Ҳар касе рӯзи ба қудрат расидани худро рӯзи озодиву истиқлоли Афғонистон гуфтааст.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Шветсария), махсус барои "Сангар"
Шуморо ба Худо ва шарафатон савганд медиҳам, ки ҳақиқат бигӯед. Ман ҳайронам, ки кадом рӯз, рӯзи ҳақиқии истиқлоли Афғонистон аст, таърихи воқеии истиқлоли мо чӣ вақт аст?
1 - Иддаи зиёде аз мардуми Афғонистон 28 асад (18 август)-ро рӯзи истиқлоли Афғонистон медонанд, ки тавассути Ғозӣ Амонуллоҳхон ба даст омадааст.
2 - Нодиршоҳу писараш Зоҳиршоҳ ҳамеша аввали сунбула (22 август)-ро рӯзи истиқлоли кишвар майдонистанд ва таҷлил мекарданд.
3 - Довудхон баъд аз он ки қудратро ба даст гирифт, 26 саратон (16 июл)-ро рӯзи истиқлолу ҷумҳурият таъйин карда буд ва ҳар сол таҷлил мекард.
4 - Ҳукумати халқиҳову парчамиҳо 7 савр (26 апрел)-ро рӯзи истиқлолу озодии Афғонистон мегуфтанд ва таҷлил мекарданд.
5 - Муҷоҳидин 8 савр (27 апрел)-ро рӯзи истиқлол медонистанд ва ҳар сол таҷлил менамуданд.
6 - Доктор Наҷибуллоҳ 26 далв (14 феврал)-ро рӯзи наҷоти Афғонистону хуруҷи русҳо аз Афғонистон эълон карда буд.
7 - Ҳукумати Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ ба хотири муҷоҳидин ҳам 8 савр (27 апрел)-ро таҷлил мекарданд ва ҳам 28 асад (18 август) -ро ҷашн мегирифтанд.
8 - Аммо ҳоло Толибон 24 асад (15 август)-ро рӯзи истирдод ва истиқлоли ҳақиқии кишвар дониста ва таҷлил карданд.
Баъд аз ин, касе ки ба қудрат мерасад, маълум нест кадом рӯзро ӯ рӯзи истиқлол мегӯяд, оё кишваре, ки даҳ навъ истиқлол дошта бошад ва ҳар касе, ки ба қудрат бирасад, рӯзи ба қудрат расидани худро рӯзи истиқлоли Афғонистон бидонад, ҷои шарму хиҷолат нест?
Шумо ба ҳукми виҷдон бигӯед, кадом рӯз, рӯзи ҳақиқии истиқлоли Афғонистон аст?
Ҳар касе ба қудрат расидааст, чӣ аз роҳи зӯр, чӣ аз роҳи ҷаъл, чӣ аз роҳи хиёнат қудратро ба даст гирифта, баъдан рӯзи ба қудрат расидани худро рӯзи озодиву истиқлоли Афғонистон гуфтааст.
Биноан, беҳтар аст мардуми Афғонистон тасмим бигиранд, ки кадом рӯз, рӯзи воқеии истиқлоли Афғонистон хоҳад буд, ки фикр мекунам, он рӯз то ҳанӯз нарасидааст.