Хабари рӯз

Уламои динии тоҷик беш аз уламои динии ҳар қавми дигар дар Афғонистон, бо фарҳанг, таърих, забон ва ҳувияти худ бегонаанд.

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Ман борҳо гуфтаам, ки уламои динии тоҷик, беш аз уламои динии ҳар қавму қабилаи дигар дар Афғонистон, бо фарҳанг, таърих, забон ва ҳувияти худ бегонаанд ва ҳозиранд бисёр ба содагӣ арзишҳои ҳувиятӣ ва фарҳангии худро пойи фарҳангу русуми арабӣ, ки таҳти номи дин ба онон расидааст, фидо кунанд. Дар миёни дигар ақвом чунин нест. Уламои динии паштун, ҳазора ва ӯзбек қавми худро мешиносанд ва дар канори таблиғи дин, мутаваҷҷеҳи арзишҳои ҳувиятии худ низ мебошанд.

Як далели ин амр ба сатҳи поини дарку дониши, ба истилоҳ, уламои динии тоҷик рабт дорад. Шояд дар байни тоҷикон беш аз соири ақвом, мулло, мавлавӣ ва қорӣ зиёд аст. Аксари инҳо на дарки дурусте аз дин доранд ва на шинохте аз таъриху ҳувияту фарҳанги худ. Инҳо зуд ифротӣ мешаванд ва ба содагӣ ба судури фатво рӯй меоваранд.

Далели дигар ин аст, ки дар миёни тоҷикон ба сурати куллӣ кор рӯи арзишҳои фарҳангӣ ва ҳувиятӣ кам сурат гирифта ва тоҷикони Афғонистон беш аз соири ақвом нисбат ба масоили қавмиву ҳувиятӣ бетафовут ҳастанд ва ба иборати дигар дар ҳифзи арзишҳои қавмиву ҳувиятӣ саҳлангор ҳастанд ва ба содагӣ аз он мегузаранд.

Агар уламои динии тоҷик, арзишҳои ҳувиятии худро фидои дин мекунанд, сиёсатмадори тоҷик арзишҳои ҳувиятии худро дар бозори сиёсат муомила мекунад ва таҳти номи миллигароӣ ва маслиҳатандешӣ аз арзишҳои қавмии худ мегузорад, туҷҷори тоҷик арзишҳои қавмии худро фидои кору бори тиҷорат мекунад, ҳунарманди тоҷик арзишҳои қавмии худро дар ҳавзаи ҳунар ба ҳароҷ мегузорад ва варзишкори тоҷик дар ҳавзаи варзиш ва....

Аммо ҷудо аз поин будани сатҳи шуури қавмӣ ва фарҳангии уламои динии тоҷик, эъломи ҷиҳоди муллое, ки дар видео мебинед алайҳи давлати Тоҷикистон, бештар як проекти истихборотӣ аст. Ҳомиёни терроризм (шабакаҳои истихборотӣ) содатарин роҳ барои ноамнсозии минтақаи моро дар тарвиҷи тафаккури такфирӣ ва ифротии динӣ ҷустуҷӯ мекунанд. Чандто муллои бехабар аз таъриху фарҳангро пул медиҳанд, то алайҳи ақвому милали мухталиф эъломи ҷиҳод кунад. Ҳамчунин муллоҳо фикр мекунанд, ки коре, ки мекунанд, ҳам савоб аст ва ҳам хурмо. Ҳам ҷиҳоди диниро таблиғ мекунанд, ҳам пул дарёфт мекунанд. Онон намедонанд, ки муҳаррики аслӣ ва пинҳони чунин тафаккуроте киҳо ҳастанд.

Давлати Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бо рӯйкардҳои фарҳангӣ ва бо ҳимоят аз Ҷабҳаи муқовимати миллии зидди терроризм, худро дар маърази ҳамалоти ифротиюни динӣ қарор додааст ва ҳомиёни терроризм, ки дар назар доранд барномаи вайронгарии кишварҳои Осиёи Миёнаро аз тариқи проекти ҷиҳоди ҷаҳонӣ татбиқ кунанд, пулҳои ҳангуфтеро барои таблиғи динӣ алайҳи давлати Тоҷикистон ихтисос медиҳанд.

Мутаассифона, нимчамуллоҳои такфирии тоҷик ба содагӣ дар хидмати ин ҳадаф қарор мегиранд. Онон бо истифода аз ноогоҳии ҷавонони бекору гурусна, бо шӯру ҳал-ҳала алайҳи давлати Тоҷикистон таблиғ мекунанд ва ҷавонон низ “Аллоҳ акбар” гӯён омодаи қурбонӣ шудан дар роҳи тарвиҷи терроризм мешаванд ва фикр мекунанд, ки дар роҳи Худо мубориза мекунанд.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!