Хабари рӯз

Кофирон дар дӯзах чӣ хоҳанд кард ва муслимин дар биҳишт чӣ хоҳанд кашид?

Нависанда: Ҳасан Ҳамода, нависанда ва рӯзноманигори лубнонӣ.

Агар Худованди бузург ва офаринанда дар он дунё ҳам ҳамаро ба ихтиёри худашон бигузорад, бидуни тардид кофирон дар рӯзи қиёмат бо ҳуши худ ва назарияҳои Нютон, Эйнштейн, Галилей, Вадисон ва... оташи фурӯзони ҷаҳаннамро маҳор карда ва ба манбае аз энержӣ барои сохти тамаддуни ҷадид мерасанд.

Ибтидо трубинаҳои барқу маводи боздорандаи ҳароратӣ месозанд, сипас гунбадҳои шишаии ғӯлпайкари муқовим дар баробари гармо ва муҷаҳҳаз ба кулере бо бузургӣ ва гунҷоиши шаҳрҳо месозанд.

Дар дохили ин гунбадҳо саноеъи сангин, кишоварзӣ ва фаъолиятҳои дигар барои густариши иқтисоди миллӣ ва таъсиси тамаддуне мубтанӣ бар андешаҳои Фрейд, Сартр, Нитшеву Маркс ва... месозанд.

Тамаддуне хоҳанд сохт, ки даҳҳо бор аз тамаддуни заминӣ ва дунявӣ бузургтар хоҳад буд, чаро, ки онҳо аз манбаи энергияи бепоён ва маҷонии оташи дӯзахе, ки ҳаргиз хомӯш намешавад, низ баҳраманд хоҳанд шуд. Онҳо ҷаҳаннами сӯхтаро ба биҳишти сабз табдил мекунанд. Ҳамон тавре, ки заминро ба биҳишт ва боғу бустон табдил карданд ва мо мусулмонон беҳтарин заминҳои худододиро ба ҷаҳаннам табдил кардем ва ҳар рӯз дар он месӯзем...

Ва ин иддао бо ҳадиси шарифи Паёмбар баргузидаи илоҳии ҳазрати хатме мартабит таъйид мешавад, ки фармуд: Хазво ҷаннаткум мин ан-нор - Биҳиштатонро аз оташ бигиред (масдари Алсаҳеҳ алҷомеъ) мутобиқат дорад.

Мусулмонон чун Худоро фаромӯш карданду паёми динро воруна карданд ва ба афкори раҳбаронашон такя карданд, раҳбароне чун Ибни Тамия, Алзавоҳирӣ, Албағдодӣ, Алъарифӣ, Алқарзовӣ ва фалсафаи сохтаву пардохтаи Имоми замон, Хумайнӣ ва Хоманаӣ... ибтидо сари тақсими канизон ва ҳурулъайн ва хонаҳое аз ҷавоҳир, нуқра, тило, ёқут, лаълу марҷон... кашмакаш карда, сипас барои дастёбӣ ба ғаниматҳову суратҳои биҳиштӣ ва қочоқи он ба диёри куфр мубодират менамоянд. Онҳо ҷангҳое барои расидан ба раҳбарӣ ва мақому султа ва тақсими биҳишт ба иқлим, аморот, ҳадду марз бар пояи ҷумҷумаҳои заифон барпо мекунанд.

Рӯдхонаҳоро бо хуни бегуноҳон рангомезӣ ва ҷӯйборҳои шаробу асалу ширро бо фозилоб олуда мекунанд.

Тамоми имконоту муҳити рифоҳи биҳишти фирдавсро ба ҷаҳаннами ғайри қобили таҳаммул бадал хоҳанд карду...

Фи лиҳизо Худовандо! Ин мусулмононро ин бандагонатро дар охират мисли дунёи озод магузор, қайдашон кун ва ило он чиро гуфтам анҷом медиҳанд...!!!


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!