Хабари рӯз

Дар ислом силсиламаротиби динӣ вуҷуд надорад. Дар ислом рӯҳоният ва ҳеҷ ниҳоди динӣ вуҷуд надорад

Нависанда: Фарид Юнус, устоди бознишастаи антропологияи фарҳангӣ ва фалсафаи исломии Донишгоҳи Аёлати Калифорния, узви Шӯрои мушовараи “Сангар”

Мутарҷим: дагарвол Шоҳмаҳмуд Фазлӣ

Дин калимае арабӣ ва Қуръонӣ аст, ки ба забонҳои дигар тарҷума намешавад. Бархе аз калимот арабӣ ҳастанд, ки Қуръонӣ нестанд. Religion (Религия) як тарҷумаи иҷборӣ барои дин аст. Дар воқеъ на мазҳаб дин аст ва на дин мазҳаб аст.

Дин дар забони арабӣ ба маънои мутафовите монанди ҳукумат кардан, ибодати худо, рӯзи қиёмат, (явм уд-дин) аст, аммо муҳимтарин маънои дин, шеваи табиии зиндагӣ аст. Дин дар ислом ба танҳоӣ як низоми эътиқодӣ нест. Ин як фарҳангу тамаддун аст ва кулли низоми ҷаҳониро дар бар мегирад. Ҳамон тур, ки дафъаи қабл гуфтем, ки ҷаҳон махлуқ Худост, ба шумули башар. Вақте Қуръон мегӯяд, осмону замин тамоми низом аст ва шумо ҳам ҷузъи он ҳастед.

Дин аз калимаи лотинии "religio" гирифта омадааст ва аз калимаи "relegere" ба маънои дубора хондан гирифта шудааст. Масалан, Фарид рӯзномаи рӯзонаро ба сурати мутадовим мехонад (Лутфан руҷӯъ кунед ба “Пайравӣ аз Муҳаммад: бозандешии ислом дар ҷаҳони муосир”, асари Карл Даблю Эрнест, 2003. сафҳаи 39).

Дар ислом чизе монанди фулонӣ шахс динӣ аст, вуҷуд надорад. Ҳар кас мусулмон аст ва бар асоси қавонин, ки барои саодати башар аст, зиндагӣ мекунад ва барои як ҳадаф офарида шудааст. Ҳеҷ чиз дар ин зиндагӣ беҳуда халқ нашудааст. Ва дар ислом силсиламаротиби динӣ вуҷуд надорад. Дар ислом рӯҳоният вуҷуд надорад ва ҳеҷ ниҳоди динӣ вуҷуд надорад (Лутфан ба “Демократияи исломӣ”, асари Фарид Юнус, 2020, сафҳаи 35 муроҷиа кунед). Шумо бахше аз ин низоми ҷаҳонӣ ҳастед ва ҳамон тур, ки Худованд қавонинеро ба кулл низом додааст, Ӯ натанҳо ба мусулмонон, балки ба башарият низ ҳидояти худро барои идораи умури зиндагӣ додааст.

Вежагиҳои дин:

Наметавонад тавассути давлат ё шахси дигаре таҳмил шавад. Ҳар кас ҳақ дорад онро биёмӯзад ва онро бипазирад ё рад кунад ва масъули амалу ақидаи худ аст.

Дин ҳамон тур, ки гуфтем, шеваи зиндагӣ ва фарҳанг аст, на фақат эътиқод ба Худо.

Дин илм нест, аммо дин асоси илмӣ дорад ва бар се асл устувор аст.

Дониш, ҳикмат, адолат. Ҳама чиз дар ин зиндагӣ мубтанӣ бар донишу ҳикмати Худованд аст.

Шумо наметавонед бидуни он зиндагӣ кунед, зеро бахше аз ин низоми ҷаҳонӣ ҳастед.

Дин мухолифи хурофот аст, зеро хурофот антитези илм аст.

Кулли хилқат аз назари ислом мусулмон аст, зеро ҳама чиз махлуқи ӯ ва таслими иродаи ӯст. Ба унвони мисол мо ба ӯ саҷда мекунем, ҳамчунон дарахтон саҷда мекунанд.

Дин як мулкияти маънавӣ ва ахлоқӣ аст. Барои дарки он бояд фикру тааммул кард. Дин анъана нест. Зеро анъана ба асоси маърифат нест, аммо дин асоси он илм аст.

Вақте исломро ба унвони дин мепазиред, дарвоқеъ низоми ҷаҳонӣ ва қавонини табииро мепазиред, зеро худро дар ин низом мебинед.

Ҷумъа, 12 августи соли 2022


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!