Чаро Толибон ҳамқавми маъруфи худро таҳвил нагирифтанд?
Нависанда: доктор Фазлманаллоҳ Мумтоз, собиқ сухангӯи Ҳизби исломии Афғонистон
То ки аз ҷониби маъшуқа набошад кашише,
Кӯшиши ошиқи бечора ба ҷое нарасад.
Оқои Халилзод ва ҳалқаи фикриашон ҳамвора барои татбиқи барномаи сулҳи худ бо толиб зеҳниятсозӣ мекард, ки толиби имрӯз толиби дирӯз нест. Халилзод, ки муҳандиси 45 соли ҷангу сулҳ дар Афғонистон аст, тибқи плани муназзам барномаи худро ба муваффақият ба итмом расонд.
Тақсир аз Халилзод нест, чун он маъмури мукаллаф ва муваззаф буд ва вазифаи худро ба бисёр имомат ва дироят анҷом дод, аммо соддаандешони сиёсии Афғонистон, монанди Абдуллоҳ, Амруллоҳ Солеҳ ва дигаронро хеле голи заргарона ва зарангона зад, ки то ҳол ҳам аз хоб бедор нашудаанд.
На танҳо, ки сиёсиёни Афғонистонро Халилзод ғофилгир кард, балки бисёре аз кишвар ҳам гол хӯрданд. Дар ҳамон замон бандаи фақир тайи мусоҳибаҳо ва мақолоти худ борҳо такрор кардам, ки хутути қирмизи толиб маъруф ва марсум шудааст, ҳеҷ навъ тағйир дар он нахоҳад омад, ки чунин шуд.
дар он замон ва ҳатто баъд аз таҳаввулот бархе аз сиёсиёни модомулумр, нокомулумр ва нодонулумр, монанди Ҳикматёр, изҳори ошиқии яктрфа аз толиб мекард ва фатвоҳое ҳам ба нафъи толиб содир менамуд ва хутбаҳои намози ҷумъаро махсуси таъйиди толиб ва кӯбидани мухолифини худ гардонида буд.
Ва ин таҳаввулотро як фурсати бисёр муҳим барои худ талаққӣ мекард, чун ҳарифи сиёсии ӯ, ки Ҷамъияти исломӣ буд аз саҳнаи сиёсиву низомӣ дар инзиво қарор гирифта буд. Ҳатто пешниҳоди кӯмаки низомиро ба толиб ҳам ғарази кӯбидани Ҷамъият намуд.
Ҳикматёр бо ин андешаи аблаҳонаи худ тасаввур дошт, ки шояд бад-ин хушхидматиҳо таваҷҷуҳи толиб ва Покистонро ба худ маътуф намояд, аммо ин ошиқии яктарафаи Ҳикматёр ҳеҷ таҳвиле аз ҷониби толиб гирифта нашуд. Баракс Ҳикматёрро дар ивази мукофот муҷозот намуданд: дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва ҳама фаъолитҳои ҳизбӣ ва созмонии ӯ мунҷамид гардид.
Бархеҳо гумон мекарданд аз он ҷое ки толиб ва Ҳикматёр муштаракоти зиёде бо ҳам доранд ва шояд ҳам покистониҳо дар мавриди Ҳикматёр тавсиот ба толиб дошта бошад. Лизо толиб масун хоҳад буд ва ҳатто Ҳикматёр муттакӣ ва мутааққид ба ҳамин назария буд, аммо ашхосе ки аз толиб шиносоӣ доранд, мефаҳманд, ки эшон ҳозирро қабл аз ғайриҳозир муҷозот мекунанд.
Аз назари банда толиб бо Ҳикматёр муштаракоти зиёд ҳам дорад ва ифтироқоти муҳимме ҳам доранд. Он ин ки Ҳикматёр рақиби қавмии толиб аст. Ҳикматёр дар айёми ҷиҳод алайҳи Иттиҳоди Шӯравӣ амалан ба аҳзоб даргир буд, бахусус табақаи мавлавиҳо ва муллоҳо дар Қандаҳор, Ҳилманд ва дигар вилоёт ва толиб зодаи ҳамон мавлавиҳо аст, балки хусумат ва душмании толиб ба муқоисаи Ҷамъият бештар бо Ҳикматёр аст, чун хусуматҳои он таърихи тӯлонӣ дорад.
Лизо имкони тафоҳум байни Ҷамъияту толиб мумкин аст ва аммо байни Ҳикматёру толиб мустаҳил. Дар натиҷа бояд гуфт, ки ошиқии яктарафаи Ҳикматёр ба маъюсӣ табдил шуд.