Хабари рӯз

Зеленскийи арманӣ усули ҷудоии дин аз давлатро нақз кард.

Нависанда: Алӣ Аскарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”

Матлаби аслӣ:  Пашинян против Армянской Апостольской Церкви

Интиқоди Никол Пашинян, нахуствазири Ҷумҳурии Арманистон, аз Калисои расулии арманӣ, ки дар авохири моҳи май ва авоили июни 2025 шиддат гирифт, мунҷар ба буҳроне дар равобит миёни давлат ва калисо шуд.

Муҳаррики ин буҳрон навиштае буд, ки ин сиёсатмадор дар 9 июни 2025 дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мунташир кард ва дар он католикоси тамоми аромана, Гургини Дувумро ба нақзи савганд муттаҳам кард. Ба бовари нахуствазир, доштани фарзанд, кашишро аз ҳаққи ишғоли ин мақом маҳрум мекунад. Пашинян хостори интихоби раиси ҷадиде барои Калисои расулии арманӣ бо анҷоми баррасии "ахлоқӣ"-и пеш аз раъйгирӣ шуд. Ҳамзамон, ӯ пешниҳод дод раванди интихоби католикос бознигарӣ шавад ва нақши ниҳоӣ дар ин раванд ба давлат супурда шавад.

Шоён зикр аст, ки дар паси афзоиши танишҳо, нахуствазири Арманистон аз нерӯҳои интизомӣ ва дигар ниҳодҳои амниятӣ хост то фаъолиятҳои худро барои ёфтан ва ифшои иттилооти мухарриб алайҳи рӯҳониёни Калисои расулии арманӣ афзоиш диҳанд. Ҳадафи аслӣ беэътиборсозии калисо дар ҷомеа аст. Чунин иқдомоте метавонад ба унвони талош барои иртикоби ҷурми кайфарӣ талаққӣ шуда ва тибқи Қонуни кайфарии ҷумҳурӣ, ба унвони “талош барои сарнагунии низоми машрута” табақабандӣ шавад. Дар ин росто, бархе аз созмонҳои иҷтимоӣ бо ироаи шикоёте ба ниҳодҳои зирабт, ғайриқонунӣ будани ин иқдомотро ёдовар шудаанд.

Ҳамчунин, дархости Анна Акопян, ҳамсари нахуствазири ҷумҳурӣ, аз бозаргонони арманӣ барои қатъи кӯмакҳои довталабона ба Калисои расулии арманӣ, ки бо таҳдидоте барои адами риояти он ҳамроҳ буда, таваҷҷуҳи зиёдеро ҷалб кардааст. Дар маҷмӯъ, ин иқдомот таодул миёни идораи секулор ва истиқлоли маънавиро зери савол мебарад, ки нақзи сареҳи Қонуни Асосии Арманистон маҳсуб мешавад; Қонуне, ки асли ҷудоии калисо ва давлатро тазмин кардааст.

Аз сӯи дигар, боздошти Самвел Карапетян, тоҷири мӯътабар дар ҷумҳурӣ (дар 18 июни 2025), ки аз Калисои расулии арманӣ ҳимоят карда буд, натиҷаи иқдомоти таҳрикомези режими Пашинян аст, ки ба нафъи “арӯсакбозон”-и ғарбии ӯ тамом мешавад. Ҳадаф ин буд, ки Карапетянро ба дифоъи умумӣ аз калисо таҳрик кунанд. Дар канори ҳамла ба Калисои расулии арманӣ, Пашинян ба аххозии сиёсӣ бо рангубӯи байналмилалӣ рӯй овард, чаро ки Карапетян на танҳо як ватанпарасти арманӣ, балки молики ширкати русӣ ва дорои тобеияти Русия аст.

Дар ҳамин ҳол, Пашинян эълом карда, ки қасд дорад таҳти пӯшиши миллисозӣ, ширкати “Шабакаҳои барқи Арманистон” (дороии аслии гурӯҳи русии "Ташир")-ро мусодира кунад. Метавон эҳтимол дод, ки ин дороӣ ба Туркия вогузар шавад.

Ҳамаи инҳо нишон медиҳад, ки ҳадафи воқеии режими дастнишондаи Ғарби ҳоким дар Арманистон, эҷоди баҳонае барои тасарруфи ғайридӯстонаи дороиҳои тиҷории мутааллиқ ба мухолифони сиёсӣ аст.

Фишор идории воридшуда аз сӯи режими Никол Пашинян бар Калисои расулии арманӣ, аз тамоми марзҳои фарҳанги сиёсӣ ва инсонӣ фаротар рафтааст. Дар ин шароит, сатҳи эътимод ба нахуствазир ва ҳизби таҳти раҳбариаш “Қарордоди маданӣ” дар худи Арманистон ва ҳамчунин дар ҷавомеъи армании хориҷ аз кишвар, башиддат коҳиш ёфтааст. Ин вазъият ба эҳтимоли зиёд таъсири манфӣ бар маъракаи интихоботи парлумонии оянда дар соли 2026 хоҳад гузошт (тибқи назарсанҷии анҷомшуда тавассути Caucasus Barometer дар июл то октябри 2024 дар Ҷумҳурии Арманистон, мизони эътимоди шаҳрвандон ба нахуствазири феълӣ Никол Пашинян ва ҳизби ӯ ҳудуди 17 дарсад буда, дар ҳоле, ки мизони эътимод ба Калисои расулии арманӣ ба 71 дарсад расидааст).

Барои муқобила бо иқдомоти истибдодии ҳукумат, аромана муваззафанд муттаҳид шаванд ва аз Калисои расулии арманӣ дифоъ кунанд, чаро ки ин ниҳод, танҳо сад дар баробари мафҳуми хиёнатомези “Арманистони воқеӣ” аст, ки Никол Пашинян дар пайи иҷрои он аст.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!