Хабари рӯз

Русия дар талош аст то бо фаъол кардани муҷаддади Формати Маскав талошҳои миёнҷигароёнаи худро барои оштӣ миёни Толибон ва мухолифони он аз сар гирад.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари умури Афғонистон ва минтақа (Олмон), махсус барои “Сангар”

Дар авоили моҳи қавс шаҳри Маскав, пойтахти Русия, шоҳиди баргузории нишасти мухолифони Толибон буд, ки ба мизбонии ҳизби “Русияи одил”, ки ҳудуди бист дарсад аз курсиҳои парлумони он кишварро дар ихтиёр дорад, баргузор шуд.

Бо ин, ки дар нишасти мухолифони Толибон дар Маскав вазорати хориҷаи Русия нақше надошт, аммо ҳамин, ки давлати Русия иҷозаи баргузории чунин нишасте, он ҳам аз сӯи як ҳизби сиёсии фаъол дар парлумони он кишварро дод, нишон медиҳад, ки давлати Русия нигоҳи мусбате ба мухолифони Толибон дорад ва ҳатто таҳлилҳое дол бар тағйири рӯйкард ва мавзеъи давлати Русия нисбат ба Толибон пас аз ин нишаст дар маҳофили расонаӣ мушоҳида шуд.

Бо ин ҳол, камтар аз як моҳ пас аз ин нишаст, Замир Кобулов, намояндаи вежаи раисҷумҳури Русия ба Кобул сафар кард. Кобулов дар ин сафар бо чанд мақоми барҷастаи ҳукумати Толибон, аз ҷумла Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷа ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, аз раҳбарони барҷастаи Толибон ва сарпарасти вазорати умури дохила дидору гуфтугӯ кард. Аз чунин ҳаракатҳои пандулии Русия ин пурсиш матраҳ мешавад, ки Русия дар Афғонистон ба думболи чист ва чаро ин кишвар дар қиболи Афғонистон гоҳе ба наълу гоҳе ҳам ба мех мекӯбад?

Истифодаи абзории Русия аз мухолифони Толибон дар посух ба пурсиши матраҳшуда метавон се таҳлил ироа кард. Таҳлили аввал ин аст, ки Русия ҳанӯз дар хусуси Афғонистон ба ҷамъбандии ниҳоӣ нарасидааст.

Дуруст аст, ки Русия бо Толибон равобити наздик ва ғайрирасмӣ барқарор кардааст, аммо ҳанӯз мутмаин нест, ки Толибон ниҳоятан ба кадом самту сӯ ҳаракат хоҳад кард.

Аз ин рӯ, дар айни ҳол, ки равобити наздике бо Толибон барқарор кардааст, аммо нимнигоҳи худро аз мухолифони Толибон ҳам барандоштааст. Ба баёне дигар Русия аз мухолифони Толибон ба унвони абзори фишор алайҳи Толибон истифода мекунад.

Дарвоқеъ ҳаракати пандулии Русия баён мекунад, ки он кишвар итминону эътимоди лозим ба Толибонро надорад ва барои тамкини Толибон ба хостаҳои мавриди назари худ, қабл аз фиристодани намояндаи вежаи худ ба Кобул нишасти мухолифони Толибонро мизбонӣ кард.

Дилҷӯии Русия аз Толибон. Таҳлили дувум ин аст, ки Русия пас аз нишасти мазкур, бо фиристодани намояндаи вежаи худ ба Кобул дар пайи дилҷӯӣ ва итминон додан ба Толибон шудааст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия медонад, ки мухолифони Толибон фоқиди зарфияти лозим барои табдил шудан ба абзоре коромад ҳастанд ва корти бозии муассире дар муодилоти Афғонистон намебошанд, пас чаро сирфан бо баргузории як нишасти намоишие, ки маънои ҳимоят аз онҳоро дошта бошад, Толибонро аз Маскав биранҷонад.

Аз ин рӯ, бо фиристодани намояндаи вежаи худ ба Кобул дар пайи дур кардани зеҳнияти манфии Толибон аз Русия ба далели мизоне аз нишасти мухолифони Кобул шудааст. Тибқи ин таҳлил, Путин бо фиристодани намояндаи вежаи худ ба Кобул нишон дод, ки вай ҳеҷ гоҳ нияти хасмонае алайҳи Толибон надошта ва он рӯйдод иртиботе бо сиёсати расмии давлати Русия дар қиболи Афғонистон надорад.

 Русия ва миёнҷигарӣ байни Толибон ва мухолифон. Таҳлили севум ин аст, ки ҳадафи Русия аз мизбонии нишасти мухолифон Толибон, оштӣ миёни Толибон ва мухолифон мебошад.

Ин таҳлилро замоне метавон таҳлили ғолиб донист, ки ба ин нуктаи муҳим таваҷҷуҳ кард, ки ҳарчанд мухолифони Толибон дорои зарфияти лозим барои истифодаи абзорӣ бошанд, аммо истифода аз он алайҳи Толибон судовар нахоҳад буд.

Русҳо комилан бар ин масъала воқиф ҳастанд, ки дар сурати барҳам хӯрдани авзоъи амниятии Афғонистон ва аз байн рафтани суботи нисбии мавҷуд, вазъияти оянда агар ба суди ҳар кишваре бошад, қатъан ба суди Русия ва хориҷи наздики он (Осиёи Марказӣ) нахоҳад буд.

Аз ин рӯ, Русия дар талош аст то бо фаъол кардани муҷаддади Формати Маскав талошҳои миёнҷигароёнаи худро барои оштӣ миёни Толибон ва мухолифони он аз сар гирад.

 Аз эҳтимол ба дур нест, ки Русия пас аз мизбонии мухолифони Толибон, аз тариқи намояндаи худ паём ва хостаҳои мухолифони Толибонро ба Кобул мунтақил карда бошад ва талош кунад ба унвони омили созишгар байни ду тараф амал кунад.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!