он нашавад, боз ҳам фишор бар НАТО барои барчидани пойгоҳҳои он дар наздикии марзҳои Русия, ҳамчу як ҳадаф ҳайсиятӣ ангошта мешавад.

Дар Осиёи Миёна тамоми ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ бояд сиёсатҳояшонро тобеъи сиёсатҳои Русия созанд. Талош бар ин аст, ки Туркия бо баландпарвозиҳояш барои эҷоди Тӯрони Бузург, ба ҳошия ронда шавад.

Ягона гули сари сабади Русия дар ин минтақа Тоҷикистон бо раисҷумҳури он Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки муттаҳиди маҳками он кишвар боқӣ мондааст.

Таслиҳи густурдаи низомии Тоҷикистон аз сӯи Русияву Чин ва низ тақвияти низомӣ ва сиёсии лашкари 205 – и Русия дар Тоҷикистон нишонае аз як барномаи васеътари стратегӣ мебошад, ки бо ҳимояти дарозмуддати Толибон ҳамхонӣ надорад.

Адами ҳамкорӣ ва мувофиқати Тоҷикистону Ӯзбекистон дар робита ба баргаштондани ҳавопаймоҳои режими вобаста ба Амрико ба Толибон, бидуни чароғи сабзи Русия мумкин нест.

Арчанд манобеъи ғарбӣ аз фишорҳои Амрико сӯҳбат мекунанд, аммо мавзеъгириҳои Амрико дар робита ба Толибон аз як сӯ ва наздикии мавозеъи кишварҳои Осиёи Миёна дар нишасти Ҳиндустон аз сӯи дигарро метавон табйини аз як барномаи дарозмуддат дар баробари Толибон талаққӣ кард.

Дар ҳоли ҳозир, ҳам Русия ва ҳам Чин намехоҳанд бо Толибон даргир шаванд, он чиро, ки хурӯҷи фаврии амрикоиҳо заминасозӣ намуд.

Ҳар аз гоҳе як ҳайати иқтисодӣ аз Чин ва ё Русия ба Кобул меравад ва рӯи барномаҳои истихроҷи маодин сӯҳбат мекунад, вале он ду кишвар то равшан шудани масоили дигари ҷаҳонӣ, аз ҷумла мавзӯъи Украина ва тасомими Конгура дар пешрӯи Чин, ба вежа, дар мавриди Тайван, вақткушие беш нест.

 Бинобарин, дар марҳалаи кунунӣ арчанд Русия ва Чин бо ҳаққониҳо мутобиқи ҷумлаи маъруфи Брзжински, «душмани душман, дӯсти мост» дохили таомул шудаанд, аммо онҳо мутобиқи авомили мухталиф, аз ҷумла буҳрони иқтисодӣ ва масдуд мондани сармояҳои Афғонистон тавассути Амрико, намехоҳанд ба сӯи луқмае бираванд, ки пасон дар гулӯяшон гир афтад.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!