Хабари рӯз

Бозии бузурги Шарқу Ғарб Эронро ба куҷо хоҳад бурд?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"

Матлаби аслӣ: ایران در آستانه انتخاب سرنوشت‌ساز

Пас аз оташбаси ахир, Эрон дар остонаи иттихози як тасмими стратегӣ қарор гирифтааст. Ин оташбас, ба эҳтимоли зиёд, пойдор нахоҳад буд; Чаро, ки на натиҷаи тавофуқи мустақим миёни Эрону Исроил, балки маҳсули муомилаи муваққат миёни се қудрати бузург - Амрико, Русия ва Чин - аст. Ба маҳзи барҳам хӯрдани ин тавозуни шикананда, оташбас низ эътибори худро аз даст хоҳад дод.

Дар чунин вазъияте, Эрон танҳо ду масир пеши рӯ дорад; Ва фурсат низ бисёр маҳдуд аст. Бояд ҳарчи сареътар, тасмими бунёдин, оянданигар ва мутобиқ бо воқеиятҳои низоми байнулмилал иттихоз кунад. Ин ду масир кадоманд?

Масири нахуст: ҳаракат ба сӯи ҳастаӣ шудан

Эрон метавонад масири ҳастаӣ шуданро дар пеш гирад ва худро барои сенарияҳои печидатар ва хатарноктар омода кунад. Шояд дар оянда, моҳияти ҷанг ва бозигарони он тағйир кунанд ва Эрон бо душманони ба маротиб қудратмандтар аз лиҳози иқтисодӣ ва низомӣ рӯбарӯ шавад.

Дар чунин шароите пурсиши асосӣ ин аст: гузинаҳои роҳбурдии Теҳрон барои ҳифзи мавҷудияти худ чист? Рӯи кадом муттаҳиди байналмилалӣ метавон ҳисоб боз кард? Оё мавқеияти геополитикӣ, доктринаи судури тафаккур шиа дар миёни аъроби суннӣ, душмании идеологӣ бо Исроил ва мамониат аз истиқрори пойгоҳҳои НАТО дар сурати суқути режим, метавонад пуштвонае барои ин роҳбурд бошад?

Масири дувум: таслими машрут ба назми қудратҳои бузург

Гузинаи дувум, вогузории ураниуми ғанишуда ба Русия ва пайвастан ба як тавофуқи ҳастаии таҳти чатри амниятии қудратҳои шарқӣ (Русия ё Чин) аст. Дар ин сурат, тазмини бақои низоми ҷумҳурии исломӣ, ба унвони муаллифае барои суботи геополитикӣ дар минтақа, аз сӯи ин қудратҳо ҳифз хоҳад шуд.

Бо ин ҳол, ин интихоб низ осон нест. Чаро, ки Чину Русия алорағми ҳимоят аз субот дар Эрон, ҳеҷ гоҳ хоҳони зуҳури як Эрони ҳастаӣ, ки таҳдиде барои манофеъи баландмуддаташон бошад, нестанд. Онҳо танҳо ба андозае аз ҷумҳурии исломӣ ҳимоят мекунанд, ки монеъи густариши нуфузи НАТО ва Амрико дар ин минтақаи стратегӣ шаванд.

Воқеият ин аст, ки Теҳрон дар бозии бузурги Шарқу Ғарб, на ба унвони як муттаҳиди стратегӣ, балки сирфан ба унвони як абзори боздорандаи муваққат ифои нақш мекунад.

 Эрон қурбонӣ ё бозигар дар назми навини ҷаҳонӣ?

Дар фароянди гузор ба назми пасоамрикоӣ, ки дар он меҳвари Шарқ нақши пуррангтаре хоҳад ёфт, эҷоди нуқоти таниши контролшуда ва баҳрабардорӣ аз онҳо ба нафъи аҳдофи ҷаҳонии қудратҳо, як қоида аст. Ғарб талош мекунад режимҳои ҳамсӯ бо Шарқро соқит кунад ва гоҳ ҳатто меҳвари Шарқ низ дар ин проект бо Ғарб ҳамроҳ мешавад.

Таҷрибаи суқути Саддом, Қаззофӣ, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ ва талош барои ҳазфи Башшор Асад, нишон дод, ки дар пушти парда, тафоҳумоте миёни миллигароёни шарқӣ ва глобалистҳои ғарбӣ вуҷуд доштааст. Бино бар ин, Эрон низ наметавонад аз ин қоида мустасно бошад.

Танҳо гузинае, ки метавонад тавозунбахш бошад, ҳаракат ба сӯи силоҳи ҳастаӣ аст. Аммо ин масир, замонбар, пурҳазина ва ниёзманди шароити амниятии босубот аст; Шароите, ки дар ҳоли ҳозир ҳатто муттаҳидони шарқии Эрон низ тамоюле ба фароҳамсозии он надоранд.

Як Эрони ҳастаӣ, на танҳо таҳдиде барои “сулҳи амрикоӣ” аст, балки метавонад монеае барои назми ояндаи шарқмеҳвар низ талаққӣ шавад. Шарқ дар ҳоли тарсими назми дуқутбӣ миёни худ ва Ғарб аст, на назме чандқутбӣ бо бозигарони атомии ҷадид ва ғайри қобили контрол. Ҳатто дар ин назми навин низ, арзишҳои фикрии Ғарб монанди тиҷорати озод ва либерализми иқтисодӣ ҳанӯз мавриди истифода қарор мегиранд.

 Натиҷагирӣ: интихоби душвор дар бизангоҳи таърих

Эрон акнун дар як ду роҳе таърихӣ ва стратегӣ қарор гирифтааст: ҳаракат ба сӯи ҳастаӣ шудан бо пазириши ҳазинаҳо ва рискҳои билқувва, ё вуруд ба як назми таҳмилӣ миёни қудратҳои бузург ва пазириши қавоиди бозии онон.

Интихоби пеши рӯи Теҳрон танҳо тасмими миллӣ нест, балки тасмимест, ки бар сарнавишти назми минтақаӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ таъсир хоҳад гузошт. Пурсиш ин ҷост: дар фурсати боқимонда, Эрон кадом масирро бархоҳад гузид? Ва саранҷом, ин бозии бузурги Шарқу Ғарб Эронро ба куҷо хоҳад бурд?


Нигористон

Қумандон Муслим

Қумандон Муслим

Муҳаммад Муслим Ҳаёт, маъруф ба “Қумандон Муслим”, яке аз муҷоҳидини хушноми Афғонистон ҷон ба ҷонофарин таслим кард.

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

Шӯравӣ дар Афғонистон: аз ҷанг то сохтусоз

34 сол пеш, 15 феврали соли 1989, Иттиҳоди Шӯравӣ охирин нерӯҳои худро аз Афғонистон хориҷ кард. 

Сарзамини фақру ранҷ

Сарзамини фақру ранҷ

Афғонистон... Кишваре, ки дар қарни бисту якум бо фаҷоеъи инсонии ношинохта мувоҷеҳ шудааст, кишваре, ки ҷуз худо ҳеҷ кас аз мусибати мардуми мазлумаш...

"Нон, кор, озодӣ!"

"Нон, кор, озодӣ!"

Эътирозҳои мардумӣ дар дохилу хориҷи Афғонистон як сафҳаи дурахшонест, ки дар китоби таърихи ин кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд. Мардуми сарба...

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Зиндагӣ дар "Сарзамини Муқовимат"

Кӯҳу дараҳои Ҳиндукуш бо гузашти беш аз 30 сол аз ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва 20 сол аз муқовимати аввал дигарбора ба маҳалли рафтуомад ва сукунат...

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Қудрати низомӣ ба қимати хуни «ҷиҳодиҳо»

Аз ҷангҳои Афғонистон ҳамеша хазинаи низомии Покистон ғанӣ шудааст. Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузор ҳаракати "Толибон", ки ҳоло вазири дифо...

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Зимистони Ҳиндукуш аз дурбини муқовиматгар

Ин аксҳоро Ҳасиби Набард, яке аз аъзои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, фиристод, ки ҳамагӣ бо телефон гирифта шудаанд

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!