Хабари рӯз

Барномаи паштунизасозии Афғонистон агар як душмани оштинопазир барои худ таъриф кунад, он душман фақат фарҳангу забони форсӣ аст. Барои ин ки Афғонистон ҳувияти фарҳангии паштунӣ ба худ бигирад, ҳувияту забони форсӣ бояд ҳазфу нобуд шавад

Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, нависанда ва таҳлилгари масоили сиёсии Афғонистон, махсус барои “Сангар”

БАРРАСИИ АНГЕЗАҲО ВА ДАЛОИЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАНГ

Ҷанг бо Толибон ангезаҳо ва далоили гуногун дорад. Гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва динӣ бо Толибон суснойи созгорӣ ва ситез доранд. Пеш аз пардохтан ба ангезаҳо ва далоили ҷанг бо Толибон, лозим аст ба гунаи мухтасар таърифе аз Толибон ироа шавад то дар рӯшноии он битавон ангезаҳо ва далоили ҷанг бо ин гурӯҳро тавзеҳ дод.

Таърифи Толибон:

Толибон як гурӯҳи қавмӣ ва мазҳабӣ аст. Қавме, ки Толибон ба он тааллуқ доранд, паштун аст. Бисёриҳо ба ин боваранд, ки қавмият зерсохти аслии фикру барномаи Толибон аст, аммо чун ҷомеаи Афғонистон як ҷомеаи мазҳабӣ аст, Толибон аз мазҳаб минҳайси пӯшиш истифода мекунад. Албатта ин чизе аст, ки Толибон онро намепазирад.

Нуктаи дигар, ки дар шинохти Толибон ҳоизи аҳамият аст, истихборотӣ будани ин гурӯҳ ё вобастагии шадиди он ба созмонҳои истихборотии берунӣ, ба вежа Созмони истихбороти низомии Покистон - АйЭсАй, аст. Ин амр боис шуда, ки шинохти Толибон душвортар шавад. Раҳбарони ин гурӯҳ таҳти мудирияти истихбороти Покистон ҳамеша аз анзори мардум пинҳон нигаҳ дошта мешаванд то ҳувияти мубҳами ин гурӯҳ равшан нашавад.

Толибон дар даҳаи охири қарни бист(1994) замоне, ки гурӯҳҳои мухталифи ҷиҳодӣ машғули ҷанг бо ҳукумати Бурҳонуддин Раббонӣ буданд, дар Покистон ва аз миёни талабаҳои мадориси динӣ зуҳур кард. Ба ҳамин ҷиҳат, як таҳлили ғолиб ҳамин аст, ки Толибон сохтаи дасти АйЭсАй аст ва дар ҷиҳати таҳаққуқи аҳдофи тавсеаталабонаи Покистон кор мекунад.

Дар бахши нахуст, ба баррасии ангезаҳо ва далоили иҷтимоӣ-қавмии ҷанг бо Толибон пардохтем.

ЛИНК

Дар бахши дувум, ангезаҳо ва далоили сиёсии ҷанг бо Толибон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

ЛИНК

Дар ин бахш, ангезаҳо ва далоили фарҳангии ҷанг бо Толибон ба баррасӣ гирифта мешавад.

 

АНГЕЗАҲО ВА ДАЛОИЛИ ФАРҲАНГИИ ҶАНГ БО ТОЛИБОН

Тахриб муҷассамаҳои Буддо дар Бомиён дар давраи нахусти ҳокимияти гурӯҳи Толибон бар Афғонистон*, намунаи барҷастаи фарҳангситезии ин гурӯҳ дониста мешавад, аммо душманӣ ва ситези ин гурӯҳ бо фарҳанг ба як, ду ё даҳ мавриди хос хулоса намешавад. Толибон бо ҳар чӣ ҷанбаи фарҳангӣ ва ҳунарӣ дошта бошад, ситез доранд, магар ин ки он чиз ҷанбаи толибонӣ дошта бошад.

Толибон бо мусиқӣ, рассомӣ, наққошӣ, пайкартарошӣ, синамо ва соири ҷанбаҳо ва ҷилваҳои ҳунару адабиёт сари ситез доранд ва ин амр далоилу авомил мухталифе дорад.

Ситези Толибон бо фарҳангу осори фарҳангӣ-таърихӣ ду омили умдаи динӣ ва қавмӣ дорад.

 

Омили динӣ:

Аз бӯъди динӣ, душмании Толибон бо фарҳангу осори фарҳангӣ-таърихӣ мустанад ба ривоятҳое аз дин аст, ки аз назари уламо ва пажӯҳишгарони динӣ бунёди маҳками динӣ надорад. Тамассук ба ривоятҳои таърихӣ-динӣ дар амри душманӣ бо фарҳангу осори бостонӣ бештар бозтоби суъистифодаи ҷараёнҳои сиёсӣ-исломӣ аз омӯзаҳои динӣ ва дар хушбинонатарин ҳолат бозтоби суъитафоҳумҳои шаклгирифта дар ин замина аст.

Вақте Толибон 22 сол қабл муҷассамаҳои бузурги Буддо дар Бомиёнро мунфаҷир кард, аз он ба унвони “бутшиканӣ” минҳайси як суннати динӣ ёд карданд, ки бино ба ривоятҳои таърихӣ, марбут ба давраи Султон Маҳмуд Ғазнавӣ аст*.

Султон Маҳмуди Ғазнавӣ алоқаи зиёд дошт, ки аз ӯ ба унвони “Бутшикан” ёд шавад. “Бутшикан” низ лақабест, ки дар гуфтумони динӣ ба Иброҳими набӣ аз паёмбарони номдор дода шудааст.

Бино ба ривоятҳои таърихӣ, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ низ бо истинод ба яке аз қиссаҳои Қуръонӣ, иқдом ба тахриби муҷассамаҳо ва осори бостонии давраҳои қабл аз ислом мекард.

Дар сураҳои “Анбиё” ва “Софот” аз Қуръони карим, он ҷо, ки дар мавриди анбиё сӯҳбат ба миён меояд, моҷарои шикастани бут тавассути Иброҳим (ъ) зикр мешавад.

Мазмуни достони Қуръонӣ дар ин маврид таврест, ки Иброҳими набӣ барои як муддати тӯлонӣ талош мекунад, ки бутпарастони замони худро ба тарки бутпарастӣ ва руҷӯъ ба оини яктопарастӣ, даъват кунад, аммо даъвати ӯ коргар намеафтад. Бутпарастон кеши худро тарк намегӯянд. Дар ниҳоят, Иброҳими набӣ тасмим мегирад, ки бутҳои яке аз бутхонаҳои маъруфи маҳаллаи худро бо табар бишиканад ва сипас табарро ба гардани бути бузург биёвезад. Вақте мардум он саҳнаро диданд, чун медонистанд, ки кори Иброҳим аст, ӯро мавриди бозхост қарор дода ва ба муҳокима кашониданд. Дар ҷараёни муҳокима Иброҳими набӣ мегӯяд, ки бутҳоро бути калон шикастондааст ва аз ӯ моҷароро бипурсед. Вақте қозӣ мегӯяд, ки бут наметавонад сухан бигӯяд, Иброҳими набӣ мепурсад, чаро чизеро мепарастед, ки сухан гуфта наметавонад?

Тавре, ки аз мазмуну маънои ин достон бармеояд, ҳадафи Иброҳими набӣ бутшиканӣ ва иҳонат ба мӯътақидоти бутпарастони замонаш набуда, балки ҳадафи ӯ даъвати мардум ба яктопарастӣ буда ва дар ҳамин росто чун даъвати забонии ӯ коргар намеафтад ба иқдоме мутавассил мешавад то бутпарастонро муҷоб ба тарки бутпарастӣ ва гаравидан ба оини яктопарастӣ намояд. Иброҳими набӣ намехост, ки аз ӯ ба унвони қаҳрамони достони “бутшиканӣ” ёд шавад. Ҳадафи ӯ панду андарз буд ва бутҳоро барои он шикаст то истидлолу мантиқи нуҳуфта дар бовари яктопарастиашро бо як мисоли айнӣ возеҳ бисозад.

Аҳли таҳқиқ медонанд, ки аз достони бутшикании Иброҳим наметавон “бутшиканӣ” ба унвони як рӯйкарди таҳоҷумӣ бар оинҳо ва адёни ғайрияктопарастиро натиҷа гирифт. Аммо чунон ки баъдҳо ривоҷ шуд, масири таҳаввулоти таърихӣ дар ҷиҳате қарор гирифт, ки аз оёту ривоёти мухталифи динӣ, ҷараёнҳои сиёсӣ бо ҳадафи ҳифзи султаву иқтидори хеш ва бо ҳадафи тавҷеҳи ҷангу лашкаркашӣ ва расидан ба аҳдофи қудратталабонаи худ суъистифода карданд.

Бо рушди ифротияти динӣ, тааҷҷуббарангез нест, ки суъистифодаҳо ва суъибардоштҳо аз оёту ривоёти динӣ-таърихӣ низ рушд кунад. Толибон минҳайси як гурӯҳи ифротӣ шояд боризтарин намуна аз таҷаммӯъи афроди камдониш ва сатҳингаре бошад, ки дар суъистифода ва суъбардошт аз оёту ривоёти динӣ-таърихӣ раёсатталабӣ дорад!

Албатта, достони суъистифода ва суъбардошт аз оёту ривоёти динӣ-таърихӣ, як достони тӯлонӣ ва печида аст, ки дар ин маврид китобҳои зиёд низ нигошта шуда ва ҷойи баҳсу фасли тӯлонӣ ва муфассали дигар дар ин замина ҳанӯз холӣ аст. Қадри мусаллам ин ки Толибон дар он чи ситезу иноди ин гурӯҳ бо фарҳангу осори таърихӣ-бостонӣ дониста мешавад, дар бисёрии маворид ба ривоятҳои динӣ ишора ва истинод мекунад.

Достони душмании Толибон бо мусиқӣ низ шабеҳи достони душмании ин гурӯҳ бо муҷассамаҳо ва осори бостонии таҷассумӣ аст. Дар ҳоле ки ҳеҷ ҳукми сареҳу мансуси динӣ дар бораи ҳаром будан ва зиддияти мусиқӣ бо дин ва омӯзаҳои динӣ вуҷуд надорад, Толибон бино ба бардошти омиёна ва сатҳии худ аз дин, алайҳи мусиқӣ ба унвони яке аз ҷанбаҳои барҷастаи фарҳангу ҳунари башарӣ, хусумат меварзад ва онро мамнуъ ва аҳолии онро сазовори муҷозот медонад.

Ба ҳамин сон дар бораи шеър, достон ва ҳатто “таърих” минҳайси як матни воқеӣ ва айниву мустанад, низ Толибон ва гурӯҳҳои сатҳингару ифротии динии ҳамсӯ бо он, назари хасмона доранд ва ононро дар зумраи осори ғайридинӣ ва ҳатто гумроҳкунанда мешуморанд.

Тасодуфӣ нест, ки дар кулли ҷаҳони ислом, ба вежа дар аксарияти мутлақи ҷавомеъи мусулмоннишин, ки дар онон гурӯҳҳои сиёсии дингаро ҳокимият дошта/доранд, фарҳангу ҳунару адабиёт ва ҳатто фалсафаву улуми башарӣ ё аслан рушд надошта ё рушди бисёр андаку кунд доштааст.

Аммо чунон ки ишора шуд, Толибон дар амри ситез бо мазоҳири фарҳангу тамаддуни башарӣ, аз ҳеҷ улгуи ҳокимиятҳои динӣ дар минтақаву ҷаҳон табаият намекунад ва равиши сахтгиронаи даступогири худро дорад, ки ҳамаро ба тааҷҷуб водоштааст.

Ба гунаи намуна Толибон ба расонаҳо ба унвони як ниҳоди фарҳангӣ нигоҳи манфиву хасмона дорад ва ба вежа телевизион дар зеҳнияти ин гурӯҳ душмани дараҷаи як шумурда мешавад. Ин амр бо улгуи рафтори бақия кишварҳои минтақа, ки низомҳои шабеҳи толибонӣ доранд, ҳамхонӣ надорад.

Толибон дар ҳокимияти нахусти худ (1996-2001) нашароти ягона телевизиони Афғонистонро, ки телевизиони ҳукуматӣ буд, мутаваққиф кард ва то охири ҳукумат иҷозаи бозгушоии онро надод. Дар давраи дувуми ҳокимияти Толибон, ки 9 моҳ қабл шурӯъ шуд, ҳарчанд расонаҳо баста нашуданд, аммо сиёсати саркӯбу сонсур бар онон ба тартибе эъмол шуда, ки ё баландгӯи бечунучарои Толибон бошанд ё ҳам дарби худро бибанданд.

Эҷоди маҳдудиятҳои густурда фаророҳи омӯзиш ва кори занон низ реша дар зеҳнияти фарҳангситези Толибон дорад. Ҳузури густурдаи занон дар ҷомеа ва иштироки онон дар бозори кору ҳавзаи омӯзиш ва таҳсил аз назари Толибон нишонаи фарҳанги шаҳрӣ ва ғайрдинӣ пиндошта мешавад, ки бояд ҷилави он гирифта шавад. Толибон вақте эълом кард, ки духтарони болотар аз синфи шашум наметавонанд мактаб/мадраса бираванд, ҳатто ҳомиёни берунии худро мутааҷҷиб сохт. Амороти муттаҳидаи арабӣ, Қатар ва Покистон ба ин сиёсати Толибон эътироз карда ва онро хилофи омӯзаҳои динӣ хонданд.

Мунтаҳо чунон ки гуфта шуд, Толибон чун яке аз камдоништарину сатҳинигартарин ва ба ҳамин сон хашинтарину ифротитарини гурӯҳҳои исломгаро аст, табиист, ки рӯзгори фарҳангу ҳунар ва адабиёту фалсафа дар зери сояи ҳокимияти он абтар бошад ва аҳолии фарҳангу ҳунар ғарибу бечора!

Ба гунаи намуна бо он ки Толибон вақте рафтори зиддифарҳангии худ дар ситез бо осори бостонии таҷассумиро ба намоиш мегузорад, иддаояш ин аст, ки аз суннати сиёсӣ-динии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ пайравӣ мекунад, аммо ҳамин Толибон, дарку шинохташ аз Султон Маҳмуди Ғазнавӣ низ бисёр сатҳӣ ва маҳдуд ба ҳамон гӯшае аз шахсияти чандбуъдии Султон Маҳмуд аст, ки ба “бутшиканӣ” машҳур аст.

Дуруст аст, ки рӯйкарди таҳоҷумии бутшиканонаи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ қодир ба убури солим аз зери теғи нақди мунсифонаи таърихи башарӣ нест, аммо дар айни ҳол, аз Султон Маҳмуд ба унвони касе ёд мешавад, ки гароиши шадиде ба шеъру адабиёт ва ҳатто ирфону тасаввуф минҳайси ҷилваҳои дигари фарҳанг дошта ва дар даврони салтанат ӯ шеъру адабиёти форсӣ рушди чашмгире дошта ва шуарову ҳунармандони зиёде дар натиҷаи ҳимоятҳои ӯ қодир ба халқи осори арзишманде дар ҳавзаи шеъру адабиёт ва фарҳанг шуданд. Толибон гӯё дар бораи ин ҷанба аз шахсияти Султон Маҳмуд огоҳ нест, чун ин гурӯҳ бо шеъру адабиёт ва тасаввуф низ сар инод дорад ва яксара он чиро ҷилваи фарҳангӣ дошта бошад, рад мекунад.

Омил қавмӣ:

Бахше аз далоилу ангезаҳои ситези Толибон бо фарҳанг реша дар сохту бофти тафаккури қавмӣ-қабилаии Толибон дорад. Аксарияти мутлақи Толибон аз назари қавмӣ паштун ҳастанд ва рафтор, боварҳо ва дарки онон аз зиндагии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ бозтоби фарҳанги қавмӣ-қабилаии паштунӣ аст.

Паштунҳо бино ба далоили мухталифе сохтори қабоилии худро ҳифз кардаанд. Сохтори қабоилӣ як сохтори пешомодерн аст, ки заминаи рушди фарҳангӣ дар он бисёр кунд аст. Албатта, теъдоде аз паштунҳо, ки шаҳрнишин шуда ва ё ба хориҷ аз кишвар сафар кардаанд, аз назари фарҳангӣ рушд кардаанд, аммо дар сохтори ташкилотӣ ва созмонии Толибон, паштунҳои фарҳангии рушдёфта аслан ҳузур надоранд ё ҳузури ночиз ва ғайрмуассир доранд, ки наметавонанд нақши таъйинкунандае дар рафтори Толибон дошта бошанд. Ба вежа он ки Толибон ҳамеша дар он бистарҳои иҷтимоии паштунӣ ҳузур доштанд ва рушд карданд, ки ба далелӣ атрофӣ будан ва дур будан аз муҳитҳои шаҳрӣ, бистарҳои баста дониста мешавад.

Аксарияти ҷамъияти Афғонистон дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд ва метавон гуфт, ки шаҳрнишинӣ дар ин кишвар рушди чандоне накардааст. Ба далели заъфу нокорагии ниҳоди давлат, муҳитҳои атрофӣ ва рустоӣ аз назари фарҳангӣ ва иҷтимоӣ рушди чандоне надошта ва тавсеанаёфтагӣ ба унвони як шохисаи муҳими атрофнишинон, дар манотиқи ҷануб ва ҷанубу шарқ, ки умдатан паштуннишин дониста мешаванд, барҷастагии хосе дорад.

Ба иборати дигар, манотиқи рустоии паштуннишин аз назари фарҳангӣ ақибмондатар аз манотиқи рустоии ғайрпаштуннишин аст. Ин амр далолат бар он дорад, ки танҳо омили атрофӣ будан ба унвони як омили ҷуғрофиёӣ дар ин замина муассир нест, балки омили қавмӣ-қабилаӣ низ дахолат дорад.

Чунон ки ишора шуд, қабоили паштун бисёре аз мазоҳири фарҳангии бадавӣ ва пешомодернро ҳифз кардаанд. Русуму анъаноти сангшуда ва улгуҳои рафтории пешомодерн дар рафтору боварҳои онон ба касрат дида мешавад. Занон аз ҳуқуқи иҷтимоӣ ва фардии ночизи бархӯрдор буда ва фарҳанги ғолиб ҳамон фарҳанги мардсолор аст. Дар муқоиса бо дигар ақвом, паштунҳо бештар пойбанди арзишҳои иҷтимоии ҷамъиянд ва фардияту истиқлолияти фардӣ дар байни онон ҳанӯз ҷо науфтодааст. Дар миёни ҷавомеъи паштунӣ сохторҳои идорӣ-ҳуқуқии мубтанӣ бар қонун шакл нагирифта ва хони қабила дар ҷойгоҳи қозиву муҷрии қонун амал мекунад. Масорифи газофи издивоҷ, хонаводаҳои касирулҷамъият ва занони таҳти ситами хонаводагӣ аз ҷилваҳои дигари фарҳангӣ-иҷтимоӣ дар ҷавомеъӣ паштунӣ аст. Касоне, ки дар бистарӣ чунин ҷомеа ва фарҳангӣ рушд мекунанд, ба сурати табиӣ бо фарҳанги шаҳрии мутамаддинона сари созиш надоранд.

Аз он ҷое, ки аксарияти аъзои раҳбариву миёнӣ ва ҳатто афроди Толибон аз назари қавмӣ паштун ва аз назари ҷуғрофияи ускон, атрофианд, бадеҳист, ки онон паёмовари ақибмондагии шадиди фарҳангӣ бошанд ва бо мазоҳири фарҳангии тавсеаёфта суснойи созгорӣ дошта бошанд.

Албатта, мушкили гурӯҳҳое мисли Толибон ин аст, ки носозгории худ бо ҳар падидаи ғайри қобили фаҳм ва ғайри қобили ҳазмро дар чорчӯби душманӣ ва зиддияту ситез таборуз медиҳанд. Яъне ҳарчи бо ақоиду азҳони онон носозгор буд, бояд ҳазфу нобуд шавад ва бояд ба равиши хашину ваҳшиёна ҳазф шавад. Ифротият дарвоқеъ дар ҳамин чорчӯб маънои худро пайдо мекунад ва илло ихтилофу носозгории фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ дар тамоми ҷавомеъ вуҷуд дорад, аммо гурӯҳҳои ҳоким ба ҳазфи физикӣ ва хушунатбори аносири нобоби фарҳангиву сиёсӣ ва иҷтимоӣ иқдом намекунанд.

Дар ростои ситези Толибон бо мазоҳири фарҳангии “нобоб”, забону фарҳанги форсӣ ба унвони забону фарҳанги миллӣ ва омиёнаву умумӣ дар Афғонистон, дар садри феҳрист қарор мегирад. Шаҳрҳои Афғонистон аксаран ҳувияти фарҳангӣ-забонии форсӣ доранд. Дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон ҳама бошандагон ба форсӣ сухан мегӯянд ва номҳои маконҳои шахсиву давлатӣ ба забони форсӣ аст.

Албатта, ситези Толибон бо мазоҳири фарҳангу забони форсӣ, илова бар носозгории дугонаҳои “суннату мудернита” реша дар як барномаи то ҳудуде мудаввани натсионалистӣ-паштунӣ низ дорад. Яъне ин гуна нест, ки Толибон ба унвони паштунҳои ифротиву атрофӣ бо ғайрипаштунҳо ва паштунҳои шаҳрнишин, ки ранги ҳувияти фарҳангӣ-забонии форсиро ба худ гирифтаанд, ба далели носозгории фарҳанги шаҳру атроф, суснойи созгорӣ дошта бошанд. Дар канори ин, чунон ки ишора шуд, як барномаи носиунолистӣ-паштунӣ дар як садаи ахир дар Афғонистон рӯйи даст гирифта шуда, ки нухбагони қавмгарои паштун худро мукаллаф ба иҷрои он медонанд.

Нухбагони қавмгарои паштун агар худ дар ҳукумат бошанд, барномаи ёдшударо иҷро мекунанд, агар худ дар ҳукумат набошанд, ба ҳокимони паштун тавсия ва машвараашон ин аст, ки барномаи қавмии ёдшуда, ки иборат аз паштунизасозии кулли Афғонистон астро амалӣ бисозанд. Ин барнома чунон бо қотеъияту ҷиддият думбол шуда, ки ҳокимони паштун, ҷалби ҳимояти паштунҳоро вобаста ба иҷрои бебоконаи ин барнома медонанд. Ба иборати дигар, аз назари паштунҳо ва аносири нухбаи қавмгарои паштун, танҳо он идда аз ҳокимони паштун сазовори ҳокимият ҳастанд ва ҳақ доранд, ки ҳимояти паштунҳоро таваққӯъ дошта бошанд, ки барномаи паштунизасозии Афғонистонро бо ҷиддияту қотеъият ва содиқона иҷро кунанд.

Барномаи паштунизасозии Афғонистон, ки дар қисмати нахусти ин силсилагуфторҳо ба он ба гунаи мушарраҳтар ишора шуд*, дарвоқеъ агар як душмани оштинопазир барои худ таъриф кунад, он душман фақат фарҳангу забони форсӣ аст. Барои ин ки Афғонистон ҳувияти фарҳангии паштунӣ ба худ бигирад, ҳувияту забони форсӣ бояд ҳазфу нобуд шавад. Аносири қавмгарои паштун ин барномаро бо тамоми табаоти манфии он, ки ба унвони “зербинои илалӣ” - и ҷангҳои чанд даҳаи кишвар шинохта мешавад, дар маърази иҷро гузоштаанд. То он ҷо, ки нухбагони қавмгарои паштун ҳатто ҳимоят аз Толибон минҳайси як гурӯҳи террористиро низ дар ростои таҳаққуқи барномаи фавқ қобили тавҷеҳ донистаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки ҳувияти таърихӣ-фарҳангии Афғонистон пур аз намодҳову бунмояҳои фарҳангӣ-забонии форсӣ аст, ба сурати табиӣ ин ҳувият ва ин таърих дар маърази барномаҳои ҳазфи гурӯҳҳои қавмгаро ва ифротие мисли Толибон қарор мегирад. Албатта, чунон ки ишора шуд, Толибон дар кори ҳазфи ҳувияти фарҳангӣ-таърихии Афғонистон, аз дин низ минҳайси як васила барои тавҷеҳ истифода мекунад ва муддаӣ мешавад, ки фалону баҳмон асар ва ҳувияти фарҳангӣ чун марбут ба дини ислом нест ва ба заъми ин гурӯҳ исломӣ нест, сазовори нобудӣ аст.

Яке аз ин намодҳои фарҳангӣ, гиромидошт аз Наврӯз минҳайси як расми куҳани таърихӣ-бостонӣ аст, ки Толибон ва муллоҳои ҳамфикри онон алайҳи онон таблиғоти густурда ба роҳ меандозанд ва онро аз боқимондаҳои фарҳанги ҷоҳилияти пеш аз ислом мехонанд. Ин дар ҳоле аст, ки бисёре аз кишварҳои исломӣ дигар дар ҳавзаи тамаддунии форсӣ, Наврӯзро бо шукӯҳ таҷлил мекунанд.

Дарӣ хондани забони форсӣ ва таъкиди пайвастаи паштунистҳо низ реша дар ҳамин гароиши форсиситезӣ дорад. Онон ба заъми худ ибтидо форсиро ба ду бахш форсӣ ва дарӣ тақсим мекунанд ва сипас, бо дарӣ хондани форсии Афғонистон, онро аз пайкараи аслии форсӣ, ки дар Эрону Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа ривоҷ дорад, ҷудо мекунанд.

Албатта, ҳастанд паштунҳои фарҳангие, ки дар маърази барномаи ҳазфу саркӯби Толибон қарор доранд. Чунон ки гуфта шуд, Толибон ҳам далоили динӣ ва ҳам далоили қавмӣ барои фарҳангситезии худ доранд ва ин амр доираи шумулияти ситези ин гурӯҳ бо фарҳангу тамаддунро васеъ сохта ва тамоми аҳоливу аносири фарҳангиро дарбар мегирад.

Он ҷо, ки далоилу ангезаҳои динии фарҳангситезӣ ғалаба кунад, аносирӣ фарҳангиӣ паштун низ дар маъразӣ таҳдид қарор мегиранд ва аносири фарҳангии ғайрипаштун ҳам бо ангезаҳову далоили динӣ ва ҳам бо ангезаҳо ва далоили қавмӣ-қабилаӣ дар маъразӣ таҳдид қарор мегиранд.

Ба иборати дигар, таҳдиде, ки ба аносири фарҳангии ғайрпаштун аз ноҳияи Толибон мутаваҷҷеҳ аст, ду омил, ё ба истилоҳ, дуфаврита аст. Аммо баъзе аз аносири фарҳангии паштун низ дар амон нестанд. Магар он идда паштунистҳое, ки бар асоси тааллуқоти фашистӣ-паштунистӣ бо Толибон равобите барқарор карда ва барои худ сипарӣ дифоъие аз рафоқат ва ҳамфикрии қавмӣ сохтаанд.

Ба ҳар рӯй, барномаи фарҳангситезии Толибон ва инод бо мазоҳири фарҳангӣ, ҳар ангеза ва далели дигаре, ғайр аз далоили ёдшудаи фавқ, низ, ки дошта бошад, бахши аъзами аҳолии фарҳанги Афғонистонро пӯшиш медиҳад ва ҳама фарҳангиёни Афғонистонро душмани Толибон ва Толибонро ба душмани ҳама аҳолии фарҳангии ин кишвар мубаддал месозад.

Бино ба он чи гуфта омад, фарҳангиёни Афғонистон, фарҳангдӯстон ва ҳатто касоне ки хостори ҳифзи сарзамине ба номи Афғонистон дар як куллияти воҳид ба унвони кишвари воҳид ҳастанд, чораи дигаре ғайр аз ҷанг бо Толибон надоранд. Толибон аҳолии фарҳангу ҳунарро таҳаммул надоранд ва дар ҳокимияти ин гурӯҳ, вазъияти фарҳангии кишвар беш аз ҳама асафбор шудааст. Толибон бино ба бардоштҳои сатҳӣ ва равиши ифротии худ дар садади ҳазфу нобудии осори фарҳангӣ аст ва бо тадовуми ҳокимияти ин гурӯҳ, ҳувияти фарҳангии мутакассири Афғонистон дар маърази таҳдиди ҷиддӣ қарор дорад ва ин таҳдид то марзи таҷзияи Афғонистон ба чанд воҳиди ҷуғрофиёии ҷудогона бар асоси ҳувиятҳои фарҳангӣ-забонӣ пеш рафта метавонад. Бо ин васф, ангезаҳо ва далоили фарҳангии ҷанг бо Толибон аз назари дараҷаи аҳамият, камаҳамияттар аз далоилу ангезаҳои қавмӣ ва сиёсӣ нест.

Давоми султаи Толибон рушди фарҳангии Афғонистонро мутаваққиф мекунад. Таваққуфи рушди фарҳангии як ҷомеаи чандфарҳангӣ дарвоқеъ ба маънои аз ҳам гусастани пайвандҳои миллӣ ва пӯхта шудани риштаҳое аст, ки як ҷомеаи бадавӣ барои миллат шудан ва мутамаддин шудан ба он ниёз дорад.

Дар бахши баъдӣ ба ангезаҳо ва далоили динии ҷанг бо Толибон хоҳем пардохт.

ПОВАРАҚИҲО:

*Толибон ба таърихи 18 ва 19 ҳут/исфандмоҳи соли 1379 хуршедӣ (8-9 марти 2001) Шаҳмома ва Салсол ду муҷассамаи бузурги буддоиеро, ки аз осори гаронбҳои бостонӣ дар Афғонистон ба шумор меравад, бо маводи мунфаҷира ва шиллики мушак тахриб карданд.

*Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз салотини мутақаддар, муассиси силсилаи Ғазнавиён (361 то 421 ҳиҷрии қамарӣ), ба унвони “Бутшикан маъруф аст. Нақл аст, ки ӯ вақте Ҳиндро тасхир кард, ҳукми тахриби муҷассамаи бузурге ба номи Суманотро содир кард. Бо он ки аз вай хостанд дар баробари дарёфти миқдори ҳангуфти зар аз тахриби он муҷассама худдорӣ кунад, аммо Султон Маҳмуд гуфт, ки намехоҳад аз ӯ ба номи “бутфурӯш ёд шавад ва дар ниҳоят муҷассамаи Суманотро оташ задааст.

 *Ин мавзуъ дар бахши нахусти ин силсилагуфторҳо таҳти унвони Баррасии ангезаҳо ва далоили иҷтимоӣ-қавмии ҷанг бо Толибон ба сурати мушарраҳтар мавриди баҳс қарор гирифта ва дар сайти “Сангар” ба нашр расидааст.

 

As already mentioned, since the Taliban is one of the least educated, superficial and at the same time the most violent and extremist Islamist groups, it is natural that culture, art, literature and philosophy experience their worst days, and cultural and artistic figures live in full poverty and disrespect!

The majority of the population of Afghanistan lives in rural areas, and it can be said that urbanization in this country has not grown much. Due to the weakness and inefficiency of the state institution, the surrounding and rural environment is poorly developed culturally and socially, and underdevelopment, as an important feature of the inhabitants of the surroundings, in the southern and southeastern regions, considered mainly Pashtuns, is of particular importance.

The plan for the Pashtunization of Afghanistan, which was mentioned in more detail in the first part of this series of articles *, in fact, if it defines an implacable enemy, then only Persian culture and language. For Afghanistan to acquire a Pashtun cultural identity, the Persian identity and language must be destroyed. The Pashtun ethnic elements implemented the program, with all its negative consequences, known as the "causal basis" of many years of wars in the country. To the extent that the Pashtun ethnic elites even justified supporting the Taliban as a terrorist group in order to achieve the above plan.


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!