Хабари рӯз

Чаро зеҳниятҳо фурӯ рехт ва мардум суқут кард, на фақат низом?

Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"

Суқути Афғонистон ба домани ҳарҷу марҷ бори чандум аст, ки дар таърихи Афғонистон иттифоқ меафтад. Ба ҳамин лиҳоз аст, ки мардум нисбат ба ин суқут ва ҳокимияти ҷабборонаи терроризми қавмӣ ва давлатӣ, вокуниши хосе нишон надоданд.

Осебшиносиҳои суратгирифта аз ҷомеаи Афғонистон бо таркиби қавмии чандпорча ва мутакассир, як ҷомеаи башиддат чандқутбии гусастҳои амиқи иҷтимоиро нишон медиҳад. Нигоранда қасд дорам ба иллатҳои ин фурӯпошидагии таърихӣ ва гусаст дар масири маданияти шаҳрӣ, ҳокимияти Толибон ва эҷоди фазои ҷудоиталабӣ, ба чанд мавриди хос дар ин хусус ишора кунам:

Аввал - нахустин иллати ин суқуту бетафовутии мардум дар баробари он, адами таҳаққуқи мафҳуми миллат ба маънои воқеӣ аст, ки ҳатто қабл аз суқути низоми ҷумҳурият ва копии маданияти шаҳрии ғарбӣ ва демократияи таҳмилӣ, амалан дар зеҳниятҳо фурӯ пошида буд. Низоми мутамаркиз, зеҳнияти қавмгароии маҳз, фасоди густурда, адами шоистасолорӣ, непотизми башиддат ҳоким, мудохилаи берунӣ, фазои беэътимодӣ, раҳбарони десантшуда ва таъсири бозии истихборотӣ болои он, аз ҷумлаи иллатҳои нахустини адами таҳаққуқи мафҳуми миллат дар миёни ақвоми сокини Афғонистон шуда буд. Ин фазо камокон дар зери абрҳои суқуту фурӯпошидагии феълӣ ва Афғонистони таҳт ҳокимияти Толибон маҳсус аст. Ба ҳамин иллат аст, ки мабоҳиси федерализми қавмӣ, таҷзияталабӣ ва ... матраҳ мешаванд;

Дувум - аз ин ки низомҳои сиёсӣ, ба асоси мудохилоти хориҷӣ, зеҳнияти қавмӣ ва гегемонияи таборӣ шакл гирифта буд, ҳеҷ гоҳ натавонист дар зеҳнияти оми мардуми Афғонистон нуфуз кунад ва таҳнишин шавад. Дар иваз фурӯпошидагии идеологии як миллати башиддат чандпорча бо аҳдофи мутафовит ва ҳатто дар бисёре маворид мутазоддро шоҳид будем;

Севум - ҷомеаи табақотӣ, ки натиҷаи фароянди татбиқи як раванди ноком, нофарҷом ва башиддат мутафарриқкунандае зери номи демократия буд, ки тақсими имтиёзҳои сиёсӣ ва иқтисодиро ба асоси бардоштҳои хосе ҳоким сохта буд. Яъне амалан зеҳнияти фурӯпошида, мунқасим ва дорои гусаст аз манобеи қудрату сарват дар ҷиҳати таъқиби масири мутафовит ва иштибоҳ истифода мекард. Дар чунин ҷомеаҳои дорои маризии лоилоҷ, ки таассубу худбузургбинии қавмӣ, дар тору пуди он реша давондааст, чӣ гуна мумкин аст, ки як ҷамъе аз мафияи қудрат, маводи мухаддир ва ихтитофчиён зери номи демократия ба зарандӯзӣ бипардозанд ва аз ҳарбаҳои ба зоҳир демократӣ, ҳуқуқи асосии мардумро, ки иборат аз ҳаққи таъмини маишат, амният ва нон буд, салб кунанд?;

Чаҳорум - чун фарҳанги сиёсии дуруст дар ҷомеа реша нагирифта буд, биноан, бебоварӣ ба коркарди низомҳои сиёсӣ, ба як бовари куллӣ мубаддал шуда буд. Сатҳи маъюсӣ ва адами интизор аз коркарди давлатҳо ва низомҳои сиёсӣ барои беҳбудии вазъият, ба суст шудани бунёдҳои фарҳанги сиёсӣ, кӯмак карда буд;

Панҷум - ба иллати ин ки дар рафтуомади низомҳои сиёсӣ дастҳои берунӣ ва қудратманд нақши асосиро бозӣ мекарданд, биноан, бовари умумии шаклгирифта дар зеҳнияти мардум ин аст, ки набояд нигарони суқут ва рӯи кор омадани ин низомҳо буд. Чун қудратҳои бузург ба асоси саҳмашон дар манфиати сиёсиву низомӣ, даст ба ин таҳаввулот мезананд. Агар низоме рафт, дигараш хоҳад омад ва мардум набояд нигарони рафту омади он бошанд;

Шашум - мардум бар асари чаҳор даҳа буҳрон, дар халои фикрӣ барои бақо қарор доштанд. Ҳеҷ барномаи муназзаме минҳайси як нусхаи наҷотбахш барои ояндаи кишвар вуҷуд надоштааст. Бардоштҳои қавмӣ ва сиёсатҳои таборӣ дар назди сиёсиён, ки аз эҳсосоту авотифи мардум истифодаи абзорӣ мекарданд, мардумро бебовар ба асли тағйир ва ҳаққи таъйини сарнавишт сохта буд;

Ҳафтум - раҳбарӣ дар ҷомеа шакл нагирифта буд. Ҳатто ақвоми мухталиф, ки дар масири сиёсати қавмӣ дар ҳаракат буданд, аз фуқдони як раҳбарии муассир ранҷ мебурданд. Дар ҳоле, ки дар чунин мавоқеи муҳим бояд як раҳбаре вуҷуд дошта бошад ва ё арзи андом кунад, то ба баланд бурдани рӯҳияи мардум кӯмак кунад ва мардум ба асоси умед ба он ба сарнавишти хеш алоқаманд бошанд. Дар ҳоле, ки акси он дар қазияи суқути Афғонистон содиқ аст ва суқути зеҳниятҳоро шоҳид будем.

Он чи, ки буҳрони суқути зеҳниятҳо ва фурӯпошии идеологӣ дар миёни мардуми Афғонистонро доман задааст, метавонад иллатҳои зидди ҳам дошта бошад, аммо чунин суқуте наметавонад ҷудо аз таъсири берунӣ иттифоқ афтода бошад. Зеҳниятсозӣ барои бебоварии андеша ва нисбати мардум бо тааллуқи ҷамъӣ, монанди миллат, кори созмонҳои истихборотӣ буд, ки натиҷа ҳам додааст.

Роҳи баргаште вуҷуд надорад ва барои миллат шудан тамоми пулҳои ақибӣ вайрон шудааст. Мутаассифона, ҳеҷ берунрафте дар зеҳни нигоранда, вуҷуд надорад. Шояд ҳама бо ин истидлол мувофиқ набошанд. Воқеиятро бояд бо талхиҳояш пазируфт. Дар ғайри он мешавад бо итлофи вақт, ба мафоҳими бемаънои миллат шудан, иттиҳоди миллӣ ва соири мафоҳими беасар ишора кард.


Сиёсат

Муқовимати дуввум

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!