Хабари рӯз

Қутби Шимол чӣ гуна ба майдони набарди Русия бо Ғарб табдил шуд?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Манотиқи мавриди мунозиъа дар ҷаҳон, манотиқе ҳастанд, ки ба гунаи суннатӣ ба асоси рақобатҳои сиёсӣ, идеологӣ, мазҳабӣ ва манобеъи табиӣ, ҳамвора дар титри расонаҳои мӯътабар ва бунгоҳҳои таҳқиқотиву таҳлилии ҷаҳонӣ, қарор доштаанд. Ҳамчунон пӯёиҳои сиёсӣ, амниятӣ ва геополитикӣ дар ин манотиқ бамаротиб бештар ва ҷиддитар дар ҷараён буда ва пӯишҳои маъмул дар варои онҳо, қобили таҳлил ва мушоҳида аст.

Ховари Миёна, Шарқи Осиё, Осиёи Марказӣ, шимоли Африқо ва соири манотиқи он, ҷануби Амрико, Аврупои Шарқӣ ва манотиқ ҳоил ва баъдан оиқе, монанди Афғонистон, ки камокон дар меҳвари бозиҳои сиёсӣ, амниятӣ ва геополитикӣ, қарор доштаанд, аз ҷумлаи манотиқи мавриди мунозиъа, ҳисоб мешуданд.

Аммо, Қутби Шимол ба иллати дур будан, сард будан ва адам ба таваҷҷуҳ ба доштаҳои зерзаминии он, аз меҳвари бозиҳои сиёсиву амниятӣ дар қолаби доктрини геополитикӣ, ҳамвора дур мондааст. Вале ҳоло, гузоришҳои мутааддиде аз манобеъи хабариву таҳлилӣ вуҷуд доранд, ки нишон медиҳад дар асри гузор ба низоми пасоқутбӣ, Қутби Шимол ба яке аз манотиқи мавриди мунозиъа миёни Ғарб ва Русия мубаддал хоҳад шуд.

Иллатҳои мазиде, ки метавонад ба ин майдони ҷадиди бозӣ, фурсати дохил шудан дар таомулоти сиёсӣ, амниятӣ ва геополитикиро бидиҳад ва ё ин ки онро ҳамчунон минҳайси яке аз манотиқи мавриди мунозиъа, дар сархати ахбору таҳлилҳои сиёсӣ, қарор диҳад, дар замина вуҷуд дорад. Ин иллатҳо шомили тағйироти иқлимӣ-сиёсӣ ва рақобат барои ба даст овардани манобеъи табиӣ, Қутби Шимолро аз минтақаи таҳқиқотӣ ба минтақаи ҷидолу набарди ҷиддӣ байни абарқудратҳо табдил кардааст.

Ҳамчунон бар иловаи иллатҳои боло, даргирии Украина барои Русия, ҳазинаҳои сахте дошта ва амалан ин кишварро дар ҳошияҳои бозиҳои маъмули сиёсӣ ва бидеҳу бистонҳои мадди рӯз бо Аврупову Амрико, кашондааст. Ба ҳамин далел, Русия дар талош аст то ҳамзамон бо ҳифзи иттиҳоди роҳбурдӣ бо меҳвари осиёие, ки шомили Чин, Русия, Эрон ва соири кишварҳои минтақа мешавад, майдони ҷадиди бозиро бо маддиназардошти имтиёзҳои суннатие, ки дар он дорад, боз кунад ва пойи Ғарбро ба ин корзор бикашонад. Яъне гушудани ҷабҳаи ҷадид бо доштани дасти боло дар он.

Иллати умдаи дигар дар ин таҳаввули ҷадид, тағйироти иқлимӣ, монанди гарм шудани ҳаво ва об шудани яхбандонҳо дар Қутби Шимол аст, ки дар тӯли солиёни мутамодӣ ғайри қобили истифода будаанд вале ҳоло, заминаро барои киштиронии қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, ба шумули Амрико, Аврупо, Русия ва Чин боз карда ва ин амр боис шуда то таваҷҷуҳи ин кишварҳо ба манобеъи зерзаминии ин минтақа ба иллати об шудани яхҳо, бештар гардад.

Дар зимн, Қутби Шимол ба далели доштани манобеъи ғанӣ аз ҳидрокарбонҳо (нафту газ) ва дигар маводи маъданӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Кишварҳое, ки дар ин минтақа қаламрав доранд, башиддат ба думболи баҳрабардорӣ аз ин манобеъ ҳастанд. Кишварҳои мухталиф, бавежа Русия, Амрико, Канада ва Норвегия, ба таври фаъол дар ҳоли тақвияти ҳузури худ дар ин минтақа ҳастанд. Аз тарафе, бо афзоиши танишҳо миёни Русия ва кишварҳои ғарбӣ бавежа пас аз оғози ҷанги Украина, Маскав қасд дорад то Қутби Шимолро ба унвони арсае ҷадид барои эъмоли нуфузу рақобат бо Ғарб дар назар бигирад.

Русҳо бавежа дар ин замина дасти бартарро доранд, зеро бахши бузурге аз минтақаи Қутби Шимол таҳти контроли онҳост ва ин кишвар то кунун тавонистааст фаъолиятҳои низомӣ ва иқтисодии худро дар ин минтақа густариш диҳад. Ин иқдоми Русия пас аз он сурат мегирад, ки дар натиҷаи таҳримҳо ва инзивои сиёсии ношӣ аз ҷанги Украина, Маскав фурсатҳои худро дар Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида аз даст додааст.

Дар ниҳоят, вазъияти ҳуқуқии манобеъ ва тақсимбандии сарзаминӣ дар Қутби Шимол ҳанӯз ба таври комил мушаххас нест ва ихтилофоти байни кишварҳои узви Шӯрои Қутби Шимол (, ки шомили 8 кишвар аст) ба ин печидагиҳо афзудааст. Бисёре аз ин ихтилофот марбут ба таъйини ҳудуди Манотиқи иқтисодии инҳисорӣ (EEZ) ва масоиле аз ин даст мешавад. Ин таҳаввулот нишон медиҳад, ки рақобат бар сари манобеъ ва масирҳои ҷадиди тиҷорат дар Қутби Шимол метавонад ба як бахши муҳим аз стратегияҳои низомӣ ва иқтисодии кишварҳои бузург дар оянда мубаддал шавад.

Баҳси қудрати дарёӣ, ки Макмаҳон онро дар заминаи рақобат миёни қудратҳое, назири Русияи тазорӣ, Бритониёи Кабир ва баъдан Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, пешниҳод карда буд, бисёр ҳоизи аҳамият аст. Қудрати дарёӣ яке аз авомили аслие буд, ки русҳо ҳамвора аз заъфи он, нигаронӣ доштанд ва фалсафаи расидан ба обҳои гарм, ки бисёрӣ иллати аслии лашкаркашии Иттиҳод Шӯравӣ ба Афғонистон, убур аз Покистон ва расидан ба он медонанд, буд. Чун Русияи тазорӣ ва баъдан Иттиҳоди Шӯравӣ, ҳамонанди Инглису Амрико ба тангноҳо ва оброҳҳои стратегӣ ва муҳим ҷиҳати равнақи тиҷоратӣ ва тақвияти мавқифи низомиву сиёсӣ, дастрасӣ надошт.

Қутби Шимол дар як сад соли гузашта, фоқиди чунин мазияте барои Русия буда ва бино бар он, обҳои гарм, муҳимтарин макони мавриди назари русҳо дар ин минтақа буд, ки талошҳояшон ба асари иттиҳоди Чин, Амрико, Ғарб ва кишварҳои араби мухолифи Иттиҳод Шӯравӣ дар Афғонистон ва убур аз Покистон барои расидан ба обҳои гарм ба нокомӣ анҷомид.

Ҳоло бо гарм шудани дараҷаи ҳарорати замин, яхбандонҳои қадимӣ ба оброҳҳои стратегӣ тағйири чеҳра додаанд. Ин мавзӯъ боис шуда то аҳамияти Қутби Шимол дар бозии қудратҳои бузург, ба мавзӯъи калидӣ ва муҳимми ҷаҳонӣ, мубаддал шавад. Зеро Қутби Шимол, мазиятҳои дарёӣ, аз қабили тиҷорат, амнияту сиёсатро барои султа ва ҳежемонии ҷаҳонӣ дар ихтиёри қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ, қарор медиҳад.

Яке аз муҳимтарини ин масирҳо, масири дарёии шимолӣ аст, ки метавонад масирҳои тиҷории ҷадидеро байни Аврупо ва Осиё фароҳам кунад. Дар ҳоли ҳозир, ин масир ба далели шароити сахт ва яхбандонҳои тӯлонӣ, танҳо дар фаслҳои хосе аз сол қобили истифода аст, аммо бо коҳиши яхҳо, ин имкон дар ҳоли густариш аст. Ин амр метавонад на танҳо аз лиҳози иқтисодӣ бисёр судманд бошад, балки барои кишварҳои дорои масирҳои дастрасӣ ба Қутби Шимол, монанди Русия, фурсате барои тасаллут бар тиҷорати байналмилалӣ дар ин минтақа фароҳам оварад.

Дар зимн, минтақаи Қутби Шимол манобеъи табиии фаровоне дорад, ки дар солҳои ахир таваҷҷуҳи зиёде ба худ ҷалб карда, аммо дастнахӯрда боқӣ мондааст. зеро, коршиносон бар ин боваранд, ки ин минтақа ҳудуди 30 дарсад аз манобеъи нафту гази кашфнашудаи ҷаҳонро дар худ ҷой додааст. Илова бар ҳидрокарбонҳо, ин минтақа дорои манобеъи маъдании дигаре, монанди тило, нуқра ва филизоти нодир аст, ки барои саноеъи фановарии пешрафта ва тавлидоти электроникии ҳаётӣ ҳастанд, ки осебпазирӣ дар баробари тағйироти иқлимӣ низ мумкин аст рақобат бар сари ин манобеъро шиддат бахшад.

Агарчи кишварҳои мухталиф иддаоҳое бар сари манобеъи мавҷуд дар Қутби Шимол доранд, бархе аз ин манобеъ ҳанӯз ба таври комил ба унвони манобеъи муштарак шинохта мешаванд ва ба ҳамин далел ҳуқуқи моликият дар ин минтақа, мавзӯи печида ва баҳсбарангез аст. Бар илова, яке аз мушкилоти муҳим дар Қутби Шимол, адами вузӯҳ дар марзҳои ҷуғрофиёӣ ва тақсими манобеъ аст.

Шӯрои Қутби Шимол, ки шомили 8 кишвари соҳилӣ аст (Русия, Амрико, Канада, Дания (Гринланд), Норвегия, Исландия, Шветсия ва Финляндия), як созмони машваратӣ барои ҳамкорӣ ва ҳаллу фасли ихтилофот дар ин минтақа аст, аммо то ҳанӯз натавониста муъзалҳои пешомада дар хусуси моликияти ин минтақаро, ҳаллу фасл кунад.

Русия дар тӯли солиёни мутамодӣ, сармоягузориҳои ҳангуфти низомиву сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ дар минтақа доштааст. Эҷоду таъсиси пойгоҳҳои низомии шомили пойгоҳи ҳавоӣ, заминӣ ва дарёӣ, Русияро дар ҳолати беҳтари стратегӣ дар ин минтақа қарор додааст. Дар ҳоли ҳозир, кишварҳои ғарбӣ, бавежа Иёлоти Муттаҳида ва аъзои Иттиҳодияи Аврупо, нигарониҳое аз бобати густариши нуфузи низомӣ ва иқтисодии Русия дар Қутби Шимол доранд. Бо таваҷҷуҳ ба танишҳои феълӣ дар ҷанги Украина ва фишорҳои сиёсии Русия, Амрико ва кишварҳои аврупоӣ мумкин аст ба думболи роҳҳои ҷадид барои тақвияти ҳузури худ дар Қутби Шимол бошанд, чӣ аз тариқи тақвияти ҳамкориҳои дифоъӣ бо кишварҳои соҳилии ин минтақа, ё аз тариқи таҳримҳои иқтисодӣ ва низомӣ.

Ба ғайр аз Русия ва кишварҳои ғарбӣ, Чин низ ба унвони як бозигари ҷадид дар Қутби Шимол ҳузури худро тақвият кардааст. Пекин дар солҳои ахир талош карда то бо густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар проектҳои зербиноӣ дар ин минтақа, нуфузи худро афзоиш диҳад. Чин ба унвони як қудрати иқтисодии бузург, алоқаманд ба дастрасӣ ба манобеъи энержӣ ва масирҳои тиҷории ҷадид аст ва дар ин росто дар талош аст то равобити худро бо кишварҳои шимолӣ, бавежа Русия тақвият кунад.

Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти рӯзафзуни Қутби Шимол аз назари стратегӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, ин минтақа ба эҳтимоли зиёд дар оянда шоҳиди рақобатҳои шадидтаре хоҳад буд. Ин рақобатҳо метавонанд ба даргириҳои низомӣ ва кашмакашҳои ҳуқуқӣ мунҷар шаванд. Ҳамчунин, бо таваҷҷуҳ ба тағйироти иқлимӣ ва асароти он бар муҳити зист ва ҷавомеъи бумӣ, ҳифзи таодул миёни баҳрабардорӣ аз манобеъ ва ҳифзи муҳити зист як чолиши бузург хоҳад буд.

Дар натиҷа, Қутби Шимол дигар сирфан як минтақаи дурафтода ва ғайриқобили дастрас нест, балки ба яке аз нуқоти ҳассоси рақобатҳои байналмилалӣ табдил шудааст, ки кишварҳои бузург башиддат дар он нақшофаринӣ мекунанд ва дар ояндаи начандон дур, мумкин аст шоҳиди таҳаввулоти бештаре дар ин минтақа бошем. Биноан манотиқи мавриди мунозиъа, ки дар ҳоли ҳозир, конуни муҳимми таомулот ва пӯёиҳои сиёсианд, камокон арзишу аҳамияти худро ҳифз мекунанд, аммо Қутби Шимол ба арсаи ҷадиде аз ин рақобатҳо афзуда хоҳад шуд.

Ба ин лиҳоз мумкин аст дар оянда, тасмимҳои мубтанӣ бар тавофуқ ва тафоҳум миёни қудратҳои бузург дар манотиқи буҳронӣ ва амниятӣ, монанди Ховари Миёна, Шарқи Дур, Афғонистон, Осиёи Миёна, Африқо ва Амрикои Лотин, ба вуҷуд биёяд. Асли тавофуқ миёни қудратҳои бузург, ба асоси тақсими ҳавзаи манофеъ ва манобеъ, сурат хоҳад гирифт, ки боис мешавад, ё дар ин манотиқ, буҳронҳои сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодӣ, ташдид шавад ва ё ин ки ба асоси тафоҳумҳои сиёсӣ, сулҳе баргашт дошта бошад. Ин равандро гузашти замон ва сайри таҳаввул дар низоми байналмилал, махсусан таҳаввулоти сиёсӣ дар Амрико, Аврупо, ҷанги Украина ва масъалаи Афғонистон, равшан хоҳад сохт.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!