Пулдортарин андешакадаҳо ва муассисоти илмӣ дар Амрико ба қудрат расидани Ғаниро бадиққат мудирият карда буданд.
Дидгоҳи ҷазмии неолибролиашро дар китоби барандаи ҷоиза таҳти унвони музҳики «Бозсозии кишварҳои фурӯшикаста» баён кард (ин китоби 265-сафҳаӣ калимаи «бозор»-ро дар камоли тааҷҷуб 265 бор ба кор мебарад). Ғайримумкин аст, ки битавон дар танзи мавзӯъ муболиға кард, ин ки низоми ӯ билофосилаӣ фақат чанд рӯз баъд аз хуруҷи артиши Амрико дарҳам шикаст.
Муаллиф: БЕН НОРТОН (ИМА)
Тарҷума: АЛИИ АВРАНГ
Манбаъ: “Нақди иқтисоди сиёсӣ”
Расонаҳои ғарбӣ дар 20 сол барои ду даҳа Ғаниро як технократи шариф, ки шуҷоъона бар алайҳи фасод меҷангид ба тасвир дароварданд. Вақте ки таърихи масрафаш ба поён расид, ҳоло мегӯянд, ки Ғанӣ як кулоҳбардори хоин будааст.
Дар соли 1967 дипломашро гирифт. Аз он ҷо таҳсилоташро дар донишгоҳи амрикоии Бейрут идома дод ва ба ривояти “Нию-йорк Таймз”, Ғанӣ «аз савоҳили Медитарона (Баҳри Миёназамин) лаззат бурд, ба клубҳои рақс рафт» ва бо ҳамсари лубнонитабори амрикоиаш, Руло ошно шуд.
Дар 1977 Ғанӣ ба Амрико бозгашт, ки дар он ҷо 24 сол зиндагӣ кард. Ӯ фавқуллисонс ва докторияшро дар донишгоҳи нухбагони Колумбия дар Нию-йорк ба итмом расонд. Риштаи таҳсилиаш? Мардумшиносӣ, риштае, ки ба тарзи васее ожонсҳои ҷосусии Амрико ва Пентагон ба он нуфуз пайдо кардаанд.
Дар даҳаи 1980 Ғанӣ сареъан кор дар донишгоҳҳои бартари Калифорния, Баркли ва Ҷонс Ҳопкинз пайдо кард. Ӯ ҳамчунин пойи собити расонаи давлатии Инглистон шуд, ба унвони муфассири бартари барномаҳои дарӣ ва пашту вобаста ба ожонси иттилоърасонии БиБиСи шӯҳрат пайдо кард. Дар 1985 давлати Амрико бурсияи бопрестиж (боэътибор)-и Фулбрайтро барои таҳсил дар донишгоҳҳои исломии Покистон ба Ғанӣ эҳдо кард.
Дар 1991 Ғанӣ тасмим гирифт, ки муҳити донишгоҳиро тарк кунад ва вориди дунёи сиёсат шавад. Ба Бонки ҷаҳонӣ рафт ва аз ҳамон замон ба “Юнокал” ва проекти “Толибон” мулҳақ шуд.
Даҳ сол баъд дар декабри 2001, ба унвони вазири иқтисод то 2004 ва дар ниҳоят раисҷумҳур аз 2014 то 2021 як давлати кардонии неолибералии мутобиқи фармоиши Амрико ба вуҷуд овард.
Дар соли 2000, ки Ашраф Ғанӣ раиси Донишгоҳи Кобул буд, як суханронӣ дар конфронси шабакаи ақоиди аврупоӣ ироа кард. Ӯ исрор дошт, ки ишғоли низомии Афғонистон моделе буд, ки метавонист ба унвони «бахше аз талошҳои ҷаҳонӣ» ба ҳамаи ҷаҳон содир шавад.
Ашок Свейн (Ashok Swain), пажӯҳишгар ва устоди пажӯҳишҳои сулҳ ва таоруз дар Донишгоҳи Апсала (Uppsala University) мегӯяд, дар хилоли 20 соли ишғоли Афғонистон ба василаи Амрико-НАТО, “теъдоди афғонҳое, ки дар фақр зиндагӣ мекунанд, ду баробр ва манотиқи зери кишти тарёк се баробар шудааст. Бештар аз як саввуми афғонҳо ғизо надоранд, 50 дарсади онҳо оби ошомиданӣ надоранд, ду саввуми онҳо бидуни барқ ҳастанд”.
Китоби Ғанӣ, ки ба ҳамкории Локҳарт, шарики фикриаш навишта, “Бозсозии кишварҳои фурӯшикаста» ба таври озордиҳандае хастакунанда аст ва асосан 265 сафҳаи китоб хулоса мешавад ба такрори тезиси Ғанӣ: роҳи ҳалли тамоми масоили ҷаҳон амалан бозорҳои сармоядорӣ аст ва мавҷудияти давлат дар мудирият ва ҳимоят аз он бозорҳо хулоса мешавад.
Ин китоб аз назари мафҳум такрори ҷузваҳои таблиғотии Бонки Ҷаҳонӣ аст, на чизе бештар.
Такрорҳои роботӣ дар китоби сохтагии Ашраф Ғанӣ: илова бар 219 бор истифода аз вожаи «бозор» (ё шабеҳи он), ин 159 бор аз луғоти «сармоягузорӣ кардан», «сармоягузорӣ», ё «сармоягузор» истифода мекунад.
«Сармоядорӣ ва фасод носозгор ҳастанд».
Албатта, Ғанӣ бо фурӯши кишвараш ба ширкатҳои амрикоие, ки аъзои хонаводааш дар онҳо сармоягузорӣ карда буданд, дар дастрас гузоштани инҳисори захоири маъдани Афғонистон ва фирори ногаҳониаш ба режими салтанатии Халиҷ (Форс) ҳамроҳ бо 169 миллион доллар пули дуздидашуда аз хазонаи давлат нишон дод, ки чӣ қадар ин баёния пуч аст.
Ин китоби масхара аз сӯи нухбагони пулпараст ва чатоқи дастгоҳи сармоядорӣ ба дурӯғ ситоиш шуд.
Дар 2010 «Бозсозии кишварҳои фурӯшикаста», Ғанӣ ва Локҳартро дар рутбаи ҷаззоби 50 аз 100 равшанфикри бартари ҷаҳон, ки тавассути назарсанҷии маҷаллаи “Foreign Policy” анҷом шуда буд, қарор дод.
Китоб як василаи фиреби қабл аз ҳамла ба Афғонистон сохта шуд. Зеҳниятсозӣ барои ишғоли Афғонистон ҳадафи аслӣ буд. Яъне ҷанг барои тамаддунсозии навистеъморӣ ба манзури судури демократия ва равшангарӣ барои мардуми «ақибафтода» медиданд.
Раиси муассисаи Брукинз – омили истеъмори бонкӣ дар либоси соҳиби андешакада Ғаниро «ҷодугари иқтисод» ситоиш кард. Аммо андешакадаҳои НАТО мехостанд Ғаниро ба Афғонистон партоб кунанд.
Аммо Ғанӣ реша надошт. Дар интихоботи 2009 камтар аз се дарсад раъй овард.
Аммо Фредерик Камп, раис ва мудири иҷроии Шӯрои Атлантик, гуфт, ки “ту мутафаккири ҳушманди ҷаҳон астӣ ... Ҷилав меравем!”
Дар соли 2014 занги толеъи вай навохта шуд то нақшеро, ки муассисоти нухбаи амрикоӣ дар тайи чандин даҳа ӯро барои иҷроиш парвариш дода буданд, иҷро кунад.
Аз дидгоҳи давлатҳои НАТО, Ашраф Ғанӣ тасвире аз як технократи вафодор буд ва фақат як ҷанбаи манфӣ дошт: афғонҳо аз ӯ мутанаффир буданд.
Ин нақиса аз сӯи мураббиёни ғарбии Ғанӣ ҷуброн шуд. Либоси суннатӣ ба Ғанӣ пӯшонданд ва суханрониҳояшро мамлув аз лаффозиҳои натсионалистӣ ва қавмӣ карданд.
Дар даври аввали интихоботи 2014 ба осонӣ шикаст хӯрд. Рақибаш Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо наздик ба як миллион раъйи бештар 45 дарсади ороро дар муқобили 32 дарсади Ғанӣ касб кард.
Дар интихоботи ниҳоии июн варақаҳо ногаҳон комилан баргашт. Эъломи натоиҷ ба таъхир афтод ва вақте, ки се ҳафта баъд эълом шуд, Ғаниро бо натиҷаи хиракунандаи 56.4 дарсад дар муқобили 43.6 дарсади Абдуллоҳ болотар нишон медод. Ҷон Керри омад. Абдуллоҳ ба хиёнати таърихӣ тан дод.
БиБиСи ӯро бо се калима тавсиф кард: «ислоҳталаб, технократ, фасоднопазир».
“Ню-йоркер”: «технократи оянданигар, ки ба бист сол баъд фикр мекунад» тавсиф кард.
Дар марти 2015 раисҷумҳури ҷадиди Афғонистон дар конгресси Амрико суханронӣ кард. Аз ӯ ба унвони қаҳрамоне, ки барои наҷоти Афғонистон қуфли сеҳромези бозори озодро як бор ва барои ҳамеша боз мекунад, истиқбол шуд.
Бидуни таваҷҷуҳ ба садҳо санади тақаллуб дар интихобот, Шӯрои Атлантик ба ӯ «ҷоизаи раҳбари байналмилалии мумтоз” ато кард.
Ҷоизаро Мадлен Олбрайт, вазири умури хориҷаи собиқ Амрико дар марти 25 дар Вашингтон дар ҳузури сарони НАТО, сафирон ва генералҳо ба духтараш Марям ато кард. Олбрайт аланан аз кушта шудани беш аз як миллион кӯдаки ироқӣ ба хотири таҳримҳои Амрико дифоъ кард.
Мақоми баландпояи Сандуқи байналмилалии пул дар Афғонистон Пол Рос, раиси ҳайат, бо ҳаяҷон ба Шӯрои Атлантик гуфт, ки Ғанӣ “ба дунё нишон додааст, ки Афғонистон барои касбу кор омода аст ва давлати ҷадид мусаммам аст, ки ба ислоҳот идома диҳад”. Ин бюрократ эълом кард, ки Сандуқи байналмилалии пул «хушбин ба баландмуддат» таҳти раҳбарии Ғанӣ аст.
Ҷовид Аҳмад, сафири Ғанӣ дар Иморот маъмури андешакадаи Шӯрои Атлантик, ба ташвиқи маҷаллаи “Foreign Policy” саргарми тақаллубкорӣ дар шахсияти Ғанӣ буд. Мақолаеро сохтакорӣ кард, ки мегуфт, ҳадафи Ғанӣ «бозгардондани гуфтумони маданӣ дар Афғонистон аст... Фарде аст бо таҳсилоти олӣ, тарафдори Ғарб, равшанфикри ҷойгузин барои системи қадимии фосид ва ҷангсолори Афғонистон».
Муассисаи сулҳи Рокфеллер дар 2020 аз ӯ ба унвони «садои пешрав барои демократия», Девид Петреус, раиси собиқи СИЁ (CIA) бо таъкид ба ин ки «кор кардан бо ӯ ба унвони фармондеҳ дар Афғонистон чӣ имтиёзе буд», аз Ғанӣ ситоиш кард.
Шӯрои Атлантик акнун мегӯяд: ӯ як «разили пинҳонкор» будааст.
Ин таваҳҳум, ки Ашраф Ғанӣ як нобиғаи технократ буд, дуруст то интиҳои поёни фоҷиаомези даврааш идома дошт.
Дар 25 июн, фақат чанд ҳафта қабл аз суқути давлати Ғанӣ, ӯ бо Ҷо Байден дар Кохи Сафед мулоқот кард, ки раисҷумҳури Амрико ба тарафи муқобилаш қавли ҳимояти устувори Вашингтонро дод.
Байден ба Ғанӣ итминон дод, ки «мо дар канори шумо хоҳем буд» ва “мо тамоми талошамонро хоҳем кард, ки абзоре, ки ниёз доред, бароятон муҳайё кунем”.
Як моҳ баъд дар 23 июл Байден дар сӯҳбати телефонӣ бо Ғанӣ такрор кард, ки Вашингтон ба ҳимоят аз ӯ идома хоҳад дод. Аммо бидуни ҳазорон нерӯи низомии НАТО, ки аз режими дарунхолии ӯ ҳимоят мекард, “Толибон” бо суръат дар ҳоли пешрафт буд ва тамомияти режим дар арзи чанд рӯз, мисли кохи регие, ки мавҷе ба он хӯрда бошад, фурӯ пошид.
Нухбагони Вашингтон наметавонистанд он чиро дар шарфи вуқӯъ буд, бовар кунанд, чизеро, ки дар муқобили чашмонашон иттифоқ меафтод, инкор мекарданд. Ҳатто Ралф Надер, фаъоли зидди фасоди бисёр маъруф, онро инкор мекард, аз ӯ бо ибороте мисли «шаҳрванди собиқи амрикоии фасоднопазир» бо таҳсин ёд мекард.
Камтар касе беҳтар аз Ашраф Ғанӣ қодир аст, ки пусидагии сиёсии бист соли ҷанг бар алайҳи Афғонистонро хулоса кунад. Аммо собиқаи ӯро набояд танҳо ба унвони як мавриди мунзавӣ дар назар дошт.
Мақомоти расмии Вашингтон, ташкилоти андешакадаҳо ва хайли хабарнигорони мутамаллиқи онҳо буданд, ки Ғаниро ба вуҷуд оварданд. Ин воқеияте буд, ки худи ӯ дар мусоҳибаи июни 2020 бо Шӯрои Атлантик таъйид кард. Дар он Ғанӣ бештарин қадрдонӣ аз ҳамкорҳояшро ба забон овард: «Иҷоза бидиҳед нахуст аз мардуми Амрико, давлати Амрико ва Кунгураи Амрико ва бавежа, молиётдиҳандагони амрикоӣ барои фидокории ҷонӣ ва молиашон ситоиш кунам».