Шумо аз Покистон сулҳу амният мехоҳед, ба Покистон чӣ медиҳед?
Нависанда: Ҳафиз Мансур, сиёсатмадор ва нависанда
Матлаби аслӣ: پاکستان – همسایه ناباب افغانستان/خراسان
Ба тозагӣ дар Рухнома (Фейсбук) ба матолибе сар хӯрдам, ки дар он аз зарурати беҳбуди муносибот миёни Афғонистон/Хуросон ва Покистон сухан рафта буд. Ин мазомин алоқамандии шадиди нависанда ба таъмини сулҳ дар кишварро баён медошт, аммо интизор ин буд, ки нависандаи мӯҳтарам роҳҳои таъмини муносиботи дӯстона миёни ду кишварро нишондеҳӣ мекард.
Камбуде, ки дар ин мақола, ба бовари ман, мавҷ мезад, ин буд, ки нависандаи гиромӣ муносиботи Покистон ва Афғонистон/Хуросонро якдаст дар назар гирифта буд ва фарозу фурудҳои он аз назараш ғоиб монда буд, дар ҳоле, ки Покистон аз баъди таъсисаш то имрӯз мароҳили чандгонае дар иртибот ба Афғонистон/Хуросон пушти сар ниҳода, ки ҳар марҳалаи он шароит ва эҷоботи худро доштааст ва наметавон ҳукми куллӣ бар тамоми ҳаёти сиёсии Покистон ронд.
Аз диди нависанда, Покистон дар равобити хеш бо Афғонистон/Хуросон мароҳили зерро тай кардаанд, ки иборатанд аз:
Марҳалаи нахуст (1326 – 1357 ҳиҷрии хуршедӣ (1947 - 1978))
Дар ин марҳала ин Афғонистон/Хуросон аст, ки Покистонро пайваста зери фишор қарор дода, ба машварати Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҳинд масъалаи Паштунистонро матраҳ кард, шабаҳоте бар расмияти хатти Дюранд унвон дошт, вазорати ақвому қабоилро таъсис кард ва аз ин тариқ ба дастдарозӣ дар манотиқи қабоилӣ пардохт. Макотибе дар Кобул барои ҷавонони он сӯи марзи Дюранд эҷод кард ва рӯзеро дар тақвими расмии Афғонистон ба номи Рӯзи Паштунистон мусаммо сохт.
Давраи дувум (1357-1371 (1978-1992))
Бо кудатои 7 савр дар Афғонистон/Хуросон ва сипас таҷовузи қувваҳои Шӯравӣ ба ин кишвар, миллионҳо инсон ба қаламрави Покистон овора гардид. Масоиле ҳамчун хатти Дюранд аз сари забонҳо афтод, Рӯзи Паштунистон аз он гармӣ монд. Дар тӯли ин солҳо гоҳе нерӯҳои ҳавоии режими Кобул ва қувваҳои Шӯравӣ марзи ду кишварро убур намуда ва ҳамалотеро дар даруни Покистон анҷом медоданд.
Аммо Покистон бо ҳимояти мардуми Афғонистон, ки дар чаҳорчуби 7 танзими ҷиҳодӣ танзим шуда буданд, шӯълаи ҷангро дар саросари Афғонистон фурӯзон нигаҳ доштанд ва дар канори он ба густариши нуфузи иттилоотии худ дар миёни мардуми Афғонистон/Хуросон башиддат идома дод.
Давраи севум (1371-1380 (1992-2001))
Суқути режими доктор Наҷибуллоҳ ба дасти нерӯҳои зери фармони Аҳмадшоҳ Масъуд, Покистонро сархӯрда ва хашмгин намуд, зеро он кишвар дар назар дошт, ки пас аз хурӯҷи он кишвар аз Афғонистон/Хуросон ва сипас фурӯпошии он, халои он кишварро дар Афғонистон пур намояд, ки мавзӯъ ба муродашон рақам нахӯрд.
Нависандагоне дар Покистон даст ба нигориши таърихҳои ҷадиде заданд ва аз ин, ки барои чанд сада Афғонистон/Хуросон аз сӯи Деҳлӣ раҳбарӣ мешуд, сухан ронданд ва бад-ин тартиб хостанд, мудохилаашонро тавҷеҳ намоянд.
Покистон ҳамзамон бо эъзоми ҳайатҳои дипломатӣ ба Кобул ба Ҷанҷво, мудири бахши Афғонистон дар АйЭсАй вазифа супурд, то нерӯҳои мухолифи давлати муҷоҳидинро тамвил ва таҳрик намояд ва нагузорад давлати навпойи муҷоҳидин ба субот бирасад. Сафарҳои Устод Раббонӣ дар чандин навбат барои беҳбуди муносибот натиҷа надод, номаҳои дӯстонаи Аҳмадшоҳ Масъуд ба мақомоти покистонӣ ба самар нанишаст, канор рафтани Аҳмадшоҳ Масъуд аз вазифаи вазорати дифоъ ҳам онҳоро қонеъ накард.
Покистон камар баста буд, то Афғонистон/Хуросонро монанди субаи панҷум ба худ дароварад. Бад-ин манзур вақте Ҳикматёр дар иҷрои ин маъмурият ноком монд, Таҳрики Толибонро эҷод кард. Нависандагони мӯҳтарам бояд мултафит бошанд, ки ин марҳала бо авомили қаблӣ чӣ тафовутҳои бунёдӣ дошт ва наметавон дар ин давр ҳам зимомдорони Афғонистон/Хуросонро ба дифоъ аз сарзаминашон маломат кард ва ҳамаи мушкилотро дар хати Дюранд хулоса намуд.
Давраи чаҳорум:(1381-1400 (2001-2021))
Покистон дар ин муддат 20 сол дар як даст марҳам ва дар дасти дигар ханҷар дошт. Ҳам аз дӯстӣ бо давлати Афғонистон /Хуросон сухан мегуфт ва маболиғи ҳангуфте аз Амрико зери унвони мубориза бо терроризм дарёфт мекард, аз сӯи дигар, башиддат Таҳрики Толибонро дар табонӣ бо соири ҳамсояҳои Афғонистон/Хуросон ҳимоят менамуд, ки дар фарҷом ба фурӯпошии давлати ҷумҳурии Афғонистон анҷомид.
То ҷое, ки дида мешавад, зимомдорони Афғонистон/Хуросон то ҷое, ки мумкин буд, барои ҷалби ризояти Покистон гом бардоштанд, аммо Покистон дар амал розӣ нашуд, ба гунаи мисол:
*Ҳомид Карзай тайи як суханронӣ пазируфт, ки Афғонистон/Хуросон умқи иқтисодии Покистон буда бошад, ба ҳамин далел солона садҳо миллион доллар колоҳои одӣ, монанди сангу хишт ҳам аз Покистон ворид мешуд.
*Сарони панҷшерӣ набояд дар раъси вазоратхонаҳои дифоъии кишвар буда бошад, ки барои муддатзамоне амалӣ гардид.
*Марзи Дюранд бояд таҳким ёбад, ба майли Покистон анҷом шуд.
Ҳамзамон бо чархиши сиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сӯи Толибон ва таъмини равобит миёни онҳо, нерӯи тозае ба номи Таҳрики Толибони Покистон низ сар баланд кард ва бо гузашти ҳар рӯз мароҳили рушд ва нумуъи худро мепаймояд.
Дар ин марҳала гоҳе мақомоти Афғонистон/Хуросон бар қаламрави Покистон иддаои арзӣ намуданд ва марзи Дюранд дар адабиёти давлатӣ ба номи хатти фарзӣ хонда шуд.
Давраи панҷум (1401 - то акнун (2021 то имрӯз))
Тасаллути Толибон бар Афғонистон/Хуросон бо хурсандии ҳазорон покистонӣ мувоҷеҳ шуд, аммо ин хурсандӣ дер напоид, зеро таҳаррукоти ТиТиПи (TTP) фузунӣ гирифт ва субаҳои Балучистон ва Хайбар Паштунхворо ба бесуботӣ савқ дод. Акнун Покистон дар миёни ду масъала қарор дорад ва то ҳанӯз натавониста худро аз чанги яке аз онҳо раҳо созад:
1 - Барномаи стратегии он кишвар барои контроли Афғонистон/Хуросон, ки солҳо рӯи он кору фаъолият намудааст,
2 - Таҳдидоти Таҳрики Толибони Покистон, ки дар порае аз маворид заработи сахте бар он кишвар ворид овардааст.
Чашмпӯшӣ аз Таҳрики Толибони Афғонистон/Хуросон кори осоне нест ва дар сурати фарз агар чашмпӯшӣ кунад, бадили онҳо дар ҳоли ҳозир кист? Аз ин рӯ, вақте пешниҳод мешавад, ки бояд сафҳаи тозае байни Афғонистон/Хуросон ва Покистон гушуда шавад, пурсиш ин аст, ки Афғонистон/Хуросон, ки аз Худо мехоҳад ва ба он ниёз дорад, Покистонро чигуна метавон қонеъ сохт. Ба забони содда, шумо аз Покистон сулҳу амният мехоҳед, ба Покистон чӣ медиҳед?