Хабари рӯз

Он дар асл як мафкураи чиниву русӣ аст, то як тафаккури бразиливу ҳиндӣ.

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Дар муҳосиботи қудратҳои бузург, ҳамвора тақсимбандии Шимоли ғанӣ ва Ҷануби фақир, як асли бунёдӣ ва қобили таъйид аст. Низоъҳои таърихӣ, рақобатҳои идеологӣ миёни кишварҳои қудратманд, тарвиҷи хушунат, фурӯши аслиҳа ва ироаи барномаҳои истеъморӣ зери номи кӯмак ва ҳамкорӣ барои кишварҳои дар ҳол тавсеа, дар қолаби доктринаи истеъмори навин худ мубини ин амр аст.

Баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум, эҷоди блоки Шарқу Ғарб ва рақобати шадиди иқтисодиву сиёсӣ миёни Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико раванди истеъмори кишварҳои фақир, аммо дорои манобеъи азими табиӣ ва инсонӣ дар таҳти назарияҳои либерализм ва коммунизм башиддат тақсимбандии Шимоли ғанӣ ва Ҷануби фақир афзуд. Аммо пас аз фурӯпошии Шӯравӣ ва якатозии Амрико дигар рақибе барои тамаъ болои Амрико ҷиҳати балъидани сармояҳои кишварҳои фақир, аммо дар айни ҳол, дорои манобеи азими табиӣ вуҷуд надошт.

Ин раванд барои чандин мутаволӣ дар ҷиҳати таъмини манофеъи Амрико ҷараён дошт. Аммо бо ташкили БРИКС дар соли 2001, идеяи моликияти биломунозеаи ҷаҳон тавассути Амрико бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ шуд.  Дарвоқеъ, БРИКС, Ҷануби Ҷаҳонӣ ва сохти парадигмаи ҷадид дар назми байналмилалии пешрав, ки мо маъмулан онро ба номи назми пасоқутбӣ мешиносем, идеяҳои умедворкунандае барои таҳаввул дар назми ноодилонаи мавҷуд ҳисоб мешаванд.

Агарчи БРИКС, ки ҳоло беҳтар аст онро БРИКС плюс бигӯем, чун ин танҳо кишварҳои қудратманде, монанди Русия, Чин, Африқои Ҷанубӣ, Бразилия ва Ҳинд нестанд, ки идеяи аввалияи ин гурӯҳро шакл медоданд, бал бо узвияти кишварҳои бештаре ҳаммонанди Эрон, Аморот, Эфиопия, Миср ва Туркия (ба иллати мухолифати Ҳинд, ҳаққи узвияти Туркия дар БРИКС, вето шудааст) як таҳаввули ҷадид дар эҷоди ин парадигма, ҳисоб мешаванд.

БРИКС идеяи ғолиби тасаввур дар меҳвари тамаддуни ғарбии мубтанӣ бар паймони Вестфалияро ба чолиш мекашид ва дар ивази он ба тавзеи имтиёзот ба гунаи одилона ва бидуни дарназардошти маҳдудиятҳои ҷуғрофиёӣ ва ё ҳам Ҷануби Ҷаҳонӣ, дар талош аст, то як фурсати бесобиқаро дар таомулоти байналмилалӣ, чӣ дар арсаи сиёсиву иқтисодӣ ва чӣ дар заминаҳои низомӣ ва амниятӣ, бино ниҳад. Ин гурӯҳ бо тарҳи идеяи чандҷонибагароӣ дар пайи тақвияти парадигмаҳои сиёсиву иқтисодӣ аст, ки меҳвари аслӣ ва дағдағаи куллии онро як тафаккури ғайриғарбӣ шакл медиҳад.

Дар ҳамин росто, талошҳои ҳамзамони БРИКС плюс барои эҷоди сохторҳои мувозӣ бо системи Бретон Вудз, ҳаммонанди Сандуқи захираи арзӣ ва Бонки тавсеаи навин, ду рақиби умдаи Сандуқи ваҷҳии пул ва Бонки ҷаҳонӣ, ин тасаввурро таъйид мекунад, ки ба зудӣ бояд тарҳи долларзудоӣ ба масобаи умдатарин иқдом дар ҷиҳати таҳаққуқи аҳдофи ин гурӯҳ муҳаққиқ шавад.

Дар тарҳи ҷойгузини БРИКС ба ивази Бретон Вудз, ки масодиқи иҷтимоии он, баргирифта аз муаллифаҳое чун демократия ва ҳуқуқи башар аст, тарҳи ҳокимияти давлатҳо дар қолаби иқтидоргароии  ҳукуматӣ ва таҷвизи назми одилона, ҷой дорад.

БРИКС плюс, як идеяи бештар баромада аз хастагиву фарсудагӣ аз раҳбарии харобкоронаи Амрико аст. Як вокуниш аст дар баробари нотавонии Амрико дар амри таъмини суботи ҷаҳонӣ. БРИКС плюс  талош дорад, то бо эҷоди ҳамгароии сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дар чаҳорчуби Паймони Шанхай минҳайси бозуи низомиаш, ҳаммонанди НАТО, дар қолаби доктринаи зидди истеъмор, амал кунад.

Дар арсаи иқтисодӣ ин гурӯҳ зарфият болое дорад. Вазни иқтисодии БРИКС дар ҳадде аст, ки дар тӯлонимуддат метавонад  қутби ҷадиде аз тафаккури ғайриғарбиро дар васеътарин шакли он тарвиҷ кунад ва як тафаккури байналмилалии ғолиб ба шумор равад. Ба асоси иттилооти мавҷуд  46 дарсад аз ҷамъият, 40 дарсад аз захоири нафт, 45 дарсад аз тавлиди нафт, 32 дарсад аз хушкии замин, 30 дарсад тавлиди нохолиси дохилӣ, 37 дарсад аз тавлиди нохолиси дохилӣ, 20 дарсад аз захоири тилои PPP, 32 дарсад аз тавлиди тилло, 30 дарсад аз сармоягузории мустақими хориҷӣ, 40 дарсад аз захоири хориҷӣ, 42 дарсад тавлиди ғаллот ва  40 дарсад масрафи ғаллотро дар худ ҷой додааст.

Аммо барои қарор гирифтан дар ҷойгоҳи рақиби назми мавҷуди амрикоӣ ҳанӯз роҳи дуру дарозеро дар пеш дорад. Чолишҳои зиёде фарорӯи БРИКС мавҷуд аст, ки то ҳадде тавониста бар раванди ҳамгароии бештари сиёсӣ ва иқтисодӣ дар даруни ин гурӯҳ таъсир бигузорад. Аз фуқдони ҳамгароии сиёсӣ ва тафовут дар низомҳои сиёсии кишварҳои узв гирифта, то адами тавофуқ барои думбол кардани аҳдофи мутафовит тавассути аъзо, мавҷудияти ихтилофоти арзиву марзӣ, адами талош барои эҷоди як ҳавзаи муштараки иқтисодӣ ва дорои таърифаҳои камтари гумрукӣ, аз ҷумлаи чолишҳои ин гурӯҳ аст. БРИКС плюс як гурӯҳ аст, зеро то ҳанӯз на дорои асоснома аст ва на ҳам органҳои матлубро дар ҷиҳати расидан ба аҳдоф, тавониста тарроҳӣ кунад.

Дар айни ҳол БРИКС плюс тавониста муваффақиятҳое ҳам дошта бошад: аз татбиқи проектҳое, монанди “Як камарбанд як ҷода”-и Чин, эҷоди Бонки тавсеаи навин, эҷоди Сандуқи захоири арзӣ, ҳимоят аз тарҳи шумулияти Ҳинду Бразилия дар Шӯрои амният, шарқисозии сиёсатҳои ҷаҳонӣ дар Созмони Милали Муттаҳид, ҷалби таваҷҷуҳи соири кишварҳо барои дархости узвият дар ин гурӯҳ, эҷоди фазои бештари ғайриғарбӣ, таъсиси ниҳодҳои мустақили байналмилалӣ, назми байналмилалии зидди либерал, тарҳи долларзудоӣ, талош барои эҷоди як арзи воҳид, ироаи қарза барои кишварҳои ниёзманди Ҷануби Фақир, метавон ном бурд.

Ба ҳар ҳол, БРИКС плюс як сохтори башиддат ғайриғарбӣ, дорои аъзое бо аҳдофи мутафовит ва низомҳои сиёсии ноҳамгун аст. Хислати вокунишӣ дорад ва натавониста як навъ ҳамгароии геополитикиро таҷриба кунад. Зерсохтҳояш ҳанӯз барои кори бештар, ниёзманди ҳамгароии сиёсӣ ва иқтисодии аъзои он аст.

Аммо дар айни ҳол, паёми эҷоди як қутбро медиҳад, ки мусталзими талоши фаровон аст, то бо рақибаш Амрико  баробарӣ кунад. Ин сохтор талош дорад, то паёми раҳоӣ аз истеъмори навинро барои мардумони ҷануби фақир ва ё ба гуфтаи худашон, Ҷануби Ҷаҳониро бидиҳад, адолатро таъмин кунад ва дар ҷиҳати сохторҳои мувозии иқтисодӣ талош бештар намояд.

БРИКС плюс дар асл як мафкураи чиниву русӣ аст, то як тафаккури бразиливу ҳиндӣ, ки дар талоши эҷоди мувозина дар равобиташон бо Амрикову Шарқ ҳастанд. БРИКС дар сурати тадовуми раванди мавҷуд ва ҳифзи дастовардҳояш, метавонад як сохтори башиддат таъсиргузор дар ояндаи таомулоти байналмилалӣ  шумурда шавад.

 


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!