Хабари рӯз

Чаро дар ин ҳама сол, ки хонаводаи Раҳмонӣ шарики тиҷории амрикоиҳо буда, иқдоме алайҳи ин хонавода нашуда ва акнун ба якбора ин мавзӯъ гул кард?

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

НУКТАИ АВВАЛ;

Гуфта шуда, ки вазорати хазонадории Амрико, далели таҳрими Мирраҳмон Раҳмониро мавҷудияти фасод дар раванди қарордодҳо унвон кардааст. Дар ин замина наметавон бидуни аснод ва мадорик сухан гуфт. Мушовири Оқои Раҳмонӣ иттиҳомҳоро рад карда ва сиёсӣ хондаву гуфта, ки аз маҷрои қонунӣ алайҳи вазорати хазонадории Амрико иқдом мекунад.

НУКТАИ ДУВУМ;

Бисёре аз огоҳон тасмими хазонадории Амрикоро сиёсӣ ва истихборотӣ хондаанд. Гуфта мешавад, ки яке аз далоили ин тасмим ба нуфузи лобиҳои Толибон дар Амрико ва мароҷеъи тасмимгирӣ дар он кишвар, муртабит аст. Тибқи гуфтаи бархе аз манобеъ, оқои Раҳмонӣ дар ин авохир дар ҷиҳати ҳимояти молӣ аз муқовимати зидди Толибон фаъол шуда ва ин далелест, ки паштунҳои муқими Амрико, алайҳи ӯ тавтиа кунанд то монеъи ҳимояти ӯ аз муқовимат шаванд.

Ҳамчунон оқои Раҳмонӣ даъвати Ҳаниф Атмар ва тане чанд аз сиёсиёни паштун ба пайвастан ба кадом ташаккули сиёсие, ки онон дар ҳоли эҷод он ҳастандро рад кардааст ва ин далели дигарест то паштунҳои амрикоӣ алайҳи ӯ даст ба дасисасозӣ бизананд.

НУКТАИ СЕВУМ;

Дар бораи истихборотӣ будани тасмими хазонадории Амрико бояд гуфт, ки эъломи таҳрими Раҳмонӣ билофосила пас аз эъломи таҳрими ду мақоми гурӯҳи террористии Толибон як рӯйкарди истихборотӣ аст. Гӯё талош шуда, ки Раҳмонӣ дар зумраи чеҳраҳои террористӣ ва бадном қарор дода шавад ё ҳам аз назари қавмӣ тавозун эҷод шавад. Ду паштун/толиб таҳрим шуданд, ду тоҷик ҳам бояд таҳрим шаванд.

Ин рӯйкардҳоро дар гузашта низ амрикоиҳо доштаанд, ки башиддат саволбарангез аст. Дарвоқеъ мо ин ҷо бо як рӯйкарди сиёҳсозии чеҳраҳои ғайрпштун ҳамзамон бо сафеднамоии чеҳраҳои паштун/толиб ҳастем. Амрикоиҳо дар арсаи таблиғотӣ ва расонаӣ дар ростои сафеднамоии Толибон чанд сол аст, ки фаъол ҳастанд ва ҳоло ангор мехоҳанд, ки бо иттихози рӯйкарди сиёҳсозӣ дар баробари мухолифони билфеъл ва шояд билқувваи Толибон нимаи дигар корро такмил кунанд.

Савол ин аст, ки чаро дар ин ҳама сол, ки хонаводаи Раҳмонӣ шарики тиҷории амрикоиҳо буда, иқдоме алайҳи ин хонавода нашуда ва акнун ба якбора ин мавзӯъ гул кард? Саволҳои зиёде дар ин бора матраҳ аст.

НУКТАИ ЧАҲОРУМ;

Раҳмонӣ яке аз чеҳраҳои сиёсии шинохтаи тоҷик аст, ки бо ибтикор ва талоши шахсии худ соҳиби сарвати ҳангуфт шуд ва ба кӯмаки сарваташ ба мақоми баланди сиёсӣ дар Афғонистон, ки раёсати парлумон бошад, расид. Яъне ӯ мисли бисёриҳои дигар нест, ки аз ному эътибор ва суроғаи қавму муқовимат ба қудрату сарват расиданд ва ҳеҷ коре ҳам дар ҷиҳати ҳифзи эътибори қавму муқовимат анҷом надоданд. Ҳатто метавон гуфт, ки Раҳмонӣ касест, ки бо пули шахсии худ барои тоҷикон иқтидор харид.

Шояд бисёриҳо ба ёд дошта бошанд, ки вақте ӯ худро номзади раёсати парлумон кард, як ҷавонаки кокулиb паштун (ба исми Камол Носир Усулӣ) ба диктаи Ашраф Ғанӣ худро дар баробараш номзад кард. Усулӣ дар кадом маҷлиси хусусӣ гуфта буд, ки ман медонам, ки Раҳмонӣ раис мешавад, аммо худро номзад кардам то пули Раҳмониро масраф кунам.

Баъзеҳо мегӯянд, ки ҳам Ғанӣ ва ҳам вакилуддавлаҳои вобаста ба Ғанӣ миллионҳо доллар аз Раҳмонӣ гирифтанд, то мавонеъи раис шудани ӯ аз роҳ бардошта шавад. Ман хуб ба ёд дорам, ки бисёре аз донадуруштҳои ҳукуматии тоҷик низ дар баробари Раҳмонӣ қарор гирифта ва бо Ғанӣ ҳамдастӣ карданд то ӯ раис нашавад. Раҳмонӣ аммо яккаву танҳо истод ва бо пардохти пули ҳангуфт, ба хостаи сиёсии худ, ки эҳрози курсии раёсати парлумон буд, расид. Гарчи расидан ба раёсати парлумон як хостаи шахсӣ барои Раҳмонӣ буд, аммо ба ёд дорам, ки бисёре аз тоҷикҳо расидани ӯро ба мақоми раёсати парлумон, ба ҷо шудани “пур”-и тоҷикон медонистанд.

НУКТАИ ПАНҶУМ;

Гарчи бисёриҳо салоҳияти илмии Раҳмониро барои раёсати парлумон маҳруз намедонистанд/намедонанд, аммо воқеият ин аст, ки оқои Раҳмонӣ, беш аз ҳар чеҳраи сиёсии дигар дар раёсати парлумон мустақилона амал мекард ва талош мекард, ки таҳти амри ғанӣ ва дору дастаи вай набошад. Ӯ ҳарчанд худаш қодир ба ташхиси дақиқи масоил ва мабоҳиси сиёсиву ҳуқуқӣ набуд, аммо аз ҷомеаи фарҳангӣ ва аҳли қалам ҳарфшунавӣ дошт ва матнҳое, ки барояш тартиб мешуд, шаҳомати хониши онро дошт ва зиёд дар қайду банди маслиҳатҳои сиёсии олуда аз идеяи тадовуми ҳокимияти паштунҳо набуд. Далели амалкарди мустақилона ва худмеҳваронааш ҳам ин буд, ки яккаву танҳо ба масофи паштунҳои аргнишин ва тоҷикҳои муттаҳиди аргнишинон рафта буд ва мепиндошт, ки бидеҳкори касе нест.

НУКТАИ ШАШУМ;

Дӯстоне, ки интизороти ормонгароёнае аз чеҳраҳое мисли Раҳмонӣ доранд, ба ин амр илтифот дошта бошанд, ки тоҷикҳо як сомони сиёсӣ-қавмии мушаххас надоранд, то битавонанд аз фурсатҳои сиёсӣ ва иқтисодии пешомада дар ҷиҳати аҳдофи стратегии қавмӣ истифода кунанд. Бисёре аз сиёсиён ва сармоядорони бузурги тоҷик дар майдони рақобат ва кишмакаши сиёсӣ-иқтисодии худро танҳову бепаноҳ эҳсос мекунанд ва агар битавонанд аз маъракаҳои рақобатҳои носолим пирӯз бадар шаванд, эҳсоси худройӣ дар онон шакл мегирад ва ҳозир нестанд ба қавм ҳисобу китоб пас бидиҳанд.

Барои рафъи ин нақсияи мо-тоҷикҳо ниёз дорем, ки созукоре эҷод кунем, ки сиёсиёну характерҳои сиёсӣ ва иқтисодиро таҳти пӯшиши ҳимояту машварат қарор дода ва дар ниҳоят зимни ин ки ононро дар ростои манофеъи калони қавм савқ диҳем, аз онон дар баробари руқабои ғайритоҷик ҳам ҳимоят кунем. Ин созукор то кунун вуҷуд надоштааст.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!